Дар шаҳри Душанбе ҳафтумин Ҷашнвораи байналмилалии синамо идома дорад

16 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе Ҳафтумин ҷашнвораи байналмилалии синамо оғоз ба кор кард. Ин чорабинии муҳими байналмилалӣ ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ доир мешавад ва ба бузургдошти ҳунарманди шинохта, коргардони беҳамто, марҳум Бахтиёр Худойназаров бахшида шудааст.
Раиси ҳакамони ҷашнвори байналмилалии “Дидор” ин бор Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ва аъзои ҳакамон Ризо Киёниён - ҳунаманди маъруфи театру синамо аз Эрон ва Латика Падгаонкар - нависанда, муҳаррир, тарҷумон аз Ҳиндустон мебошанд.Ин киноҷ
ашнвораи байналмилалӣ  ҳар ду сол як маротиба бо ширкати синамогарони як идда аз кишварҳои ҳамсоя, ҳамзабон ва мамолики дурру наздик баргузор мешавад.
Меҳмонони ҷашнвора ҳудудан 40 нафар аз Озарбойҷон, Арманистон, Афғонистон, Гурҷистон, Эрон, Муғулистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҳинд, Швейтсария, Олмон мебошанд.
Дар аввалин рӯзҳои ҷашнвора филмҳои Бахтиёр Худойназаров «Братан» («Бародар») (1990), «Қош ба Қош» (1994),«Падари маҳтобӣ» (1999),«Дар интизории баҳр» (Русия, 2012) манзури тамошобинон гардид.
Гуфта мешавад, ки ҷашнвораи  байналмилалии VII «Дидор» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2015 ба «Чорабинихои ҷашни 25 солагии Истиклолияти давлатии Точикистон» ворид гардида, зери васояти Кумитаи тадорукот-Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.
Сафар Ҳақдод, Раиси Иттиҳоди синомагарони Тоҷикистон мегӯяд сарпарастони аслии ҷашнвораи ҳафтуми байналмилалии «Дидор» – Шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «ҷамъияти кушода» –Бунёди мадад дар Тоҷикистон, Дафтари Швейтсарии Ҳамкорӣ дар Тоҷикистон мебошанд.
Инчунин дар баргузории фестивал Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон, Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм», Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видео – «Тоҷиккино», Муассисаи давлатии Телевизиони «Синамо», ҷашнвораи байналмилалии филми «Фаҷр» (Эрон), Анҷумани синамогарони ҷавони Эрон, Сафорати ҷумҳуриии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, Меҳмонхонаи «Серена Душанбе», Ҳукумати шаҳри Ҳисор, ширкату ҳамкорӣ менамоянд.
Дар ин ҷашнвора 80 филм аз намудҳои гуногуни ҳунари синамоӣ ва гуногунсабк интихоб шудааст, ки шуморе барои озмуни байналмилалии филмҳои баланди достонӣ ва қисме барои озмуни филмҳои кӯтоҳи достонӣ; теъдоде барои «Панорамаи байналмилалии филмҳо: Гуфтугӯи фарҳанги Ғарб ва Шарқ», «Синамои форсизабонҳо Афғонистон, Эрон ва Тоҷикистон» ворид шудаанд.
Дар барномаи синамои форсизабонҳо ба осори синамогарони ҷавони навкор таваҷҷӯҳи хоса шудааст. Сафар Ҳақдод ҳамчунин гуфт, ки бо сабаби афзудани таваҷҷӯҳи ҷавонони эҷодкори Тоҷикистон ба аниматсия – филми тасвирӣ –бахши вижае барои муарифии онҳо бо унвони «ҷашни аниматсия», ки филмҳову барномаҳои онҳоро ба намоишу муҳокимаи мутахассисон вогузор менамоянд аз навгониҳои Ҷашнвораи байналмилалии «Дидор» аст.
Дар фестивали мазкур ба синамои муосири Муғулистон, ки тамошобини тоҷик доир ба он маълумоти кам дорад,таваҷҷӯҳи хоса мешавад.
Ин барномаро – мутахассиси муваффақ, продюсер (таҳиякунанда), менеджери фарҳанг ва ҳунар, филмноманавис, Директори генералии Театри давлатии опера ва балети Муғулистон–Мунхзул Чулуунбат муаррифӣ мекунад.
Раиси Иттиҳоди Синамогарони Тоҷикистон ҳамчунин  иброз дошт, ки дар ҷамъбасти Озмуни байналмилалӣ ба ғолибон чунин ҷоизаҳо супорида мешаванд:
- Шоҳҷоизаи Швейтсарӣ барои беҳтарин филми пурраметражаи достонӣ;
- Шоҳҷоизаи Швейтсарӣ барои беҳтарин филми кӯтоҳметражаи достонӣ;
- Ҷоизаи Швейтсарӣ барои беҳтарин филми тоҷикӣ;
оизаи махсуси доварони байналмилали, ки онро Дафтари Швейтсарии Ҳамкорӣ дарТоҷикистон таъсис додааст;
- Ҷоизаи мунаққидони киноиТоҷикистон. Дар фарҷоми Синамобазм ҳамчунин «Мизи мудаввар» дар мавзӯи «Кинои хуб чи гуна сохта мешавад?» баргузор мегардад.

Ҷашнвораи ҳафтуми байналмилалии “Дидор” рӯзи 20-уми октябр ба кори худ поён мебахшад.

барчасп: