Ортиқ Қодир: Тетри тоҷик чандин марҳиларо тай кард, то ки касбӣ шавад

Дар атрофи театри имрӯз ва муҳити театрӣ дар кишвар зарфи ин чанд соли охир зиёд гуфта шуд. Мақолаҳои таҳлилии матбуот ва суҳбати барҷастатрин чеҳраҳои театри муосир то ҳадде як бонги изтироб ҳам буд, ки театр мавқеъи худро дар ҷомеа аз даст медиҳад. Ва далел ҳамоно толорҳои беодами театрҳост, ки ҳатто дар нахустнамоиши спектаклҳои хуб низ пур намешаванд.
Ва албатта, ин мушкил вуҷуд дорад, онро касе наметавонад рад кунад. Дар қиёс ба аввалу охири солҳои 80 асри гузашта толори театрҳои мо аксар вақт холианд.  Чаро? Посухи ин суолро дар суҳбате бо Ортиқ Қодир, ҳунарманди варзида, ровии маъруф ҷустем. Ортиқ Қодир на танҳо як мушоҳид аст, балки дар заминаи муҳити театрӣ андешаҳои худро дорад. Воқеъан ҳам бидуни солимгардонии муҳити театрӣ умед бастан ба он ки толорҳои театр пур аз бинанда мешаванд, имкон надорад. Ва Ортиқ Қодир мегӯяд театри тоҷик чанд марҳиларо тай кард, то ба имрӯз расад.

orti_kodir.jpg- Театри тоҷик чанд марҳиларо паси сар кард. Марҳилаи аввал марҳилаи ибтидоӣ буд, марҳилаи театри хиёбонӣ, ки дар заминаи анъанаҳои мардумӣ, тақлидкорон, масхарабозон, дорбозону чашмбандон ва ғайра амал мекард. Яъне, он чизе буд, ки иртибот ба появу заминаҳои ҳунари мардум дошт. Ин ҳунарҳои мардумӣ дар шакли театрҳои халқӣ дар шаҳрҳо ва марказҳои бузурги фарҳангии тоҷикон, Бухорову Самарқанд, Хуҷанду Ҳисори шодмону Кӯлоб, навоҳи ВМКБ, Раштонзамин ва ғайра вуҷуд доштанд ва сарчашмаи худро аз адабиёти шифоҳӣ ва хаттии ниёгон мегирифтанд.
Дар заминаи ҳамин ҳунармандони мардумӣ соли 1922 дар шаҳри Конибодом бо ташаббуси ҳунарманди маъруфи тоҷик Комил Ёрматов аввалин театри касбии миллии тоҷикӣ бунёд мешавад. Ҳарчанд он солҳо Конибодом дар ҳайати Убекистон буд. Бинои нахустин театри касбиро худи ҳунармандон ба таври ҳашар бо роҳбарии Комил Ёрматов сохта буданд, ки саҳна ва парда дошт.
Барномаҳоии аввалини ин театр аз саҳнаҳои хурди ҳаҷвӣ, таблиғотӣ ва суруди рақсҳои мардумиву классикӣ иборат буд.
Соли 1929 дар собиқ бинои театри ба номи Владимир Маяковский, ки он солҳо “Хонаи деҳқон” ном дошт, нахустин театри касбӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд, ки асосгузори он аввалин коргардони  касбии тоҷик Ҳомид Маҳмудов буд. Намоишҳои нахустини театри навтаъсис ҷанбаи таблиғотӣ дошта, дар мазаммати сохти куҳна-танқиди бою кулакҳо, хону амирон, муллову қозиён, фолбинон ва амсоли ин ва ҳамчунин тарғибу ташвиқи сохти нави коммунистӣ-сотсиалистӣ мураттаб мегардиданд. Ҳунармандони нахустини он низ аслан зодагони Бухорову Самарқанд буданд, ки маълумоти касбӣ надошта, дар заминаи ҳамон театри масхарабозон, театри хиёбонии добозону қиссасароён ҳунари худро сайқал дода буданд. Марҳилаи аввали театри тоҷикро метавон таблиғотӣ номид.

ulchaboev.jpgБаъдан тадриҷан бадеияти театр боло рафт ва таъсири театри рус бо омадани ҳунармандони рус ба театри тоҷик боз ҳам амиқ дарк шуд.   Марҳилаи ҷустуҷӯи чеҳраҳои ҳунарӣ аз миёни мардум ба хотири сохтани театри касбӣ буд. Яке аз саҳмгузорони аслии ин ҷустуҷӯҳо коргардони маъруф ва фиристодаи Маскав Ефим Исоевич Мителман буд. Мителман дар поёгузории театри касбии тоҷик ва тарбияи ҳунармандони касбӣ хизматҳои басо шоиста анҷом дод. Муҳаммадҷон Қосимов, Аслӣ Бурҳонов, Софя Туйбоева, Туҳфа Фозилова, ҳатто Ато Муҳаммадҷонон аз ҷумлаи бозёфтҳои ӯ буданд. Инҳо касоне буданд, ки бевосита аз мактаби ҳунарии худи театр, мактаби Мителман баҳра бурдаанд. Ва ташаббускори таъсиси ин гуна мактаби ҳунарӣ Котиби вақти Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Турсун Улҷабоев маҳсуб мешуд. Маҳз бо дастур ва мусоидати бевоситаи Улҷабоев Мителман тавонист бо таъсиси мактаби ҳунарӣ дар дохили театр зумрае аз санъаткорони асилро рӯйи саҳна оварад, ки баъдан онҳо худ шаҳсутунҳои санъати театрӣ дар кишвар шуданд.

Ӯ дар назди театр аввалин студияи тарбияи ҳунармандони касбиро таъсис дод, ки дар он ҳунармандоне чун Убайдулло Раҷабов, Гуландом Сафаралиева, Н.Муҳаммадҷонова ва дигарон ба камол расиданд.

Оҳиста-оҳиста, вақте ки драматургияи рус ва ҷаҳонӣ ба театри тоҷик роҳ ёфт, касбияти театр ва ҳунармандони он хеле қавӣ гашт. Албатта, дар миёни театрҳои Иттиҳоди Шӯравӣ театри тоҷик ҷойгоҳи муҳимро касб кард. Барои рушду такомули театри миллии мо хизматҳои коргардонҳои касбӣ Феликс Александрин ва Ҳоҷиқул Раҳматуллоев хеле бузург арзёбӣ мешавад.

Аз театри ҳунарманд ба театри коргардон

Охири солҳои 1950 ва аввали солҳои 1960 бо вуруди коргардон Хушназар Майбалиев, ки хатмкардаи Институти коргардонии Маскав буд, марҳилаи дигар шуруъ шуд. Дар ин марҳила ба театр Маҳмудҷон Воҳидов, Ҳошим Гадоев, Марям Исоева, Носир Ҳасанов, Ҳабибулло Абдураззоқов, Тӯрахон Аҳмадхонов, Фотима Ғуломова, Мукаррама Камолова омаданд, ки ҳамаи инҳо хатмкардагони донишкадаи санъати Маскав буданд. Бо ин театр ба театри тафаккуру андеша табдил шуд. То Майбалиев театр театри актёр буд. Аммо Майбалиев театрро ба театри коргардон табдил дод. Ва ин табиист, чун беҳтарин театрҳои оламро бо номи коргардонҳояшон мешиносанд. Масалан театри Вахтангов, театри Любимов, театри  Товстаносов, театри Ефрос ва амсоли ин. Яъне дар олами театри муосир коргардонҳои машҳур услубу шеваи хости ҳунарии худро дар театр таҷассум мекарданд ва рушди театрҳо бо номи онҳо иртибот мегирад. Коргардонҳо ҳунармандонро тавре худашон мехостанд, ба бозӣ медароварданд, нақшофарнии ҳунарманд ба диктаи коргардон вобаста мешуд.

maybaliev_3.jpgЁд дорам дар суҳбате, ки мову шумо дар бораи коргардони маъруф Хушназар Майбалиев доштем, шумо ӯро поягузори театри андешаву тафаккур дар Тоҷикисон номидед. Мехостам дар ин бор суҳбат кунед: театри андеша яъне чӣ?

- Бале. Хушназар Майбалиев андешаву тафаккур ва фикри навро ба театр ворид кард. Аввалин спекталҳои вай “Деэл”-и М.Бойҷиев, ”Ревизор”-и Гогол “Фарёди ишқ”-и Ғанӣ Абдулло... Ва ҳамаи инҳо на танҳо театри андеша ва тафаккур, балки ва театри коргардонро дар Тоҷикистон поягузорӣ карданд. То Майбалиев театр ҳамчун театри актёрӣ маҳсуб мешуд, дар он пафоcи лирикӣ ва романтизм бештар буд. Майбалиев онро ба театри реализм табдил дод, реализми хеле баланд ва дорои ҳикмату андеша. Ва иштибоҳ нахоҳем кард, агар бигӯем, ки ин як равияи комилан нав, яъне рафтану ворид шудан ба ҷаҳони ботинии персонаж буд, ки устод тӯли солҳои коргардонӣ ба он муваффақ шуд. Чанд насли баъдинаи театр дар ҳамин мактаб тарбия гирифтанд ва ташаккул ёфтанд.

shoh-lir.jpgВа ҳамин давра давраи гул-гулшукуфии театри тоҷик буд. Ҳамин гуна талошҳо муҳити пойтахт муҳити театрӣ кард. Зиёиён бе театр ҳаёти худро тасаввур карда наметавонистанд. Толорҳои пур аз тамошобинро мо он солҳо шоҳид будем. Мардум бо як ҷаҳон ҳавас меомаданд ва аз ҳар омади худ хуш мешуданд. Театр ба қадамгоҳи адибон, олимон табдил шуд ва чун қишри бедору огоҳи миллат вориди театр шуд, дигарон аз онҳо пайравӣ карданд. Аз ҷумла донишҷӯён, омӯзгорони мактабҳои миёнаву олӣ ва ғайра. Ҳунармандон ҳам дар навбати худ аҳли зиё ва бахусус шоирону нависандагон иртибот гирифтанд ва ҳамин иртиботҳо боис мешуд, ки намоишномаҳо такмил ёбанд, забони онҳо пок ва фаҳмо шавад, дар интихоби матну пораҳои шеърӣ аз маслиҳату машварати якдигар кор гиранд. Бахусус, барои Маҳмудҷон Воҳидов барин ҳунармандон, ки талоши эҷоди театри як актёр доштанд ва ин нобиғаи ҳунар ҳам

Ва ҳамин давра давраи гул-гулшукуфии театри тоҷик буд. Ҳамин гуна талошҳо муҳити пойтахт муҳити театрӣ кард. Зиёиён бе театр ҳаёти худро тасаввур карда наметавонистанд. Толорҳои пур аз тамошобинро мо он солҳо шоҳид будем. Мардум бо як ҷаҳон ҳавас меомаданд ва аз ҳар омади худ хуш мешуданд. Театр ба қадамгоҳи адибон, олимон табдил шуд ва чун қишри бедору огоҳи миллат вориди театр шуд, дигарон аз онҳо пайравӣ карданд. Аз ҷумла донишҷӯён, омӯзгорони мактабҳои миёнаву олӣ ва ғайра. Ҳунармандон ҳам дар навбати худ аҳли зиё ва бахусус шоирону нависандагон иртибот гирифтанд ва ҳамин иртиботҳо боис мешуд, ки намоишномаҳо такмил ёбанд, забони онҳо пок ва фаҳмо шавад, дар интихоби матну пораҳои шеърӣ аз маслиҳату машварати якдигар кор гиранд. Бахусус, барои Маҳмудҷон Воҳидов барин ҳунармандон, ки талоши эҷоди театри як актёр доштанд ва ин нобиғаи ҳунар ҳам тавонист  бар ашъори  Ҳофизу Хайём моноспекталҳои худро рӯйи саҳна орад. Дар натиҷа театр посухгӯи ниёзҳои маънавии мардум шуд. Ҳолате пеш омад, ки тамошобин хориҷ аз театр ҳам дар бораи намоишномаҳои дидааш меандешид. Яъне як пайванди маънавӣ миёни бинандаву коргардону ҳунарманд ва дар умум театр ба вуҷуд омад. Театри андеша дар олам мавқеъи хоси худро дорад. Ин равия ҳамаи эҷодкорон, аз ҷумла ҳунармандон, коргардон, драмнависонро ба ҳам меорад ва онҳо якҷоя барои театр меандешанд. Дар натиҷа як намоиши ҷолибу диданӣ рӯйи саҳна меояд.

Аз сӯйи дигар худи роҳбарони давр ба театр хонаводагӣ меомаданд. Тасаввур кунед, вақте роҳбарони сатҳи олӣ ба театр меомаданд, ин хеле таъсире дар ҷомеа дошт. Масалан, Турсун  Улҷабоев худашро бе театр тасавур карда наметавонист, ҳато ба тамошои намоишҳои бачагона ҳамроҳи набераҳои худ меомад ва худи ҳамин таваҷҷуҳи роҳбари сатҳи аввал роҳбарҳои сатҳи болоро маҷбур мекарда, ки ба театр оянд. Ҳузури Улҷабоев ин ташвиқ буд, то дигарон низ пайравӣ кунанд.

 Аммо баъдан, вақте ки Иттиҳоди Шӯравӣаз ҳам пош хӯрд ва Тоҷикистон ба як ҷанги таҳмиливу ҷанги дохилӣ рӯ ба рӯ шуд, қатори дигар низомҳои ҷомеа ин равия низ шикаста шуд. Ҷанг театрро аз фаъолияти асосӣ ва рӯзмарра боздошт, равиши унсгирии мардум бо театр шикаста шуд. Замоне буд, ки мушкил буд намоишномаҳоинав рӯйи саҳна оянд. Ҳунармандон парешон шуданд, иддае аз кишвар берун рафтанд, иддиае дигар аз ноилоҷӣ паси кори дигар рафтанд, то рӯзгорашонро таъмин кунанд.

Дар ҳамин асно бо истифода аз холигоҳ гуруҳҳои нав саҳнаро пур карданд, бештари онҳо гуруҳҳои масхарабозон буданд, ки хеле аз ҳунари асил ва театри касбӣ фосила доштанд. Мардум гумон мекарданд, ки театр ҳамин аст, дар театр бояд танҳо барои ханда меоӣ, Вале бо вуҷуди ин мушкилот театр вуҷуди худро нигоҳ дошт. Аввалҳо гоҳу ногоҳ ва баъдан зуд-зуд намоишномаҳои нав рӯйи саҳна меомаданд. Вале асолати солҳои 80 то имрӯз дигар барқарор нашуд.

“Даҷҷол” Эронзаминро тасхир кард

ahorun.jpgТабиист, ки ҷанг бисёр арзишҳоро барҳам мезанад, бесуботии ҷомеа як сӯ, вале аз байн рафтани арзишҳои фарҳангӣ сӯйи дигар аст. Дар ин панҷ соли ҷанг медонем, ки намоишномаҳои ҷиддӣ ҳам рӯйи саҳна наомаданд, чун ҷомеа вазъеро паси сар мекард, ки инро қабул надошт, сиёсат низ. Чун ҷанг худ зояндаи бесуботӣ дар ҳамаи арсаҳои ҳаёти мамлакат аст. Вале баъди ҷанг ва имзои созишномаи сулҳу барқарории субот марҳилаи бозгашт ба ҳунари асил ҳам шуруъ шуд. Дуруст?
- Албатта, ин бозгашт ба вуҷуд омад. Зеро ҳунармандони асиле чун Фаррух Қосимов, Давлат Убайдуллоев, Барзу Абдураззоқов аз майдони андешаҳои худ дур нарафата буданд. Бо вуҷуди ҷангу парешонӣ онҳо бо ҳамон андешаву дарки фалсафии худ на танҳо дар майдони ҳунар боқӣ монданд, балки ин гуна андешаҳои худро фарохтар карданд. Онҳо тавонистанд бо дастгирии баъзе созмонҳои байналмилалӣ ҳатто сафарҳои ҳунарӣ ба қалби Аврупову Эрон доштанд, ба Русия рафтанд, ба дигар кишварҳои пасошӯравӣ сафарҳои ҳунарӣ доштанд ва бо ин васила нишон доданд, ки дар Тоҷикистон дуруст, ки ҷанг аст, вале санъат, ҳунар, театр дар ҳоли рушд аст. Ҳукумати ин кишвар бо вуҷуди даргир буданаш бо мухолифони мусаллаҳаш, боз барои рушди санъати театрӣ мусоидат мекунад. Ин хеле муҳим буд. Ва нуктаи дигар ин аст, ки беҳтарин намоишномҳои театри “Аҳорун” ҳам маҳз дар ҳамин давра ба вуҷуд омаданд. Фаррух Қосимов аз аввалинҳо шуда ба саҳнаҳои таъсиргузори театриро аз адабиёти пурғановати классикиамон ҷуст ва пайдо кард. Вай андешаҳои орифонаро ба саҳна овард, ба Мавлавӣ, Ҷомӣ, Аттор, Ҳофиз, Саъдӣ руҷуъ кард, ба “Шоҳнома” рӯ овард, ба сарнавишти бузургтарин суфиҳо таваҷҷуҳ кард. Дар ҳамон марҳила маҳз театри Фаррух Қосим муаррификунандаи театри тоҷик дар арсаи байналмилалӣ гашт. Ва Фаррух дар ин марҳила ва баъдан барои рушди санъати театрии кишвар хизмати хеле арзанда ва пусрсамар кард. Ва ҷолиб он аст, ки ин спектаклҳо дар дохили кишвар чандон зиёд тамошобин надоштанд, мардум шояд онро дарк накарданд. Вале он дар Аврупо дарк шуд, дар Эрон ба хушӣ истиқбол шуд ва дар озмуну ҷашнвораҳои байналмилалӣ соҳиби ҷоизаҳои сатҳи олӣ шуд. Ман худ шоҳид будам дар соли 2001 дар дуюмин ҷашнвораи байналмилалии театри Эрон замин дар устони Хузистон, дар шаҳри Аҳвози Эрон намоиши “Даҷҷол”-и  Фарух Қосимов соҳиби шоҳҷоиза шуд, ки ман бо ҳамин гуруҳ шомил будам. Ман нақш надоштам, вале ман чун худи Фаррух Қосимов бемор буд ва дуруст ҳарф зада наметаовнист, ман ин спекталро дар оғоз муаррифӣ мекардам, дар бораи таъриху барномаҳои театр ва муассисону намоишномаҳои он  суҳбат мекардам. Баъди анҷоми намоиш якояк ҳунармандонро муаррифӣ мекардам, дар бораи ҳар кадоми онҳо маълумоти мухтасар медодам. Вақте Фарух Қосимов бо ҳамон ҳолати беморӣ, ки воқеан ҳам мариз буд, рӯйи саҳна меомад, ҳато ҳолатҳое буд, ки тамошобини Эрон мегиристанд ва дуо мекарданд, ки Худованд ин гуна як коргардони варзида ва маъруфро, ки намоишномаҳои арзишмандро рӯйи саҳна овардааст, шифои комил ато кунад.  Ман ин ҳолатҳоро хуб ёд дорам ҳато мақолае ҳам навишта будам, бо номи “Даҷҷол” Эронзаминро тасхир кард”, ки он дар нашрияи “Чархи гардун” чоп шуд. Ва ҳамин гуна ҳолатҳо дар Аврупо низ рух медоданд, дар шаҳрҳои Аврупо, ки мардумаш мухлисони театр мебошанд, намоишномаҳои “Аҳорун”-ро ҳамин гуна хуш пазируфтанд, яъне инҳо ба фаҳму дарки мардуми Аврупо наздик буданд.

Ва имрӯз ман метавонам бо ифтихор гӯям, ки театри тоҷик ҳамеша аз коргардони хуб ғанӣ буд. Мо ифтихор мекунем аз Давлат Убайдуллоев, Барзу Абдуразоқов, Султон Усмонов, Баҳодур Миралибеков, Қурбон Собиров коргардонҳои хубе, ки намоишномаҳои бархе аз инҳо дар саҳнаҳои театри олам барояшон шуҳрат оварданд. Инҳо анъанаи Хушназар Майбалиевро дар мавриди таҳкими театри модерну андеша идома доданд, инҳо беҳтарин анъанаҳои театри Аврпуоро дар Тоҷикистон бо тафаккури шарқиёна ҷомаи миллӣ пӯшониданд ва спекталкҳое дар он равияҳо ба саҳна гузоштанд, ки моли миллатанд. Дар натиҷа он гуруҳҳое, ки солҳои ҷанг ба вуҷуд омада буданд, худ аз худ аз байн рафтанд, ҳунари асил ҷойи худро гирифт, онҳо дар рақобат бо театри воқеъӣ ва касбӣ шикаста шуданд ва худ ҷойро холӣ карданд.

Вале ҳоло ҳам мо мушкилоти зиёд дорем, ҳоло ҳам муҳити мо муҳити театрӣ нест, мо ҳамоно аз ҷамоҳири Қафқоз ҳатто қафо мемонем. Масалан, дар Арманистон, Гурҷистон, Озарбойҷон, муҳит театрӣ аст, мардум ҳаёташонро бе театр тассавур карда наметавонанд. Барои онҳо билет ёфтан ба намоиш як ҷашн аст. Барои рафтан ба театр либоси вежа мепӯшанд. Агар зимистон сард аст, бо мӯза мераванд, вале ҳатман дар гардероб онро мекашанд ва барояшон пойафзоли дигар медиҳанд.. хулоса чизҳое, ки ҳоло барои театрҳои Душанбе танҳо мешавад орзу кард.

Театр дар ҳама давру замон ҷойи хосон буд

- Ба назари ман театр муҳитест, ки на ҳама метавонанд он ҷо ҳузур дошта бошанд. Солҳое, ки шумо аз он чун солҳои муҳити театрӣ ёд кардед, ман низ ёд дорам ва медонам, гули зиёии тоҷик ба театр мерафт. Ҳамаи онҳо ҳатман аз зумраи омӯзгорон, олимон, сиёсатмадорон ва донишҷӯён буданд. Ҳоло чӣ?

- Фаромӯш ҳам набояд, ки аз қадим театр ҷойи хосон буд. Имрӯз ҳам чунин аст.  Яъне он ҷо андешамандон меоянд. Вале имрӯз чӣ монад ба театр, мо ҳатто аз хондани китоб фориғ шудем, аз китоб дур шудем. Сатҳи таълиму тарбия поин рафт, китоб гарон шуд, дастрасӣ ба он мушкил шуд ва ҳамин ҳолат ба театр ҳам дахл дорад. Мардум дур шуданд. Аз сӯйе агар намоишномаҳои хуб каманд, вале аз ҷониби дигар чуноне дар мисоли театри “Аҳорун” гуфтам, спектаклҳои хуб ҳам тамошобин намеёбанд.   Душмани аввали мо ин бесаводӣ аст. Яъне, дар пояи бесаводӣ чи тавр метавонад як кас биёяду Шекспиро тамошо кунад. Ё гуем симфонияи Бахро бишнавад. Асарҳои оламшумули Чехову Островскийро тамошо кунад. Барои дарки спектаклҳои сатҳои ҷаҳонӣ дониш ва қобилияти дарк доштан муҳимаст. Ҷанг завқи мардумро ҳам кушт. Он замон касоне ки дар театр монда буданд ё гуруҳҳое, ки омаданд, пайи завқи мардум рафтанд ва дар пояи дарки онҳо асар ба саҳна гузоштанд.  Яъне, имрӯз барои он ки муҳити мо театрӣ шавад, аз ҳамон поён бояд шуруъ кунем. Аз боғчаҳо, аз муҳити оилавӣ. Падару модарони имрӯза худ муҳтоҷи тарбия ҳастанд.  Онҳо завқ надоранд, вой бар ҳоли фарзандон, ки дар он муҳит ба воя мерасанд. Ҷомеаи имрӯз ба инқилоби фарҳангӣ ниёз дорад, давлат бояд барномаҳои хеле корхӯрдаи рушди фарҳангро рӯйи даст гирад. Сатҳи фарҳанг, дарки маънавии он, ки боло рафт, муҳит фарҳангиву театрӣ мешавад. Драматургияи тоҷик ҳам рушд меёбад. Мо имрӯз тақрибан драматургияи миллӣ надорем, филмномаҳои хуб надорем, ки коргардонҳои хубамон филм бардоранд

 Театр дар ҷомеаи хеле муҳим аст.  Дар давраи Шӯравӣ ба ғайр аз он ки мо намоишҳои хеле қавӣ доштем, боз ҳизб худаш барномасозӣ мекард, ки корхонаҳо ба театр раванд, муассисаҳо, мактабҳо донишҷӯён ба театр раванд. Ин барномарезӣ мешуд. Ғайр аз ин пайваста мо ҳамроҳи адибон ба вохӯриҳо мерафтем, ба корхонаҳо, ба таълимгоҳои илм, ҳатто тобистонҳо ба лагерҳои пионерӣ мерафтем. Ба саҳро назди мардум мерафтем, вохӯриҳо мегузаронидем, ки беасар намемонд. 

Ва бовуҷди ҳамаи ин имрӯз мо бозгаштро тадриҷан эҳсос мекунем, худи ҳамин суботи ҳамешагӣ ва таъмини амнияту осудагӣ мардумро дубора ба фарҳанг моил мекунад. Бидуни ин имкон надорад. Ва бояд ҷомеаи тоҷик рӯ ба фарҳанг орад, чун ҳамин аст асолати миллӣ.

Мусоҳиб Бобоҷони Шафеъ.
Бозчоп аз "Нигоҳ",
№29 (512), 19-октябри соли 2016

барчасп: