Шоҳҷоизаи “Дидор” ба филм аз Афғонистон расид

Ҷашнвораи байналмилалии “Дидор” дар панҷумин рӯзи ифтитоҳаш дар театри опера ва балетаи ба номи Садриддин Айнӣ, баъди зуҳри рӯзи панҷшанбе, 20-уми октябр боз ҳам дар ҳамин театр аз анҷоми кораш хабар дод.
Филми коргардони афғон Ҷамшед Маҳмудӣ “Чанд метри мукааб ишқ” шоҳҷоизаи ҷашнвораи байналмилалии синамои “Дидор”-ро соҳиб шуд.
Ин киноҷашнвораи байналмилалӣ, ки рӯзи 16-уми октябр ифтитоҳ шуда буд, дирӯз дар театри опера ва балетаи ба номи устод Айнӣ бо ҳузури густардаи ҷамъе аз ҳунармандон, адибон ва шахсиятҳои маъруф ҷамъбаст шуд.
Сафар Ҳақдод, Райиси Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон гуфт, ки дар ин ҳамоиш филми  коргардони тоҷик Умед Мирзоширинов, “Мушкилкушо” чун беҳтарин филми тоҷикӣ эътироф гардид. 
Филми коргадони рус Николай Котяш “Ҳар яке” беҳтарин филми кутоҳметраж дар ин ҷашнвора дониста шуд.
Филми коргардонҳои қирғиз Бахит Микул ва Достон Ҷапарнуул “Васияти падар” соҳиби ҷоизаи мунаққидони синамо шуд.
Ҷоизаи вежаро ба филми коргардони арман Вага Геворгянс “Иди бузург” доданд.
Дар нишасти охир ноиби сарвари ҳакамон, адиби Ҳинд Латика Падгаонкар гуфт, ки интихоби филми аз ҳама беҳтарин аз миёни қариб 80 филми пешниҳодшуда хеле мушкил буд. мо ҳар рӯз 6-7 филм медидем ва онро арзёбӣ мекардем. Билохира ба натиҷа расидем, ки “Чанд метри мураббаъ ишқ”-и коргардони афғон Ҷамшед Маҳмудиро шоистаи шоҳҷоиза донем”,- гуфт ӯ.
Дар мавриди филмҳои тоҷикӣ Киёниён гуфт, ки ман бо филмҳои тоҷикӣ аз “Рустаму Суҳроб” ошно шудам, вале филми муосири тоҷикиро надидам. Аз миёни се филми дар ҷашнвора пешниҳодшуда “Мушкилкушо” беҳтарин буд.
Маврид ба ёдоварист, ки дар ҷашнвораи навбатии «Дидор» 80 филм аз намудҳои гуногуни ҳунари синамоӣ ва гуногунсабк, ки шуморе барои озмуни байналмилалии филмҳои баланди достонӣ ва қисме барои озмуни филмҳои кӯтоҳи достонӣ; теъдоде барои «Панорамаи байналмилалии филмҳо: “Гуфтугӯи фарҳанги Ғарб ва Шарқ», «Синамои форсизабонҳо – Афғонистон, Эрон ва Тоҷикистон» ворид шуда буданд.
Ҳайати Доварони байналмилалӣ: Низом Қосим (Раис, шоир, нависанда, муаллифи чандин асарҳои драмавӣ, аз Тоҷикистон), Ризо Киёниён (ҳунарпешаи маъруфи синамо, Эрон), Латика Падгаонкар (киношинос, Ҳинд) интихоб шуда буданд.
Киноҷашнвораи “Дидор” бо баргузории як барномаи хуби ҳунарӣ бо ширкати Далер Назар ва дигар ҳунармандон, ҳамчунин шеърхонии Гулрухсор ва шоирони дигар ба анҷом расид.
Ҷашнвораи байналмилалии “Дидор” имсол ба ёдбуди коргардони шинохтаи тоҷик Бахтиёр Худойназаров доир шуд ва дар аввалин рӯзи он чор филми ӯ: “Братан” (Бародар), “Қош ба қош”, “Падари маҳтобӣ”, “Дар интизори баҳр” намоиш дода шуд.

“Дидор” дар ду сол як маротиба баргузор мешавад.

барчасп: