Истиқлолият ва китобдорӣ. Метавон муҳтавои ин китобро дар ҳамин як ҷумла ифода кард. Яъне, китобдориву китобшиносии тоҷик дар замони истиқлолият. Муалифон ин дастурро мутобиқ ба «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» навиштаанд. Ва ҳадаф он аст, ки хонанда бо мавзуъ ошно бошад, то донад, ки дар замони истиқлолият қатори дигар илмҳо китобшиносиву китобдорӣ дар кишвар то куҷо рушд кардааст.
Муаллифон бар ин назаранд, ки “Бо вуҷуди ҳама мушкилоти солҳои аввали истиқлолият мардуми тоҷик роҳи қатъии эҳё суннатҳои миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи маънавиётро пеш гирифта, тавассути эҳсоси баланди худшиносӣ, робитаҳои гуногунпаҳлў бо аҳли ҷаҳон, бархурдорӣ аз арзишҳои умумибашарӣ симои маънавӣ, хусусияти миллии худро нигоҳ дошт ва пойдевори фарҳанги хешро боз ҳам қавитар намуд”.
Ва боз омадааст: “Китобдорӣ дар кишвари мо касби бостонӣ буда, китобдории навин илми тозаест ва бештар барои китобдорони мутахассис маъно ва мафҳуми соҳавӣ дорад, ба ҳамин далел мардуми оддӣ ва ҳатто устодону мухаққиқон аз илми китобдории навин огоҳии басандае надоранд. Воқеан, таърихи китобдории кишвари мо аз таърихи китобхонаҳои дигар кишварҳо қадимимтар аст, ки имрўз аз назари китобдорӣ авҷу камол ёфтаанд. Бо ин ҳама ба заҳмат метавон ин тифли навзодро, ки китобдории навин аст, аз ин марҳила раҳонид, зеро ки бисёр омилҳои иҷтимоӣ роҳи ўро монеъ мекунад. То ин тифл ба ҳадди рушд нарасад чӣ гуна метавон аз ў интизори баҳрабардориро дошт?”
Посухи ин ва чандин саволи дигарро аз мутолиаи китоби “Фаъолияти китобдорӣ дар замони истиқлолият” пайдо хоҳед кард, ки соли 2012 дар нашриёти “Маориф ва фарҳанг” чоп шудааст.
Китоб аслан маҷмуъи мақолотро дар бар мегирад ва онро Қ.Буриев таҳия кардааст.
Ба китоб доктори илми таърих, профессор С.Муҳиддинов ва номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Ш.Комилзода тақриз навиштаанд.
Дарёфти китоб: Менеҷменти Фаъолиятҳои Китобдорӣ Ва Иттилоърасонӣ