Андешаҳои профессор Ҷовид Муқим пас аз Синамобазми 8-уми «Дидор».
Муаллифи ин сатрҳо низ ба он назар аст, ки бояд коргардонҳои ҷавон рӯи саҳна биёянд. Албатта, филмҳои аввалини онҳо бе камбудӣ нестанд. Вале агар онҳо имрӯз филмофарӣ накунанд, пас фардо кӣ ҷои когардонҳои миёнсолу куҳансолро мегирад? Барои ба дараҷаи ҳирфаӣ расидан бояд онҳо ҳарчӣ бештар омӯзанд ва малакаашонро сайқал бидиҳанд. Ҳоло се чиз — таҷрибаву малака ва ҷаҳонбинии васеъ ба онҳо намерасад.
Аз 16 то 20-уми октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе Кинофестивали байналмилалии 8-уми «Дидор» баргузор гардид. Тӯли ин рӯзҳо беш аз 60 филми гуногунҳаҷм ва гуногунжанр дар бахшҳои «Озмуни филмҳои тоҷикӣ», «Озмуни байналмилалӣ» ва «Озмуни байналмилалии филмҳои кӯтоҳ» дар сабқат иштирок карданд. Ҳамчунин дар бахши «Ҳамсояҳо» филмҳо аз кишварҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон намоиш дода шуданд.
Шоҳҷоизаи Синамобазми 8-уми байналмилаии «Дидор»-ро филми ҳунарии коргардони озар Илгар Наҷаф — «Боғи анор» соҳиб гардида, дар бахши «Озмуни байналмилалии филмҳои кӯтоҳ» филми «Киноман»-и коргардони қирғиз Аскар Нуракан уулу беҳтарин дониста шуд.
Дар сабқати филмҳои тоҷикӣ филми Алексей Румянтсев — «Сандуқчаи зулбиё» соҳиби Ҷоизаи беҳтарин филми тасвирӣ гардид. Ҷоизаи беҳтарин филми кӯтоҳи тоҷикӣ ба филми коргардон Файзуллои Файз — «Таксӣ» дода шуд.
Дар «Озмуни филмҳои пурраметражи тоҷикӣ» бошад, филми «Хайёлӣ»-и коргардони ҷавон Парвиз Раҷабзода соҳиби ҷоиза гардид. Филми кӯтоҳи коргардони дигари ҷавони тоҷик Соҳибёри Толибиён — «Талош» бо Ҷоизаи ифтихорӣ бахшида ба бузургдошти Тоҳир Собиров қадрдонӣ шуд.
Ба қавли директори кинофестивал, раиси Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон Сафари Ҳақдод дар синамобазми имсола, ҳудуди 80 дар сади филмҳои интихобшуда ба филмсозони ҷавони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон тааллуқ доштанд.
Аз ҷумла, дар бахши филмҳои тоҷикӣ филмҳои кӯтоҳҳаҷми коргардонҳои ҷавон Бобоҷон Меҳтоҷиён — «Хонаи меҳр», Фирӯз Асоев — «Гули бишкаста», Муҳаммадюнус Холов — «Дардошно», Одинаи Маҳмад — «Дунё», Самандар Набизода — «Лайка», Фирдавс Нину — «Бархурд», Файзулло Файзов — «Таксӣ» Беҳрӯз Давлатбеков — «Марги диданӣ» ва филми пурраметражи коргардон Зафар Муҳаббатов — «Саҳв» намоиш дода шуданд.
Аксари ин филмҳо аввалин қадами ҷавонон дар синамо буда, аз камбудиҳо холӣ набуданд. Вале ба назар мерасид, ки ҳар яке диди худро дар филмофарӣ дорад.
Қобили зикр аст, ки дар озмун филми пурраметражи коргардон Зафар Муҳаббатов — «Саҳв» намоиш дода шуд, ки пурра ба лаҳҷаи як минтақа сабт шудааст. Филмофарон аз ин чӣ ҳадаф доштанд, намедонем. Вале ба назари мо ин то андозае беэътиноӣ нисбати забони адабии тоҷикӣ буд. Мо ин ҷо дар бораи камбудиҳои филм, ки хеле зиёданд ҳарф намезанем ва бо овардани назари коршиносон ва зиёиён дар мавриди забони филм иктифо мекунем.
Ҳасани Қарибӣ, узви ҳайати доварони филмҳои тоҷикӣ: Истифодаи гуйиши маҳаллӣ дар баъзе саҳнаҳо ҷоиз аст. Вале меъёри забони адабӣ бояд дар филмофарӣ риоя шавад. Филме, ки дар марказ бардошта мешавад, ҳатман бояд ба забони адабӣ бошад, то бинандагон аз ҳамаи минтақаҳо онро битавонанд хуб бифаҳманд.
Суҳроби Зиё, хабарнигори бахши форсии Телевизиони Би-Би-Си: Ба забони адабии тоҷикӣ бояд арҷу эҳтиром гузошта шавад. Ворид кардани лаҳҷа ё гӯиш дар муколамаи қаҳрамонҳо шояд ҷоиз бошад. Вале кулли филмро ба лаҳҷаи мардуми як минтақа сохтан ба назари ман дуруст нест.
Абдулмӯъмин Шарифов: Агар филм хуб бошад, кас ба гӯйиши он мутаваҷҷеҳ намешавад.
Саъдулло Раҳимов, киношинос, доктори улуми фалсафа: Агар драматургияи филм тақозо кунад, мумкин аз шева истифода шавад. Фақат бояд муаллиф нишон диҳад, ки ин шева аз забони адабӣ чӣ фарқ дорад.
Мумкин ин тарзи кор хато бошад. Мутаассифона, ин филм дар ёдам нест. Ман дар бораи нафароне, ки дар музофот филм меофаранд ва аслан тафаккури музофотӣ доранд, ҳеҷ чиз намегӯям. Онҳо ҳоло хеле бояд сабзанд, рушд кунанд, ҳирфаиятро омӯзанд.
Дар рӯзи охири Синамобазми байналмилалии 8-уми «Дидор» мизи мудаввар дар мавзӯи «Синамои ҷавонон устура ё ҳақиқат?» бо иштироки мутахассисони соҳаи кино баргузор гардид.
Саъдулло Раҳимов, киношинос, гардонандаи мизи гирд сараввал дар бораи филмофарии ҷавонон, проблемаҳои синамо дар ин самт чанд сухан гуфт.
Сипас, Ҳасани Қарибӣ, раиси Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ, узви доварони филмҳои тоҷикӣ гуфт, ки ҷавонон метавонанд ва бояд филм офаранд. Онҳо метавонанд, чӣ мавзӯи ҷавононро баррасӣ бикунанд ва чӣ мавзӯи калонсолонро. Ба ин касе монеъ намешавад. Вале аз он ки ман филмҳои тоҷикиро тамошо кардам, филмофарони ҷавон ҳанӯз бояд зиёд омӯзанд.
Филмноманавис ва адиби машҳури тоҷик Абдурофеъ Рабизода аз филмофарии ҷавонон дастгирӣ карда, камбудиҳои баъзе филмҳои коргардонҳои ҷавонро гуфт. Ба назари ӯ, бо каме тағйироти ҷузъӣ дар филмнома ва коргардонӣ филмҳои хеле хуб бардоштан мумкин буд.
Ба қавли Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, актёри театр ва кино Абдулмуъмин Шарифов синамои ҷавонон ба вуҷуд омадааст. Вале барои рушди он дастгирии ҳамаҷониба лозим аст.
Муаллифи ин сатрҳо низ ба он назар аст, ки бояд коргардонҳои ҷавон рӯи саҳна биёянд. Албатта, филмҳои аввалини онҳо бе камбудӣ нестанд. Вале агар онҳо имрӯз филмофарӣ накунанд, пас фардо кӣ ҷои когардонҳои миёнсолу куҳансолро мегирад? Барои ба дараҷаи ҳирфаӣ расидан бояд онҳо ҳарчӣ бештар омӯзанд ва малакаашонро сайқал бидиҳанд. Ҳоло се чиз — таҷрибаву малака ва ҷаҳонбинии васеъ ба онҳо намерасад.
Дар мизи гирд ҳамчунин қайд шуд, ки камбуди молиявӣ пеши рушди синамои тоҷикро мегирад. Аз ҷумла қайд шуд, ки барои офаридани филми «Таксӣ»-и коргардони ҷавон Файзулло Файзов, ки 27 дақиқа аст, ҳамагӣ 5 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда буд ва актёрон қариб ки ройгон нақш офариданд.
Дар охири нишаст изҳори умед карда шуд, ки филмофарии ҷавонон минбаъд боз ҳам рушд хоҳад кард.
Ҷовид Муқим
Аз блоги муаллиф:
jovidmuqim.wordpress.com