Чунин ном дорад китоби пажӯҳишгари тоҷик Тилло Некқадам, ки ахиран дар нашриёти “Аржанг” ба табъ расид. Китоби нав аз ҳафт боб – «Айнӣ ва кино», «Тобишҳои қаҳрамонҳои «Шоҳнома» дар кинои тоҷик», «Кинои тоҷик дар даврони Иттифоқи Советӣ», «Ҳамкориҳои киносозони тоҷик бо кишварҳои бо мо дўст», «Ситораҳои кинои ҷаҳонӣ», «Ситораҳои кинои Ҳиндустон» ва «Саҳмии устод Мирзо Турсунзода дар инкишофи кинои миллии тоҷик» иборат буда, хонандаро бо лаҳзаҳои ҷудогонаи ҳамкориҳои устодон Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода, ки аз солҳои сиюм оѓоз ёфтааст, ошно мекунад.
«Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ аз назари киносозони тоҷик, бахусус режиссёри номвари мо Борис Кимёгаров дар канор намонд. Аз ин хусус се мақола – «Шоҳ Ковус ва филмҳои сегона аз «Шоҳнома», «Таҷассуми кинематографии “Достони Сиёвуш» ва «Рақс бо кабўтарон» дар ҳузури Рустами Достон» дар қисмати «Тобишҳои қаҳрамонҳои «Шоҳнома» дар кинои тоҷик» ҷой гирифтаанд, ки барои хонанда дар бораи таҳияи филмҳо аз рўйи ин асари безавол маълумоти нав медиҳанд.
Муаллиф ба ҳамкориҳои эҷодии устод Садриддин Айнӣ бо киносозони рус ва тоҷик бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, мақолаҳои «Тақдири талх ва ширини «Дохунда», «Устод Айнӣ ва кинои тоҷик», «Симои ҷовидонаи устод Айнӣ дар кинои ҳуҷҷатӣ» ва «Ҳаёти Айнӣ ва Лоҳутӣ таҷассуми киноматографӣ мехоҳад»-ро ба китоб дохил намудааст, ки барои хонанда имконияти зиёди гирифтани далелҳоро додааст.
Муҳаррир номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шариф Комилзода буда, бо қарори Шўрои илмӣ-методии Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ба чоп тавсия шудааст.
Матни комили китоб ин ҷост.