Дар ҷамъбасти озмуни «Кулолгарӣ, чўбтарошӣ ва сабадбофӣ», ки 28-уми июли соли равон дар «Боғи Ирам» доир гардид, аз аксари шаҳру навоҳии Тоҷикистон ҳунармандони боистеъдод бо маҳсули дасти хеш ширкат варзиданд. Озмуни мазкур бо дастгирӣ ва ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.
Дар Озмуни номбурда Вазири Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул Саид, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа – Масрур Абдуллозода, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Зулфия Давлатзода, муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ширин Амонзода ва дигарон иштирок доштанд. Ба намояндагӣ аз Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазораи фарҳанг Акобир Абдуллоев Акобир ва Гулзира Каримова ширкат намуданд. Дар ҷараёни Озмун бо ҳунармандони мухталиф суҳбатҳо доир намуда, оиди паҳлуҳои гуногуни касбашон маълумот гирдоварӣ намуданд. Дар натиҷа бо 44 ҳунарманде, ки аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар ташриф оварда буданд, мусоҳиба гузаронида шуд.
Ҳанўз аз давраҳои қадим миёни тоҷикон касбу ҳунарҳои гуногун вуҷуд дошт, ки тавассути он ҳунармандон зиндагиашонро пеш мебурданд. Кулолгарӣ, чўбтарошӣ ва сабадбофӣ ҳам аз ҷумлаи ҳунарҳоеанд, ки имрӯз ҳам миёни мардум зинда ва як василаи ҳам таъмини зиндагӣ ва ҳам намоиши ҳунару истеъдод аст.
Ташкили чунин фестивалу озмунҳо саббагори кашфи чеҳраҳои нави ҳунар мешавад, ки аз фоида холӣ нест. Дар ин озмун касоне ҳам ширкат карданд, ки исмашон пештар маъруф набуд ва бо ин васила ҷомеа онҳоро шинохт ва бо ҳунари онҳо ошно гардид.
Дар фарҷоми озмун аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибони ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва тамоми иштирокдорон Диплому Ифтихорнома ва Сипосномаҳо тақдим карда шуд. Ашўров Холмурод – чўбтарош (аз ноҳияи Фархор), Аҳлилоев Олимҷон – кулолгар (аз ноҳияи Синои шаҳри Душанбе) ва Назруллоева Бибиробия сазовори ҷои якум гардиданд.
Бобоҷонов Аҳад – чўбтарош (аз ноҳияи Фирдавсӣ), Зокиров Ғаниҷон – кулолгар (аз шаҳри Хуҷанд) ва Ҳомидов Давлатмурод – сабадбоф (аз шаҳри Роғун) сазовори ҷои дуюм, Рушдов Рушд – сабадбоф (аз шаҳри Хоруғ) ва ва чанд тани дигар сазовори ҷои сеюм дониста шуданд.
Акобир Абдуллоев,
ходими калони илмии Маркази
мероси фарҳангии тоҷикон