Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои навбунёди Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии қаҳрамони халқи тоҷик Восеъро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар мавзеи хушбоду ҳавои Дараи Мухтор, воқеъ дар зодгоҳи ин шахсияти бузурги миллати тоҷик сохта шудааст. Корҳои сохтмонии бино моҳи апрели соли ҷорӣ оғоз гардида, бинокорони маҳаллӣ тавонистанд дар кӯтоҳтарин муҳлат онро бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд намоянд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин иқдоми созандаи соҳибкорону шахсони ватандӯст изҳори минатдорӣ намуда, бунёди чунин иншооти фарҳангиро дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ туҳфаи арзишманд маънидод карданд.
Бинои Осорхона аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он нигораҳо ба таври замонавӣ ба намоиш гузошта шудаанд.
Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки айни ҳол дар инҷо 1893 адад нигораҳо, аз ҷумла 1393 адад асосӣ ва 500 адад ёрирасон маҷуд аст. Феълан дар ин Осорхона ашёҳо аз рӯзгор ва фаъолияти ин қаҳрамони халқи тоҷик ва маснуоти мисӣ, чӯбин, сангӣ, биринҷӣ, сафолӣ, дастхатҳои қадима ва дигар нигораҳо мавҷуданд.
Ҳамчунин пайкараи ин қаҳрамони қалқи тоҷик дар рӯ ба рӯи бинои нав бо баландии 6 метр гузошта шудааст, ки нишона аз эҳтироми баланд ба гузаштагони миллат мебошад.
Лозим ба таъкид аст, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 сентябри соли 2015 ба Осорхона мақоми ҷумҳуриявӣ дода шуда, Муассисаи давлатии «Осорхона -мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ» номгузорӣ карда шудааст.
Дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Осорхона -мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ» ҳамчунин меҳмонхона барои қабули 28 нафар дар як вақт бунёд гардидааст.
Навсозии ин мавзеъ барои ҷалби таваҷҷуҳи бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба маконҳои таърихию фарҳангӣ ва шиносоии бештари тамаддуни пурғановати миллати тоҷик ба ҷаҳониён замина фароҳам хоҳад овард.
Манбаъ: Сомонаи Президенти Тоҷикистон