Намоиши операи «Хусрав ва Ширин» аз рўи асари Амирбек Мўсоев

Рўзи 29-уми январи соли 2020 дар муассисаи давлатии «Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ» намоиши саҳнавии «Ширин ва Хусрав» пешкаши мухлисон ва аҳли тамошобинони театр гардид. Дар намоиши мазкур намояндагони Вазорати фарҳанг ва бо иштироки Вазири Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия, муовинон, директори Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ва роҳбарону намояндагони муассисаҳои дигари соҳаи фарҳанг ширкат доштанд.

Операи мазкур дар асоси достони машҳури Ҳаким Низомии Ганҷавӣ «Хусрав ва Ширин», ки яке аз асарҳои панҷгонаи «Хамса» – и безаволи ў мебошад офарида шудааст. Сенарияи онро шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ таҳия намудааст. Достони «Хусрав ва Ширин» асари калонҳаҷми бисёрсюжета буда, тамоми воқеаияту рўйдоде, ки дар он тасвир шудааст, дар як намоиши театрӣ ифода кардан ғайриимкон аст. Аз  ин рў, дастандаркорон операи мазкурро дар шакли се парда ба намоиш гузошта буданд, ких еле ҷолиб ва тамошобоб гардида буд. Муаллифи сенария кушидааст, ки хатти асосии сюжети достон ишқи пурсўзу гудоз, поку беолоиш ва пур аз фоҷеаи писари шоҳаншоҳ Ҳурмўзд – Хусрав ва хоҳарзодаи фармонравои мулки Арман – Ширинро дар маркази намоиш ҷойгузин кунад.

Намоиши якум: Лаҳзае ба тамошобин пешниҳод мегардад, ки Хусрави сармасти ишқу ҷавонӣ ва худкомии шоҳаншоҳӣ ба дидори Ширин меояд ва гумон мекунад, ки ба дом овардани ў бисёр осон аст. Ҳарчанд Ширин ташнаи васл асту аз фироқи Хусрав шабу рўз месўзад, ўро пазиро намешавад. Зеро нангу номус ва поси расму оини ниёгон барояш азиз аст.

Ширин бо ин рафтори худ ба Хусрав панд медиҳад, ки ошиқӣ ин мастиву ғурури шоҳӣ нест. Ишқ аз ҳама мансабу тахту тоҷ болотар аст.

Хусрав аз чунин муносибат ба шўр меояд, ранҷидахотир аз он ҷо баромада меравад. Аммо қалбан ҳамоно аз оташи ишқи Ширин месўзад. Ҳолати Ширин ҳамчунин аст. Онҳо аз дўстону устодони худ Бузургумед ва Шопур мадад меҷўянд.

Намоши дуюм: Чораҳои андешидаи Буругумед ва Шопур самар меоранд. Хусрав дар хиргоҳи худ базми шаробу рубоб меорояд. Ин ҷо овозхонҳои таърихии мо Борбад (аз ҷониби Хусрав) ва Накисо (аз ҷониби Ширин) ҳунарнамоӣ мекунанд ва дар сурудҳояшон рози дили ду дилдодаро матраҳ месозанд. Ниҳоят Хусрав ба хатои худ тан медиҳад ва Ширинро, ки он ҷо паноҳ бурда буд, бо узрхоҳӣ ба давра мекашад ва амр мекунад, ки базму ишқу ошиқӣ ва ҷавонии онҳо тибқи расму оини ниёгон сурат гирад. Ҳамагон онҳоро бо базми висол табрик мегўянд.

Намоиш сеюм: Тирагун гардидани осмони бахту саодати ду дилдода пеши назар меояд. Ширўя, ки аз издивоҷи иҷбории Хусрав ва Марям (духтари шоҳи Рум) ба дунё омадааст, бо дидани Ширин ба ў ошиқ мешавад. Ҳарчанд Ширин мегўяд, ки моиндари ўст ва чунин кор раво нест, аммо писари нохалафи Хусрав аз роҳ бар намегардад.

Вай Хусравро зиндонӣ мекунад ва мебинад, ки бо чунин рафтор мурод ҳосил намегардад, қасди куштани падарро мекунад. Вақте ки Ширину Хусрав танҳо буданд, Ширўя ба назди онҳо зада медарояд ва бо қаҳру ғазаб ба паҳлўи Хусрав ханҷар мезанад. Ширин ба ў ҳамла меорад, ханҷарро аз дасташ зада мегирад. Ширўя аз тарс худро ба қафо мекашад. Аммо Ширин ханҷарро ба ҷигаргоҳи худ мезанад ва дар паҳлўи Хусрав ҷон медиҳад.

Барои хубтару беҳтар баромадани намоиш ва ба дилу дидаи тамошобинон ҷой гирифтани он нақши ҳунармандони театр (иҷрокунандагони асар) хеле бузург аст. Боиси қайд аст, ки нақшҳои асосиро ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон:

Хусрав – Пайрав Аюбӣ;
Ширрин – Мария Мирзоева;

Бузургумед – ҳунармпешаи шоистаи Тоҷикистон, Сайфулло Юсупов, Достон Холов:

Шопур – Шўҳрат Сафаров;
Борбад – ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, Содиқ Нуруллоев, Ҷунайдулло Ҳоҷиев;

Накисо – Амонуллои Нурулло, Манучеҳр Раҳмонов;

Ширўя – Нурафшон Нуруллозода, Нарзулло Болтуев, Сафар Солеҳов;
иҷро карданд.

Ғайр аз ин барои боз ҳам пурраву бомазмун инъикос гардидани опера ва саҳна як қатор ҳунармандону санъаткорон аз қабили, Далер Тиллоев (дирижёр), ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Шавкат Халилзода (таҳиягар), Елена Тиллоева ва Шарифбек Баротов (хормейстерон), рассоми халқии Тоҷикистон Вафо Назаров (рассом-таҳиягар), ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Имомалӣ Раҳмониён (рассоми либосҳо), Ҷумахон Қодиров (рассом-иҷрокунанда), ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Александр Бахман ва Малика Калонова (балетмейстерҳо), Лола Раҷабова ва Раъно Абдуҷабборова (консертмейстерҳо) саҳми хешро гузоштанд.

Хулоса, намоиши мазкур аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа лирикӣ буда, бештар муносибатҳои ошиқонаи ду нафар, изҳори муҳаббати самимии онҳо, рашку ҳасад ва нафрати писар ба падарро инъикос намудааст. Дар фарҷоми операи «Хусрав ва Ширин» аз кафкубиву дастгириҳои ҳозирин бараъло эҳсос мешуд, ки  тамошобинон аз намоишномаи басаҳнагузошта ҳар кадом як ҷаҳон маъниву илҳоми рўҳие бардоштанд.

Ба саҳна гузоштани чунин асарҳои шоирону нависандагони тоҷику форс дар ҳамбастагӣ бо оҳангсозони соҳибистеъдод барои таълиму тарбия, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, эстетикӣ, фарҳангӣ, фароғатӣ ва инчунин барои васеъ гардидани малакаву ҷаҳонбинии одамон, бахусус ҷавонон нақши муассир мебозад. Хеле хуб мешуд, ки чунин намоишномаҳо бештар рўи саҳна биоянд ва тамошои онҳо маърифати фарҳангии ҷомеаро баланд бардорад.

Абдуллоев Акобир
Ходими калони илмӣ

барчасп: