«Наврӯз – ҷашни навгонии одаму олам»

Дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот рӯзи 19-уми марти соли 2021 мизи мудаввар дар мавзӯи «Наврӯз – ҷашни навгонии одаму олам» баргузор гардид. Онро бо сухани ифтитоҳӣ директори ПИТФИ Дилшод Раҳимӣ оғоз карда, аҳли нишастро ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз шодбош гуфт.

Ҳамзамон Раҳимӣ Д. дар мавзӯи “Наврӯз – рамзи навгонӣ ва эътидол” сухан ронда, фикру мулоҳизаҳои хешро вобаста ба фалсафаи таҷлил, навгонӣ ва рамзҳои ин ҷашни ниёгон бо далелҳои илмӣ баён намуд. Зимни суханронӣ ӯ қайд кард, ки ҷашни Наврӯз бо худ навгониҳои зиёдеро меоварад. Пеш аз ҳама табиат эҳё мешавад, ки ин рамзи асосии оғози сол ва ҷашни Наврӯз аст. Гузаштагони мо аз аввал кӯшиш мекарданд, ки ба муносибати ин ҷашн ҳама ҷо тозаю озода гардад, одамон зоҳиру ботини хешро иваз мекарданд, яъне либоси нав ба бар карда, дилҳоро аз кинаву кудурат пок месохтанд. Муҳити оила ва атрофро тозаву озода менамуданд. Ба ҳамдигар суханони нек мегуфтанд, то Соли навро бо ниятҳои тоза пешвози гиранд. Яке аз чунин суннатҳо баргузор кардани маросими “Чоршанбеи охирон”, ки одамон дар баробари аз болои оташ ҷаҳидан рӯҳи хешро аз ҳар гуна бемориву нопокиҳо пок месохтанд. Ин маросим асосан дар як ҷои махсус баргузор карда мешуд. Дар ҷое се гулхан афрӯхта, се маротиба аз болои онҳо меҷаҳиданд ва ҳангоми ба хона баргаштан ба ақиби худ нигоҳ намекарданд. Вақти вориди хона шудан дастонашонро бо об мешустанд. Ба ин восита онҳо рӯҳи хешро пок месохтанд. Аммо имрӯзҳо ин маросим ба як намоиши саҳнавӣ табдил ёфта, хусусияти эътиқодиашро то андозае аз даст дода истодааст. Дар ҷараёни суханронӣ Д. Раҳимӣ  роҷеъ ба омода гардидани хӯрокҳои наврӯзӣ аз растаниҳои наврӯидаи баҳорӣ ва маҳсули дасти деҳқон, эътидоли ҷашни Наврӯз, ки ифодагари адлу инсоф ва баробарӣ, пеш аз ҳама баробаршавии шабу рӯз, ки ҳангоми ҷашни Наврӯз дар табиат рух медиҳад ва таъсири он ба иҷтимоиёти мардум низ гуфта гузашт.

Сипас, тибқи барномаи мизи мудаввар дар мавзӯи “Тафовутҳои ҷузъии ҷашни Наврӯз дар баъзе аз манотиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон” муовини директор оид ба илм Абдулфаттоҳ Аминов суханронӣ кард. Аминов А. ҷиҳатҳои фарқкунандагии ҷашни Наврӯз ва чи гуна ҷашн гирифтани онро дар шаҳру навоҳии мухталифи кишвар шарҳ дод. Ӯ ишора намуд, ки дар замонҳои гузашта тақвими муайян набуд ва бо таъсири иқлим дар ҳар ҷо Наврӯз дар вақтҳои гуногун фаро мерасид. Барои ҳамин мардуми ҳар минтақа фарорасии Наврӯзро бо роҳу воситаҳои мухталиф муайян мекарданд.

Дар идомаи ҳамоиш мудири шуъбаи ВАО ва табъу нашр Шодрӯз Аттоев оид ба “Нақши ВАО дар тарғиби ҷашнҳои миллӣ (дар мисоли Наврӯз)” суханронӣ кард. Аттоев Ш. Дар маърузаи худ нақши ВАО-ро дар эҳё ва таҷлили ҷашни Наврӯз бо мисолҳои зиёд бузрг арзёбӣ намуд. Ходими калони илмии Маркази мероси фарҳангии тоҷикон Шамъигул Каримова вобаста ба “Хӯрокҳои наврӯзӣ ва хусусиятҳои фарҳангии он” маърӯзаи пурмуҳтаво намуд. Номбурда асосан дар бораи таомҳое, ки махсусан ифодакунандаи рамзи Наврӯзанд, сухан ронд. Зимни баромад қайд намуд, ки аз давраҳои пеш модарону бибиҳои мо хӯрокҳоеро аз қабили суманак, кашк (дангича, далда, боҷ, гандумкӯча) барои ороиши хони наврӯзӣ омода мекарданд. Азбаски Наврӯз худ ҷашни милливу фарҳангист, таҳияи чунин таомҳо дар фазои фарҳангӣ – бо сурудхониву рақсу бозӣ ва шеъргӯиву таронасароӣ баргузор мегардид.

Баъдан роҷеъ ба мавзӯи мавриди назар байни иштирокчиёни мизи мудаввар мубодилаи афкори судманд баргузор гардид, ки дар он ходими пешбари илмии шуъбаи ВАО ва табъу нашр, М.Муродӣ, муовини директор оид ба корҳои методӣ Ш.Комилзода ва дигарон ибрози ақида намуданд. Дар анҷоми чорабинӣ намоиши китобҳо баргузор гардид, ки ба ҷашни байналмилалии Наврӯз таълиф гардида буданд.

 

Носирова Лайло