Рӯзи 29-уми апрели соли 2021 баъд аз бемории начандон тӯлонӣ, қалби санъатшинос ва хореографи тоҷик, ходими пешбари илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қличева Назокат Аминовна дар синни 70 солагӣ аз тапидан боз монд.
Қличева Назокат Аминовна, 6 ноябри соли 1951 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Соли 1965 пас аз хатми синфи 8-уми мактаби миёнаи №39 ба шуъбаи хореографияи Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе дохил шуда, онро соли 1970 бо баҳои аъло хатм намудааст. Ӯ инчунин хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода (1979) ва курси рӯзонаи аспирантураи Институти фарҳанги ба номи М.К. Крупская (Русия, 1986) мебошад. Дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода ба ҳайси омӯзгори калон ва мудири кафедраи хореография (1986-1998) кор кардааст. Ӯ дар давоми солҳои (1999-2006) ҳамчун устоди рақс дар фестивалу чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, аз ҷумла фестивал–озмуни «Андалеб», рақсҳои халқиро ба саҳна гузоштааст.
Аз соли 2006 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар вазифаҳои ходими калони илмӣ, мудири шуъбаи фаъолияти фарҳангӣ-фароғатӣ, ҷонишини директор оид ба илм, мудири шӯъбаи эҷодиёти мардумӣ ва таҳлилию методӣ, мудири шуъбаи санъатшиносӣ ва аз соли 2019 то лаҳзаи охири ҳаёт ба ҳайси ходими пешбари илмии шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ фаъолият намудааст.
Қличева Н. муаллифи 3 китоб: «Хореография» (дастури таълимӣ, 2007), «Очеркҳои таърихии санъати хореографияи Тоҷикистон» (ҳамроҳ бо Казакова З., 2014), «Танцевальное искусство таджиков: история и современность» (2019), тартибдиҳандаи маҷмӯаи мақолаҳои «Олами рақси Ғаффор Валаматзода» (2016), яке аз мураттибони «Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ» (2014-2016) ва «Намунаҳои фарҳанги ғаримодии халқи тоҷик» (2016) буда, ба қалами ӯ беш аз 90 мақолаи илмии марбут ба санъати рақси анъанавии тоҷик мансуб мебошад. Аз ҷумла: «Рақси Помир: анъанаҳо ва замони муосир» (2017), «Азиза Азимова ва нақши ӯ дар рушди санъати рақсии тоҷикон» (2017), «Эҷодиёти рақсии тоҷикон» (2016), «Тамоюлҳои асосии рушди ансамблҳои рақсии Тоҷикистон» (2016, ба забонҳои англисӣ ва кореягӣ), «Рақсҳои анъанавии тоҷикон: масъалаҳои таҳқиқот» (2015), «Масъалаҳои санъати хореографияи Тоҷикистон дар давраи ҷаҳонишавӣ» (2012) ва монанди инҳо.
Қличева Н. яке аз коршиносони мероси фарҳанги ғайримоддӣ буда, дар таълифи бахши санъати иҷроии «Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ» (2014-2016) иштирок кардааст. Ӯ инчунин узви гурӯҳи кории таҳияи ҳуҷҷатҳои номиннатсияҳои «Санъати чакандӯзӣ» ва «Оши палав» мебошад, ки дар солҳои гуногун ба Рӯйхати репрезентативии ЮНЕСКО шомил гардидаанд.
Ҳайати кормандони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот нисбат ба марги нобаҳангоми корманди Пажӯҳишгоҳ Қличева Назокат сахт андӯҳгин буда, ба наздикону пайвандони марҳум аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил хоҳонанд.