Дӯғкашӣ

Ҳунармандӣ бахши муҳими фаъолияти инсон дар ҳаёт ба ҳисоб меравад. Рӯзгор аз домани пурганҷи дасти ҳунарманд саршори рангорангӣ  мегардад. Ҳунар гавҳари гаронбаҳо аст, ки шахсро соҳибиззат намуда, шабеҳ ба дарахти серҳосиле мегардонад ва инсонҳо аз меваҳои он баҳравар мегарданд.  

Дар шаҳру навоҳиҳои ҷумҳурӣ  як қатор одамон ба ҳунармандӣ сару кор дошта, зиндагии худро бештар бо ҳамин роҳ пеш мебаранд. Ҷанбаи даромади бошандагони деҳаҳо аз маҳсули дасташон вобаста аст. Зеро мардуми деҳот ба зироаткорию чорводорӣ, кишоварзию дуредгарӣ, намадрезӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, кандакорӣ ва амсоли инҳо, ки шумораашон зиёд аст, машғул буданду ҳастанд. Санҷиши тадқиқоти  муҳақиққон нишон медиҳад, ки имрӯзҳо гарчанде дар минтақаҳои кишвар бархе аз ҳунарҳои аҷдодии хеш рӯ ба костагӣ омада бошад  ҳам, вале бо эълон гаштани соли – 2019 – 2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ” рӯҳия ва завқи ҳунармандон бедор гардида, дубора ба зинда гардондани онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Бисёре аз ҳунарҳои мардонаю занона рӯ ба густариш ниҳода, талаботи мардум ба ин навъ ҳунарҳо рӯз то рӯз зиёд гашта истодааст.               

Дӯғкашӣ аз ҳунарҳои хонаводагии занона дониста шуда, таърихи хеле қадима дорад. Аз рӯи маъхазҳои таҳқиқшудаи муҳаққиқон дӯғкашӣ дар мавзеҳои ҷумҳурӣ бо дигар номҳо ба монанди маскакашӣ, куппизанӣ, гуппизанӣ маъмул буда, расму одатҳои худро дорад. Намунаи  омода намудани ин навъи ҳунари суннатиро муҳаққиқон аз ноҳияҳои Рашт, Яғноб, Ванҷу Дарвоз дар мақолаи худ мухтасаран зикр намудаанд.[1] Дӯғкашӣ маънои равғани маскаро аз ҷурғот ҷудо кардан аст, ки дар натиҷа ду маҳсулоти рӯзмарра тайёр мешавад. Тибқи мушоҳидаҳо дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ин ҳунар бо номи дӯғкашӣ роиҷ буда, таомулҳои анъанавии худро дорад. Раванди иҷрои дӯғкашӣ дар ин ноҳия бо чағдег ва чарағчӯб (сарағчӯб)  иҷро мегардад. Чағдег аз ду калима иборат буда, дар асл бояд маънои зарф ё деги чӯбинро ифода кунад. Дар Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ калимаи “чағ” дар алоҳидагӣ ва ҳар  ду  калима дар якҷоягӣ, яъне “ҷағдег” чунин омадааст: маънои вожаи “чағ”  як навъи чӯб мебошад, ки ба обнус монандӣ дорад, “чағдег” ду калима дар якҷоягӣ  ба маънои “кӯзаи сафолини даҳанфарох, ки дар он аз ҷурғот равған мекашанд” омадааст.[2] Ғунҷоиши чағдег  10 – 12 литр мебошад. Сарағчӯб ё ин ки чарағчӯб шаклаш дарозрӯя, дарозиаш 1,1 м буда, дар сари он се чӯби дигари тухмшакл тақрибан ба андозаи 30-35 см пайваст гардидааст, ки дар таги чағдег ҳамвор буда, маскаро ба зудӣ ҷудо мекунад. Дар сутуне дастаи чағдегро бо банд баста, ба он  ҷурғоту обро мерезанд. Ҳаҷми чурғот аз об як андоза зиёд гирифта мешавад. Агар чурғот 5литр бошад ба он 4 литр об илова менамоянд. Дар тобистон аз сабаби ҳавои гарм, ба он каме ях ҳамроҳ мекунанд, то ин ки маскааш  каме сахт гардида, зуд ҷудо шавад.

Дар фасли зимистон баръакс, яъне обро каме ширгарм намуда илова месозанд. Баъдан чарағчӯбро ба чағдег андохта, онро аз ду ҷой дар сутун бо банд мебанданд. Аз қисмати байн болотар ва аз қисмати миён поёнтари дастаи чарағчӯб. Тасмаи ғафси чармӣ ё латтагиро аз миёни чарағчӯб каме поёнтар як маротиба тоб дода, ба кашидани он шурӯъ мекунанд. Тибқи бовару этиқод зане, ки кашидани дӯғро шурӯъ мекунад, пеш аз он барои пай наовардан ва нағз омадани кораш, касеро ба ҳамон макон омаданӣ намемонад, махсусан мардҳоро. Ин амалҳои зикр гардидаро ҳангоми мусоҳиба занҳо ишора намуданд.

 Нӯқрагул (с. тав. 1961) аз занҳои солхӯрдаи деҳаи Вахиёи ҷамоати Нури Ваҳдати ноҳияи Панҷ ба шумор рафта, яке аз занҳои ботаҷрибаву рӯзгордида дар ин деҳа дониста мешавад. Инчунин  аз занҳои кадбонуи деҳаи худ буда, дар туйю маъракаҳои замони имрӯза барои омода намудани таомҳои анъанавӣ ва навъҳои гуногуни нон даъват шуда, роҳбаладӣ менамояд. Дар ин маврид худи ӯ чунин қайд намуд: “Ҳангоми келин шудану омаданам, омода кардани бисёр хӯрокҳо ва навъҳои нонро аз уҳдааш намебаромадам. Маҳз бо дастгирию омӯзондани хушдоманам буд, ки касбу ҳунарҳо ва таомҳои анъанавиро омӯхтам. Ҳангоми кору бораш доимо маро бо худ мебурду мефаҳмонд. Аз тамоми нозукиҳо ва ҷанбаҳои фарҳангии он ёдрас мешуд. Талқин намудани ҳунарҳои аҷдодӣ ба мо калонсолон фарз аст, то ба насли наврас омӯзонем. Кӯшиш ба харҷ диҳем, ки таҷрибаю ҳунарҳои гузаштагонамон аз байн нараванд. Чунки ҳар як ҳунар ба худ хосияте дорад”.  Ин суханонро гуфта  корашро идома додан гирифт.  Сипас ӯ дар таги ҳар ду пояш ҷорӯбро гузошт.  Дар таги пой ҷоруб мондан ҳам рамзи дур намудани пай ва чашми бад мебошад. Ду сари тасмаро ба дастонаш қапида, ба тарафи пешу  қафо ҳаракат медиҳад. Дар рафти кашидани дӯғ ин дуоро мехонад “Аъузу  биллоҳи мин – на – шайтонир раҷийм. Бисмиллоҳир раҳмонир раҳийм. Аввал Худои меҳрубон, дуввум Муҳаммади Мустафо (с). Дасти ма не дасти пиро, дасти Биби Фотима, биби Хадича, биби Кибриё, ботину авлиёҳо, шаҳиду паёмбаро, ё ҳазрати хуҷаи Хизри зинда роҳбар, баракат дар ҳамин кору касб. Ба ҳаққи меш, ба ҳаққи меш, ба ҳаққи гирди чашму пеш, ба ҳаққи чашми бади хеш, ба ҳаққи чашми касу нокас, нарасад дар рӯи ҳеҷ аҷносам (ганҷ). Омин”.

Кашидани  дӯғ тақрибан як соат идома меёбад. Ҳангоми лат хурдани ҷурғоту об дар даруни ҷағдег равғани он ҷудо шуда, ба болои дӯғоб мебарояд. Маскаи боло баромадаро каме оби хунук пошида бо кафчаи чӯбин (қошуқ) дар як тарафи чағдег  гирд оварда дар зарфи сирдор мегиранд. Боз барои оби маска таровиданаш, онро дар халта гирифта 5 ё 7 соати дигар дар ҷое кашола карда овезон карда, баъд истеъмол менамоянд. Дӯғи онро хоҳанд каме намак намуда истеъмол мекунанд, агар не, онро ба халта гирифта овезон мекунанд. Зардобаш, ки таровид  аз он чакка ҳосил мешавад, ки онро низ ҳамчун хӯрдании ширӣ тановул менамоянд, ё ин ки аз чакка қурут омода мекунанд. Ин навъи ҳунар дар ин ноҳия фаъол буда, занону бонувоне, ки гови ҷӯшоӣ доранд, доимо машғул мешаванд. Дар фасли гармо ба он кабудию сабзавот ҳамроҳ карда, дар зарфи сарпуши мустаҳкамдор гирифта, онро дар ҳавз ё дарёчае, ки обаш хунук аст мегузоранд. Баъдан, ки дӯғоб хунук гардид, гирифта, ҳамчун нушокии ташнашикан истеъмол мекунанд.

Бояд қайд кард, ки ин ҳунари аҷдодӣ то имрӯз бо ҳамон тарзу усули худ боқӣ мондааст. Мардуми навоҳии ҷумҳурӣ омода ва истифодаи ин ҳунарро шарт ва зарур мешуморанд. Занону бонувони ин минтақаҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ин навъи нӯшокии  аҷдодии хешро бо ҳамон тарзу усули қадимӣ омода намоянд. Ба наслҳои ояндаи хеш ин анъанаи миллиро омӯзонда, аз байн нарафтани онро пешгирӣ намоянд. Бахусус, бонувони деҳот ҳунари анъанавие, ки  манфиати рӯзмараи одамон гардидааст, муҳим дониста, саъю ҷаҳд менамояд, то ҳунари суннатиро ба духтарону келинҳои худ омӯзонанд. Шояд яке аз сабабҳояш парвариши чорводорӣ дар макони зисти онҳо бошад, ки маҳз аз шири ҳайвонҳои хонагӣ гову буз ҷурғоту чакка, маскаю дӯғоб ва чолоб омода намуда, хӯроки ҳаррӯзаи онҳо ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин дар қатори дигар нӯшокиҳои маъмулӣ, нушокии ташнашикан дар фасли гармо омода мегардад, ки талаботи мардум барои истеъмол намудани он зиёд дида мешавад. 

 

Каримова Шамъигул

ходими калони илмӣ ПИТФИ

 


[1]   Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Душанбе – 2015, ҷилди 2, саҳ 360 – 362.

[2] Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ. Душанбе – 2008, ҷилди 2, саҳ 521.

барчасп: