Рӯзи 29-уми июни соли 2021 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот маҳфили рӯнамоии китоби «Ҳамсози дарё (ёдномаи олим ва сарояндаи маъруф Абӯбакр Зубайдӣ)» баргузор гардид. Маҳфилро директори Пажӯҳишгоҳ, номзади илмҳои филологӣ Дилшод Раҳимӣ ҳусни оғоз бахшид. Дар ин маҳфил меҳмонон аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва саъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода ва наздикону пайвандони марҳум Абӯбакр Зубайдӣ ҳузур доштанд.
Дар оғоз филми мустанаде аз кору фаъолияти илмӣ ва ҳунарии устод Абӯбакр Зубайдӣ ба тамошо гузошта шуд. Сипас, аз ҷониби нависанда ва рӯзноманигори маъруфи тоҷик Шаҳобиддини Ҳақназар китоби «Ҳамнавои дарё» муаррифӣ гардид. Дар китоби мазкур мақолаҳо ва хотираҳои дӯстону ҳамкорон ва шогирдони устод Абӯбакр Зубайдӣ дарҷ гардидааст.
Баъди муаррифии китоби «Ҳамсози дарё» наздикону дӯстон ва ҳамкорони марҳум хотираҳои хешро, ки бо Абӯбакр Зубайдӣ алоқаманд буд, қисса карданд. Дар ин бахш шоири халқии Тоҷикистон – Камол Насрулло, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон – Хосият Ортиқова (Хосияти Зарафшонӣ), корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон – Шамсиддин Солеҳ, муовини директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот – Шариф Комилзода, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – Шарифзода Исрофилниё, рӯзноманигор – Салими Зарафшонфар ва дигарон суханронӣ карданд.
Дар охир ба иштироккунандагон китоби «Ҳамнавои дарё» ва фиттаи сурудҳои устод Абӯбакр Зубайдӣ тақдим карда шуд.
Лайло Носирова