Барои рушду нумӯи соҳаи фарҳанг дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ як қатор тадбирҳои мушаххас андешида шуданд. Қабл аз ҳама, қабул шудани як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, аз қабили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи табъу нашр» (1993) «Дар бораи фарҳанг» (1997), «Дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ» (2002), «Дар бораи иттилоот» (2002), «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ» (2003), «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» (2003), «Дар бораи осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо» (2004, 2012), «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ» (2006), «Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо» (2011), «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ» (2016), «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ» (2019), барномаҳои давлатии «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» (2005), «Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таълимии фарҳанг ва санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2010» (2006), «Барномаи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015» (2007), «Барномаи давлатии компютеркунонии китобхонаҳои давлатию оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013» (2010), «Барномаи давлатии рушди мусиқии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2010), «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» (2011); «Барномаи рушди санъати сирк дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 -2017» (2012); «Барномаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020» (2012), «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016–2020» (2015) ва дигар асноди меъёриву ҳуқуқӣ барои ба танзимдарории фаъолияти муассисаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ дар шароити соҳибистиқлолии кишвар, тақвияти заминаи моддию техникии онҳо, бунёди инфрасохтори нави фарҳангӣ, татбиқи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон ҷиҳати озодона истифода кардани дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва умумибашарӣ заминаи ҳуқуқӣ муҳайё сохта, ба рушду нумуи фарҳанги миллӣ мусоидат карданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон такя ба санадҳои меъёриву ҳуқуқии қабулшуда, таи солҳои соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати татбиқи як қатор барномаҳои давлатии соҳаи фарҳанг дар миқёси вилояти Хатлон саҳми муносиб гузоштааст. Ҳамзамон, муассисаҳои иҷтимоӣ-фарҳангии вилоят фаъолияти худро тибқи «Барномаи рушди фарҳанг дар вилояти Хатлон барои солҳои 2016-2025», ки бо қарори Раиси вилояти Хатлон аз 15 марти соли 2016 тасдиқ карда шудааст, ба роҳ мондаанд.
Дар доираи барномаҳои тасдиқшуда таи солҳои сипаригардида дар самти бунёду азнавсозӣ, таҷдиди инфрасохтор, таҳкими пояҳои моддию техникии муассисаҳои соҳаи фарҳанг ва таъмини онҳо бо таҷҳизоти муосир чораҳои мушаххас андешида шудаанд. Аз ҷумла, соли 2017 дар ноҳияи Темурмалик – Қасри фарҳанг, соли 2018 дар ноҳияи Балҷувон – Қасри фарҳанг, соли 2019 дар ноҳияи Данғара – Қасри фарҳанг, соли 2020 дар шаҳри Бохтар – Кохи фарҳанг ва иттилоот, дар ноҳияи Шаҳритус – Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, соли 2021 дар ноҳияи Фархор – Қасри фарҳанг, дар ноҳияи Дӯстӣ – Осорхона, дар ноҳияи Данғара – Боғи Парчами давлатӣ ва Боғи Симурғ, дар ноҳияҳои Фархору Балҷувон – боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, дар ноҳияи Восеъ – Боғи Парчами давлатӣ ва Гулгашти ба номи Рӯдакӣ ва ғайраҳо бунёд ёфтаанд.
Тибқи маълумотномаи Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, айни ҳол дар вилоят 492 китобхона, 286 клуб, 35 боғи фарҳангӣ, 22 осорхона, 25 мактаби бачагонаи мусиқӣ, 11 ансамбли тарона ва рақс, 1 ансамбли рақсии “Ситора”, 3 театри касбӣ, 5 театри халқӣ, 3 ансамбли касбии вилоят, инчунин 3 филармонияи халқӣ дар ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Кӯшониён ва Восеъ фаъолият намуда, дар хизмати халқ мебошанд.
Дар даврони истиқлол аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар самти азнавсозии инфрасохтори соҳаи фарҳанг, бунёди иншоотҳои нави муассисаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ, таъмиру тармими бинои осорхонаву китобхонаҳо, клубу хонаҳои маданият, барқарорсозии ёдгориҳои беназири таърихиву фарҳангӣ, як қатор корҳои назаррасу шоёни таҳсин амалӣ шудаанд. Масалан, чунонки таҳлили маълумоти пешниҳодшуда нишон медиҳад, танҳо таи се соли охир (1919-2021) дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 49 объекти фарҳангӣ, яъне қасрҳои фарҳангу осорхонаҳо, клубу китобхонаҳо, гулгашту боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, қалъаю мақбара ва мавзеъҳои таърихӣ бунёд, барқарору азнавсозӣ ва таъмиру тармим гардидаанд.
Имрӯз дар вилояти Хатлон 931 ёдгории хусусияти таърихӣ, фарҳангӣ, бостонӣ ва меъморидошта (аз ҷумла 721 адад ёдгории бостонӣ, 124 адад ёдгории меъморӣ ва 86 адад ёдгории монументалӣ) мавҷуд аст, ки аз ҷумлаи онҳо: 9 ёдгорӣ дар ноҳияи Абураҳмони Ҷомӣ, 37 ёдгорӣ дар ноҳияи Балҷувон, 17 ёдгорӣ дар ноҳияи Бохтар, 20 ёдгорӣ дар ноҳияи Вахш, 118 ёдгорӣ дар ноҳияи Восеъ, 158 ёдгорӣ дар ноҳияи Данғара, 17 ёдгорӣ дар ноҳияи Дӯстӣ, 57 ёдгорӣ дар ноҳияи Ёвон, 38 дар шаҳри Кӯлоб, 7 ёдгорӣ дар ноҳияи Кӯшониён, 54 ёдгорӣ дар ноҳияи Қубодиён, 48 ёдгорӣ дар ноҳияи Муъминобод, 17 дар шаҳри Норак, 31 ёдгорӣ дар ноҳияи Носири Хусрав, 24 ёдгорӣ дар ноҳияи Панҷ, 40 ёдгорӣ дар ноҳияи Темурмалик, 60 ёдгорӣ дар ноҳияи Фархор, 66 ёдгорӣ дар ноҳияи Ховалинг, 20 ёдгорӣ дар ноҳияи Хуросон, 16 ёдгорӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ, 12 ёдгорӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, 13 ёдгорӣ дар ноҳияи Ҷайҳун, 16 ёдгорӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, 36 ёдгорӣ дар ноҳияи Шаҳритус, ҷойгир гардидаанд.
Дар даврони истиқлол 13 мақбараи бостонӣ – Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб, Мир Саид Ҷалолиддини Гулдаста дар ноҳияи Мӯъминобод, Хоҷаи Нур дар ноҳияи Мӯъминобод, Хоҷа Машҳад дар ноҳияи Шаҳритус, Ҳасан Шоҳи Хомуш дар ноҳияи Мӯъминобод, Имом Зайналообуддин дар ноҳияи Дӯстӣ, Хоҷа Абуисҳоқи Хатлонӣ дар шаҳри Кӯлоб, Шоҳ Неъматуллои Зарробӣ дар ноҳияи Балҷувон, Мавлоно Тоҷиддин дар ноҳияи Данғара, Мавлоно Обиддин дар ноҳияи Данғара, Шайх Ёрмуҳаммади Балхӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, Султон Увайси Қаранӣ дар ноҳияи Ховалинг, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ дар ноҳияи Темурмалик ва Қалъаи асримиёнагии Шоҳони Хатлон Ҳулбук дар ноҳияи Восеъ тармиму таъмир ва барқарор карда шудаанд.
Хурсандибахш аст, ки барои ворид намудан ба феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дар чаҳор ёдгории нодири таърихии дар ҳудуди вилояти Хатлон воқеъбуда, аз ҷумла Қалъаи Ҳулбуки ноҳияи Восеъ, шаҳраки Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён, Мадрасаи Хоҷа Машҳади ноҳияи Шаҳритус ва Дайри буддоии Аҷинатеппаи ноҳияи Вахш корҳои пажӯҳишӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ ба анҷом расида, ҳуҷҷатҳои зарурӣ тайёр карда шудаанд.
Ёдгориҳои таърихии шаҳру ноҳияҳои вилоят, ба монанди бошишгоҳи «Бешаи палангон», мақбараи Имом Зайналобиддини ноҳияи Дӯстӣ, қалъаи Мир, шаҳраки «Тахти Сангин», масчиди Яртигумбаз, масчиди Гузари болои ноҳияи Қубодиён, маҷмааи бостонии «Бибихонум»-и шаҳри Бохтар, мавзеи бостонии табии «Чилучорчашма»-и ноҳияи Носири Хусрав ва Дайри Аҷинатеппаи ноҳияи Вахш, мамнуъгоҳи Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ ва мақбараи Хоҷа Айюби Ансории ноҳияи Ховалинг, қалъаи Муъминобод, мақбараи Домулло Икром, Хумдони Сармайдон, оромгоҳи деҳаи Ғеши ноҳияи Муъминобод, оромгоҳи Сари қалъа, мақбараи Хоҷа Шақиқи Балхӣ, мақбараи Мавлоно Тоҷиддин, мақбараи Мавлоно Обиддин, мақбараи Хоҷаи Заррини ноҳияи Данғара, мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонии шаҳри Кӯлоб ба расмият дароварда шуда, соҳиби сертификат мебошанд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар қаламрави вилояти Хатлон ҷиҳати бунёди боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тадбирҳои мушаххас андешида шуданд. Аз ҷумла, солҳои 2018-2019 дар шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб ва Леваканту Норак ва ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш, Восеъ, Данғара, Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Шаҳритуз, Фархор, Ҳамадонӣ, Носири Хусрав ва Панҷ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорон боғҳои фарҳангӣ бунёду таъмир ва азнавсозӣ карда шудаанд.
Қобили қайд аст, ки маросими ифтитоҳи биноҳои хуштарҳу замонавии бештари муассисаҳои иҷтимоӣ-фарҳангии навбунёд дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад ва ин иқдоми наҷибонаи Сарвари давлат нишонаи баланди эҳтирому садоқат ва арҷгузории самимии ӯ ба санъату фарҳанги миллати тоҷик мебошад. Масалан, рӯзи 22 сентябри соли 2020 бо иштироки Президенти мамлакат Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Тус»-и ноҳияи Шаҳритус бо масоҳати 3,17 гектар дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорон пурра таъмиру азнавсозӣ гардидааст, ба истифода дода шуд. Нимаи дуюми ҳамон рӯз Пешвои миллат дар маркази шаҳри Бохтар гулгашти «70-солагии азхудкунии Водии Вахш» ва Нишони давлатиро ифтитоҳ карданд. Ҳамзамон худи ҳамон рӯз бо иштироки Президенти мамлакат дар шаҳри Левакант, дар ҳудуди Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баландии 41 метр мавриди истифода қарор дода шуд.
16 июни соли 2021 Президенти мамлакат дар деҳаи Баҳори деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Симурғ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
23 сентябри соли 2021 Сарвари давлат дар ноҳияи Темурмалик Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Бобоюнус Худойдодзодаро пас аз таъмиру азнавсозӣ ифтитоҳ намуданд.
Бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 1 октябри соли 2021 дар шаҳраки Москваи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ баъди навсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Ҳамзамон худи ҳамон рӯз Президенти мамлакат аз Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошим, ки ба муносибати таҷлили бошукӯҳи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо саҳми соҳибкорони ватанӣ ва шахсони саховатпеша, бо санъати баланди меъмории миллӣ пурра таъмиру навсозӣ гардидааст, боздид намуданд.
Бо иштироки Сарвари давлат дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон биноҳои нави муассисаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ низ мавриди истифода қарор дода шудаанд. Аз ҷумла, дар деҳаи Хуррамзамини ноҳияи Фархор бинои Қасри фарҳанг (02.10.2021), дар деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг Амфитеатр (03.10.2021), дар деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ мавзеи таърихии «Ҳавзи Қайнар» (04.10.2021), дар деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғара Маркази фарҳангии деҳаи Хуррамзамин баъд аз азнавсозӣ (21.10.2021), дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик Кохи фарҳанг (21.10.2021), дар ноҳияи Дӯстӣ Қасри фарҳанг баъд аз навсозӣ ва Боғи фарҳангию фароғатӣ (28.10.2021), дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ: Мақбараи Ҷалолиддини Балхӣ; Хона-музейи Ҷалолиддини Балхӣ; муҷассамаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (21.03.2022), дар шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғара Боғи фарҳангию фароғатӣ (28.04.2022).
Ҳамин тавр, дар партави сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахусус ғамхориву ҳидоятҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла дар қаламрави вилояти Хатлон иншооти зиёди фарҳангӣ бунёд гардида, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ободу навсозӣ шудааст, ки дар маҷмӯъ барои инкишофи тамоми соҳаҳои фарҳангу санъат ва рушди сайёҳӣ мусоидат мекунад.