«ХОВАР»: Дар шаҳристони Ҳулбук маҳаллаи ҳунармандӣ ёфт шуд
Чоп шуд: 14/01/2019Дар натиҷаи ковишҳои бостоншиносӣ аз шаҳристони Ҳулбуки ноҳияи Восеъ маҳаллаи ҳунармандӣ бо дӯконҳои он бозёфт гардиданд. Дар ин бора сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ ХОҶАЕВ дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Зарангези ЛАТИФ иттилоъ дод.
Ба маълумоти ӯ, ковишҳои бостоншиносӣ дар ҳудуди шаҳристони Ҳулбук яке аз