Activities calendar

04 августа 2020

Эҳёи ҳунарҳои заргарӣ ва мисгарӣ

Дар Осиёи Миёна аз замонҳои хеле қадим, алалхусус дар шаҳрҳои тоҷикнишини он ҳунарҳои мардумӣ хеле рушд карда буданд. Ҳунармандон ва косибон бештар ба ҳунарҳои қолинбофӣ, чўбтарошӣ, кулолӣ, кандакорӣ, гаҷкорӣ, зарбофӣ, сўзанидўзӣ, тоқидўзӣ, заргарӣ, мисгарӣ ва ғайра машғул мешуданд. Чунин ҳунарҳо асосан дар шаҳрҳои калон ривоҷ ёфта буданд ва аз ин маҳсулот аҳли деҳа ҳам дар рўзгори худ истифода мебурданд. Маҳсулоти истеҳсолкардаи ин ҳунармандон ва косибон харидорони зиёде доштанд. Барои рақобатпазир шудани маҳсулот, ҳунармандон ва косибон кўшиш мекарданд, ки маҳсулоташон аз лиҳози сифат ва зебоӣ ҷолиб бошад.

барчасп: