Activities calendar

06 мая 2021

Инъикоси баъзе маросим дар бозиҳои бачагона

Ҷашну маросим бо навъҳои гуногунаш як ҷузъи муҳими фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик маҳсуб меёбад. Мардуми тоҷик дар замонҳои қадим низ ҷашну маросим ва анъанаву суннатҳои неки ниёгонро аз нестшавӣ эмин дошта, онро то ба насли имрӯз интиқол додаанд. Бояд гуфт, ки ҷашну маросимҳои тоҷикон дорои ҷиҳатҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ, тарбиявию ахлоқӣ буда, иддае аз онҳо шахсро дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия мекунанд. Яке аз хусусиятҳои аслии ҷашну  маросимҳо, ки то замони мо расидаанд, ин ҷанбаҳои тарбиявӣ доштани онҳо дониста мешавад....

барчасп: 

Чанд сухан перомуни ҳунарҳои анъанавии мардона дар кишвар (дар асоси маводи мардумшиносӣ аз Муъминобод, Дарвоз, Темурмалик, Мастчоҳи Кӯҳӣ ва Хуросон)

Омӯзиши вазъи фаъолияти шахсони ҳунарманд дар ин шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ барои эҳёву муаррифӣ намудани намунаҳои фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик ва рушди он мусоидат мекунад. Зеро ба ин восита мо метавонем ҳунармандони асилро, ки тӯли солҳои зиёд дар як кунҷи деҳе ё шаҳраке бо ҳунари аҷдодии хеш машғуланд, муаррифӣ намоем ва аз боби фаъолият ва натиҷаи маҳсули дасти эшон чанд сухан гуфта бошем. Хушбахтона, баъди эълон гардидани соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва дар идомаи он эълон намудани солҳои...

барчасп: