Чашмаи Хоҷа Хидир (гузаргоҳи Хоҷа Хизр)

Ноҳияи Муъминобод дар қисми ҷанубу шарқии вилояти Хатлон ҷойгир аст, яке аз минтақаҳои дорои таърихи бой ва мероси фарҳангии нодир дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ёдгориҳои ин мавзеъ аз ҷиҳати илмӣ, фарҳангӣ ва сайёҳӣ низ арзиши баланд доранд.

Ёдгориҳои таърихии ноҳияи Муъминобод бозгӯи тамаддуни қадима, ҷаҳонбинии мазҳабӣ ва фарҳанги бойи мардуми тоҷик мебошанд. Ҳифз ва эҳёи ин мероси бебаҳо вазифаи муҳаққиқон ва масъулияти тамоми ҷомеа мебошад. Рушди сайёҳӣ ва эҳёи ёдгориҳо метавонад ба болоравии худшиносии миллӣ ва рушди иқтисоди маҳаллӣ мусоидат намояд.

Дар ноҳияи Муъминобод ёдгориҳои таърихию табиӣ хело зиёд мебошанд: аз он ҷумла чашмаҳои зиёде мавҷуданд, ки бо оби соф, шифобахш ва табиати зебои атрофашон маъруфу машҳуранд. Ин чашмаҳо натанҳо барои таъмини оби нӯшокӣ ва истифодаи хоҷагӣ, балки ҳамчун маконҳои табиӣ ва зиёратгоҳ низ аҳамияти хос доранд.

Чашмаҳо дар фарҳанги мардуми тоҷик сарчашмаи ҳаёт ва об ҷузъи муҳими диниву фарҳангӣ маҳсуб меёбанд. Оид ба ин ганҷи бебаҳо дар ҳамаи ноҳияҳо ревояте бо ҳар гуна мазмун барои чашмаҳо роиҷ аст. Масалан “Як шахсияте аз қавмҳои поки он вақта,  омада асояшро бар замин мезанад ва об фавора зада меборояд”. Чашмаҳо дар байни мардум ҳамчун макони зиёрат эътироф ва эҳтиром мешаванд. Ҳангоми сафари хидматӣ ба ноҳияи Муъминобод бо чунин ёдгории табии яъне чашмае бо номи “Гузаргоҳ ва чашмаи Хоҷаи Хизир” вохурдем. Ин чашма дар миёни мардуми маҳаллӣ ҳамчун макони шифо, зиёрат ва ният маъруф аст. Омӯзиши он аз ҷиҳати мардумшиносӣ, этнографӣ ва маънавиёт аҳамияти хоса дорад. Чашмаи Хоҷа Хидир дар яке аз мавзеи кӯҳистонии кӯчаи Баҳории ҷамоати шаҳраки ноҳияи Муъминобод ҷийгир буда, аз тарафи  шарқии он масҷиди панҷвақтаи ҷомеъ мавҷуд аст. Ин чашма бо сардии обаш ва ривоятҳояш дар миёни чашмаҳои ноҳияи Муъминобод мавқеи хоса дорад. Доир ба ин чашмаи мусафо миёни мардуми маҳал нақлу ривоятҳое аз давраҳои пеш то кунун боқӣ мондааст. Мувофиқи нақлу ривоятҳо авлиёи забардасте бо номи Хоҷа Хидир дар ин макон умр ба сар бурдааст. Хоҷаи Хидир дар рушду нумӯи ислом хизмати арзандае карда миёни мардуми маҳалӣ маҳбубияти хосе дошт. Тибқи  ривоятҳои мардуми он маҳал сокинонаш дар солҳои пеш аз нушидани оби ошомиданӣ танқисӣ мекашиданд. Ин вазиятро Хоҷа Хидир ба чашм дида аз азият кашидани занону кӯдакон худро ноҳинҷор ҳис мекунад. Ва худи ин шахсияти бузург мехоҳад вузуъ гирад, аммо қатраи обе намеёбад. Бо нӯги асояш заминро зер менамояд, ки дар ин ҳангом бо қудрати илоҳӣ об аз замин фавора зада, берун мебарояд ва ин чашма пайдо мешавад.  Пас аз ин ҳодиса Хоҷа асояшро дар канори чашма сахт мекунад , ки ба дарахти чинори бузург табдил ёфтааст.  Дарахти чанори чандин асра айни замон 18 метр паҳноияшро фаро гирифтааст. Аз ҳамон замон то кунун бошандагони маҳал ин маконро гузаргоҳи Хоҷаи Хизр ва Чашмаро Хоҷаи Хидир ном мебаранд. Дар урфият беҳуда нагуфтаанд: “Онҷо ки об аст, онҷо обод аст”.

Аз натиҷаи таҳқиқот маълум гардид, ки чашмаи Хоҷа Хидир на танҳо манбаи об, балки манбаи маънавият, умед ва пайванди фарҳангӣ барои мардуми ноҳияи Муъминобод аст. Эҳтиром, ҳифз ва тарғиби чунин ёдгориҳои табиӣ ва муқаддас барои ҳифзи таърих, анъана, рушди худшиносии миллӣ ва сайёҳии фарҳангӣ дар кишвар мусоидат мекунад.

Насрудинова Файзигул

барчасп: