ИСТИҚЛОЛИЯТ – ПОЯИ ДАВЛАТДОРӢ ВА КАФИЛИ ПЕШРАФТИ МИЛЛАТ

«Дил нисори Истиқлол,

ҷон фидои Озодӣ! »

Фаррухии Яздӣ

Озодӣ ва истиқлолият дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишонаи барҷастаи симо ва шахсияти таърихӣ, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳувият ва шарти бақои таърихии миллат ва давлат мебошанд. Гузашта аз ин, истиқлолият мазҳари идеалу ормонҳон таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва замонати ҳастии воқеӣ ва бошарофати миллат аст. Ба хотири дарки арзиши таърихӣ ва дарёфти роҳҳои таҳкими он мо паҳлуҳои гуногуни ин неъмати азизи худододро гаштаву баргашта мавриди арзёбӣ қарор медиҳем. Зеро истиқлолияти Тоҷикистон на фақат дар асри охир, балки дар садсолаҳои дарози сарнавишти куҳан ва тақдири иҷтимоии халқамон пирӯзии бузург маҳсуб меёбад.

Маҳз истиқлолият имконият медиҳад, ки кишварҳо соҳибихтиёр бошанд, сарнавишти худро худашон муайян намоянд ва бо ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ ба сӯи ояндаи дурахшон қадам гузоранд. Барои мардуми тоҷик, ки таърихи чандҳазорсолаи давлатдорӣ дошта, борҳо таҳти истилои қудратҳои бегона қарор гирифтааст, истиқлолияти давлатӣ неъмати бебаҳо ва заминаи рушди давлати миллӣ мебошад.

Аз нигоҳи сиёсӣ, истиқлолият маънои соҳибихтиёрӣ ва озодии давлатро дорад, яъне давлат метавонад мустақилона сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро пеш барад, қонунгузории миллӣ дошта бошад ва манфиатҳои халқи худро дар мадди аввал қарор диҳад. Аз ҷиҳати иҷтимоӣ, истиқлолият рамзи баробарҳуқуқӣ, ваҳдат ва худшиносии миллӣ мебошад, зеро танҳо дар шароити истиқлолият миллат метавонад арзишҳои фарҳангӣ ва анъанавии худро эҳё ва ҳифз намояд.

Халқи тоҷик пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, 9 сентябри соли 1991 бо роҳи расмӣ истиқлолияти давлатии худро эълон намуд. Ин сана дар таърихи навини миллат ҳамчун оғози марҳилаи нав ва муҳим сабт гардидааст. Аммо солҳои аввали истиқлолият барои Тоҷикистон басо сангин буданд: ҷанги шаҳрвандӣ (1992-1997) ҷомеаро ба буҳрони сиёсӣ ва иқтисодӣ гирифтор сохт. Бо вуҷуди ин, бо талошу ҷасорати Пешвои миллат ва иродаи қавии мардум сулҳу субот барқарор ва давлатдории миллӣ эҳё гардид.

Тоҷикистони азизи мо давоми 35 соли Истиқлолият дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти тавоно тавонист ҷойгоҳи шоистае, дар арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд. Самараи неки истиқлол аст ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст.

Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Аз рӯзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди халқ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид.

Ба қавли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».

Зикр бояд кард, ки дар даврони Истиқлолият давлати ҷавони тоҷикон дар байни мамолики ҷомеаи ҷаҳони муосир мавқеъ ва манзалати хос пайдо намуд. Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол аз зумраи давлатҳои озоду ободест, ки дар он баробари расму оини миллию мардумӣ анъанаҳо ва маросимҳои динӣ риоя мегарданд. Дар ҷараёни татбиқи ин ҳадаф дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фосилаи на чандон тӯлонӣ арзишҳои демократӣ ҳамчун ҷузъи фарҳанги давлатдории навин пазируфта шуданд ва онҳо ба таҳкими дастовардҳои истиқлолият, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва институтҳои он, инчунин ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидати фаъол намуданд.

Тавассути истиқлол Тоҷикистон тоҷикони ҷаҳонро бо ҳам овард ва дари худро ба ҳаммиллатони бурунмарзӣ боз намуд. Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон - манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як қавми тоҷикмиллат аст. Мо бояд аз ин миллати баруманд биболем. Истиқлол бо Ваҳдати миллӣ тавъамонанд ва Ваҳдати миллӣ низ аз арзишҳои муқаддас ва сарнавиштсози давлату миллат ба ҳисоб рафта, асоси сулҳу субот, рушду тарақиёти кишвар ва зиндагии осоиштаи мардумро ташкил медиҳад. Дар шароити муосир, вақте ҷаҳон пурҳаводис ва ноором аст, доштани ваҳдати миллӣ муҳимтарин омил барои нигоҳ доштани истиқлолият ва амнияти давлат мебошад.

Зеро ба қавли Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон: Истиқлолият ва Ваҳдат дар таърихи навини халқамон ҳамчун омилҳои созанда дар самти бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва чун ҷузъи ҷудоинопазири фарҳанги таҳаммулгароӣ барои пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти давлатамон заминаи асосӣ гузоштанд.

Президенти кишвар соҳиби давлат будан ва доштани истиқлолиятро барои тоҷикон «рӯйдоди воқеан сарнавиштсоз» дониста, зикр менамоянд, ки миллате ки «тақдири имрӯзу фардои давлат ва сарзамини худро дар ихтиёр дорад, аз саодати бузурге бархурдор аст». Набояд фаромуш кард, ки «ғояи истиқлолият ҳамчун яке аз рукнҳои бунёдии озодии инсон дар тамоми давру замонҳо ҷузъи таркибии андеша ва ҳувияти миллии мо будааст».

 

            МАРО ФАҚАТ ТУ МЕНАВОЗӢ, ЭЙ ВАТАН!

Ватан, ту модарӣ,

Ягонаиву бебадал,

Ватан, ту модарӣ,

Нагунҷӣ дар мисолу дар масал.

 

Зи дуртарин каронаҳо,

Зи дуртарин канораҳо,

Чу модари азизи ман,

Дилам ба меҳр мегудозӣ, эй Ватан,

Фақат маро ту менавозӣ, эй Ватан.

 

Агарчи дур мондаам зи лутфу меҳрубониҳо,

Агарчи осиёи зиндагӣ

Маро фурӯ кашиду орд кард,

Агар чи одамон маро ба чашми хира бингаранд,

Агарчи ғуссаи ҷаҳон дили маро хароб кард,

Вале чу бо туям, дилам пур аз садост, эй Ватан!

Тамоми зиндагии ман туро фидост, эй Ватан!

 

Ба рағми корсозиҳои Аҳриман,

Муҳаббати ту дар дилам, аё Ватан,

Гаҳе силоҳ мешавад,

Гаҳе сипоҳ мешавад.

Ба сангарат чу сар ниҳодаам,

Сарам муҳаббати туро

гувоҳ мешавад.

Зи баъди мурданам барои ту, Ватан,

Бикун маро зи Парчами баланди худ кафан.

 

Дилам ба меҳр мегудозӣ, эй Ватан,

Маро фақат ту менавозӣ, эй Ватан.

 

       ИН ВАТАН МОЛИ МАНУ ТУСТ...

Ҳамватан, маслиҳат он аст, ки бо ҳам бошем,

Ҳамнафас, ҳамқадаму ҳамдилу ҳамдам бошем.

 

Ин Ватан моли ману ту, пару боли ману туст,

Баҳри ободии он чорагари ҳам бошем.

 

Ҳамватан, маснади Симурғ ҳамин синаи мост,

Сар ба Ҳудҳуд назанем, сӣ тани дар ҳам бошем.

 

Бори мо рехт зи андӯҳу зи ғам бех шикаст

Чун Ватан сӯхт, дигар беху бари ҳам бошем.

 

Хуни мо рехт басе, хуни Ватан рехт басе,

Ришта бигсехт басе, бас! Ҳарами ҳам бошем.

 

Ҳамватан, гар дами Исои Набӣ мехоҳем,

Бувад ин ҷо дами Исо, чу ба ҳам дам бошем.

 

Ҷуз Ватан, хоки дигар хоки зароған*бошад,

Дар дили хоки Ватан чашмаи Замзам бошем.

 

Ҳамватан, маслиҳат он аст, ки бо ҳам бошем,

Дар дили хоки Ватан чашмаи Замзам бошем!

 

Саъдӣ МИРЗОЕВ,

Ходими калони илмии

шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ

барчасп: