Бо шарофати Истиқлолият ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои сатҳи ҷаҳониашон тоҷику Тоҷикистонро дар тамоми кишварҳои олам мешиносанд ва эҳтиром қоиланд.
Дар замони Шӯравӣ Тоҷикистонро ҷаҳониён хуб намешинохтанд. Ҳама моро шӯравӣ мехонданд. Ёд дорам солҳои 1985-89 дар шаҳри Киркуки Ироқ ба ҳайси мушовир-тарҷумон кор мекардам. Рӯзе ду олмонӣ роҳгум зада, хаставу гурусна ба шаҳраки мо омаданд. Онҳоро бо палови тоҷикӣ меҳмондорӣ кардаму мошинашонро бо бензин пур. Онҳо хеле миннатдор шуда, пурсиданд, ки кистӣ ва аз куҷоӣ? Чун гуфтам: тоҷикам аз Тоҷикистон, китф дар ҳам кашиданд, яъне намедонем. Гуфтам, ки шояд кӯҳҳои Помирро донед. Онҳо хушнудона сар ҷунбонданд, ки медонанд. Бо ҳисси ифтихор гуфтам, ки кӯҳҳои Помир дар ватани мо Тоҷикистон воқеъ гардидаанд.
Имрӯз ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бо он ифтихор дорад, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ Сарвари давлат бо ташаббусҳои оламгир ва суханрониҳо аз минбарҳои ҷаҳонӣ ва таълифи китобҳои арзишманд, ки бо чандин забон тарҷума шуда, дар аксари кишварҳо паҳн гаштаанд, Тоҷикистонро ба ҷаҳониён ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон муаррифӣ кардаанд. Имрӯз Тоҷикистон бо беш аз 130 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда, 150 давлат Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф кардааст.
Албатта ҳамаи ин ба осонӣ ба даст наомадааст ва хидмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хотираи таърих бо ҳарфҳои заррин нақш бастааст. Мо дар ин бора андешаҳои чанде аз иштирокдорони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва академик Раҷаб Амоновро оид ба Ифтихори миллӣ, ки муаллифи мақола бо онҳо бевосита ҳамсуҳбат шуда буд, меорем.
Ҳанӯз 9 сентябри соли 1991 мо, намояндагони халқ, дар вазъияти хеле мураккаб Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро эълон кардем, -иброз дошт, вакили мардумии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар Хуҷанд Гулафзо Савриддинова. Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ як идда шахсоне пайдо шуданд, ки вазъи сиёсии кишварамонро муташанниҷ гардониданд. Истиқлолиятро ба даст овардем, вале таҳкими он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд маҳсуб меёфт. Будан ё набудани Тоҷикистони соҳибистиқлол ба миён омад. Вазъ дар аксари манотиқи Тоҷикистон, хусусан дар пойтахт ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ хеле мураккаб гардид. Сохти қонунии давлатдории Тоҷикистон зери хавф монд. Мақомоти қудратӣ фалаҷ шуда буданд. Бо вуҷуди чунин нобасомониҳо Шӯрои Олии кишвар ягона мақоме буд, ки мардумро ба оромӣ, сулҳу салоҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ даъват мекард. Баргузор гардидани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар Хуҷанд он вақт хеле мушкил буд. То баргузории ин иҷлосия намояндагони мардумӣ борҳо даъват шуда буданд, вале бо сабабҳои объективию ғайриобъективӣ сарҷамъ шуда натавонистанд. Он рӯзҳо барои ҷумҳурии тозаистиқлоли мо тақдирсоз буд.
Ниҳоят ҳамаи намояндагони гурӯҳҳо сари инсоф омаданду мо, вакилони мардумӣ, ба кори иҷлосия оғоз намудем. Дар иҷлосия фикру андешаҳо хеле зиёд буданд.
Яке аз масоили асосӣ ин қабули сохти давлатдорӣ: президентӣ ё порлумонӣ буд. Масъала ҳалли худро ёфт. Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Сардори давлат тасдиқ шуд.
Баъди он ки номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба Раисии Шӯрои Олии мамлакат пешниҳод карданд, дар чеҳраи ҳамаи вакилони мардумӣ як шукуфоӣ ва ризоиятмандӣ ҳувайдо гардид ва ҳамагон ин пешниҳодро бо қаноатмандӣ пазируфтанд. Ҳамаи мо он замон масъулияти хеле ҷиддиро ба ӯҳда доштем.
Эмомалӣ Раҳмон, Сардори давлати тозаинтихобшуда, дар назди ҳозирин иброз дошт: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
Ин суханон ба рӯҳи аҳли нишаст таъсир гузошту ҳама оҳи сабук кашиданд.
Ҳангоме ки кори иҷлосияро ба итмом расондем дар дили ҳамагон як умед ба беҳбудӣ ҷой гирифт ва қуввае пайдо шуд, ки мо сохти конститутсиониро барқарор карда тавонистем.
Дар он рӯзҳои ҳассос сухан гуфтан осон набуд, - мегӯяд, вакили мардумии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар Хуҷанд Адолат Раҳмонова. На ҳар кас ҷуръат дошт, ки бар хилофи гурӯҳҳои мухталиф фикру ақидаҳояшро ба хотири дифоъ аз сохти конститутсионӣ, нигоҳ доштани давлат ва ҳифзи миллат иброз дорад.
Мо тавонистем, ки зарурати доир гардидани иҷлосияро исбот созем. Дар ҳамин иҷлосия Эмомалӣ Раҳмон, шахси фидоии миллату Ватани хешро ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ интихоб намудем. Сардори давлат дар он солҳои мудҳиш борҳо ба Афғонистон сафар кард, ки на ҳар кас чунин ҷуръатро дошт. Фақат шахси фидоӣ, ки ҷонашро барои сарҷамъии миллату оромиву осудагии кишвараш дареғ намедошт, ба ин кор қодир буд.
Ҳамон солҳо академик Раҷаб Амонов андешаҳои худро оид ба ифтихори миллӣ чунин баён дошт: - Муҳимтарин омилҳо ифтихори миллист. Ифтихори миллӣ, агар ҳамчун падидаи барӣ аз такаббур ва худхоҳӣ ҳамчун ифодагари ҳастии таърихии миллат ҳамчун вазифаи таърихӣ ва мақсаду мароми иҷтимоии он зуҳур кунад ва дар чорчӯбаи миллатгароӣ қарор нагирад, фишанги тавоное хоҳад шуд барои халосӣ аз ҳама гуна бӯҳронҳо ва барои инкишофи босуръати иқтисодӣ ва маънавии мамлакат, барои барқарор ва устувор гардидани адолати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон.
Чанде аз омилҳои ин падида, яъне ифтихори миллӣ - суруди миллӣ, парчам ва нишони мамлакат ҳастанд. Зарур аст, ки мавҷудияти ин омилҳо зоҳирӣ сурат нагирад, онҳо бояд манфат биёваранд, ба таҳкими иттиҳоди миллат ва пойдоршавии ифтихори миллӣ мусоидат намоянд.
Суруди миллӣ матни дилрас ва оҳанги мутантани ифтихорангез дорад. Кӯшиш бояд кард, то ки онро оммаи мардум аз худ кунанд, дар донишкадаҳо, муассисаҳо, корхонаҳо хурду калон дар ёд гиранду дар мавридҳои ҷашнгирӣ, маҷлисҳои тантанавӣ сароянд. Дар рӯзҳои ҷашн дар майдонҳо ва толорҳо ба таври оммавӣ иҷро намудани ин суруд расм бошад. Ба ин восита дилҳоро ба ҷӯш оварда, ҳиссиёти пурифтихореро тавлид кардан мумкин ва зарур аст.
Парчами Тоҷикистони соҳбистиқлол бояд дар ҳар хонадон вуҷуд дошта бошад ва дар рӯзҳои ҷашн дар ҳама ҷо, алалхусус дар сари иморатҳо ва бошишгоҳҳо, баланд шавад ва ҷилва кунад, ки ин як ҳодисаи дилафрӯзе ва ифтихорангезе хоҳад буд. Илова бар ин мо бояд аз он мамлакатҳое, ки ба ифтихори миллӣ заминаи мустаҳкаме гузоштаанд, ибрат биҷӯем, алалхусус миқдори зиёди нусхаҳои хурди байрақи миллиро муҳайё намуда, ба ихтиёри ҳамагон бидиҳем то ки дар мавридаш дастҳои зиёде онҳоро боло кунанду бо шодиву сарафрозӣ ҷилвагар созанд, анбӯҳи байрақчаҳо фазоро фаро гирифта, манзараи ҳаяҷонбахше падидор гардад.
Хушбахтона, гуфтаҳои устоди зиндаёд бо ташаббусу ибтикороти Пешвои муаззами миллат ҷомаи амал пӯшиданд.
Истиқлолият муборак ҳамватанони азиз.
Мунаввари Сафар,
ходими пешбари ПИТФИ