Истиқлолият яке аз муқаддастарин ва асоситарин арзишҳои ҳар давлату миллат ба шумор меравад. Истиқлолият танҳо озодӣ аз зери таъсири дигарон нест, балки қудрати мустақилона андешидан, кор кардан ва рушд ёфтан мебошад. Барои мо, ки аз насли оғози давраи истиқлоли давлатии кишвар мебошем ва масъулияти ҳифзу таҳкими онро бар дӯш дорем, фаҳмиши амиқи ин мафҳум ва муносибат бо он масъалаи ҳаётӣ ба ҳисоб меравад.
Истиқлолият мафҳумест ҷомеъ ва мураккаб, ки аз буъдҳои гуногун таркиб меёбад ва бе вуҷуди ҳатто яке аз онҳо нотамом мемонад. Давлат бо расидан ба истиқлолияти сиёсӣ мустақилияти худро эълом медорад, аммо ин аввали кор аст. Барои таҳаққуқ ёфтани истиқлоли эъломшуда, пеш аз ҳама, истиқлоли фикрӣ зарур аст. Бе истиқлоли фикрӣ ҷомеа наметавонад ба самти таҳкими истиқлолият пеш равад, ҳатто агар воситаҳои пешрафт ҳам дошта бошад. Истиқлоли фикрӣ ин аст, ки ҳар як шахс тавонад мустақилона фикр кунад, воқеияти худу ҷомеаи худ ва ҷомеаи ҷаҳониро шиносад, равандҳои гуногуни онро дарк кунад, ангезаҳо ва паёмадҳои ин равандҳоро аз назари манфиатҳои миллӣ ба назар гирифта тавонад.
Буъди дигари истиқлолияти давлатӣ истиқлоли фарҳангист. Бадеҳист, ки он чӣ ки миллатҳоро аз ҳам тамоюз медиҳад ва давлатҳоро ҳамчун давлатҳои миллӣ муаррифӣ меккунад, фарҳанг аст. Фарҳанг аз забони миллӣ, таърих, яъне воқеаву ҳодисаҳое, ки миллатро ба ин гуна, ки ҳоло ҳаст, шакл додаанд, адабиёт, мусиқӣ, расму оинҳои миллӣ, зиндагиномаву осори шахсиятҳои фарҳехтаи миллӣ иборат аст.
Ва дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ фарҳанги миллиро бо равандҳои муосири ҷаҳонӣ ҳамоҳанг сохтан хеле муҳим мебошад. Дар баробари ин, бо фарҳангҳо ва тамаддунҳои гуногун ҷангидан ва онро нодида гирифтану аз мадди назар дур доштан низ фарҳанги миллиро аз рушд боз медорад ва ҷомеаро ба инзиво мекашад, ки ҷоиз нест.
Истиқлолияти дигаре, ки бо истиқлолияти фикрӣ ва истиқлоли фарҳангӣ паҳлу мезанад, истиқлолияти иттилоотист. Имрӯз бо рушди воситаҳои технологияи рақамӣ, ҷангҳои асосӣ ҷангҳои зеҳнӣ ба ҳисоб мераванд. Агар иттилооте, ки мо мегирем, таҳти назорати дигарон бошад, фикри мо низ таҳти таъсири онҳо қарор мегирад. Бино бар ин, дар асри рақамӣ бе истиқлолияти иттилоотӣ истиқлолият наметавонад комил бошад ва ё касе даъвои истиқлолият кунад.
Шарти таҳкими истиқлолияти иттилоотӣ инҳо ҳастанд:
Рушди расонаҳои итттилоотии миллӣ ва шабакаҳои иҷтимоии худӣ;
Пахши маълумоти дурусту санҷидашуда;
Омӯзиши донишҳои рақамӣ дар мактабҳо ва донишгоҳҳо;
Бартарафсозии таҳрифҳои иттилоотӣ дар бораи таърих, сиёсат ва дин, аз ҷумла шахсиятҳои таърихӣ ва монанди инҳо.
Буъди дигари истиқлол истиқлоли илмию технологист, ки дар замони мо аз ҳама муҳимтар ба ҳисоб меравад, вале аксаран нодида гирифта мешавад. Истиқлоли илмию технологӣ дар қатори манбаъҳои табиӣ, аҳолии қобили кор, роҳҳои байналмилалӣ заминаи пешрафт ва бақои давлат аст.
Миллате, ки худаш дониш намеофарад ва технология истеҳсол намекунад, хоҳ-нохоҳ вобастаи дигарон боқӣ мемонад.
Истиқлоли илмию технологӣ дар шароити имрӯза бо чунин роҳҳо таҳким меёбад:
Таҳқиқоти илмии мустақил;
Дастгирии олимони ҷавон;
Рушди соҳаҳои муҳандисӣ, тиб, кибернетика, технологияи рақамӣ;
Сохтани озмоишгоҳҳо, марказҳои инноватсионӣ ва омода кардани ихтироъкорон, истифода аз илми миллӣ барои рафъи мушкилоти кишвар, масалан, соҳаи кишоварзӣ, экология, таъминоти об ва монанди инҳо.
Яъне кишваре, ки технологияи худро надорад, ҳатто барои ҳалли масъалаҳои одии рӯзмарраи иҷтимоӣ муҳтоҷи дигарон хоҳад буд, ки ин истиқлолиятро зери суол мебарад.
Ва ниҳоят истиқлолияти иқтисодӣ, ки зербино ё худ таҳкурсии истиқлолияти давлатист. Бе истиқлолияти иқтисодӣ на сиёсат озод мемонаду на фарҳанг. Давлате, ки вобастаи кумакҳо ва қарзҳои хориҷист, наметавонад сиёсати милии худро чуноне ки лозим аст, пиёда кунад ва фарҳанги миллиро ривоҷ диҳад.
Истиқлоли иқтисодӣ рушди истеҳсолоти миллӣ, истифодаи дуруст аз сарватҳои табиӣ, пешбурди соҳибкории инноватсионӣ, кам кардани вобастагӣ ба воридот ва зиёд кардани содирот, ҷалби дурандешонаи сармояҳои дохилӣ ва хориҷиро талаб мекунад.
Хулоса, истиқлолият як мафҳуми зебои шеърию достонӣ нест, он як сохтори мураккаб ва ҳассосест, ки бояд пайваста муҳофизат шавад ва рушд ёбад. Чунон ки бе сиёсат давлат нест, бе фикр шуур нест, бе фарҳанг миллат нест ва бе иқтисоди худкифо қудрат нест.
Имрӯз дар кишвари мо заминаҳои рушду тавсеаи истиқлоли комил аз тарафи ниҳодҳои давлатӣ ба вуҷуд оварда шудааст, аз ҷумла заминаҳои ҳуқуқӣ – Конститутсия нав, қонунҳо, консепсияҳои рушди соҳаҳо ва барномаҳои хос таҳаққуқ меёбанд. Тӯли беш аз се даҳа корҳои бузург ба анҷом расиданд. Бо вуҷуди ин, таҳкими тақвият ва ҳифзи истиқлолият талошҳои пайвастаро заминаҳои фикрӣ, фарҳангӣ, иттилоотӣ, иқтисодӣ ва илмию технологӣ тақозо дорад ва ин ба зарфият, тавоноӣ ва иродаи ҳар як шаҳрванд вобаста аст.
Эшонқул Эшонқулов,
ходими пешбари шуъбаи
ВАО ва табъу нашри ПИТФИ.