34-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ МУБОРАК! ТАБРИКОТИ ИДОНАИ ДИРЕКТОРИ ПАЖӮҲИШГОҲИ ИЛМӢ-ТАДҚИҚОТИИ ФАРҲАНГ ВА ИТТИЛООТИ ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМИНЗОДА АБДУЛФАТТОҲ ҲАКИМ БАХШИДА БА РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Ҳамакнун тӯли 34 сол мешавад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябр ҳамчун рӯзи Истиқлоли давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Зану мард ва хурду бузурги миллати тоҷик имрӯзҳо фарорасии ин ҷашни бузурги миллиро интизорӣ мекашанд, хушҳолӣ мекунанд ва аз бахти баланди худ ба даргоҳи яздони пок шукргузорӣ менамоянд. Воқеан истиқлолият бузургтарин дастоварди миллати тоҷик дар тамоми мароҳили таърихӣ маҳсуб гардида, давлати тоҷиконро аз нестӣ ва мутеият раҳоӣ бахшидааст. Мардуми шарафманди тоҷик дар тӯли 34 соли соҳибистиқлолӣ таъми лазизи озодиро чашида, аҳамият, бузургӣ ва зарурати онро кайҳо дарк кардаанд. Таваҷҷуҳ ва муносибати амалии сокинон нисбати истиқлолият нишон медиҳад, ки онҳо барои таҷлилу бузургдошт ва дар айни замон ҳифзу нигоҳдории он камари ҳиммат бастаанд. Халқи бузурги тоҷик, хоссатан ҷавонону наврасон дар ин сангар боварии Пешвои бузурги хешро сазовор гардидаанд, ки фармуда буданд: “Итминони комил дорам, ки шумо - насли ояндасоз ба қадри истиқлолияту озодии Ватан-ин неъмати бебаҳо мерасед ва онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт мекунед”. Мусаллам аст, ки ин неъмати бебаҳо, яъне озодию мустақилият саҳлу осон ба даст наомадааст, балки барои касби он аз ҷониби ҷавонмардон ва абармардони миллат, ки дар саргаҳ Пешвои муаззами миллат қарор мегиранд, ҷонбозиҳо, қурбониҳо ва заҳмату талошҳои зиёде харҷ гардидааст. Таъкидан ёдовар бояд гардид, ки  дар ин майдон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми бориз дошта, поягузории давлати миллӣ асосан ба эшон рабт дорад.

Гарчанде 34 сол бо қиёс ба умри инсонӣ замони тулонӣ аст, аммо дар назди таърих лаҳзаеро мемонад. Яъне дар ин марҳилаи кутоҳи таърихӣ бо шарофати озодӣ ва соҳибихтиёрӣ кишвари мо ба дастовардҳои беназире шарафёб гардид, ки таърих мислашро дар ёд надорад. Тамоми соҳаҳои ҷамъият аз нав барқарор гардида, рӯ ба рушду тараққӣ ниҳоданд. Сиёсати давлатдорӣ суботу устуворӣ касб намуд, иқтисоди ба сифр рафта ба дараҷаи муайян расид, маориф ба қуллаҳои баланд баромад, тандурустию солимгардонии миллат ба сатҳи ҷаҳонӣ баробар гардид, низоми шаҳрдорию шаҳрсозӣ мувофиқ ба талаботи ҷаҳонӣ шуд, ҳаёти иҷтимоию маишии мардум рӯз аз рӯз беҳтар гардид, фарҳанги миллӣ дар ин радиф ҳамчун соҳаи сарнавиштсоз ва ҳастии миллат унвон ёфта, ба тараққиёти назаррас ноил гардид.

 Истиқлолият заминаҳои мусоид фароҳам овард, то мо ба таърихи худ, фарҳангу забон, арзишҳои миллӣ, худшиносию худогоҳӣ аҳамият зоҳир намоем. Маҳз бо шарофати истиқлолият миллати тоҷик дар бораи худшиносию ҳувияти миллӣ садо баланд мекунад, дар минбарҳову майдонҳои бузурги ҷаҳонӣ аз худ дарак медиҳад ва аз фарҳангу тамаддуни куҳансол ва арзишҳои фарҳангию миллӣ ҳимоят менамояд.  Маълум ва мусаллам аст, ки дар давраҳои таърихӣ, хусусан даврони шуравӣ аз худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ сухан гуфтан ҷурм маҳсуб мегардид ва касе ба он ҷуръат надошт. Баҳри эҳёву таҷлил ва густариши арзишҳои миллию фарҳангӣ амалкарде ба вуҷуд намеомад. Хушбахтона бо шарофати истиқлолият ин омолу орзӯҳо ҷомаи амал мепӯшанд, худшиносии миллӣ тантана мекунад, арзишҳои фарҳангию миллӣ эҳё мегарданд ва аёнан мавриди таҷлилу бузургдошт қарор мегиранд. Аз ин лиҳоз мо аҳли фарҳангро зарур аст, ки ин неъмати бебаҳоро шукргузорӣ намоем ва арзишҳову дастовардҳои беназири онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем, аҳамият ва зарурати истиқлолу озодиро ба сокинони кишвар тарғибу ташвиқ кунем.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, фарорасии 34-солагии Истиқлоли давлатиро ба тамоми сокинон, махсусан аҳли фарҳангу адаби Ватани азиз табрику таҳният гуфта, орзумандам, ки халқи соҳибфарҳангу соҳибтамаддун ва озодихоҳи тоҷик абадан озоду мустақил ва сарбаланд умр ба сар барад.      

барчасп: