ИСТИҚЛОЛИЯТ – ОМИЛИ РУШДИ ФАРҲАНГИИ МИЛЛӢ

Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳамасола 9-уми сентябр дар саросари ҷумҳурӣ ҳамчун рӯзи Истиқлоли давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Имсол аз ин санаи таърихӣ 34 сол пур мешавад. Бахшида ба ҳамин сана 6-уми сентябри соли 2025 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот мизи мудаввар таҳти унвони «Истиқлолият – омили рушди фарҳанги миллӣ» баргузор гардид.

Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии директори ПИТФИ муҳтарам Аминзода Абдулфаттоҳ Ҳаким ва муовинон оѓоз ёфт. Дар ин суханрониҳо пурарзишӣ ва неъмати бебаҳо доштани истиқлол инъикос шуда, дар ин замина аз ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар далоилу арқом оварда шуд.

Баъдан ходими пешбари илмии шуъбаи ВАО ва табъу нашр Эшонқулов Эшонқул доир ба мавзӯи «Омилҳои тақвият ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ» суханронӣ намуд. Зимни суханронӣ Э. Эшонқулов изҳор дошт, ки истиқлолият неъмати бузург буда, барои ҳифзу таҳкими он рушду пешрафти илм, технологияҳои муосир, баланд бардоштани сатҳи илму дониш ва маърифати техникиву сиёсӣ аҳамияти калон дорад. Ҳамзамон зикр гардид, ки барои нигоҳ доштан ва рушди он, хар як шаҳрванди кишвар бояд масъулиятшинос бошад. Рушди илм, маориф, фарҳанги миллӣ ва истифодаи дурусти сарватҳои кишвар оқилона ба роҳ монда шавад.

Пасон ходими пешбари илмии шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносии ПИТФИ Мунаввари Сафар дар  мавзӯи «Истиқлолият ва эҳёи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ» маърӯза ироа кард. Мавсуф қайд кард, ки бо шарофати истиқлолият ва ташаббусҳои сарвари давлат Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеъ пайдо намуд ва ҷаҳониён бо фарҳанг ва дастовардҳои мо ошно гардиданд. Ҳамаи инро мавсуф самараи бевоситаи истиқлол арзёбӣ кард.

Сипас, ходими калони илмии шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ Мирзоев Саъдӣ дар мавзӯи «Истиқлолият – пояи давлатдорӣ ва кафили пешрафти миллат» баромад намуд. Мирзоев Саъдӣ баромади худро бо табрику таҳнияти ҷашни истиқлол оѓоз намуда, дар идома қайд кард, ки  истиқлолият пояи давлатдорӣ ва кафили пешрафти миллат мебошад. Аз нигоҳи сиёсӣ, истиқлолият маънои соҳибихтиёрӣ ва озодии давлатро дорад, яъне давлат метавонад мустақилона сиёсати дохилӣ ва хориҷиро пеш барад ва ин озодие, ки истиқлол ба мо дод, дар ҳар давру замон зарур арзёбӣ ва ҳифзу эҳтиром карда шавад.

Ходими калони илмии Маркази мероси фарҳангии тоҷикон Наслохонова Миҷгона дар мавзӯи «Ҷалби духтаронии болаёқат ба ҳаёти фарҳангии кишвар» маърӯзаи ҷолиберо ба самъи ҳозирин расонд. Мавсуф қайд кард, ки истиқлолият ба тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ таъсиррасон буда, аз ҷумла дар ҷалби занону духтарон ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар саҳми хеле бориз дорад. Махсусан, дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, ки қариб 40%-и кормандонро бонувон ташкил медил медиҳанд.

Дар бахши мубодилаи афкор ходимони пешбари илмӣ аз қабили Мурод Муродӣ, Мунаввари Сафар, мудири шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ Абдуллоев Шамсуддин ва дигарон фикру ақидаҳои худро бобати маърӯзаҳои шунидашуда ва моҳияти ироашудаи истиқлоли давлатӣ баён намуданд.  

Баҳодурова Озарбону,

ходими илмии шуъбаи

ВАО ва табъу нашри ПИТФИ.

 

барчасп: