Дар давраҳои қадимтарини пайдоиши муносибатҳои ҷамъиятӣ, масъалаҳои ба роҳ мондани муносибатҳои иқтисоди бозаргонии мувофиқ ба ҳамон давра, аз ҷумла меҳмондорию меҳмоннавозӣ ба вуҷуд омаданд. Аввалин нуқтаҳои хизматрасоние, ки дар он ҳам ҷои хоб барои шабгузаронӣ ва ҳам хизматрасонии пешниҳоди хӯроку нушокӣ ва хизматрасониҳои фарҳангию фароғатӣ дар Бобул, Юнон ва Рими қадим пешниҳод мегаштанд, дар шакли тавернаҳо ва корвонсаройҳо ва аввалин мутахассисҳо оид ба хизматрасонӣ ба меҳмонон ва сайёҳон маҳз дар ҳамон замонҳои қадим арзи ҳастӣ намуда аст. Дар охирҳои асри XVIII ва асри XIX пайдо шудани пароходҳо, паровозҳо, роҳҳои оҳан ва автомобилҳо ба рушду тараққии соҳаи меҳмоннавозӣ ва сайёҳӣ таъсири мусбӣ расонд.
Баъди ҷанги дуюми ҷаҳон соҳаи сайёҳӣ ба хизматрасониҳои индустрияи алоҳида табдил ёфта, ба сайёҳон, меҳмонон, истироҳаткунандагон ва дигар мизоҷон хизмат мерасонад. Пас аз пошхӯрии Иттифоқи Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба шароити тараққии ҷомеа ба муносибатҳои бозоргонӣ дохил шуд, ки ин чиз ба соҳаи меҳмоннавозӣ ва сайёҳӣ таъсири худро гузошта аст. [1, с.3-4].
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва меҳмондорӣ ва унсурҳои он, ки яке аз онҳо муассисаҳои пешниҳодкунандаи хӯрок, аз қабили тарабхонаю, қаҳвахонаҳо, чойхонаҳо ва дигар муассисаҳои хӯрока мебошанд, рӯз то рӯз ба туфайли ваҳдати миллӣ ва тинҷию оромӣ дар Тоҷикистони азиз тараққӣ ёфта истодаанд. Аз ҳамин рӯ, дар шароити имрӯзаи гузариш ба иқтисодиёти бозоргонӣ, эҳё ва бунёд намудани чойхонаҳои миллии суннатӣ, ҷоннок намудани фаъолиятҳо дар чойхонаҳо, ҷалби мардуми маҳаллӣ ва сайёҳону меҳмонони хориҷӣ ба ин марказҳои дилхушии мардумӣ, истифодаи самараноки онҳо дар соҳаи сайёҳӣ ва меҳмондорӣ, истифодаи тарзу усули хизматрасониҳо дар муасисаҳои гуногуни пешниҳодкунандаи хӯрок, аз ҷумла дар чойхонаҳо ва омӯзиши таҷрибаи кишварҳои мутараққӣ вобаста ба меҳмоннавозӣ, инчунин омӯзиши мушкилоти дигари соҳаи сайёҳӣ ва меҳмоннавозӣ аҳамияти калон дорад.
Бояд инро қайд намуд, ки дар ҳоле ки қариб дар аксари ноҳияҳо ва деҳоти кишвар чойхонаҳо ба назар намерасанд, дар баъзе кишварҳои Аврупо ва Амрико чойхонаҳои тоҷикиро вохӯрдан мумкин аст. Масалан дар яке аз торнамои шабакаи Интернет шахсе бо номи Келли Брекер маълумоти ҷолиберо ҷой додаст. Аз ҷумла он кас қайд мекунад, ки 27 ноябри соли 2011 дар маркази Берлин, пойтахти Олмон дар чойхонаи тоҷикӣ буда аст. Келли Брекер зикр мекунад, ки дар бораи ин чойхонаи тоҷикӣ одамон камтар маълумот доранд, зеро ки он дар давоми чанд даҳсола дар дохили театр фаъолият мекунад. Ин чойхонаи тоҷикӣ ё ин ки «Tadschikische Teestube» гарчанде дар наздикии хиёбони машҳури Унтер ден Линден воқеъ ҳам бошад, ёфтанаш кори он қадар осон нест, чунки вай дар дохили театр ҷойгир аст. Ва ҳеҷ гуна овеза ё лавҳаи номнавиштаҷот ҳам надорад. Вале ба ин нигоҳ накарда, баъзан дар ин макон ҷои холӣ барои нишаст ёфтан амри маҳол аст.
Бинобар маълумоти додаи Келли Брекер онро ҳанӯз дар соли 1974 аз Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ҳамчун экспонат ба намоишгоҳи Лейпциг бурда буданд. Чойхона якчанд вақт дар онҷо намоиш дода шуд. Баъдан ин намоишгоҳ барои намоиши ёдгорию объектҳои дигар зарур шуда монд. Ва масъалае пайдо шуд, ки бо чойхонаи тоҷикӣ чи кор бояд кунанд? Онро баргардонанд, ё ин ки чубҳо ва катҳои зебои кошикорию кандакориро ҳезум кунанд? Оқибат чунин хулоса гирифта шуд, ки бояд онро ба Берлин ба Хонаи Дустии халқи Берлин ва Шӯравӣ, ки он дар дохили театр воқеъ буд, бурда ҷо медиҳанд.
Ин чойхона бо сутуну шифти кандакорӣ, ҷолиб, бо расму тасвирҳои хусусияти шарқӣ дошта, бо мизҳои пасти наздаш курпачаҳо партофташуда, мизу курсиҳои маъмулӣ барои нишастани онҳое, ки рӯи фарш дар чойхонаи суннатии тоҷикӣ болои курпача одат накардаанд, ҳамаи мизоҷону меҳмонони чойхонаи мазкурро мафтун менамояд. Руи фарш қолинҳо партофта шуда, назди даромадгоҳ аз меҳмонон хоҳиш карда мешавад, ки пойафзолҳояшонро кашида рӯи курпачаҳо паси миз истироҳат намуда ба чойнӯшӣ машғул шаванд. [11].
Дар яке аз мақолаҳои аз ҷониби Тимур Идрисов, сарвари ширкати экологии «Замини хурд», дар шабакаи Интернет ҷо додашуда, қайд шуда аст, ки соли 1998 дар шаҳри Боулдери ИМА чойхонае дар рӯ ба рӯи боғи марказии ин шаҳр, ба фаъолият шуруъ намуд, ки он бо кандакориҳои олӣ, бо ороишоту ҷаззобияти хеш ба дили ҳазорон амрикоиҳо роҳ ёфтааст. Пас аз ин кор, соли 2007 Ҳукумати ин шаҳр бо маблағи тақрибан қариб 1 миллион доллари амрикоӣ, дар шаҳри Душанбе дар боғи Дустии Халқҳо рӯ ба рӯи он вақт Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат иморати Қаҳвахона-Интернет сохта ба истифода доданд, ки ин иморат аз манбаи барқии ҳосил аз батареяҳои офтобӣ истифода мебарад. [12]. Мумкин чойхонаи шаҳри Боулдер дар Амрикои Шимолӣ ягона чойхонаи тоҷикӣ бошад, вале ҳазорон километр дур чунин чойхонаи зебо, ҷолиб бо кандакориҳои миллӣ дар шаҳри Клагенфурти Австрия низ сохта шуда аст.
Джулия Поппен хабарнигори газетаи «Дейли Кэмера» дар яке аз саҳифаҳои Интернет дар бораи чойхонаи шаҳри Боулдер ва чойхонае, ки Тоҷикистон дар шаҳри Клагенфурт сохта аст, фикрҳояшро баён намуда қайд мекунад, ки: «Ин барнома давомёбии алоқаҳоест, ки солҳои пеш байни шаҳрҳои - Душанбе, Боулдер ва Клагенфурт вуҷуд дошт. Ин давомёбӣ ва таҳкими дӯстию рафоқат миёни ҷомеа ва кишварҳо мебошад. Дар бахши ҳамкориҳо бидуни сарҳадот гуфтан мумкин аст, ки бо таъсисёбии ин чойхона дар ҳаёти мардуми шаҳри Боулдер як дигаргуние ба вуҷуд омад». [13].
Воқеъан ҳам нақши чойхонаҳо дар фаъолиятҳои иҷтимоию иқтисодии мардум баланд буда, бунёди чойхонаҳо дар кишварҳои хориҷӣ метавонад ҷомеаи тоҷикро бо фарҳанги ғанӣ ва маданияти баландаш ба ҷаҳониён муаррифӣ созад. Ғайр аз ин, бунёди чойхонаҳои миллӣ ба ҳамгироию ҳамкории фаъоли Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар бахши сайёҳӣ ва меҳмоннавозӣ мусоидат мекунад.
Ашуралиев Муродали Имомалиевич
ходими пешбари илмии шуъбаи
фаъолияти иҷтимои- фарҳангӣ.