УСТОД РӮДАКӢ БОЯД СУРАТИ ЗЕБОВУ НУРОНӢ ДОШТА БОШАД

Яздон, ки ҷаҳон ба қабзаи қудрати ӯст,

Додаст туро ду чиз к-он ҳар ду накӯст.

Ҳам сирати он ки дӯст дорӣ касро,

Ҳам сурати он, ки кас туро дорад дӯст.

Замоне ки дар аҳди Шӯравӣ мактабхон будем ва муддати мадиде то замони истиқлолият сурати Устод Рӯдакиро мӯйсафеди ришдарози нобино тасвир мекарданд, ки он касро ба андеша водор мекард.

Ҳанӯз ҳафт сол қабл, яъне соли 2018 ба мо кормандони рӯзномаи «Ҷумҳурият» муяссар гардид, ки бо чанде аз адибону олимон барои ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба шаҳри Панҷакент ва аз он ҷо ба шаҳри бостонии Самарқанд равем. Бо ташаббуси Қурбоналӣ Раҳмонзода, сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» пеш аз он ки ба шаҳри Панҷакент равем, роҳи деҳаи Панҷрӯдро пеш гирифтем, то ба орзуи хеш – зиёрати мақбараи Одамушшуаро, Устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бирасем. Автобуси мо қад – қади рӯди шух ва поку зулол, ки дар ду тарафаш боғот доман паҳн карда, ҳамчунин, беду сафедорҳо сар кашида буданд, роҳ мепаймуд. Кӯҳдоманаҳои офтобрӯ аз тарафи Шарқ бо ранги сурху кабуд камбуттаву дарахт, вале тарафи соярӯ, яъне мағриб сияҳхок ва сербуттаву долу дарахт буданд. Баробари ба деҳа ворид шудан гунбази сабзу муҳташами мақбараи шоир намоён шуд ва садои дафу карнай ба ҳаво печид. Духтарони зебои панҷрудӣ дар даромадгоҳи боғи мақбара ҳайатро бо рӯву дили кушод, бо нону намак пешвоз гирифтанд. Мақбара дар баландӣ воқеъ гардида, аз хишти пухта бино ёфтааст. Гунбази мақбара сабз ва чанд ҷойи тарқишҳои тармимшуда ва осори намак дар деворҳои хиштии гарданаи гунбаз ба назар мерасид. Қабри шоир дар дохили он дар байни суффа бо мармари сиёҳу сафед бардошта шуда, хоксорона ва оддӣ ба назар мерасид. Ва чун шеъраш барои ҳама дастрас буд ва ҳар зоир метавонад онро ламс намояд.

Субҳи рӯзи дигар баъди гулгузорӣ ба пояи ҳайкали Устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба тамошои Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихӣ – кишваршиносии ба номи Рӯдакӣ рафтем. Роҳбалад моро бо ёдгориҳои таърихии осорхона ошно сохта, аз ҷумла ба нимпайкарае ишора карда, гуфт, ки онро аз рӯи нишондод ва тасвири олим Герасимов сохтаанд. Ростӣ, кас ба ҳайрат меафтад, ки чаро чеҳраи сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс чунин зору ҳақир пурожангу тира ва муҳтоҷу нотавон тасвир ёфтааст?! Ҳол он ки зоҳир ба ботин ҳеҷ мувофиқат намекунад. Ҳеҷ мумкин нест, шоире, ки бад – ин поя шеъри баланд гуфта, ҳаводиси олам ва зебоиҳои дунёро бо тамоми таровату алвон ва ҳикматаш ҷолибу мондагор ва ҷовидона баён карда, чунин сурати мағшуш дошта бошад. Агар ба ҳамаи ҳайкалу нимпайкараҳои Рӯдакӣ нигарем, аз ҷумла дар Панҷрӯд, Панҷакент ва дигар шаҳру навоҳӣ, дар умум, сурат ба сирати шоир созгор нест. Аз ин маълум мешавад, ки ҳамаи рассомону пайкартарошон асосан ба нишондодҳои тахминии олим Герасимов такя кардаанд. Бо итминони комил метавон гуфт, ки дар зодгоҳи шоир ва тамоми шаҳру деҳоти Тоҷикистон муйсафедони озодаву хубсурат ва нурониро дидан мумкин аст, ки зимни суҳбат ба мувофиқатии зоҳиру ботинашон қойил мешавед. Шаке дар он нест, ки ҳамаи олимону мутафаккирон ва шоирони классикиамон сурату сирати зебо доштанд.

Дар Қуръони Азимуш-шаън дар оятҳои 46 ва 47 сураи Аъроф оварда шудааст, ки биҳиштиёну дӯзахиёнро аз қиёфаашон мешиносанд. Яъне, биҳиштиён, ки амалу кирдори наку-сирати нек доштанд, дар қиёфаашон ҳувайдост. Ҳамчунин, дар «Сирати Нуъмон» оид ба Абуҳанифа оварда шудааст, ки илова ба ҳусни сират хубсурат низ буд.

Мавриди зикр аст, ки ҳанӯз соли 1959 коргардон Борис Кимёгаров аз рӯи асари Сотим Улуғзода филми Қисмати Шоир”-ро, ки ба ҳаёт ва фаъолияти асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик бахшида шудааст, ба навор гирифт, ки нақши Рӯдакиро Марат Орифов хеле хуб бозидааст. Филм соли 1960 дар кинофкестивали байналмилалии Қоҳира барандаи ҷоизаи аввал “Уқоби тиллоӣ шуд. Дар ҳақиқат филми мазкур беҳтарин ва дурахшонтарин дурдонаи санъати кинои тоҷик маҳсуб меёбад. Гарчанде аз офарида шудани филми мазкур солҳои зиёд гузашта бошад, то ҳол дар баъзе муассисаҳо ҳамон сурати тасвиркардаи Герасимов овехта шудааст.

Хушбахтона, солҳои охир дар замони истиқлол дар аксари идораву муассисаҳо сурати Устод Рӯдакӣ, ки хеле зебову нуронӣ офарида шудааст, овезон аст. Онро ва дигар аксу суратҳои классикони адабро Фурӯзонфар Неъматов корманди Сарраёсати энсикилопедияи милли тоҷик бозсозӣ ва бознигарӣ кардааст, ки мақбули ҳамагон аст. Вале он ҳам якчанд намуд дорад. Хуб мешуд, ки Вазорати Фарҳанг комиссияи салоҳиятноке таъсис дода, як сурати шоирро интихоб намоянд, то дар ҳама ҷо ҳамон сурати накӯ тарғибу тавсиф ёбад. Бинобар ҳамин Рӯдакӣ бояд сурати зебо дошта бошад, чунончи аз шеъраш бармеояд, дар ҳамон замон ба хотири зебоӣ мӯйро ранг мекарданд:

 

Чун ҷомаҳо ба вақти мусибат сияҳ кунанд,

Ман мӯй аз мусибати пирӣ кунам сияҳ.

 

Хушбахтона, аз классикон сурати Абуалӣ ибни Сино зебову озода ва сурату сират бо ҳам мувофиқ омадааст. Пайкараҳои Исмоили Сомонӣ ва Камоли Хуҷандӣ низ хеле хуб офарида шудаанд, ки кас ба онҳо нигариста ифтихор мекунад. Аз ин рӯ, сурату пайкараҳои классикон чун осорашон бояд зебову озода ва ба сираташон мувофиқ офарида шаванд. Ва ин, албатта, ба баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ, худогоҳӣ ва худшиносии ҳар як сокини кишвар ва насли оянда мусоидат хоҳад кард.

 

Ҳар киро, ки сураташ некӯст,

Ба яқин дон сираташ некӯст.

Мунаввари САФАР,

ходими пешбари илмӣ

барчасп: