Нигоҳе ба таърихчаи театр ва нақши он дар ҳаёти инсон

Театр яке аз қадимтарин намоишҳои санъат ва фарҳанг дар таърихи инсон мебошад. Давраҳои қадим, вақте ки одамон барои баён кардани рӯйдодҳои ҳаётан муҳим, ҳикояҳои афсонавӣ ва анъанаҳои ҷамоавӣ ба намоиш мегузоштанд ва ба иҷрои ҳунарии он рӯ меоварданд, шакли театриро мегирифт. Театр ҳамеша ҳамчун шакли баёни иҷтимоӣ ва фарҳангӣ хизмат кардааст, ки фикр ва эҳсосоти мардумро ба таври визуалӣ ва ҳаракатӣ ифода мекунад.

Дар сарчашмаҳои илмӣ омадааст, ки аввалин шаклҳои театри муташаккилро дар Миср ва Месопотамия пайдо кардаанд. Дар ин ҷо намоишҳо асосан ба маросимҳои динӣ ва ҷашнҳои ҷамъиятӣ марбут буданд. Театр дар шакли классикии худ, ки имрӯз мешиносем, дар Юнони қадим пайдо шуд.

Аслан намоишҳои театрӣ дар Юнон дар ибтидо барои эҳтироми худоҳо ва ҷашнҳои динӣ ташкил мешуданд, аммо бо гузашти вақт онҳо шакли амалии ҳикояҳои эпикӣ ва трагедӣ гирифта, ба як санъати мустақил табдил ёфтанд. Аристотел дар асари худ «Поэтика» мефаҳмонад, ки трагедӣ ва комедӣ ду шакли асосии театр мебошанд ва онҳо на танҳо барои ҳавасмандии ҳиссиёт, балки барои тарбияи ахлоқ ва фикри инсон хизмат мекунанд.

Дар Рими қадим театр ба шакли маданият ва фароғат рушд кардааст. Намоишҳо бештар аз комедияҳои иҷтимоӣ ва саҳнаҳои ҷамъиятӣ иборат буданд. Дар замонҳои миёна дар Аврупо театри масхарабозӣ ва театрҳои ҷамоавӣ, ки асосан дар назди калисо ва бозорҳо баргузор мешуданд, бештар маъмул буд, ки барои ташаккули қоидаҳои саҳна, либос ва нақши таълимӣ муҳим буданд.

Дар Тоҷикистон, театри халқӣ на танҳо ҷузъи фароғатӣ, балки воситаи баён кардани анъана ва фарҳанги мардумӣ мебошад. Намояндагони барҷастаи театри тоҷик, мисли Низом Нурҷонов таърихи театри халқиро таҳқиқ карда, барои исбот намудани аҳаммияти он таваҷҷуҳи махсус додаанд. Театрҳои мардумӣ, аз ҷумла драмаҳои ҷашнӣ ва раққосӣ, дар баробари ҳикояҳои маънавӣ ва таърихӣ, шакли фарҳангии ҷомеа ва таҷрибаи иҷтимоиро ифода мекунанд.

Имрӯз театр ҳамчун санъати комил, ки тавассути сухан, ҳаракат, мусиқӣ ва рӯъёҳо эҳсосоти инсонро баён мекунад, дар тамоми кишварҳои ҷаҳон дар ҳоли рушд қарор дорад. Театр на танҳо воситаи фароғат, балки василаи омӯзиш, интиқоли арзишҳои ахлоқӣ ва эҳсоси ҳамдигарфаҳмӣ мебошад. Ҳамчунин, театри муосир бо истифодаи технологияҳои нав ва визуализацияҳои рақамӣ имконият медиҳад, ки таҷрибаи тамошобин фарохтар ва ҷаззобтар гардад.

Ҳамин тавр, театр на танҳо таҷрибаи ҳунарӣ ва фароғатӣ, балки як манбаи фарҳангӣ ва таърихӣ мебошад, ки тавассути он инсоният фарҳанг, анъана ва арзишҳои худро на танҳо нигоҳ медорад, балки ба наслҳои оянда мерос мегузорад. Омӯзиши таърихи театр ва таҳқиқи шаклҳои гуногуни он ба мо имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳангиро дар замони муосир эҳтиром намоем ва тавассути он ба ҷомеа саҳмгузор бошем.

Театр қадимтарин шакли санъат ва фарҳанги инсонӣ аст, ки таърихи ҳазорсола дорад. Ҳамчун воситаи баён ва инъикоси ҳаёти иҷтимоӣ, эҳсосот ва афкор хизмат кардааст. Инсонҳо тавассути театр қодир буданд ҳикояҳо, анъанаҳои фарҳангӣ ва рӯйдодҳои муҳимро ба тамошобин расонанд. Масалан дар Рими қадим театр бештар ба фароғат ва анъанаҳои ҷамъиятӣ марбут буд. Комедияҳои иҷтимоӣ ва саҳнаҳои масхарабозӣ барои тамошобинон ҷолиб ва омӯзанда буданд.

Аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки дар даврони Шуравӣ театри давлатӣ ва касбӣ хеле рушд ёфта буд, ки дар он нақши фарҳангӣ ва иҷтимоиро амалӣ менамуданд. Тибқи маълумотҳои баъзе манбаъҳо, дар тамоми Ҷамоҳири Иттиҳоди Шуравӣ тақрибан 500 театрҳои дорои фаъолияти густурда мавҷуд буданд, ки дар як сол беш аз 15,000,000 нафар тамошобин доштаанд. Ин рақамҳо вобастагии умумии шумораи ҳамаи театрҳои касбиро дар он вақт нишон медиҳад. Садҳо театрҳои давлатӣ ва касбӣ дар тамоми ҷумҳуриҳои иттифоқ аз қабили Русия, Украина ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ фаъол буданд. Ин театрҳо намоишҳои драмавӣ, мусиқӣ, балет ва дигар жанрҳои саҳнавиро ба роҳ мемонданд. Дар баъзе манбаъҳо шумораи театрҳои касбӣ ба садҳо ва ҳазорон театрҳои клубию ҳаваскор нишон дода шуда аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз ҷумҳуриҳои собиқ Шуравӣ ба ҳисоб мерафт, дар он театрҳои касбӣ ва халқӣ фаъолият менамуданд, ки ин соҳа дар солҳои соҳибистиқлолӣ бозҳам бештар рушд намуд. Имрӯз дар кишвар 18 театри касбӣ фаъол буда, аз он қабил як театри касбӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 7 театр дар вилояти Суғд, 4 театр дар вилояти Хатлон, 6 театр дар Душанбе. Илова бар ин 22 театри халқӣ (аматорӣ ҷамоавӣ) вуҷуд дорад. Театрҳои касбӣ дар Тоҷикистон намоишномаҳои драмавӣ, мусиқӣ‑мазҳакавӣ, инчунин театрҳои барои наврасонро иҷро мекунанд.

Ҳамин тариқ бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон имрӯз зиёда аз 18 театри касбӣ ва 22 театрҳои халқӣ фаъоланд, ки фарҳанги миллӣ, санъати классикӣ ва муосирро пеш мебаранд. Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, Театри давлатии лӯхтаки Тоҷикистон, Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский дар шаҳри Душанбе, Театри давлатии мусиқӣ‑мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд, Театри давлатии мусиқӣ‑драмавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов дар шаҳри Бохтар, Театри давлатии мусиқӣ‑драмавии ба номи Туҳфа Фозилова дар шаҳри Конибодом, Театри давлатии мусиқӣ‑драмавии ба номи Алишер Навоӣ дар шаҳри Хоруғ аз ҳамин қабиланд.

Дар илми театршиносӣ намудҳои театр ба таври умумӣ ба чанд шакл ва жанр тақсим мешаванд, ки ҳар кадомаш хусусиятҳои ба худ хосро доранд:

  1. Театри классикӣ (драмавӣ): Намоишномаҳо асосан ба ҳикояҳои пурмазмун ва вазнин (трагедӣ) ё ҳаҷвӣ (комедӣ) асос ёфтаанд. Мақсад дар ин шакли театрӣ тарбия ва инъикоси ҳиссиёти инсон, таҳлил ва муҳокимаи воқеаҳои иҷтимоӣ ва ахлоқӣ фаъоланд.
  2. Театри мусиқӣ: Намоишҳо бо мусиқӣ, суруд ва рақс пайваст мешаванд. Мақсади фароғат ва баёни ҳиссиёти шахсони саҳна тавассути мусиқӣ. Масалан, опера, балет, мюзиклҳо. 
  3. Театри мардумӣ: Намоишҳо одатан аз анъанаҳои халқӣ, фолклор ва ҷашнҳо бармеоянд. Мақсади чунин театрҳо нигоҳдории фарҳанг, омӯзиши анъана ва фароғат. Масалан, драмаҳои ҷашнӣ ва саҳнаҳои маросимӣ.
  4.  Театри муосир ва таҷрибавӣ: Истифодаи технологияҳои рақамӣ, манзараҳои визуалӣ, саҳнаҳои интерактив ва ғайрианъанавӣ. Дар ин шакл мақсад аз таҳлил ва муҳокимаи мавзӯъҳои муосир, ҷалби тамошобин ба таҷрибаҳои нав иборат аст.
  5. Театри кӯдакон ва наврасон. Намоишҳо барои синни кӯдакон ва наврасон, одатан маъруф ва ҳаҷвӣ. Мақсади чунин театрҳо тарбияи маънавӣ, омӯзиши анъанаҳо ва фароғат аст. Масалан, театрҳои махсуси кӯдакон, ба монанди Театри «Помир» дар Душанбе.
  6. Театри фарҳангӣ‑сиёсӣ. Хусусиятҳои ин шакли театрҳо дар он аст, ки намоишҳо бо фарогирии таълимӣ, тарғиботӣ ва сиёсӣ ба анҷом расонида мешаванд. Ҳадафи асосӣ ба тарбияи ахлоқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар ҷомеа равона мегардад.

Бояд гуфт, ки ҳар як намуди театр аз нигоҳи мазмун, шакл, мақсад ва тамошобин фарқ мекунад, вале ҳамаи онҳо барои рушди фарҳанг, эҳсос ва фикрсозии инсон хизмат мекунанд.

Умуман хулоса кардан мумкин аст, ки театр дар дарозои таърихи башарият рисолати созандагӣ, тарбиявӣ, ахлоқӣ ва фарҳангиро иҷро намуда, дар доманаи фаъолияти он ҳазорҳо шахсиятҳо ба камоли маънавӣ расида, дар ҷомеаҳои башарӣ саҳми арзандаи худро гузоштаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ то ба ҳол театрҳо фаъол буда, дар хидмати мардуманд ва дар ҳаёти тарбиявию маънавии миллати тоҷик, хоссатан насли ҷавон нақши басо бузург мегузоранд.

Шамсуддин АБДУЛЛОЕВ,

мудири шуъбаи фарҳанг

ва санъатшиносӣ

барчасп: