Нақши мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар рушди Мусиқии суннатӣ

Дар шароити пуртуғёни ҷаҳонишавӣ  ва густариши фарҳанги оммавӣ ҳифз ва рушди  фарҳанги миллӣ аҳаммияти хосса касб менамояд. Яке аз унсурҳои муҳимтарини ин мерос мусиқии суннатӣ ба ҳисоб меравад, ки таҷассумгари таърих, ҷаҳонбинӣ, эҳсосот ва арзишҳои маънавии миллат  мебошад. Мусиқии суннатӣ, ки реша дар умқи асрҳо дорад, қисми ҷудонашавандаи фарҳанги миллӣ буда, тавассути фидокориҳои беназири фарзона фарзандони миллат рушду такомул ёфтааст. Ин ганҷи бебаҳои миллати тамаддунофари тоҷик бо гуногунмазмуниву нафосаташ аз ибтидо то кунун қалбҳоро дар саросари дунё тасхир карда, шефтаи худ намудааст. Ҷавҳарҳои ин хазина аз шоҳасари нотакрор “Шашмақом”, “Фалак”, “Суруду навоҳои маросимӣ”,  асбобнавозии миллӣ иборат мебошад ва ҳар яке бо таровату нафосаташ тафовут дорад. Аз маъхазҳои таърихӣ бармеояд, ки мусиқии  суннатӣ дар тули таърих тавассути мактаби “устод-шогирд” таълим дода шудааст, ки омили асосии побарҷо мондани ин шоҳкориҳои аҷдодӣ гардида, собит менамояд, ки бидуни низоми муассири таълим ҳифз намудани ин шоҳкориҳои аҷдодӣ  ғайри имкон аст.

Мусиқии суннатӣ таҷассумгари таърих, ҷаҳонбинӣ, эҳсосот ва арзишҳои беназири маънавии миллат аст ва ҳифзи он танҳо вазифаи ҳунармандон нест, балки масъулияти тамоми  ҷомеа, ба хусус низоми маориф мебошад. Дар ин замина мактабҳои таҳсилоти умумӣ ҳамчун ниҳоди асосии тарбияи насли наврас нақши калидӣ мебозанд.

Раванди таълим ҷавҳари асосист ва дар ин раванд мактаби таҳсилоти умумӣ аввалин зинаи таълимии системавии кӯдакон ба шумор меравад. Омӯзиши  мусиқии суннатӣ дар мактаб имкон медиҳад, ки  кӯдакон аз синни хурдсолӣ  ба арзишҳои миллӣ  рӯ оваранд. Ин шиносоӣ на танҳо дониш медиҳад, балки завқи эстетикӣ, ҳисси зебоипарастӣ ва муҳаббат ба фарҳанги миллиро ташаккул медиҳад. Мактаб дар навбати худ муҳити муназзами таълимӣ буда, на танҳо маркази омӯзиш, балки муҳити ташаккули худшиносии миллӣ ва фарҳангдӯстии насли наврас мебошад. Тавассути таълими мақсаднок, фаъолияти эҷодӣ ва тарбияи фарҳангӣ мактаб метавонад мусиқии суннатиро ҳамчун арзиши зиндаи миллӣ ҳифз ва рушд диҳад.

Айни замон таълими мусиқии суннатӣ дар муассисаҳои таълимӣ бештар дар доираи фанни мусиқӣ амалӣ мегардад. Дар барномаҳои таълимӣ омӯзиши мусиқии миллӣ пешбинӣ шудааст, аммо ҳаҷм ва масоили таълимии он маҳдуд  буда, дар шакли шиносоии назаравиявӣ пешниҳод карда шудааст. Яъне  кам будани амалия (сурудхонӣ ва асбобнавозӣ), кам будани соати таълимӣ, норасоии асбобҳои мусиқӣ, робита бо ходимони илми санъатшиносӣ, омӯзгорони тахассусӣ ва набудани назорати вазъи таълмии фан аз тарафи масъулини соҳа боиси дар сатҳи паст қарор доштани  таълими мусиқии суннатӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ мебошад. Дар санадҳои меъёрии соҳаи маорифи кишвар зарурияти тарбияи фарҳангӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ таъкид мегардад, вале мутассифона дар                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                      амал бошад мусиқии суннатӣ дар раванди таълим мавқеи дуюмдараҷаро дорад.

Бархе аз олимони соҳа ва масъулин вазъи таълими мусиқии суннатиро дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ  дар норасоии мутахассис мебинанд ва  бобати нокифоя будани соати ҷудошуда, норасоии созҳои мусиқӣ, адабиётҳои таълимии замонавӣ, номукаммал будани нақшаи таълмӣ, сатҳӣ будани услуби таълимӣ талоше намекунанд. Барномаҳои таълимии пешниҳодшуда омӯзиши мусиқии миллиро дар нақша гирифтааст, аммо ҳаҷми он хело маҳдуд мебошад ва ба талаботи имрӯза мутлақо ҷавобгӯ нест. Инчунин дар мактабҳо мусиқии суннатӣ дар шакли шиносоии назариявӣ пешниҳод шуда, имконияти омӯзиши амалӣ (сурудхонӣ ва асбобонавозӣ) кам ба назар мерасад ва ҳатто дар баъзе мактабҳои шаҳру ноҳияҳо, деҳаҳо умуман созҳои мусиқӣ  вуҷуд надорад. Инчунин  фанни мусиқиро омӯзгорони ғайриихтисос таълим медаҳанд ё сарбории иловагии омӯзгорони дигар фанҳо мебошад.

Тибқи пурсишҳои оморӣ аз соли 2000- 2024 дар муассисаҳои касбӣ ва олии мусиқӣ фарогирии муҳассилин дар ҳама бахшҳои  марбут ба омӯзиши мусиқии суннатӣ  сол то сол  кам шуда истодааст ва ин раванд кунун ҳам  мутассифона идома дорад. Ин камтаваҷҷуҳии ҷавонон ба мусиқии суннатӣ маншаъ аз  нокомилии сатҳи таълимии мусиқӣ ва суруд дар муассисаҳои томактабӣ ва  мактабҳои таҳсилоти умумӣ мегирад. Боиси таассуф аст, ки шумораи донишҷуён дар ҳама бахшҳои Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Консерваторияи миллӣ ба номи Талабхуҷа Сатторов хело кам аст. Дар колеҷҳои мусиқӣ, мактабҳои санъати бачагона ва мактаб- интернатҳои мусиқӣ  вазъ чунин аст.

Имрӯз рисолати мактабу омӯзгор дар назди ҷомеа хело баланд аст ва маҳз мактаб метавонад таълиму тарбияи насли ҷавонро дар сатҳи баланд, мутобиқи талаботи замон ба роҳ монад. Бузургон фармудаанд “Дониш дар хурдӣ нақш бар санг аст” ва донишеро, ки мо ба насли ҷавон меомӯзонем, як умр дар хотираш нақш баста, дар тӯли зиндагӣ сармашқи корҳои наҷибашон мешавад. Таълими мусиқии суннатиро агар ба тарзи комил, бе саҳлангорӣ, ҷиддӣ ва вобаста ба тақозои замон биомӯзонем аминам, ки  барои  ташаккулу рушди мусиқии суннатӣ заминаи боэътимод мегузорем.  

Пешвои муаззами миллат соҳаи маориф ва илмро самти афзалиятнок эълон карда, онро барҳақ омили муҳимтарини таҳкимбахши давлат ва наҷоти миллат номидаанд. Ба ҳамин далел Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду инкишофи бемайлони маориф ва илм, сатҳу сифати донишомӯзии хонандагону донишҷӯён дар ҳама зинаҳои таҳсилот, сифати омода намудани кадрҳои баландихтисосу унвондор таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунанд. Сарвари давлат дар Пёми навбатии худ  таъкид намуданд, ки «Агар мо хоҳем, ки давлати пешрафта, Ватани обод ва зиндагии осуда дошта бошем, бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар шаванд. Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона шиори зиндагии худ қарор додаанд».Таъкид мегардад, ки вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад. Пас маориф ҳамчун сипари фарҳангӣ бар зидди ифротгароӣ ва бегонапарастӣ низ маънидод мегардад.

         Бале, беҳтар намудани сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи Тоҷикистон хело зарур аст, зеро он омили асосии рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар ба шумор меравад.Ҷаҳони муосир босуръат тағйир меёбад ва лозим аст, ки низоми маорифи кишвар ба ин тағйирот мутобиқ бошад. Дар баробари ин омил натанҳо зарурият, балки сармоягузорӣ  баҳри рушди маорифи мутараққӣ метавон ҷомеаи донишбунёд, иқтисоди қавӣ ва насли соҳибтафаккурро ташаккул дод.

         Барои амалӣ намудани ин ҳадафҳои олӣ дар баробари дигар фанҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна баланд бардоштани сифати таълимии фанни суруд ва мусиқӣ аҳаммияти хело калон дорад. Имрӯз замони эҳёи фарҳанги миллӣ, ба хусус арҷгузорӣ ба мусиқии суннатӣ идома дорад ва зарурияти таҷдиди назар намудан ба масоили таълимии он пеш омадааст.

         Имрӯз мо аз мусиқии суннатии хеш ифтихор менамоем, зеро ки дар ҳақиқат шоҳасари нотакрори “Шашмақом” ва “Фалак” падидаи нодир аст ва хоссатан “Шашмақом”- ро дар кишварҳои пешрафтаи Аврупо меомӯзанду аз таровату зеру бами он нерӯи маънавӣ мегиранд. Истиқлолияти давлатӣ ба ин ганҷи ниёгон шукӯҳ бахшид ва мунтазам баҳри рушду нумуи он ғамхории Ҳукумати кишвар, ба хусус иқдомҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мушоҳида намудан мумкин аст.

         Моро  мебояд ин иқдомҳои беназири фарҳангии Пешвои муаззами миллатро ҳаматарафа дастгирӣ намуда, баҳри  рушди фарҳанги миллӣ, мусиқии суннатии аҷдодӣ  аз  ҳама шароитҳои  муосир истифода  намуда, ба масоили таълимии насли наврас бештар диққати ҷиддӣ деҳем. Маҳз  таълим дар замони муосир  метавонад рушди  мусиқии суннатиро  таъмин  намуда, таваҷҷуҳи насли ҷавонро ба ин  мояи ифтихор бештар гардонад.

Раҳимов Билолиддин,

ходими калони илмии шуъбаи

фарҳанг ва санъатшиносӣ

 

 

 

 

 

барчасп: