Истиқлолияти давлатӣ барои тамоми соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ, азҷумла илми тоҷик марҳилаҳои нави рушу нумуро оғоз бахшида, заминаҳои таҳқиқоти бунёдиро фароҳам овард. Маҳз ҳамин мавзуъ меҳвари асосии конфренсияи илмие буд, ки имрӯз дар маҷлисгоҳи Пажӯҳишгоҳи илмӣ тадқиқоти фарҳанг бо ҳузури намояндагони Вазорати фарҳанг ва олимони соҳа конфренсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Рушди илми тоҷик дар даврони истиқлол” доир шуд.
Ҳамоишро директори ПИТФИ, номзади илмҳои филологӣ Аминзода Абдуфаттоҳ Ҳаким оғоз намуда, иброз дошт, ки агар Истиқлолият ҷисми давлатдории мо бошад, илм руҳ ва равшангари масири рушди он аст. Роҳбари муассиса таъкид кард, ки дар 35 соли соҳибихтиёрӣ илми тоҷик тавонист аз як низоми назариявӣ ба як силоҳи тавонои зеҳнӣ табдил ёфта, дар ҳифзи фазои фарҳангии кишвар нақши калидӣ бозад.
Пайваста ба ин, намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон – сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимӣ Ҳаётзода Алиакбар бо суханронии пурмуҳтавои худ ба кори конфренсия ҳусни дигар бахшида, аҳамияти тадқиқоти соҳавиро дар татбиқи сиёсати фарҳангии кишвар ва таҳкими пояҳои илмии давлатдорӣ ба таври махсус ва вежа таъкид намуд. Мавсуф қайд кард, ки ҳамаи ин пешравиҳо ва тараққиёти бесобиқа, махсусан дар илм, аз сиёсати фарҳангпарварона ва маорифмеҳвари Пешвои муаззами миллат дарак медиҳад.
Дар идомаи ҳамоиш, муовини директор оид ба корҳои методӣ ва умумии ПИТФИ, доктори фалсафа (Phd) Гулзира Каримова дар мавзуи “Нақши олимони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар пешрафти илми тоҷик” маъруза ироа кард. Ӯ ба таври муфассал оид ба корҳои методӣ ва илмӣ тадқиқотие, ки дар дохили муассиса амалӣ мешаванд, гузориш дод.
Пасон, ходими пешбари шуъбаи ВАО ва табъу нашр, д.и.ф профессор Ҷумъазода Меҳроб ба минбар баромада, “Заминаҳо ва афзалиятҳои пешрафти илмро дар замони истиқлол” мавриди таҳлили ҳаматарафа қарор дод. Мавсуф таъкид дошт, ки илми муосири мо имрӯз дар марҳилаҳои сифатан нав қарор дорад ва саҳми ходимони илмии Пажӯҳишгоҳ дар ин самт вобаста ба маҳсули таҳқиқ хеле хуб арзёбӣ мегардад.
Баъдан, ходими пешбари илми шуъбаи фаъолияти китобдорӣ,н.и.п. дотсент Комилзода Шариф мавзуи “Таҳаввулоти илми китобдорӣ дар даврони истиқлол” маърузаеро ироа намуд. Ӯ иброз дошт, ки дар даврони истиқлол ин соҳа аз нигоҳи илмӣ назариявӣ пурра навсозӣ шуда, ворид шудани технологияҳои нав дар ин раванд дигаргуниҳои куллиро ба вуҷуд овард, ки дастрасии аҳли ҷомеаро ба махзани дониш осон гардонд.
Сипас, ходими пешбари шуъбаи ВАО ва табъу нашр Эшонқулов Эшонқул дар мавзуи “Рушди публисистикаи тоҷик дар замони истиқлол” суханронӣ кард. Мавсуф дар баромади худ зикр кард, ки публисистика дар замони соҳибистиқлолӣ ҳамчун қисми таркибии илми филология ва иттилоот дар таҳлили воқеии равандҳои иҷтимоӣ ва тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ ҷойгоҳи хос пайдо намудааст. Ҳамзамон аз ду лоиҳаи ба итмомрасида ва яктои дигар ки дар айни замон таҳқиқ шуда истодааст, бо зикри арқому далоил аз натоиҷ махсус зикр гардид.
Дар интиҳои ҳамоиш мубодилаи афкор сурат гирифт, ки ходимони илмии ПИТФИ фикру андешаҳояшонро бобати мавзуи ҳамоиш мухтасар иброз доштанд. Ҳамоиш ҷолибу пурмазмун гузашт.
Саидзода Мафтуна,
ходими илми шуъбаи
ВАО ва табъу нашр.



