Китобхонаи системаи марказонидашудаи ноҳияи Ёвон, ки дар бинои Кохи фарҳанги ба номи Тағоймурод Хушвахтов ҷойгир аст, яке аз муассисаҳои муҳими фарҳангии ноҳия ба ҳисоб меравад. Фаъолияти он ба тарғиби фарҳанги китобхонӣ, рушди маърифати ҷомеа ва фароҳам овардани шароити мусоид барои истифодаи захираи китобҳо равона гардидааст.
Айни замон дар ҳудуди ноҳияи Ёвон 28 китобхонаи оммавӣ фаъолият доранд. Ба ин шабака Китобхонаи системаи марказонидашуда, китобхонаи шаҳрӣ, китобхонаи бачагона ва 25 китобхона-филиали деҳотӣ шомил буда, ҳамарӯза ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Ҳамаи ин муассисаҳо дар тавозуни бахши фарҳанги ноҳия қарор дошта, фаъолияти худро мутобиқ ба талаботи соҳаи китобдорӣ ба роҳ мондаанд.
Китобхонаи марказӣ дорои фонди ғании китоб буда, имрӯз шумораи умумии китобҳои он ба 152 ҳазору 268 нусха мерасад. Аз ин шумора 48 ҳазору 683 нусха ба забони тоҷикӣ, 92 ҳазору 68 нусха ба забони русӣ, 165 нусха ба забони англисӣ ва 11 ҳазору 352 нусха ба дигар забонҳо мебошанд. Ин имконият ба хонандагон шароит фароҳам меорад, ки аз адабиёти гуногунсоҳа истифода намоянд.
Дар китобхона толори хониш ва бахши махсуси хизматрасонӣ ба кӯдакону наврасон фаъолият мекунад. Дар давоми соли ҳисоботӣ шумораи хонандагон ба 12 ҳазору 726 нафар расида, онҳо зиёда аз 38 ҳазор маротиба ба китобхона муроҷиат намудаанд. Дар ин давра беш аз 63 ҳазору 610 нусха китоб ба истифодаи хонандагон дода шуда, 1178 чорабинии фарҳангиву маърифатӣ бо иштироки зиёда аз 38 ҳазор нафар баргузор гардидааст. Ин омор аз болоравии таваҷҷуҳи ҷомеа ба китоб ва мутолиа шаҳодат медиҳад.
Айни замон чор нафар корманд дар ин боргоҳи маърифат фаъолият мекунанд. Гарчанде кормандон барои хизматрасонии босифат талош мекунанд, масъалаи баланд бардоштани сатҳи тахассуси касбӣ ва мукаммал намудани имкониятҳои техникии китобхона аз вазифаҳои муҳими рӯз боқӣ мемонад.
Бо вуҷуди маҳдуд будани имкониятҳои техникӣ, дар утоқи кории роҳбарият чор адад компютер, як принтер ва як дастгоҳи сканер мавҷуд аст. Вале набудани пайвастшавии компютерҳо ба шабакаи интернет имконияти истифодаи пурраи технологияҳои муосири иттилоотиро маҳдуд месозад.
Дар толори хониш адабиёти маълумотдиҳӣ, луғатҳо, донишномаҳо ва дигар китобҳои соҳавӣ мутобиқи талаботи таснифоти китобдорӣ-библиографӣ ҷойгир карда шудаанд. Ин тартиб ба хонандагон имкон медиҳад, ки китобҳои заруриро осон пайдо намуда, аз онҳо самаранок истифода баранд.
Дар баробари хизматрасонии китобдорӣ, Китобхонаи марказии ноҳияи Ёвон ба ташкили чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар толорҳои китобхона пайваста намоишҳои китобӣ ва гӯшаҳои мавзӯӣ ташкил карда мешаванд, ки ба арзишҳои миллӣ, худшиносии таърихӣ ва мероси адабӣ бахшида шудаанд. Аз ҷумла, намоишҳо таҳти унвонҳои “Президенти мо – Пешвои мост”, “Адабиёти классикӣ”, “Адабиёти муосири тоҷик”, “35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Шоҳномахонӣ” ва “Аз эҷодиёти шоирону нависандагони ноҳияи Ёвон” мавриди таваҷҷуҳи хонандагон қарор доранд.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти китобхона таҳия ва пешниҳоди дастурҳои методиву библиографӣ мебошад. Дар ин самт саркитобдор як қатор дастурҳоро бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ, озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ”, инчунин мавзуъҳои мубрами иҷтимоӣ, аз ҷумла пешгирии ифротгароӣ ва терроризм, нашъамандӣ, тарғиби эҳтироми модар, Рӯзи китоб, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санаҳои муҳими таърихиву фарҳангӣ омода намуда, дар байни хонандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом медиҳад.
Дар толори хониш инчунин рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ барои истифодаи хонандагон дастрас мебошанд. Ҳарчанд дар китобхона қуттии феҳристи худсоз мавҷуд аст, аммо он ҳанӯз ба талаботи муосири фаъолияти китобдорӣ пурра ҷавобгӯ нест. Бо вуҷуди ин, кормандони китобхона барои ба низом даровардани маводи матбуотӣ ва осон намудани дастрасии хонандагон ба иттилоот пайваста талош меварзанд. Маводи рӯзномавӣ аз рӯи мавзуъҳои гуногун, аз ҷумла “Саразм”, “Наврӯз”, “Имоми Аъзам”, “Иди модарон” ва “Ваҳдати миллӣ” гурӯҳбандӣ ва нигоҳдорӣ карда шудааст.
Фонди китобхона мутобиқи талаботи таснифоти китобдорӣ-библиографӣ ва тартиби алифбо ҷобаҷо карда шудааст. Ҳамаи китобҳои нав воридшуда дар дафтари инвентарӣ ба қайд гирифта мешаванд, ки ин барои нигоҳдорӣ ва истифодаи самараноки захираи китобхона аҳамияти муҳим дорад.
Дар китобхонаи марказии ноҳия ба рушди қобилияти эҷодӣ ва баланд бардоштани завқи мутолиаи ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Бо ин мақсад чор маҳфили доимӣ – “Рассомӣ”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Китобдӯстон” ва “Шоҳномахонӣ” фаъолият доранд. Дар ин маҳфилҳо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳраки Ёвон ихтиёран ширкат варзида, ҳар ҳафта бо иштироки омӯзгорону китобдорон машғулиятҳои маърифатӣ ва фарҳангӣ баргузор менамоянд. Чунин иқдомҳо барои ташаккули ҷаҳонбинии наврасону ҷавонон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи дӯст доштани китоб аҳамияти калон доранд.
Дар самти ғанӣ гардонидани фонди китобхона низ корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Дар доираи татбиқи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025 аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои китобхона 168 нусха китобҳои тозанашр ва як адад компютер харидорӣ гардид. Ин тадбир барои беҳтар намудани шароити хизматрасонӣ ва дастрасии хонандагон ба адабиёти нав мусоидат намуд.
Бо эълон гардидани Соли 2025 – Соли фарҳанги китобхонӣ дар вилояти Хатлон фаъолияти китобхона боз ҳам густариш ёфт. Дар ин замина нақшаи махсуси чорабиниҳо таҳия гардида, дар ноҳия озмунҳои “Беҳтарин оилаи китобхон”, “Беҳтарин китобхонаи муассисаҳои давлатӣ” ва “Беҳтарин китобхонаи деҳотӣ” баргузор шуданд. Ҳамзамон аксияҳои таблиғотӣ ва конференсияҳои илмӣ-адабӣ баргузор гардида, ба тарғиби фарҳанги мутолиа ва баланд бардоштани ҷойгоҳи китоб дар ҷомеа мусоидат карданд.
Дар соли ҳисоботӣ кормандони китобхона бо мақсади ҷалби бештари аҳолӣ ба мутолиа ва ғанӣ гардонидани ҳаёти фарҳангии ноҳия зиёда аз ҳазор чорабинии гуногуни фарҳангиву маърифатӣ баргузор намуданд. Дар онҳо намояндагони муассисаҳои таълимӣ, ташкилоту идораҳо, марказҳои илмӣ, воситаҳои ахбори омма ва дигар қишрҳои ҷомеа фаъолона иштирок карданд. Ин нишон медиҳад, ки китобхона на танҳо маркази нигоҳдории китоб, балки яке аз муҳимтарин марказҳои фарҳангиву маърифатии ноҳияи Ёвон ба шумор меравад.
Баробари китобхонаи марказӣ, китобхонаи бачагонаи ноҳияи Ёвон низ дар тарбияи маънавӣ ва фарҳангии насли наврас саҳми арзанда мегузорад. Фонди китобии ин муассиса зиёда аз 21 ҳазор нусхаро ташкил дода, хонандагони синну соли гуногун аз адабиёти бадеӣ, илмӣ, маърифатӣ ва кӯдакона васеъ истифода мебаранд.
Кормандони китобхонаи бачагона бо мақсади баланд бардоштани шавқи кӯдакону наврасон ба мутолиа пайваста намоишҳои китобӣ, вохӯриҳо, суҳбатҳои маърифатӣ, хонишҳои бадеӣ ва дигар чорабиниҳои фарҳангиро баргузор менамоянд. Ин чорабиниҳо ба ҷашнҳои давлатӣ, санаҳои муҳими таърихиву фарҳангӣ ва шахсиятҳои барҷастаи илму адаб бахшида шуда, дар тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва дӯст доштани китоб нақши муассир доранд.
Фаъолияти китобхонаҳои ноҳияи Ёвон нишон медиҳад, ки онҳо имрӯз на танҳо марказҳои нигоҳдорӣ ва истифодаи китоб, балки муассисаҳои фаъоли фарҳангиву маърифатӣ мебошанд. Бо вуҷуди дастовардҳои назаррас, дар фаъолияти онҳо ҳанӯз ҳам баъзе мушкилот, аз ҷумла такмили заминаи моддиву техникӣ, таҷдиди низоми феҳристҳо, баланд бардоштани сатҳи тахассуси кормандон ва тавсеаи истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ба назар мерасад.
Бартараф намудани ин масъалаҳо метавонад сифати хизматрасонии китобдориро боз ҳам беҳтар намуда, имкониятҳои дастрасии аҳолӣ ба захираҳои иттилоотиро васеъ гардонад. Дар маҷмуъ, фаъолияти китобхонаҳои ноҳияи Ёвон аз талоши пайвастаи кормандони соҳа барои рушди фарҳанги китобхонӣ ва таҳкими фазои маънавии ҷомеа шаҳодат медиҳад ва метавонад ҳамчун таҷрибаи арзанда дар самти пешбурди фаъолияти китобдорӣ арзёбӣ гардад.
Раҷабова Азиза
Ходими калони илмии шуъбаи
фаъолияти китобдорӣ

