Ҳар миллатеро метавон аз рӯйи муносибаташ ба табиат ва неъматҳои он шинохт. Агар ба таърихи ҳазорсолаи тоҷикон назар афканем, мебинем, ки ниёгони мо обро танҳо барои нӯшидан ё обёрии замин истифода намекарданд, балки онро мояи ҳастӣ, рамзи покӣ ва баракат медонистанд. Аз ҳамин нигоҳ, яке аз бошукӯҳтарин ҷашнҳои онҳо низ ба об бахшида шудааст, ки онро Тиргон меноманд.
Тиргон дар радифи Наврӯз, Сада ва Меҳргон аз чор ҷашни бузурги фарҳанги ориёинажодон ба ҳисоб меравад. Агар Наврӯз оғози эҳёи табиат бошад, Сада ҷашни гармиву нур, Меҳргон ҷашни ҳосилу фаровонӣ аст, пас Тиргон ҷашни об, зиндагӣ ва шукргузорӣ аз неъмати бебаҳои табиат мебошад. Ин ҷашн аз замонҳои хеле қадим бо орзуи борони фаровон, серобии чашмасорон, сабзиши киштзорҳо ва ободии сарзамин баргузор мегардид.
Дар сарчашмаҳои бостонӣ, бахусус дар «Авесто», об яке аз муқаддастарин офаридаҳои ҷаҳон шумурда шудааст. Дар бахши «Обон-яшт» ё “Ардвисура Аноҳито” (эзадбонуи обҳои ҷаҳон, олиҳаи ҳосилхезӣ, покӣ ва таваллуд бахшида шудааст) об ҳамчун неъмати ҳаётбахш ситоиш ёфта, инсонҳо ба пок нигоҳ доштани он даъват шудаанд. Аз нигоҳи ҷаҳонбинии аҷдодони мо, олуда сохтани об амали ношоиста ба шумор мерафт, зеро онҳо бовар доштанд, ки покии об покии зиндагист. Ҳамин ҷаҳонбинӣ имрӯз низ аҳамияти худро гум накардааст. Дар замоне, ки масъалаи норасоии об ба яке аз мушкилоти асосии ҷаҳон табдил ёфтааст, ин андешаҳои ниёгон аҳамияти боз ҳам бештар пайдо мекунанд.
Беҳуда нест, ки Тоҷикистон имрӯз дар арсаи байналмилалӣ дар масъалаҳои об ҳамчун кишвари ташаббускор эътироф гардидааст. Бо ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳифзи захираҳои об ба минбари ҷаҳонӣ бароварда шуд. Маҳз бо пешниҳоди Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид солҳои 2018–2028-ро «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон намуд. Ин иқдом бори дигар нишон медиҳад, ки фарҳанги қадимаи тоҷикон дар масъалаи эҳтироми об имрӯз низ аҳамияти ҷаҳонӣ дорад.
Об на танҳо аз нигоҳи фарҳангӣ, балки аз нигоҳи илм низ асоси ҳаёт мебошад. Олимон муайян кардаанд, ки зиёда аз ҳафтод фоизи ҷисми инсонро об ташкил медиҳад. Бидуни об на инсон зинда мемонад, на рустанӣ месабзад ва на ҳайвонот зиндагӣ карда метавонанд. Аз ин рӯ, ҳикмати мардумӣ, ки мегӯяд: «Об манбаи ҳаёт аст», танҳо як ҷумлаи зебо нест, балки ҳақиқати илмӣ ва таҷрибаи ҳазорсолаи инсонист.
Дар фолклори тоҷик об танҳо василаи нӯшидан ё обёрии замин нест. Мардум ба воситаи об сифатҳои неки инсонро низ баён кардааст. Агар дар бораи шахси поктинат сухан равад, мегӯянд: «Аз об ҳам пок аст.» Ин ибора рамзи беолоишӣ, ростқавлӣ ва поквиҷдонӣ мебошад. Агар шахсе орому мулоим ва боахлоқ бошад, мегӯянд: «Мисли об софдил аст.» Дар ин ҷо об меъёри покии инсон қарор гирифтааст.
Маҳз ҳамин эҳтиром нисбат ба об дар зарбулмасалу мақолҳои тоҷикӣ хеле равшан таҷассум ёфтааст. Халқ ҳеҷ гоҳ суханро беҳуда нагуфтааст. Ҳар мақол хулосаи таҷрибаи чандин насл аст.
Мақоли «Об ҳаст — ободӣ ҳаст» аз ҷумлаи пурмаънотарин суханони мардум аст. Маънои ҳар ҷое ки об бошад, он ҷо зиндагӣ буданро ифодан кардааст. Киштзорҳо сабз мешаванд, боғҳо мева медиҳанд, чорво сер мешавад ва мардум рӯзгори осуда меёбанд. Аз ин рӯ, об рамзи ободӣ ва пешрафти зиндагӣ шумурда мешавад.
Дар мақоли «Бе об ҳаёт нест» бошад, халқ бузургтарин ҳақиқати зиндагиро баён кардааст. Ин сухан имрӯз ҳам аҳамияти худро аз даст надодааст, зеро тамоми ҳаёти рӯйи замин ба об вобаста мебошад.
Дар миёни деҳқонон бештар чунин сухан маъмул аст: «Обро сар деҳ, нонро бардор.» Ин мақол аҳамияти обро дар кишоварзӣ нишон медиҳад. Агар об бошад, меҳнати деҳқон самар медиҳад ва нон низ фаровон мегардад. Аз ин ҷост, ки мардум аз қадим обро баракати рӯзгор медонистанд.
Мақоли дигари машҳур «Оби рехтаро ҷамъ карда намешавад» инсонро ба андешидани оқибати ҳар амал даъват мекунад. Яъне баъзе корҳои нодуруст баъд аз анҷоми он дигар ислоҳ намешаванд. Ҳамон гуна ки оби рехтаро ба зарф баргардонда намешавад, баъзе сухан ё амал низ дигар ҷуброннопазир мегардад.
Дар мақоли «Об аз боло лой аст» мардум мехоҳад бигӯяд, ки агар сарчашма носолим бошад, поён низ носолим мегардад. Ин мақол бештар дар мавриди роҳбарӣ, тарбия ва муносибатҳои иҷтимоӣ истифода мешавад.
Мақоли «Харат аз об гузашт» маънои анҷом ёфтани кори душвор ё гузаштани марҳилаи хатарнокро дорад. Агар онро бо оҳанги нарм гӯянд, маънои оромӣ ва осудагиро ифода мекунад. Агар бо киноя гуфта шавад, маънои сарзанишро мегирад.
Дар зарбулмасали «Бо баҳонаи шолӣ курмак об мехӯрад» мардум шахсеро дар назар доранд, ки аз меҳнати дигарон манфиат мебинад. Курмак худ ҳосиле намедиҳад, аммо аз обе, ки барои парвариши шолӣ дода мешавад, истифода мекунад. Ин ҷо об воситаи зиндагии ҳам шолӣ ва ҳам курмак аст, вале мақсад танқид кардани шахси танпарвар мебошад.
Мақоли «Хари лулиро об деҳу пулашро гир» бошад, мардумро ба қадршиносии меҳнат ва ҳаққи заҳмат даъват мекунад. Ҳатто кори хурд ҳам бояд арзёбӣ гардад.
Яке аз мисраъҳои машҳури адабиёти тоҷик (Мавлоно), ки имрӯз ба сифати мақол истифода мешавад, чунин аст: «Об агар садпора гардад, боз бо ҳам ошност». Ин сухани пурҳикмат рамзи ягонагӣ ва ваҳдат мебошад. Обро ҳар қадар ҷудо кунӣ, боз ба ҳам мепайвандад. Ин андеша моро ба дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ даъват мекунад.
Ҳамчунин дар байни мардум чунин мақолҳо низ роиҷанд: «Об дар кӯзаю мо ташналабон мегардем», яъне баъзан инсон неъматро дар паҳлӯи худ дорад, аммо аз он дуруст истифода намекунад. Ё мегӯянд: «Моҳии калон дар оби калон зиндагӣ мекунад», ки ба муносибати муҳит ва имконият ишора мекунад.
Ҳамаи ин зарбулмасалу мақолҳо нишон медиҳанд, ки дар тафаккури мардум об танҳо як моддаи табиӣ нест. Он рамзи зиндагӣ, покӣ, баракат, меҳнат, ваҳдат ва ахлоқи накӯ мебошад. Бинобар ин, Тиргон низ танҳо ҷашни обпошӣ нест, балки ҷашни эҳтиром ба табиат, фарҳанг ва зиндагӣ мебошад. Имрӯз вазифаи ҳар яки мост, ки ин мероси гаронбаҳоро танҳо ҳамчун ёдгории таърихӣ нигоҳ надорем, балки онро дар зиндагии ҳаррӯза татбиқ намоем. Ҳифзи чашмаҳо, дарёҳо, истифодаи сарфакоронаи об ва тозагии муҳити зист идомаи ҳамон фарҳанги қадимаи Тиргон аст. Он моро ба эҳтироми об, табиат ва зиндагӣ даъват мекунад. Зарбулмасалу мақолҳои халқӣ ин ҳикматро бо забони сода, вале амиқ ифода намудаанд.
Дар фарҷом мехоҳам бо як ҳикмати мардумӣ суханамро анҷом диҳам: “Обро пок нигоҳ дор, то об зиндагии туро пок нигоҳ дорад”. Бигзор ҷашни Тиргон ҳамеша бо худ серобӣ, файзу баракат, сулҳу оромӣ ва зиндагии осударо ба ҳар як хонадони тоҷик оварад. Бигзор чашмаҳои Ватани азизамон ҳамеша ҷорӣ, киштзорҳо сабзу хуррам, қалбҳо саршор аз меҳру муҳаббат ва Тоҷикистони маҳбубамон ҳамеша ободу шукуфон бошад.
Каримова Шамъигул
Ходими калони илмӣ ММФТ

