ЛАЪЛИ БАДАХШОН – ГАНҶИ ГАРОНБАҲО ВА РАМЗИ ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН

Лаъли Бадахшон аз қадимулайём ҳамчун  зиннатдиҳандаи тоҷи шоҳони ҷаҳон ва хазоини ҷавоҳироти салтанатии онҳо шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Маъдани машҳур ва таърихии Кӯҳи Лаъл дар нишебии ғарбии қаторкӯҳи Ишкошим, дар водии дарёи Панҷ, дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) воқеъ гардидааст. Ин санг таърихи ҳазорсола дошта, дар гузашта туҳфаи арзанда барои шоҳони бузург маҳсуб мешуд. Лаъл асосан ранги сурхи оташин, гулобӣ ва баъзан бунафш дорад. Дар гузашта лаъли Бадахшонро аз сабаби монандӣ бо ёқут (рубин) иштибоҳ мекарданд, аммо аз лиҳози сохтори кимиёвӣ ва сахтӣ ин санг комилан фарқ мекунад. Дар маъдани Кӯҳи Лаъл шпинели комилан пок (бе оҳан) ёфт гардид, ки дар ҷаҳон нодир ва хеле гаронбаҳост. Оғози истихроҷи ин санг ба қавле ба асрҳои пеш аз мелод рост меояд ва шуҳрати он дар асрҳои 13-15 ба авҷи аъло расид. Мардуми бумӣ бар он ақидаанд, ки лаъл санги бениҳоят пок аст ва фиребу хиёнат, ҳасад ва бадиро қабул намекунад. Тибқи ривоят, дуздидани ин санг ё бо роҳи носавоб ба даст овардани он боиси бадбахтии соҳибаш мегардад. Лаъли Бадахшон шуҳрати ҷаҳонӣ дошта, шоҳкориҳои ҷаҳониро зиннат додааст. Масалан, «Ёқути Темурланг», ки дар тоҷи шоҳони Бритониё қарор дорад, дар асл лаъли Бадахшон аст.

Назар ба гуфти мутахассисон кофтукоб дар ин макон аз замонҳои қадим анҷом шудааст ва то имрӯз танҳо қисми ками (тақрибан 12%) захираҳои ин минтақа омӯхта шудаанд.

Дар бораи маъдани Кӯҳи Лаъл ва нахустин талошҳои истихроҷи лаъли он ривоёти мухталифе вуҷуд дорад. Манобеъ, аз ҷумла навиштаҳои сайёҳону муҳаққиқони замонҳои мухталиф гувоҳӣ медиҳанд, ки ин маъдан таърихи куҳан дорад.

Бисёре аз муҳаққиқон, ҷӯяндагони осори бостонӣ ва шоирону донишмандон ба лаъли Бадахшон таваҷҷӯҳи фаровоне доштаанд. Аз ҷумла, Марко Поло, сайёҳи итолиёӣ, Абурайҳони Берунӣ, донишманди қарни 11 ва теъдоде аз муҳаққиқони Шӯравӣ дар асарҳояшон лаъли Бадахшонро васф кардаанд.

ЛАЪЛИ БАДАХШОН ДАР РИВОЯТҲО

 

Назар ба навиштаи Фаррухи Саидҳасаншо дар ривояте омадааст, ки Искандари Мақдунӣ ҳангоми истилои Осиёи Миёна лаълпораеро аз Кӯҳи Лаъл ҳамроҳи худ бурдааст. Ҳарчанд ин ривоят пояи илмӣ надорад, аммо гувоҳ аст, ки ин маъдан дар асрҳои қабл аз милод низ мавриди истихроҷ ва корбурд будааст.

Мувофиқи ривояте дигар, гӯё соҳиби ин маъдан Ҳазрати Сулаймон буда, маъмурони ӯ, яъне девон, дар ин ҷо ба истихроҷи лаъл машғул будаанд. Яке аз девон лаълеро ба андозаи тухми мурғ пайдо карда, ба пеши Ҳазрати Сулаймон овардааст. Ҳазрати Сулаймон онро гирифта, аз дев пурсидааст, ки чӣ хоҳише дорад. Дев хоҳиш кардааст, ки паёмбар ӯро озод кунад. Ин ривоят албатта бо воқеият рабте надорад, аммо ҷолиб ин аст, ки дар ин русто то ҳол зиёратгоҳи Сулаймони Набӣ мавҷуд аст.

Назар ба гуфтаи кӯҳканон, гӯё дар қарни аввали милодӣ чиниҳо ба ҷустуҷӯйи маъдане бо номи форстерит (фарфор), ки дар зарфсозӣ аз он истифода мешуд, ба ин маҳал омада, маъдани лаълро кашф кардаанд. Вале ба андешаи сокинони рустои Кӯҳи Лаъл, истихроҷи лаъл дар ин макон пас аз ҳамлаи араб ба Осиёи Миёна, аз ибтидои қарни 8 мелодӣ оғоз шудааст. Ба қавле соли 2006 кӯҳканон ҳангоми ҷустуҷӯҳои заминшиносӣ дар ин маҳал нақбҳои истихроҷи лаълро ёфтаанд, ки тақрибан ба қарнҳои 8-9-и мелодӣ рост меояд.

Дар деҳаи Сист, ки ҳамҷавор бо Кӯҳи Лаъл аст, қалъаи харобест, ки ба замони хилофати Ҳорунаррашид, халифаи аббосӣ, нисбат дода мешавад.

Ривояте низ ҳаст, ки гӯё дар қарнҳои 6-7-и милодӣ, дар замони хилофати араб заминларзаи шадиде рух дод ва чӯпоне аз фурӯрафтагии замин лаълпораҳое пайдо кардааст. Баъдан лаълпораҳо ба дасти арабҳо расида ва онҳо аз вуҷуди маъдан огоҳ шуда ва ба истихроҷи он оғоз кардаанд.

Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ дар охири асри 19-и милодӣ Кӯҳи Лаъл таҳти тасарруфи афғонҳо қарор гирифта, бо фармони Абдураҳмонхон, шоҳи вақти Афғонистон, Алимуҳаммадхони Баргит масъули истихроҷи маъдан дар ин маҳал таъйин шудааст. Ин амалдори Абдураҳмонхон дар истихроҷ ва коркарди лаъл аз нерӯи сокинони рустоҳои наздик аз ҳар ду сӯйи рӯдхонаи Панҷ ба унвони ғуломони кӯҳкан ва регкаш истифода мекардааст. Пас аз ҳамроҳ шудани Помир ба Русия, Алимуҳаммадхони Биргит ба Афғонистон фирор кард ва ин маъдан аз баҳор то тирамоҳ дар дасти русҳо ва баъд аз масдуд шудани роҳҳо аз тирамоҳ то баҳор дар дасти афғонҳо қарор доштааст. Баргит сарбозони худро дар роҳи Уши Қирғизистон гузошта, ба ин васила аз оғози ҳамлаи русҳо огоҳ мешудааст. Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, то даҳсолаҳои наздик дар рустои Кӯҳи Лаъл манзили дуошёнаи Баргит вуҷуд доштааст, вале баъдан тахриб шудааст.

Дар гузашта кӯҳканон барои истихроҷи лаъл аз метину болға ва шохи нахчир истифода мекарданд. Боре ҳам дар пайи лағзиши кӯҳ чиҳил нафар кӯҳкан ва 50-нафар регкаш кушта шудаанд.

Дар оғози ҳукумати Шуравӣ кор дар маъдани Кӯҳи Лаъл мутаваққиф шуда ва танҳо дар соли 1958 дар ин ҷо ҳайати заминшиносии Помир ба кор оғоз кард. Чанде қабл дар ин маъдан кӯҳканони ширкати мавсум ба “Ҷаммаст” ба истихроҷи лаъл машғул буданд.

 

ТОРИХИ ИСТИХРОҶИ ЛАЪЛИ БАДАХШОН

 

Бар асоси ривоёт ва мустанадоти торихӣ дар қарни ҳафтуми милодӣ пас аз як заминларзаи шадид дар кӯҳҳои Помир сахраҳо шикофтанд ва булурҳои дурахшон ва сурхранги лаъл намоён шуданд.

Авҷи истихроҷи ҳирфаӣ аз ин маъдан байни асрҳои 9 то 15 милодӣ ва ҳамзамони ҷодаи абрешим буд. Марко Поло низ дар сафарномааш ба истихорҷи ин санги гаронбаҳо ишора кардааст.

Бояд як нуктаро зикр кард, ки то охири асри 18 илми коншиносӣ тавоноии тамойиз миёни ёқути сурх (рубин) ва лаъл (шпинел)-ро надошт. Ба ҳамин далел маъруфтарин лаълҳои Бадахшон ба номи ёқут дар торих сабт шуданд.

Лаълҳои машҳури ҷаҳон: ҷавоҳироти маъруфе чун “ёқути парниси сиёҳ” (180 қирот), “ёқути Темур” (361 қирот дар тоҷи подшоҳи Бритониё, лаъли тоҷи Екатеринаи кабир, Русия, “лаъли Сомарӣ” (500 қирот) дар музейи ҷавоҳироти миллии Эрон, ҳамагӣ дар воқеъ лаълҳои истихроҷшуда аз маъдани Кӯҳи лаъли Бадахшон ҳастанд.

Яке аз вижагиҳои хоси лаъли Бадахшон ин аст, ки сангҳои кӯчаки он маъмулан арғувонианд. Аммо ҳарчи андозаи санг бузургтар бошад, ранги сурхи он амиқтар, ғанитар ва шабеҳ ба ранги шоҳтут ё олуболу мегардад.

 

ЛАЪЛИ БАДАХШОН ДАР

ОСОРИ ШОИРОНИ БУЗУРГИ ФОРС-ТОҶИК

 

Лаъли Бадахшон ба далели ранги беназир шаффофият ва хостгоҳи кӯҳистонияш дар шеъри форсӣ ба унвони намоди зебоӣ ва бебадил, арзиши воло, камол ва ҳамчунин мафоҳими орифона ба кор рафта аст. Ин гуҳари гаронбаҳо илҳомбахши шоирони порсигӯ будааст. Дар ирфон ва адабиёти рамзолуди форсӣ лаъли Бадахшон танҳо як санги қимате нест, балки намоде аз сайру сулуки душвор барои расидан ба камол аст. Дар идома аслитарин маъонӣ ва тафосири ирфонии лаъли Бадахшон омадааст.

Хоҷа Ҳофиз ин санги қиматро бо аризишҳои ноб ва пок муқоиса карда, дар яке аз машҳуртарин абёти худ мегӯяд:

Дар Бадахшон лаъл агар аз санг меояд бурун,

Об рукне чун шакар аз танг меояд бурун.

Саъдии Шерозӣ лаъли Бадахшонро намоди арзиши зоти ношӣ аз кимёӣ медонад ва дар яке аз рубоиёти худ мегӯяд:

Гар санг ҳама лаъли Бадахшон будӣ,

Пас қимати сангу лаъл яксон будӣ.

 

Дар ашъори Соиби Табрезӣ ин лаъл мазҳари зебоӣ ва дурахшаш хиракунанда аст, ки аз дили сахти санг берун меояд:

Зи рашки он лаби ёқутранги лаъли Бадахшон,

Чу лола аз ҷигари санг доғдор барояд.

 

Баррасии амиқтари ин тавсифот ва мафоҳим нишон медиҳад, ки лаъли Бадахшон на танҳо як санги зиннатӣ дар адабиёт, балки намоде барои қалбҳои пок ва ҳақоиқи пинҳон дар каломи шоирони барҷаста будааст. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ мефармояд:

Офтоб рухаш имрӯз зиҳӣ хуш, ки битофт,

Ки ҳазорон дил аз ӯ лаъли Бадахшон шудааст.

 

Саноии Ғазнавӣ:

Гар ту ранг ориву тира шавӣ ғам нахӯрам,

Санг агар лаъл шавад ҷуз ба Бадахшон нашавад.

 

Соиби Табрезӣ:

Зи лола шуд дару девор ҷомаи фонӯс,

Фурӯғи гул ҷигари хокро Бадахшон кард.

 

Бедили Деҳлавӣ:

Ҷаҳонеро зи ҳасрат сӯхт, ин дунёи беҳосил,

Чи ёқуту кадомин лаъли оташ дар Бадахшонаш.

 

Иқболи Лоҳурӣ:

Фикри рангинам кунад назр тиҳи дастони шарқ,

Пораи лаъле, ки дорам аз Бадахшони шумо.

 

Хоҷаи Кирмонӣ:

Бо ақиқи лаби ӯ лаъли Бадахшон камгир,

Бо лаби орази ӯ лолаи Нуъмон камгир.

 

Амир Хусрави Деҳлавӣ:

То ду ёқути лабат Хусрави бечора бидид,

Ҳама аз дидаи ӯ лаъли Бадахшон рӯид.

 

Дар адабиёти ирфонӣ лаъли Бадахшон сирфан як санги қимате нест, балки олитарин намоди зебоӣ, камоли рӯҳонӣ ва таҷаллии зоти Илоҳӣ аст. Ин санг истиорае аз “лаби маъшуқ”, “майи сурх”, “ашки хунини ошиқ” ва “ҷони пок” ба шумор меравад, ки дар роҳи сулук ба даст меояд.

Лаби маъшуқ таҷаллии Илоҳӣ): Дар ирфон лаби маъшуқ сарчашмаи ҳаёт, файз ва каломи Илоҳӣ аст, ки ҷони ошиқро тоза мекунад.

Ранҷ ва хуни дил дар сулук: Лаъл дар дили торики санг ва кӯҳ шакл мегирад. Орифон муътақиданд, ки расидан ба камоли маънавӣ низ ниёзманди таҳаммули сахтиҳо ва полоиши рӯҳ дар “кӯҳ”-и риёзат аст.

Ашки хунини ошиқ: Дар бархе абёт лаъл ба ашки сурхе ташбеҳ шуда, ки аз чашми ошиқи ҳиҷронкашида ҷорӣ мешавад.

Асолати зоти инсон: Носири Хусрав шоир ва орифи бузург лаъли Бадахшонро намоди гуҳари поки ҷони инсон медонад, ба ин маъно, ки ҷойгоҳи зоҳирӣ ва муҳит перомуни арзиш ва гавҳари дарунии як рӯҳи покро тағйир намедиҳад ва пок мемонад.

Мунаввари САФАР,

ходими пешбари илмии ПИТФИ

 

                                                                                     

барчасп: