Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ, Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама самтҳои иҷтимоӣ ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки соҳаи фарҳанг аз ин пешравӣ дар канор намондааст. Чунки фарҳанг дар шинохт ва муаррифии миллату давлат маҳаки асосӣ ба ҳисоб меравад. Бунёд ва таъсиси муассисаҳои фарҳангӣ бошад, аз ҳадафҳои асосии самти фарҳанг ба шумор рафта, муассисаҳои фарҳангӣ ҷиҳати таъмини фароғати мардум макони созгор мебошанд.
Маврид ба зикр аст, ки гуруҳи кории кормандони шуъбаи фаъолияти иҷтимоӣ фарҳангии ПИТФИ тӯли чанд рӯзи охир дар сафари хидматӣ дар вилояти Суғд қарор доштем.
Дар ҷараёни сафар бо мудири шуъбаи фарҳанги ноҳия Қосимӣ Бимоҳру ҳамсуҳбат шудем. Ӯ моро бо сарварони муассисаҳои соҳаи фарҳанг шинос кард.
Дар раванди сафари хизматӣ гурӯњи кории мо аз бахшҳои фарҳангии ноҳия дидан карда, бо кормандони соҳа мулоқот доир намудем. Мувофиқи нақшаи корӣ самти фаъолияти мо омӯзиши вазъ ва ҳолати қаср, клуб, осорхонаҳо ва хонаҳои фарҳангиро дар бар мегирифт.
Ошкор гардид, ки дар ноҳия айни ҳол чунин муассисаҳои фарҳангӣ фаъолият менамояд: 2- хонаи фарҳангии деҳот, 1 хонаи фарҳангии ноҳия, 15 клубҳо, 1 осорхонаи ҷумҳуриявӣ ба номи Бобоҷон Ғафуров, 31 китобхона, 2 қасри фарҳанг - қасри фарҳанги маркази ноҳия ва қасри фарҳанги ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов, ки бо иштироки Пешвои милат Муҳтарам Эмомали Раҳмон санаи 31.03.2019 кушода шуд.
Қасри фарҳангие, ки дар маркази ноҳия қарор дорад, аз 2-(ду) ошёна иборат буда, бино бо тамоми шароити замонавӣ сохта шудааст, дар дохили муассиса 1 китобхона, 1 синфхонаи рассомӣ, 1синфхонаи компютерӣ, 1 синфхонаи дузандагӣ, студияи сабти овоз, толори барҳаво шумораи курсиҳояш бошад 310 ҷои нишастро дар бар мегирад ва як синфхонаи ҳунарҳои мардумӣ, 1-мактаби санъат ба номи Муҳамадмирзо Ризоев, ансамбли «шашмақомхонон» ва ансабли созию овозӣ ва рақсии «Бунафша» фаъолият менамояд.
Муассисаҳои фарҳангии ноҳияи мазкур ҳама чорабиниҳои сиёсиву фарҳангиро дар якҷоягӣ бо дигар мудирон ва кормандони клубҳои деҳот мегузаронанд. Ҳангоми омӯзиши ҳолати муассисаҳои фарҳангии ноҳия муайян гардид, ки кормандон новобаста аз мушкилоти ҷойдоштаи соҳа корро бо маром идома дода, дар чораӣиниҳои сатҳи ноҳиявию шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат меварзанд.
Илова ба ин, дар ин гузориш мехоҳам дар бораи ҳолати феълии Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи Бобоҷон Ғафуров маълумот диҳам.
Осорхона ба ҳаёт ва фаъолияти ходими барҷастаи давлатӣ ва олими намоёни халқи тоҷик академик Бобоҷон Ғафуров бахшида шудааст. Он дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ бунёд гардида, соли 1998 ба ифтихори 90-солагии бузургдошти Қаҳрамони Тоҷикистон кушода шудааст.
Сарвари осорхона Муқаддам Ҳошимзода ҳангоми боздид аз таърихи бунёди осорхона ёдовар шуда, гуфт, ки лоиҳаи аввалини бунёди он соли 1986 бо ташаббуси Комитети ҲК ноҳияи Ленинобод ба миён омада буд. Соли 1989 аввалин «Хона - музеи академик Бобоҷон Ғафуров» бо кор оғоз намуд.
14 ноябри соли 2023 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия ташриф оварда, аз рӯйи Муҷассамаи академик Бобоҷон Ғафуров пардабардорӣ намуданд. Муҷассамаи Қаҳрамони Тоҷикистон, ки дар саҳни Осорхона қомат афрохтааст, аз масолеҳи хушсифат бо санъати баланд сохта шудааст. Таҳпояи муҷассама 2,6 метр буда, баландии худи муҷассама 4,2 метрро ташкил медиҳад. Дар тарафи чапи муҷассама шоҳасари мондагор ғ “Тоҷикон” ҷой дода шудааст, ки бешубҳа аз муҳиммияту арзиши гарони ин офарида башорат медиҳад. Барои зебу зинат додани таҳпояи муҷассама сангҳои ороишии баландсифат бо истифода аз услуби хоси меъморӣ истифода гардидааст.
Сарвари давлат бинои Осорхонаро пас аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо фаъолияти он шинос шуданд.
Осорхонаи ҷумҳуриявӣ маркази бузурги илмию фарҳангӣ, маърифатӣ, тарбиявӣ-маънавӣ ва таблиғотӣ-ташвиғотӣ буда, аз 18 гӯшаи алоҳида иборат мебошад. Дар осорхона нигораҳо аз рӯйи хусусияти хронологӣ ҷойгир шуда, кору зиндагӣ, фаъолияти пурсамар дар бахшҳои гуногун, дастовардҳои илмӣ, офаридаҳои гаронарзиш ва мукофоту туҳфаҳои академик Бобоҷон Ғафуровро фаро мегиранд.
Дар осорхона гӯшаҳое, чун “Даврони наврасӣ, таҳсил ва ташаккули Бобоҷон Ғафуров”, “Оғози фаъолияти меҳнатӣ: Бобоҷон Ғафуров корманди комсомол ва рӯзноманигор”, “Мероси мактуб: мукотиботи Бобоҷон Ғафуров” ва дигар бахшҳо ҷой дода шудаанд. Ҳамчунин як гӯшаи осорхона ба китоби “Тоҷикон” бахшида шудааст. Дар ин гӯша асосан намунаи асбобу олоти гуногуни қадимӣ, намунаи ашёву ҳунарҳои мардумӣ, деворнигораҳои Панҷакенти қадим, ки дар китоби “Тоҷикон” бо таҳқиқи дақиқи академик ҳамчун далели раднопазири таърихи куҳани миллати тоҷик дарҷ ёфтаанд, ҷой дода шудаанд.
Дар Осорхонаи ҷумҳуриявӣ ҳамчунин, сару либос, мизу курсии корӣ, расмҳои гуногун аз фаъолияти кориву рӯзгори академик ҷойгир буда, дар ин баробар нусхаи мукофоту ҷоизаҳои ӯ дар гӯшаҳои алоҳида гузошта шудаанд. Пас аз навсозиву таъмир ифтитоҳ гардидани ин иншоот, бешубҳа, ба тарғибу ташвиқи мероси таърихию фарҳангӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ намудани нигораҳои ҷамъовардашуда ва рушди таҳқиқу омӯзиши бештари рӯзгори академик Бобоҷон Ғафуров мусоидати амиқ менамояд. Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд навсозӣ гардид.
Экспонатҳо, аксҳо, ҳуҷҷатҳои бойгонӣ ва осори илмии академик Бобоҷон Ғафуров дар се толор ҷойгир шудаанд:
Толори 1 дар бораи таърихи навишта шудани шоҳасари академик Бобоон Ғафуров “Тоҷикон” бахшида шудааст.
Дар толори 2 ҳаёт ва фаъолияти ходими барҷастаи давлатӣ ва олими намоёни халқи тоҷик академик Бобоҷон Ғафуров таҷассум ёфтааст.
Аз толори 3 дар бораи саҳми Бобоҷон Ғафуров дар бораи инкишофи илми таърих ва шарқшиносӣ маълумот метавон гирифт. Дар охири толор экспонатҳо, аксҳо, ҳуҷҷатҳои бойгонӣ доир инкишофи муосири Тоҷикистон ҷойгир
Аз нахустин рӯзҳои фаъолияти осорхона, он ба маркази маърифат ва боргоҳи илми таъриху кишваршиносии кишвар табдил ёфтааст. Дар фаъолияти осорхона шаклҳои гуногуни кори оммавӣ-тарғиботӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ, маърифатӣ-тарбиявӣ гузаронида мешаванд, ки барои меҳмонон, сокинони вилоят, ҷавонон ва кӯдакон нигаронида шудаанд.
Ҳамин тариқ, кормандони осорхона дар омодаву таълифи асарҳои бадеӣ саҳми хешро гузошта истодаанд. Аз ҷониби онҳо якчанд қомусу асарҳои бадеӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ ба табъ расидаанд. Аз соли 2015 нашрияи даврии осорхона рӯзномаи «Ёднома» таълиф гардида ба сокинони ноҳия барои мутолиа тақсим карда мешавад.
Кормандони осорхона мунтазам доир ба истиқболи ҷашнҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ чорабиниҳои оммавӣ-тарбиявӣ, намоишномаҳои нав ба нави нигораҳои осорхонаро омода месозанд.
Кормандони шуъбаи фаъолияти
иҷтимоӣ-фарҳангии ПИТФИ
Табаров Н.С.,
Шарипов А.,
Ҷураев А.

