Ноҳияи Ишкошим дорои 45 деҳа буда, яке аз деҳаҳои он Намадгут ном гирифтааст, ки номи таърихӣ буда, забоншиносон маънои онро аз калимаи “Намата-гата” забони куҳани форсӣ, макони зиёрату ибодат маънидод кардаанд. Дар ин деҳа зиёда аз 17 ёдгории таърихӣ ва манзараҳои зебову нотакрори табиат ҷойгиранд.
Марбут ба мазори Шоҳи Мардон муҳақиқ Болдирев А. дар асараш “Бадахшанский фольклор (1948)” чунин нигоштааст: “Дар поёни вайронаи қалъаи Қаҳқаҳа дар канори замини киштзор мазоре ҷойгир ҳаст, ки атрофи онро девор гирифтаанд ва дар пеши он чанд бех зардолу вуҷуд дорад. Ин мазор бо номи Шоҳи Мардон маъруф аст. Мазори Шоҳи Мардон дар назди қалъаи Қаҳқаҳа воқеъ гардидааст. Деворҳои мазори Шоҳи Мардон аз санг бардошта шудааст. Аз рӯи нақлу ривоятҳои халқӣ то ба ҷанг омода шудани Қаҳқаҳа, ҳазрати Алӣ бо тарафдорони худ дар ин ҷо муваққатан маскан гирифтааст. Изи пои асп ва асояш аз он замон то ба имрӯз дар рӯйи санг боқӣ мондааст.
Бояд гуфт, ки зимни омӯзиши ҷойҳои таърихӣ мо ба факту далел такя мекунем, ҳамзамон ривоятҳои мардумиро низ сабт мекунем. Таърих ва пайдоиши Мазори Шоҳи Мардон дар асоси асотир ва ё мифалогия собит мегардад. Чунки аз рӯи ҳаққиқати таърихӣ ҳазрати Алӣ ҳеҷ гоҳ ба Бадахшон сафар накардааст наомадааст. Аслан ин боварҳо ва ривоятҳо аз рӯи эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ дар байни мардум пайдо мешаванд.
Гуфтаҳои халқӣ вуҷуд дорад, ки то солҳои наздик баъзе сокинони деҳаи Намадгут ба ин ҷо гусфанд оварда қурбонӣ мекарданд ва гушти қурбониро ба мусофирон чун ғизои табаррук медоданд, ки тибқи боварии мардум он гуё ҳадяи Шоҳи Мардон маҳсуб меёфтааст.
Сайёҳи даниягӣ О. Олуфсен (1898) менависад, ки баландии девори мазори Шоҳи Мардон ду метр буда, дар байни бино суфа, болои он чароғдонҳо барои пилтагиронӣ ҷой дода шудаанд. Аз рӯи суфа ду ходачӯби баланди дароз аз сурохии шифти мазор ба бом ва аз он ҳам баландтар мебарояд. Дар нуги ҳар дуи он ходачӯбҳо қуббаҳои биринҷӣ ва гилини осмониранг шинонида шудаанд, ки ҳангоми ба онҳо расидани нури офтоб ҷило медиҳанд”.
О. Олуфсен илова менамояд, ки дар рӯи суфачаи мазор қолсангҳои калон, шохи нахчир гузошта шудаанд. Дар бом байрақҳои сурху сафед ҷилва медиҳанд. Ба гуфти сайёҳи даниягӣ бояд илова намуд, ки панҷ қолсанги мазор аҳаммияти таърихӣ дошта, яке аз се шарти муборизаи байни Ҳазрати Алӣ ва Қаҳқаҳа бо ин қолсангҳо анҷом ёфтааст. Солҳои 80-уми асри ХХ бинои мазор аз тарафи мардум аз нав обод гардид.
Дар рӯзҳои Наврӯз, идҳои Қурбону Рамазон дар ин ҷо далилак (пилтачароғак) низ дармегиронданду ояти Қуръонро тиловат мекарданд. Қадамгоҳи Шоҳи Мардон дар боғи назди қалъа ҷой гирифта, ба андозаи 3х3 девор шудааст.
Мардуми Вахон ин ҷойи муқаддасро асрҳо боз зиёрат ва нигаҳдорӣ мекунанд. Сокинони бумии ин минтақа дар рӯзҳои иду сафар, вақти бозгашт, ҳамчунин дар ҳолатҳои дидани хобҳои парешон, паҳншавии бемориҳо, ҳангоми сар задани офатҳои табиӣ ва дигар рӯзҳои сахте, ки ба сарашон меояд, ба мазор мераванд, зиёрат мекунанд, пилта дар мегиронанд, аз гуноҳҳои содиркарда истиғфор мекунанд ва ба роҳи ростӣ аз нав раҳсипор мешаванд.
Ривоят мекунанд, ки “Ҳазрати Алӣ ба Қаҳқаҳа дар ҳамин майдон се шарт пешниҳод менамояду бо ӯ бозӣ мекунад. Шарти аввали он ба ҷо овардани қолбозӣ будааст. Сангҳоро ба ҳаво партофта, онҳоро дошта мегирифтанд, вале одамони Қаҳқаҳа аз уҳдаи ин бозӣ набаромада, чанд тани онҳо дар ин бозӣ ҳалок шуданд. Шарти дуюми бозӣ аз он иборат будааст, ки ҳангоми давидани асп ба пойи вай наъл мекарданду боз наълашро канда мегирифтанд. Савораҳои Қаҳқаҳа ин шартро ҳам бохтанд. Рӯзи дигар ба шарти сеюм, яъне гуштингирӣ шурӯъ мекунанд. Зимни ба иҷро овардани шарти сеюм паҳлавонони зиёди Қаҳқаҳа ҳалок мешаванд. Оқибат Қаҳқаҳа ба қаҳр омада ба майдон мебарояд. Ӯ се маротиба ба Ҳазрати Алӣ ҳуҷум карда, бо шамшер зарба мезанад, вале ҳар се маротиба зарбаҳояш баргардонида мешаванд. Ҳазрати Алӣ бо як зарба Қаҳқаҳаро ба замин мезанад. Сангҳое, ки гӯё дар ин набардҳои шартӣ истифода шудаанд то ҳол вуҷуд доранд.
Мавриди зикр аст, ки қалъаи Қаҳқаҳаи ноҳияи Ишкошим аз маркази ВМКБ шаҳри Хоруғ дар масофаи 115 км ва аз маркази ноҳия дар масофаи 5 км ба самти ҷанубу шарқӣ дар баландии 2642 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Мавқеи ҷойгиршавӣ чунин аст. Қалъаи Қаҳқаҳа яке аз калонтарин қалъаҳои ВМКБ ба шумор меравад. Қалъа дар болои шухи калону баланд сохта шудаааст. Аз ин баландӣ манзараи зебои деҳаҳои гирду атрофи қалъа, Вахони ҳар ду соҳил (Тоҷикистону Афғонистон) назаррабоянд. Қалъа дар асри 3 пеш аз милод сохта шуда, барои ҳимояи Вахон аз душман бунёд шудааст. Хишти деворҳои он ба хишти қалъаҳои Суғд, Фарғона шабоҳат доранд. Аз рӯи ривоят ҳокими қалъаи Қаҳқаҳа худ аз сабаби он ки бошандагони қалъа ба оини Зардуштӣ мансубият доштаанд, либоси сиёҳ мепӯшиданд ва онҳоро “сиёҳпӯшон” мегуфтанд.
Масоҳати қалъа 18 га буда, 54 манора ва се дарвоза доштааст. Баландии деворҳои қалъа 7 метр буда, дар болои он муҳофизон мегаштаанд. Аҷаб аст, ки бо гузашти беш аз 2300 сол баъзе аз деворҳои қалъа бо вуҷуди фарсуда шудан, боқӣ мондаанд. Ба қавле сири мустаҳкамии хиштҳо зимни сохтан гӯё илова кардани пашми шутур ва шир мебошад. Назар ба гуфтаи директори осорхонаи Ишкошим Зиннатшо Муминшоев, чанде қабл аз тарафи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба маблағи 500 ҳазор сомонӣ як қисмати девор пӯшонда шуд.
Тибқи ривоятҳои мардумӣ ҳокими қалъаи Қаҳқаҳа, Қаҳқаҳа ном шахси азимҷусса будааст. Онҳо дар оила ду бародару ду хоҳар будаанд. Қаҳқаҳа дар қалъаи Қаҳқаҳа, бародараш Зангибор дар қалъаҳои Ямчун ва Исор, як хоҳараш Зулхумор дар қалъаи Зулхумори назди Ямчун ва хоҳари дигараш Зулҳашам дар қалъаи сиёҳпуштаи Вахони Афғонистон ҳоким будаанд.
Бояд ёдовар шуд, ки як қалъа дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд ва қалъаи дигар айнан бо ин ном дар Санглеҷи Афғонистон боқӣ мондаанд.
Шамсуддин АБДУЛЛОЕВ,
мудири шуъбаи фарҳанг
ва санъатшиносии ПИТФИ


