Соли 1985 дар шаҳри Киркуки Ироқ ба мутахассисони каналсози Шуравӣ ба ҳайси сартарҷумон ифои вазифа доштам. Хонаи ман дар даромадгоҳи шаҳраки мутахассисони Шуравӣ қарор дошт. Рӯзи истироҳат буд. Мошини “Таёта Ландкрузер”-и пурчангу хок бо рақамҳои ношинос омада, дар назди хонаам истод ва ду нафар аврупоинажод аз он фуромаданд. Чун ин манзараро аз тиреза медидам, зуд ба наздашон баромадам. Салому пурсупоси мо ба забони русӣ сурат гирифт. Яке забони русиро кам-кам медонист. Маълум шуд, ки онҳо олмонӣ буда, роҳгум задаанд ва ширкати худро наёфта, хеле овора шудаанду сӯзишвориашон тамом шуда, худ ташнаву гурусна мондаанд.
Зуд онҳоро ба хона таклиф кардаму баъд аз шустушӯ онҳоро сари миз шинондам ва онро бо хӯрданиву нушиданӣ оростам. Ош дам хурда буд. Палови тоҷикиро ба табақи калоне кашида, дар байн гузоштам. Пас аз хӯрок ба ронандаамон Алексей фармоиш додам, ки мошинашонро бо сӯзишворӣ пур кард ва ҳамзамон нишони ширкаташонро ба онҳо фаҳмондам. Онҳо ба ман пул дароз карданд, рад кардам ва гуфтам, ки дар оини мо аз меҳмон пул гирифтан роиҷ нест. Ба ҳайрат афтоданду пурсиданд: -Кистӣ аз куҷоӣ? Бо ифтихор гуфтам: -Тоҷикам, аз Тоҷикистонам. Сарафканда гуфтанд, ки намедонем. Ҳарчанд ба онҳо фаҳмондам, ки Тоҷикистон дар ҷануби Иттиҳоди Шуравӣ воқеъ гардида, пойтахташ Душанбе мебошад. Инкор карданд, ки нашунидаем. Гуфтам: - Помир, Боми ҷаҳонро шунидаед? Хурсандона сар ҷунбонда, тасдиқ карданд, ки медонем. Гуфтам: -Помир-Боми ҷаҳон дар Ватани мо Тоҷикистон воқеъ гардидааст.
Боиси ифтихор аст, ки пас аз истиқлол кишвари моро беш аз 190 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохт. Бахусус Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони ҷангзадаро ба як кишвари амну рушдёбанда ва шукуфо табдил дод ва бо ташаббусу ибтикороти хеш дар сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла қабули пешниҳодот дар масоили ҳаётан муҳими башарият-об ва сулҳ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид саҳми арзанда гузошт.
БАДАХШОН МИНТАҚАИ САЙЁҲӢ
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон яке аз манотиқи ҷолиби сайёҳӣ маҳсуб ёфта, бо дараву рӯдҳои шӯх, кӯлҳо, кӯҳҳои сар ба фалак кашида ва манзараҳои ҷаззобу беҳамто дар ҷаҳон шуҳрат пайдо кардааст. Ба рушди соҳаи сайёҳии Бадахшон мавҷудияти ҷойҳои таърихию табобатӣ, ба монанди кӯли Сарез, осоишгоҳҳои Гармчашма, Авҷ, Ямчун, Ҷелондеҳ, Бибӣ Фотимаи Заҳро, қаторкӯҳҳои баландтарини сар ба афлок, пиряхҳои лоҷувардӣ мусоидат менамоянд.
Ҳанӯз соли 2013 Парки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯйхати Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид, ки Ватани моро ба ҷаҳониён дар самти рушди сайёҳии экологӣ муаррифӣ намуд.
Ҳамзамон Боғи ботаникии Помир дурдонаи сабзи Бадахшон буда, беш аз 80 сол ин ҷониб таваҷҷуҳи оламиёнро ба худ ҷалб кардааст ва дар сарсабз гардондани на танҳо доманакӯҳҳои кишвар, балки хориҷи мамлакат низ нақши муҳим мебозад. Боғи ботаникии Помир аз ҷиҳати баландӣ дар ҷаҳон ҷои дуюм ва аз ҷиҳати намудҳо дар Осиёи Миёна ҷои якумро ишғол мекунад. Дар боғи мазкур чор ҳазор намуди наботот ва аз худи себ 26 намуд парвариш карда мешавад. Дар оянда сохтани сехҳои коркарди мева, рустаниҳои доруворӣ, бунёди меҳмонхонаи замонавӣ барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ дар назар аст.
Ҳар сол теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ маҳз барои боздид аз мавзеъҳои сайёҳии вилоят ба кишвар ворид шуда, ба намудҳои сайёҳии кӯҳнавардӣ, экологӣ ва экскурсионӣ машғул мешаванд. Дар вилоят Ассотсиатсияи экологӣ-фарҳангии сайёҳии Помир таъсис дода шудааст, ки зиёда аз 12 субъекти хоҷагидор ва соҳибкорони инфиродии соҳаи сайёҳиро муттаҳид месозад. Дар ҳудуди вилоят 50 меҳмонхонаи хурд фаъолият мекунанд, ки мақсади асосии таъсис додани ин меҳмонхонаҳо паст кардани сатҳи бекорӣ ва баланд бардоштани дараҷаи хизматрасонӣ ба сайёҳон мебошад.
Мавриди зикр аст, ки дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 4 осоишгоҳ вуҷуд дорад. Яке дар ноҳияи Шуғнон дар водии Ҷелондеҳ ва сетои дигар дар ноҳияи Ишкошим: Авҷ, Гарм Чашма, Бибӣ Фотимаи Заҳро воқеъ гардидаанд.
Ишкошим яке аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистони кишвар буда, таърихи ин сарзамин аз даврони қадим ибтидо гирифтааст. Маънои калимаи Ишкошим “Сакошим” яъне ватани Сакоиҳо мебошад. Сакошим дар асрҳои VII-VI-и пеш аз мелод маркази маъмурии қавмҳои ориёитабор – тоифаҳои ҳинду эрон будааст. Шоҳроҳи овозадори кули Осиё, яъне “Шоҳроҳи Абрешим” аз ҳамон давра аз ҳудуди водии Вахони ноҳияи Ишкошими ҳозира мегузашт.
Ноҳияи Ишкошим 27 октябри соли 1922 дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шуд. Он бо ҷойҳои хушманзараву ёдгориҳои таърихӣ, обҳои минералии шифобахш, аз ҷумла нарзан на танҳо дар ҷумҳурӣ балки дар хориҷи кишвар маъруф аст. Ҳамасола аз тамоми гӯшаю канори мамолики дуру наздик теъдоди зиёди беморон барои табобат, сайёҳони зиёде барои сайёҳат ба ноҳияи Ишкошим ташриф меоранд. Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки ноҳияи Ишкошим дорои 103 ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ, 26 чашмаҳои гарму дармонбахш ва зиёда аз 118 намуди гиёҳҳои шифобахш мебошад.
Дар ноҳияи Ишкошим минтақаҳои истироҳатӣ, барои ҷалби туристон ба монанди истироҳатгоҳҳои Гармчашма, Авҷ, Биби Фотимаи Заҳро ва мавзеъҳои тамошобоб, Қалъаи Қаҳқаҳи деҳаи Намадгут, Қалъаи Буддоии деҳаи Вранг, Қалъаи Ямчун, Петроглиф (тасвирҳои рӯи санг)-и деҳаи Лангар, Аждаҳосанги деҳаи Ширгин, осорхонаи Муборак Қадами вахонӣ дар деҳаи Ямг, Шоҳ Қамбари офтоби деҳаи Лангар, осорхонаи Ансории деҳаи Вранг ва осорхонаи муассисаи таҳсилоти умумии №21-и ба номи Иброим Исмоилови маркази ноҳия мавҷуданд.
ҚАЛЪАИ ҚАҲ-ҚАҲА
Зимни сафари хидматӣ ба ноҳияи Ишкошим моро директори осорхонаи Намадгут Зиннатшо Муминшоев ба қалъаи Қаҳ-қаҳа роҳбаладӣ кард. Мавриди зикр аст, қалъа аз маркази ВМКБ шаҳри Хоруғ дар масофаи 115 км ва аз маркази ноҳия дар масофаи 5 км дар самти ҷанубу шарқӣ дар баландии 2642 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардидааст. Қалъаи Қаҳ-Қаҳа яке аз калонтарин қалъаҳои ВМКБ ба шумор меравад ва дар болои шахи калону баланд сохта шудааст. Аз ин ҷо манзараи зебои деҳаҳои гирду атрофи қалъа Вахони ҳар ду соҳил (Тоҷикистону Афғонистон) дида мешавад. Аксари муҳаққиқон дар асоси ривоятҳои мардумӣ ин қалъаро ба «сиёҳпӯшон» нисбат додаанд. Дар назди қалъаи Қаҳ-Қаҳа дар шафати роҳ остон ва осорхонаи Шоҳи Мардон (Ҳазрати Алӣ) аст. Мувофиқи ривоятҳои мардумӣ ҳокими қалъа Қаҳ-Қаҳа ном шахси азимҷусса будааст. Онҳо ду бародару ду хоҳар будаанд. Қаҳ-Қаҳа дар қалъаи Қаҳ-Қаҳа, бародараш Зангибор дар қалъаҳои Ямчун ва Исор, як хоҳарашон Зулхумор дар қалъаи Зулхумори назди Ямчун ва хоҳари дигарашон Зулҳашам дар қалъаи сиёҳпуштаи Вахони Афғонистон ҳоким будаанд.
Ба қавле бошандагони қалъа кофир ва сиёҳпуш буда, ба мардуми осоишта зулму ситам кардаанд. Ҳазрати Алӣ бо писаронаш Ҳасан ва Ҳусайн ба ҳайси бозаргон омада, бо кӯмаки вазири Қаҳ-Қаҳа Мубошир вориди қалъа мешаванд.
Байни паҳлавонони Қаҳ-Қаҳа ва Ҳазрати Алӣ дар се намуди варзиш мусобиқа мешавад. Ҳазрати Алӣ ва писаронаш ғолиб меоянд. Ҳазрати Алӣ Қаҳ-Қаҳаро ба ислом даъват мекунад. Қаҳ-Қаҳа даъваташро напазируфта бо ў ба ҷанг медарояд. Ҳазрати Алӣ Қаҳ-Қаҳаро мекушад. Як қисми сокинон исломро қабул мекунанд ва он қисмате, ки дини исломро қабул намекунанд ба Нуристони кунунӣ рафта сокин мегарданд.
Ривояти дигаре вуҷуд дорад, ки гӯё замоне дар ин ҷо шоҳзодае бо номи Қаҳ-қаҳа ҳукмронӣ мекард ва ин қалъа ба ифтихори ин шоҳзода номгузорӣ шудааст. Аммо ақидаи дигар низ вуҷуд дорад, ки истилоҳи «қаҳ» дар яке аз забонҳои қадим маънои қалъаро дошт. Бо назардоште, ки дар дохили қалъа боз қалъа бунёд гардидааст, аз ин рӯ он номи «Қаҳ-қаҳа», яъне қалъа андар қалъа, яъне қалъа дар дохили қалъаро гирифтааст.
Бояд ёдовар шуд, ки бо номи Қаҳ-қаҳа боз ду қалъа, яке дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд ва дигар айнан бо ин ном дар Санглеҷи Афғонистон боқӣ мондаанд.
Қалъаи мазкур дар асри II пеш аз милод сохта шуда, барои ҳимояи Вахон аз душман бунёд гардидааст. Хишти деворҳои он ба хишти қалъаҳои Суғд, Фарғона шабоҳат доранд. Масоҳати қалъа 18 га буда, 54 манора ва се дарвоза доштааст. Баландии деворҳои қалъа 7 метр буда, дар болои он муҳофизон мегаштаанд.
Дар натиҷаи ҳафриёти бостоншиносӣ муайян кардаанд, ки бунёди қалъа ба давраи империяи Кӯшониён рост меояд. Он замон роҳи Бузурги Абрешим дар авҷи рушд ва шукуфоӣ қарор дошт. Шояд маҳз ба шарофати ин роҳи бузурги тиҷоратӣ қалъаи Қаҳ-қаҳа бунёд гардид ва ҳадафи он ҳифз ва таъмини амнияти корвонҳое буд, ки аз Чин, Афғонистон ва Ҳиндустон тавассути долони Вахон мегузаштанд. Омили дуюм-ин аз тарафи Чину Тибет хавфи дохил шудани қувваҳои ҳарбӣ буд, ки ниёгонамон маҷбур шуданд чунин истеҳкому қалъаҳои устувор бунёд намоянд. Дар деворҳои қалъаи Қаҳ-қаҳа то ҳол тиркашҳо мавҷуданд.
Бобоҷон Ғафуров дар китоби “Тоҷикон” меорад, ки муҳандисони қалъасози Осиёи Миёна комёбиҳои калон ба даст овардаанд. Деворҳои рахнанопазири қалъаҳо, ки онҳоро бурҷҳои овеза, садди мураккаби таги дарвоза ва тиркашҳои бешумор боз ҳам мустаҳкамтар мекарданд, санъати қалъасозии Осиёи Миёнаро ба дараҷаи беҳтарини санъати қалъасозии он давра боло бардошта буданд. Дар водиҳои Помири ғарбӣ Қаҳқаҳа ва Ямчун барин қалъаҳои азим сохтанд, ки дар сари роҳҳои асосӣ воқеъ буданд ва силсилаи истеҳкомҳои дарозмуддати ба ҳамдигар алоқамандеро ташкил мекарданд.
Ҳайратовар аст, ки бо гузашти беш аз 2300 сол баъзе аз деворҳои қалъа бо вуҷуди фарсуда шудан, боқӣ мондаанд. Ба қавле сирри мустаҳкамии хиштҳо зимни сохтан гӯё илова кардани пашми шутур ва шир мебошад. Назар ба гуфтаи директори осорхонаи Ишкошим Зиннатшо Муминшоев, чанде қабл аз тарафи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба маблағи 500 ҳазор сомони як қисмати девор пӯшонда шуд.
Мунаввари САФАР,
ходими пешбари
илмии ПИТФӢ

