Китобхонаи марказии ба номи “Дӯстии халқҳо” ва китобхона-филиалҳои шаҳри Норак яке аз муассисаҳои муҳими фарҳангиву маърифатии шаҳр маҳсуб ёфта, ҳадафи асосии он ҷалби кӯдакону наврасон, ҷавонон ва калонсолон дар маҷмуъ, синну соли гуногун ба китобхонӣ ва баланд бардоштани савияи дониши онҳо мебошад.
Дар шаҳри Норак хамаги 16 китобхона амал мекунад, ки аз он як китобхонаи марказӣ ва 15 китобхона-филиалҳо дар ҷамоатҳои деҳот мавҷуд мебошанд. Соли таъсисёбии Китобхона 4.02.1984 мебошад. Китобхонаи марказӣ дар суроғаи 50 -солагии Норак дар бинои алоҳида ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир ҷойгир буда, дар китобхона 187448 нусха китоб мавҷуд мебошад, ки аз ин 43224 ба забони тоҷикӣ, 144224 ба забони русӣ маҳфузанд. Захраи китобхонаҳои деҳот 19467, захираи китобхонаи бачагона 16848 нусха китоб мебошад.Китобхона-филиали Братский дар маҳаллаи Свердловский ҷойгир буда, ( 8445 нусха китоб аз он 3234 ба забони тоҷикӣ, 5211 ба забони русӣ), Китобхонаи Энергетик дар маҳаллаи Энергетик (ҳамагӣ 9480 нусха китоб, аз ин 3323 ба забони тоҷикӣ, 6157 ба забони русӣ), Китобхонаи Лангар дар маҳаллаи Лангар (ҳамагӣ 2570 нусха китоб, 1346 ба забони тоҷикӣ, 1224 ба забони русӣ), Китобхонаи Деҳи Сабур, дар кӯчаи 50-солагнии Норак (ҳамагӣ 13634 нусха китоб, 1773 ба забони тоҷикӣ, 11861ба забони русӣ), китобхона-филиали бачагонаи №2 дар кӯчаи 50 - солагии Норак (ҳамагӣ 10351нусха китоб, аз ин ба забони тоҷикӣ 1048, ба забони русӣ 9303), Китобхонаи Дӯконӣ дар суроғаи Деҳаи Дӯконӣ (ҳамагӣ 3054, 2517 ба забони русӣ, 537 ба забони тоҷикӣ), Китобхонаи Чашма дар суроғаи деҳаи Чашма ( ҳамагӣ 3503 нусха китоб, аз ин 2590 ба забони тоҷикӣ, 913 нусха ба забони русӣ), китобхона-филиали бачагонаи №15 (6497 нусха китоб аз ин ба забони тоҷикӣ 1046, ба забони русӣ 5451) низ дар кӯчаи 50-солагии Норак дар бинои китобхонаи марказии “Дӯстии халқҳо” ҷойгир мебошад, Китобхонаи Чортут дар деҳаи Чортут (ҳамагӣ1234 нусха китоб, аз ин 966 нусха ба забони тоҷикӣ, 268 нусха ба забони русӣ), Китобхонаи Чал-чал дар деҳаи Чал-чал (ҳамагӣ 2605 нусха китоб, аз ин 2481ба забони тоҷикӣ, 124 нусха ба забони русӣ), китобхонаи Кибил (ҳамагӣ 2263 нусха, 1622 ба забони тоҷикӣ, 642 ба забони русӣ) дар деҳаи Кибил, Китобхони Тутқавул (ҳамагӣ 3176 нусха китоб, аз ин 30009 нусха ба забони тоҷикӣ, 167 ба забони русӣ) дар деҳаи Тутқавул, Китобхонаи Дӯстӣ (3632 нусха китоб, 3114 ба забони тоҷикӣ, 518 ба забони русӣ) дар деҳаи Дӯстӣ, Китобхонаи Даҳана (8497, 3303, 5194) дар деҳаи Даҳана ва як китобхона-филиали шаҳрӣ (12552 нусха китоб, 737 ба забони тоҷикӣ, 11815 ба забони русӣ) дар бинои Қасри фарҳанги шаҳр суроғаи Калюжники ҷойгир мебошад. Аз ин 11-китобхона бинои алоҳида дошта, панҷ китобхонаи дигар бинои алоҳида надоранд, Инҳо Китобхонаи Чал-Чал дар Вагон ва Китобхонаи Лангар дар масҷиди ғайрирасмӣ ҷойгир карда шудаанд. Китобхонаи Деҳи Сабур, Китобхонаи бачагонаи №2, Китобхонаи бачагонаи №15 бошанд дар бинои Китобхонаи марказӣ воқеъ дар суроғаи 50-солагии Норак фаъолият мекунанд. Пажуҳиш нишон дод, ки шаҳри Норак (чун дар ин мавзеъ НБО Норак ҷойгир аст) махсусан дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун шаҳри интернатсионалӣ маҳсуб меёфт.Дар он халқиятҳои гуногун кору зиндагӣ мекарданд, аз ин лиҳоз китобҳо аксаран ба забони русӣ мавҷуданд. Яъне 85 фоизи китобҳои дар хазина мавҷуд буда, ба забони русӣ мебошанд.Тавсия дода шуд, ки минбаъд барои харидории китобҳо ба забони тоҷикӣ аз ҷониби МИҲД шаҳр маблағ ҷудо карда шавад. Ҳамзамон аз Нашриётҳои чумҳуриявӣ барои дарёфти китобҳои тозанашр ба забони тоҷикӣ дархост карда шавад.
Китобхонаи марказии ба номи “Дӯстии халқҳо” ва китобхона-филиалҳои он дар шаш моҳи соли 2026 ба 6659 хонанда хизматрасонӣ намудааст, 27489 омаду рафт, 46012 китоб пешкаши хонандагон гардонидаанд. Шумораи чорабиниҳои оммавӣ дар шаш моҳаи соли 2026 892 аз он ҷумла вохурӣ – 14, конференсия – 38, соати назм – 423 субҳи бачагона - 41, саволу ҷавоб – 51, суҳбат – 194, шаҳрдиҳӣ – 43, намоиши китобӣ – 147, хониши баланд – 8, маълумотдиҳӣ – 248, шумораи иштирокчиёни чорабиниҳо дар шашмоҳаи соли 2026 7637 нафарро ташкил медиҳанд. Пажуҳиш нишон дод, ки тарғибу ташвиқ дар китобхона дуруст ба роҳ монда шуда, ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа дар масҷидҳои ҷомеъ “Намоиши китоб” ташкил карда мешавад. Дар намоиш рӯзномаву маҷаллаҳо ва китобҳои тозанашр тарғиб карда мешаванд то, ки мардум аз навгониҳо воқиф гашта, ҳар чӣ бештар китобҳои бадеиро мутолиа намоянд. Ҳамзамон иқдоми кормандони Китобхона аз он ҷиҳат боиси дастгирист, ки мутобиқи иттилои эшон моҳе як маротиба дар маҳбас “Намоиши китоб” баргузор карда шуда, дар он китобҳои бадеӣ барои муталиа ба маҳбусон пешкаш карда мешаванд.Маҳбусон дар вақти фориғ аз кор бо мутолиаи китоб машғул мешаванд, ки ин як навъ тарғиби китобхонӣ ва баланд бардоштани маърифати эшон маҳсуб меёбад. Хуб мешуд ин иқдомро кормандони китобхонаҳои шаҳру навоҳии ҷумҳури пайгирӣ намоянд.
Китобхонаи марказии шаҳри Норак ба номи “Дӯстии халқҳо” дар ҳудуди Боғи марказии шаҳр дар кӯчаи 50-солагии Норак ҷойгир мебошад. Дар сохтори он толори хониши барҳаво ва шуъбаи махсуси обунаи хонандагон фаъолият мекунанд.
Дар Китобхонаи марказӣ шуъбаи хизматрасонӣ, шуъбаи методӣ, шуъбаи эҳтиётӣ ва толори китобҳои соядаст вуҷуд дорад.
Дар шуъбаи хизматрасонӣ китобҳо бо тартиби таснифоти китобдорӣ-библиографӣ ҷобаҷогузорӣ карда шудааст. Дар шуъбаи хизматрасонӣ феҳристи алифбоӣ, феҳристи мураттабӣ ва картотека дар мавзӯҳои “Пешвои мо ифтихори мо”, “Об неъмати бебаҳо”, “Тоҷикон”, “Парчам шукӯҳи озодии мо”, “Модар офарандаи ҳаёт” ва “Аниси кунҷои танҳоӣ китоб аст” мавҷуд мебошад. Дар шуъбаи хизматрасонӣ дар мавзуъҳои “ Асарҳои Пешвои муаззами миллат” “Шоҳномахонӣ”, “Номинатсияи адабиёти классикӣ”, “Адабиёти муосир”, “Адабиёти ҷаҳон”, “Гӯшаи рӯйхатҳои ҳуқуқ” намоиши китобҳо ташкил карда шудааст. Инчунин донишномаҳо, донишномаи кӯдакон ва наврасон, луғатҳо, маълумотномаҳо ва дастурҳои библиографӣ низ вуҷуд доранд. Китобдорони Китобхонаи марказӣ ба 26 номгӯи рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ обуна мебошанд.Ба кормандони китобхона тавсия дода шуд, ки минбаъд ба нашрияшои бачагонаи ҷумҳуриявӣ низ обуна шаванд.
Бештари хонандагони Китобхонаро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар китобхонаи марказии “Дӯстии халқҳо” 8 адад компютер, 1 адад сканер ва 2 адад принтер мавҷуд мебошад. Аз ин миқдор 4 адад компютер корношоям мебошад. Дар 15 адад китобхона-флиалҳо бошад, компютер мавҷуд намебошад, ки ин норасоӣ албатта ба хизматрасонии босифат монеа эҷод мекунад. Барои беҳтару хубтар гардидани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар ҳар як китобхонаи маҳал таҷҳизоти иттиолотӣ каммуникатсионӣ ногузир аст.
Китобдорони Китобхонаи марказӣ аз рӯи сатҳи маълумот чунинанд: 12 нафар дорои маълумоти олии касбӣ, 20 нафар дорои маълумоти олии ғайрикасбӣ, 21 нафар дорои маълумоти миёнаи махсуси касбӣ ва 2 нафар маълумоти миёнаи умумӣ мебошанд. Кормандони зан 47 нафар, мард 3 нафар, занҳои аз 58 боло 3-нафар, мардҳои аз 63 боло 1-нафар ҷавонони то 30-сола 6-нафар, теъдоди нафақагирон 6-нафар. Аз маълумоти бадастомада бармеояд, ки қисми зиёди кормандони китобхона дорои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус буда, барои пешбурди фаъолияти китобдорӣ заминаи мусоид фароҳам меоваранд. Бо вуҷуди ин, баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандон тавассути курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ метавонад ба беҳтар гардидани сифати хизматрасонии китобдор мусоидат намояд. Яке аз хусусиятҳои муҳими китобхона мавҷудияти шуъбаи нодири соядастҳо мебошад. Дар толори китобҳои соядаст 25773 китоб бо 66 забони ҷаҳон аз 46 кишвари дунё нигоҳдорӣ карда мешавад, ки аксари онҳо ҳамчун туҳфа аз ҷониби нависандагон, олимон ва муассисаҳои фарҳангии хориҷӣ тақдим гардидаанд. Ин ганҷина аҳамияти бузурги илмӣ ва фарҳангӣ дошта, барои муҳаққиқон ва дӯстдорони китоб сарчашмаи арзишманд ба ҳисоб меравад. Китобхонаи бачагонаи №2 ва №15 алоҳида набуда, ҳамчун филиал дар зертобеъи Китобхонаи марказӣ фаъолият менамоянд. Дар Китобхонаҳои бачагона адабиётҳо бо тартиби алифбо ҷобаҷогузорӣ карда шудааст. Дар китобхонаи бачагонаи №2 китобҳо 10351 нусхаро ташкил медиҳанд. Дар Китобхонаи бачагонаи №15 бошад, китобҳо 6497 нусхаро ташкил медиҳанд. Китобдори Китобхонаи бачагонаи №15 дафтарчаи хонандагонро аз рӯи рақам ба қайд гирифтааст. Дар Китобхонаи бачагонаи №2 ташрифи хонандагон дар 6 моҳи соли ҷорӣ 365 нафар, омаду рафт 3714, диҳиши китоб 6005 маротибаро ташкил медиҳад. Дар Китобхонаи бачагонаи №15 ташрифи хонандагон дар 6 моҳи соли ҷорӣ 282 нафар, омаду рафт 823, диҳиши китоб 1865 маротибаро ташкил медиҳад. Дар китобхона-филиалҳо бахшида ба 90-солагии Алӣ Бобоҷон “Тоҷикистони ман” хониши баланд бо хонандагони хурдсол баргузор карда шудааст. Дар моҳи апрели соли ҷорӣ бахшида ба фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” таҳти унвони “Фурӯғи маърифат” аз 2 то 9 апрел дар ҳамаи китобхона филиалҳо намоишҳои китобӣ бо номи “Пайравони Пешво”, “Файзи истиқлол”, “Сайри олами маонӣ”, “Каломи гӯё”, “Дастони моҳир”, “Худ бисоз бо мо бисоз”, “Дар олами афсона”, “Муҳаббати муқаддас”, “Дилам фидои кӯдакон” намоиши китобҳо ташкил карда шудааст. Инчунин субҳи бачагона зери мавзӯи “Китоб дӯсти беминнат”, хониши баланд зери унвони “Китоб сарчашмаи дониш” баргузор карда шудааст. Китобхонаи бачагонаи №15 дар мавзӯи “Оила асоси ҷомеа” бо хонандагони фаъоли китобхона суҳбат баргузор кардааст. Китобхонаҳои бачагонаи №2 ва №15 бахшида ба “40 -рӯзи ҳаёти кӯдакон” дар МТМУ №5 гӯшаҳои намоишӣ дар мавзӯи “Дар олами афсона”, “Сайри олами маонӣ”, “Кӯдакон дунёи моанд” ба намоиш гузоштаанд.
Пажуҳиш нишон дод, ки дар Китобхонаи марказӣ феҳристи алифбоӣ, феҳристи мураттабӣ, картатекаи мавзуӣ, бахшида ба чорабиниҳо мавҷуд мебошад. Фонди умумии китобхона 187044 аз ин 43224-нусха ба забони тоҷикӣ ва 144224-нусха ба забони русӣ буда, шумораи кормандони китобхона 50-нафар, теъдоди хонандагон дар Китобхона 6659-ро ташкил медиҳад.
Дар шашмоҳи соли 2026 ҳамагӣ ба захираи китобхонаҳо 404 нусха китоб ворид гардидааст, ки аз ин 185 нусха китоб аз корхонаву муассисаҳои шаҳри Норак ройгон, 172 китоб аз тарафи ҶДММ – сохтмони иншооти вилояти Хатлон ва аз буҷаи маҳаллӣ ба маблағи 4984 (чор ҳазору нуҳсаду ҳаштоду чор) сомонӣ харидорӣ гардидааст. Ҳамзамон 47 нусха китоб аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ворид гардидааст, ки ин барои қонеъ гардонидани талаботи муштариён нокифоя мебошад.
Пажуҳиш нишон дод, ки қаблан Сомонаи китобхона фаъол буда, тӯли солҳои охир бо сабаби норасоии маблағ аз кор бозмондааст. Сарвари китобхона иттилоъ дод, ки шуруъ аз санаи 10.08.2026 Сомонаи Китобхона фаъол хоҳад гардид.Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар Китобхонаи марказӣ 1-адад сканер, 1-адад дастгоҳи нусхабардорӣ, 1-адад камераи назоратӣ мавҷуд мебошад. Дар китобхона 30-нусха китобҳои электронӣ мавчуд мебошанд.Вале мутаассифона дар китобхонаи болозикр феҳристи электронӣ вуҷуд надорад.Хонандагони синни мактаби 677-нафар, ҷавонон 1552, калонсолон 1020 нафар ба китобхона обуна мебошанд. Мушоҳида нишон дод, ки бештар ҷавонон майлу рағбати китобхнӣ дошта, дигар қишри ҷомеа низ фаъол мебошанд.
Дар байни муштариён бештар “Намоиши китоб”, ки дар соли сипаригашта 147 ададро ташкил медиҳад, маъмул буда хонандагон китобхои ниёзи хешро дарёфт мекунанд. Дар байни аъзоёни китобхона бештар маҳфилҳои “Шаби эҷодӣ”, коференсияҳо доир ба мавзӯъҳои мухталиф, баргузор мегарданд.Дар китобхона адабиёти муосир ба қадри кофӣ мавҷуд набуда, муштариён бештар ниёз ба адабиёти бадеӣ доранд. Мутобиқи маълумоти бадастомада, дар байни ду соли охир аъзоёни китобхона бештар гардида, омили асосӣ озмунҳои солҳои охир роҳандозигардида мебошанд.Ба мушоҳидаи китобдорон телефонҳои ҳамро сабаби коҳиш ёфтани шавқи китобхонӣ гардида, барои мутолиа монеа эҷод мекунанд.Барои беҳтар гардидани фаъолияти китобхона ва муназзамии хизматрасонӣ технологияи муосир нокифоя мебошад.
Фонди китобхона аз адабиёти бадеӣ, бачагона, илмӣ – оммавӣ ва китобҳои дарсӣ иборат мебошад. Дар Китобхонаи марказии “Дӯстии халқҳо” – и шаҳри Норак чуноне, ки дар боло қайд гардид утоқи алоҳида бо китобҳои дорои соядаст (автограф) – и шахсиятҳои машҳур, ходимони давлативу сиёсӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шоирону нависандагон мавҷуд мебошад, ки хеле ҷолиб буда, дар дигар китобхонаҳои ҷумҳурӣ чунин толор ба назар намерасад.
Маводи аз сафари хидматӣ ҷамъоваришуда 480 акс ва 3 адад сабти видеоиро низ дар бар мегирад.
Маводҳое, ки аз ҷараёни сафари хидматӣ љамъоварӣ шуданд, дар таълифи маќолаву гузоришњо истифода хоҳанд шуд.
Фонди китобхона аз адабиёти гуногуни бадеӣ, назмиву насрӣ, бачагона ва маводи илмӣ – оммавӣ иборат мебошад. Ин хазина мунтазам бо асарҳои нави навасиндагони дохиливу хориҷӣ аз ҳисоби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (масалан, тавассути лоиҳаи “Корвони китоб”) ва туҳфаҳои сокинону адибон бо китобҳои нав ба забони тоҷикӣ ва русӣ таъмин ва бой гардонида мешаванд. Дар сохтори он толори хониши барҳаво ва шуъбаи махсуси обунаи хонандагон фаъолият мекунанд. Китобхонаи марказии ба номи “Дӯстии халқҳо” ва китобхона-филиалҳои шаҳри Норак дар тарбияи маънавии насли наврас ва дар маҷмуъ ҷомеа нақши калидӣ дорад. Таваҷҷуҳи бештар ба рақамикунонӣ ва ғанӣ гардонидани фонди китобҳо метавонад сатҳи саводи расонаӣ ва китобхониро дар шаҳри Норак боз ҳам баландтар бардорад. Китобхона ҳоло дар роҳи рушд аст ва барои пурра "пешрафта ва электронӣ" шудан ба базаи рақамии дохилӣ ва таҷҳизоти бештари технологӣ ниёз дорад.
Пешниҳод:
- Фонди китобҳо ва техникӣ. Маводи соҳавӣ: Зиёд кардани китобҳо ба забони тоҷикӣ ( бадеӣ, назмӣ, насрӣ, оид ба гидроэнергетика, меъморӣ, сохтмон ва технологияҳои муосир).
- Гӯшаи таърихи НБО Норак: Таъсиси махзани махсуси китобу мақолаҳо ва аксҳо дар бораи таърихи бунёди НБО-и Норак.
- Технология ва рақамикунонии китобхонаи электронӣ: Гузаронидани китобҳои нодир ба шакли PDF ва дастрас кардани онҳо барои планшету компютерҳо.
- Интернети ройгон: Фаъол намудани Сомонаи Китобхона. Насби шабакаи Wi-Fi дар толори хониш барои дастрасии хонандагон ба сомонаҳои илмии ҷаҳонӣ.
3. Кор бо ҷавонон ва маҳфилҳо.Маркази озмунҳо: Ташкили маҳфилҳои омодагӣ ба озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», “Тоҷикистон Ватани азизи ман”, “Илм фурӯғи маърифат”, “Тоҷикон дар оинаи таърих” ва ғ.
Фонди китобхона аз адабиёти гуногуни бадеӣ, назмиву насрӣ, бачагона ва маводи илмӣ – оммавӣ иборат мебошад. Ин хазина мунтазам бо асарҳои нави навасиндагони дохиливу хориҷӣ таъмин ва бой гардонида мешаванд. Китобхонаи марказии ба номи “Дӯстии халқҳо” ва китобхона-филиалҳои шаҳри Норак дар тарбияи маънавии насли наврас ва дар маҷмуъ ҷомеа нақши калидӣ дорад. Таваҷҷуҳи бештар ба рақамикунонӣ ва ғанӣ гардонидани фонди китобҳо метавонад сатҳи саводи расонаӣ ва китобхониро дар шаҳри Норак боз ҳам баландтар бардорад. Китобхона ҳоло дар роҳи рушд аст ва барои пурра "пешрафта ва электронӣ" шудан ба базаи рақамии дохилӣ ва таҷҳизоти бештари технологӣ ниёз дорад.
Хулоса:Китобхонаи марказии шаҳри Норак ба номи “Дӯстии халқҳо”-и шаҳри Норак (воқеъ дар кӯчаи 50-солагии Норак) яке аз муассисаҳои муҳими фарҳангӣ-маърифатии шаҳр ба ҳисоб рафта, барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва фарҳанги китобхонии сокинон ва наврасону ҷавонон хизмат мекунад. Мақсади асосии ин макон ҷалби кӯдакону наврасон ва калонсолон ба китобхонӣ ва баланд бардоштани савияи дониши онҳост. Китобхонаи марказии ба номи “Дӯстии халқҳо” ва китобхона-филиалҳои шаҳри Норак маркази манбаи ба даст овардани бештари иттилоот ба шумор рафта, сиёсати фараҳангии кишварро дар маҳал пеш мебарад.
Мудири шуъбаи фаъолияти китобдорӣ
Наимҷонзода Н.

