«Халқе, ки ба гузаштааш арҷ мегузорад,
халқе, ки ҳофизаи қавии таърихӣ дорад,
ҳатман осорхона бунёд мекунад».
Эмомалӣ Раҳмон
Имрӯз тарғибу ташвиқи сарватҳои таърихию фарҳанги халқи тоҷик тавассути ҳамкориҳои ватанӣ ва байналмилалӣ аҳамияти бештар пайдо кардааст.
Гирдоварӣ, нигоҳдорӣ, пажуҳиш, ташвиқу тарғиб ва намоиши намунаҳои беҳтарин ва волотарин осори офаридаҳои инсонӣ вазифаи асосии осорхонаҳост.
Осорхона худ оинаи таърих, арҷгузорӣ ба осори ниёгон, баёнгари воқеаҳои таърихӣ, шахсиятҳои барӯманди таърих, омӯзандаи мероси кӯҳан ва аз ҳама муҳимтар ёдоварӣ аз гузашта, ҳифзкунандаи хотироти инсонӣ маҳсуб меёбад.
Чи тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, кушода шудани осорхонаҳо дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ амалӣ гардид. Ҳамаи ин бо ташаббусу дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омад.
Ин аст, ки имрӯз масъулини соҳа бо ёдгориҳои нодири таърихӣ, фарҳангӣ, ҳунарҳои мардумӣ, санъати тасвирӣ хазинаи худро ғанӣ мегардонанд. Бахусус ташвиқу тарғиби бозёфтҳои нодир, дастнависҳо ва монанди он ба худшиносии милли мусоидат мекунад. Нигораҳо, бозёфтҳо, ашёҳо ва дигар арзишҳои модӣ сифати фаъолияти ин муассисаҳои фарҳангиро боз ҳам афзун мегардонад.
Шаҳри Исфара дорои ёдгориҳои таърихиву фарҳангии қадима буда, аз хеле куҳан будани ин сарзамин гувоҳӣ медиҳанд. Бо вуҷуди аз назари муаррихон, бостоншиносон ва фарҳангшиносон дур намондан, ин ёдгориҳо, дастхатҳо ҳоло ҳам ба омӯзиш, тармим ва таҷдид ниёз доранд.
Шаҳри Исфара дар мавзеи хеле зебоманзар ҷойгир буда, аз нуқтаи назари географӣ, геологӣ хеле ҷолиб мебошад. Аз ин рӯ диққати тадқиқотчиён ва сайёҳонро ба ин диёр аз қадимулайём ҷалб карда буд. Соли 1871 то вақти ҳамроҳшавии хонигарии Қуқанд ба Россия дар ҳудуди ин шаҳр, ки он вақтҳо ҳамчун ноҳия ном мебурданд, яке аз географ-саёҳатчии машҳури рус Федченко А. П. омада тадқиқоти арзишманд гузаронидааст.
Тибқи маълумотҳо олимон ва донишмандон дар инҷо корҳои археологӣ гузаронидаанд. Ҳануз то Инқилоби Октябр олимони рус якчанд ёдгориҳои таърихиро ба қайд гирифтаанд.
Ғайр аз Осорхонаи таърихӣ-кишваршино-сии шаҳри Исфара боз Осорхонаи адабии Лутфулло Бузургзода дар ҷамоати деҳоти Навгилем ва Осорхонаи драматург Абдусалом Аттобоев дар ҷамоати деҳоти Шаҳрак фаъолият доранд. Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии Исфара соли 1970 таъсис дода шудааст. Айни ҳол дар осорхона 11 нафар мутахассисони баландтаҷриба кору фаъолият доранд. Дар осорхонаҳо 4462 адад нигораҳо ва 124 адад гӯшаҳо мавҷуд аст, ки далели таърихи гузаштаю имрӯза ва фарҳанги ниёгони мардуми заҳматкаши шаҳри Исфара мебошанд. Осорхонаи таърихӣ кишваршиносӣ аз 8 толор:
а) толори табиат;
б) толори асрҳои миёна;
в) толори дунёи қадим;
г) толори таърихи нав;
д) шӯъбаи ҶБВ;
е) гӯшаи этнографӣ;
ё) толори давраи Истиқлол;
ж) толори илмӣ;
з) толори иштирокчиёни ҷанги Афғонистон ва барқароркунандагони сохти Конститутсионии давлат иборат аст.
Дар назди осорхонаи таърихӣ–кишваршиносӣ «Комиссияи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ» бо роҳбарии Раупов Абдуманон таъсис дода шудааст.
Назар ба гуфтаи директори Осорхона Додоҷонова Зайнура давоми соли 2026 аз осорхона 2154 нафар дидан намудаанд, ки аз онҳо 29 нафарашон шаҳрвандони хориҷианд. То ин давра боз 12 адад экспанати нав ёфт шуд, ки зиёд шудани фонди осорхона мусоидат намуд. Бо ҷалб намудани теъдоди зиёди шаҳрвандон, сайёҳони хориҷӣ, ташвиқу тарғиби дастовардҳо ва пазироии хуби меҳмонони дохилу хориҷ, метавонем шуҳрати осорхонаҳоро баланд бардорем, мегӯяд, - Зайнура Додоҷонова.
Яке аз ин бозёфтҳои ҷолиб муҷассамаи Нано (Наъно) аст, ки онро соли 1992 шаҳрванди ҷамоати деҳоти Шаҳрак, истиқоматкунандаи деҳаи Қалъачаи Мазор Шарофиддинов Зайловиддин ҳангоми коркарди замини наздиҳавлигӣ ёфтааст, ки дар атрофи Қалъаи Сурх воқеъ мебошад ва ба асрҳои VI-VIII тааллуқ дорад. Муҷассамаи Наъно (Нана) – олиҳаи фаровонӣ буда, он дар осорхона нигоҳдорӣ карда мешавад. Қади муҷассама 10,5 см, аз сатҳи поён то гардан 6 см, гардан 0,5 см, калла 4 см, аз баногӯши чап то ба рост 5 см, даҳон 0,5 см, бинӣ 1,7 см, абрӯвон 1,7 см, ғӯзаи чашм 0,7 см мебошаду дастҳо дар сари сина гузошта шудаанд.
Дар баробари ин дар осорхона дастнависҳо бо забони форсӣ ва арабӣ маҳфузанд. Масъулин арз доштанд, ки ин китобҳо то ба ҳозир аз тарафи олимону донишмандон пурра таҳқиқ нашудаанд ва теъдоди онҳо ба 60 нусха мерасад.
Дар баробари ин ба мушоҳида мерасад, ки роҳравҳои дохили осорхона танг буда, рафҳои намоишӣ дар дохил ба талаботи замон ҷавобгӯ нестанд. Назар ба гуфтаи директор дар осорхона нусхаи китоби Шоҳнома аз асри 16 нигоҳдорӣ карда мешавад, ки олимони тоҷик бояд аз ин китобҳо дидан намоянд.
Симои берунии бинои осорхона беҳтар намояд, ҳам дар асл таъмири ҷиддиро талаб мекунад, - мегӯяд директори муассиса Зайнура Алиевна. Дар соли 2010 шифти осорхона як маротиба таъмир гардидаасту халос.
Дар баробари рушд ва пешравиҳо осорхона аз камбудӣ орӣ нест. Директори осорхона Додоҷонова Зайнура Алиевна мегӯяд, ки айни ҳол дар осорхона як компютер фаъол аст, ки инро ҳам бо маблағи дар озмун ба даст овардаашон харидорӣ намудаанд. Нарасидани мизу курсиҳо, компютер, ва дигар воситаҳо ба пешрафти кор монеа мегардад.
Хуб мешуд, ки бинои Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии шаҳри Исфара ба пуррагӣ таъмиру тармим карда шавад. Ҳамзамон масъулинро зарур аст, ки осорхонаи таърихӣ-кишваршиносиро бо мизу курсӣ, бахусус бо воситаҳои техникӣ таъмин намояд.
Баҳри дар амал татбиқ намудани фармону супоришҳои роҳбарияти олии кишвар дар самти гирдоварӣ, нигоҳдорӣ ва пажуҳиши мавод ва ашёҳои арзишманд зарур аст, ки олимон ва донишмандони соҳа китобҳои қадима ва дастхатҳои осорхонаро пажӯҳиш намоянд.
Шамсуддин, АБДУЛЛОЕВ
мудири шуъбаи фарҳанг
ва санъатшиносии ПИТФИ
Душанбе-Исфара-Душанбе


