ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИИ ИСФАРА ДАР ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

Дар шароити имрӯз, тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин баён намуданд: «Ҳифз кардани арзишҳои фарҳангӣ ва бегазанд ба фардоиён расонидани онҳо вазифаи муқаддасу ватандӯстонаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурист».

Ёдгориҳои фарҳанги моддӣ ва ғайримоддӣ ифодагари ҳаёти моддӣ ва маънавии ниёкони мо буда, дар маҷмуъ саҳифаҳои таърихи чандҳазорсолаи ин миллати бузургро ба ҳам мепайванданд. Аз ин рӯ, тарғибу ташвиқи сарватҳои таърихию фарҳанги халқи тоҷик тавассути ҳамкориҳои ватанӣ ва байналмилалӣ аҳаммияти бештар пайдо кардааст.

Шаҳри Исфара дорои ёдгориҳои таърихиву фарҳангии қадима буда, аз хеле куҳан будани ин сарзамин гувоҳӣ медиҳанд. Имрӯз ин ёдгориҳо ва дастхатҳо ба омӯзиш ва таҷдид ниёз доранд.

Шаҳри Исфара яке аз қадимтарин шаҳрҳо дар вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон аст. Он дар водии Фарғона дар самти шимолу шарқӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз шимол бо ноҳияи Конибодом ва аз ҷанубу шарқу ғарб бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамҳудуд аст. Иқлимаш гарми муътадил аст.

Таърихи Исфара ба зиёда аз ҳазор сол мерасад. Номи шаҳр дар сарчашмаҳои таърихӣ бо шаклҳои Асфара, Исфара ва Исбара омадааст. Ин макон дар давраҳои гуногун қисми водии Фарғона буда, дар роҳи муҳимми тиҷоратии Роҳи Абрешим ҷойгир будааст.

Асри XVI нависанда ва шоҳзодаи маъруф Заҳириддин Муҳаммад Бобур дар асари худ аз Исфара ёд карда, боғҳо, бодом ва меваҳои онро ситоиш намудааст.

Аз маркази шаҳри Исфара дарёчаи шӯхоби Исфара ҷорӣ мегардад, ки сарчашмаи он аз ҳавзаи Кишамиш ва Каравшин (Гаравшин) оғоз мешавад. Дарозии умумии дарёча 107 километрро ташкил медиҳад.

Дар сарчашмаҳои таърихии асри X ёдоварӣ шудааст, ки Исфара яке аз марказҳои қадимаи фарҳанг ва тамаддуни Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Шаҳр бештар бо боғҳои зардолу, шафтолу, бодом ва дигар меваҳо, истеҳсоли меваи хушк ва маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла кандакорӣ, кулолгарӣ, мавзеъҳои таърихӣ ва табиӣ, ҷойҳои муқаддас машҳур аст. Аз дарахтони мевадиҳанда себу олу, шафтолу, тут, махсусан зардолу бисёр аст. Дар дашту водиҳо мору ҷайра, рӯбоҳ, дар кӯҳҳо гург, оҳу, силовсин, аз парандаҳо кабк, булбул, бедона, кабӯтар, соч, ҷуғз, уқоб, мурғи ҳилол, фароштурук, мусича вомехӯранд.

Шуҳрати Исфараро Комбинати консервабарорӣ, рангҳои минералӣ, воситаҳои равшаноидиҳандаи техникӣ, маснуоти оҳану бетон, масолеҳи бинокорӣ баланд мебардорад ва яке аз шаҳрҳои саноатӣ маҳсуб меёбад.

Исфара асосан ба кишоварзӣ, боғдорӣ, коркарди мева ва саноати сабук такя мекунад ва яке аз марказҳои муҳимми истеҳсоли зардолу дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Ҷойҳои сайёҳии шаҳри Исфара, дар сарчашмаҳои интернетӣ Мақбараи Ҳазрати Шоҳ – дар деҳаи Чоркӯҳ, яке аз ёдгориҳои нодири меъмории асрҳои VIII–XII, ки бо кандакории чӯбии худ машҳур аст, маҷмааи Ҳазрати Бобо – зиёратгоҳи таърихӣ ва фарҳангӣ, Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ, ки осори бостонӣ ва таърихии минтақа дар он нигоҳдорӣ мешавад, ҳисобида мешаванд. Осорхонаи тибби халқӣ – яке аз ҷойҳои нодири шиносоӣ бо анъанаҳои табобати мардумӣ мебошад.

Боғҳои зардолуи Исфара – дар ҷаҳон бо навъҳои хушсифати зардолу ва меваи хушк машҳур аст. Осоишгоҳи «Зумрад» макони истироҳат буда, бо муҳити сабзи худ шуҳратёр аст. Боғи фарҳангии Исмоили Сомонӣ ва боғи «Сайфуддини Исфарангӣ» – ҷойҳои дӯстдоштаи сокинон ва меҳмонон барои сайругашт маҳсуб меёбанд.

Исфара зодгоҳи бисёр шахсиятҳои маъруфи илму фарҳанг аст. Аз ҷумла, Сайфи Исфарангӣ – шоири маъруфи асрҳои XII-XIII, намояндаи барҷастаи адабиёти классикии форсу тоҷик. Аз Исфара, инчунин олимон, омӯзгорон, табибон, ҳунармандон ва варзишгарони зиёде баромадаанд, ки дар рушди илму фарҳанги Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштаанд.

Шаҳри Исфара дорои мероси бойи таърихӣ, фарҳангӣ, табиӣ ва мазҳабӣ мебошад. Аз муҳимтарин ёдгориҳо ва мавзеъҳои дидании шаҳр ёдгории табиии Боғҳои зардолуи Исфара – фасли баҳор бо шукуфаи дарахтон ва тобистон бо ҳосили фаровон диққати сайёҳонро ҷалб мекунанд; Дараи Исфара – минтақаи хушманзара бо дарё, чашмаҳо ва табиати кӯҳӣ; Осоишгоҳи Зумрад – истироҳатгоҳи машҳур бо чашмаҳои шифобахш ва ҳавои тоза.

Ёдгориҳои фарҳангӣ Қасри фарҳанги Исфара – маркази баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ. Боғи фарҳанг ва истироҳати Исмоили Сомонӣ – ҷойҳои фароғати барои сокинон. Бозорҳои анъанавии Исфара, ки дар онҳо ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла кулолгарӣ, кандакорӣ ва маҳсулоти меваи хушк ба намоиш гузошта мешаванд.

Ҷойҳои муқаддас: мақбараи Ҳазрати Шоҳ – муҳимтарин зиёратгоҳ дар вилояти Суғд, мазори Ҳазрати Бобо – зиёратгоҳи машҳур, ки ҳамасола зиёраткунандагони зиёдро қабул мекунад; масҷиди Абдуллохон – масҷиди қадимии минтақа бо арзиши баланди таърихию меъморӣ.

Ёдгории таърихӣ, Мақбараи Ҳазрати Шоҳ – яке аз қадимтарин ёдгории меъмории Тоҷикистон (асрҳои XI-XII), ки бо сутунҳо ва дарҳои кандакории чӯбӣ машҳур аст. Қалъаи Сурх – боқимондаҳои қалъаи қадима, ки аз таърихи бостонии минтақа шаҳодат медиҳанд. Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ – осори бостонӣ, ҳуҷҷатҳои таърихӣ ва намунаҳои фарҳанги мардумиро нигоҳ медорад.

Имрӯз дар назди осорхонаи таърихӣ–кишваршиносӣ бо роҳбарии Раупов Абдуманон «Комиссияи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ» барои назорати 162 ёдгории таърихӣ, меъморӣ, фарҳангӣ ва ҷойҳои муқаддас таъсис дода шудааст. Яке аз мавзеъҳои муҳимми таърихии шаҳри Исфара – «Қалъаи Ӯрда» ном дорад. Дар ҳамин қалъа - Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии шаҳри Исфара фаъолият дорад, ки бо доштани осори бостонӣ, ҳуҷҷатҳои таърихӣ ва намунаҳои фарҳанги мардумӣ машҳур аст.

Қалъаи Ӯрда дар гузашта ҳамчун истеҳкомгоҳи ҳокимони шаҳр истифода мешуд. Пас аз истилои рус ва ташкил гардидани генерал-губернатории Туркистон солҳои 1912-1914 дар мавзеи қалъа идораи маъмурии кумитаи волостӣ (Волком) аз хишти пухта сохта мешавад. Пас аз Инқилоби Октябр 25-уми октябри соли 1917 дар бинои Қалъаи Ӯрда Кумитаи ҳарбӣ-револютсионӣ ҷойгир мегардад. Солҳои минбаъда дар бинои Қалъа идораи Кумитаи иҷроияи совети депутатҳои меҳнаткашон фаъолият мебарад.

Соли 1970 дар шаҳри Исфара ба муносибати 100-солагии В. И. Ленин осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ (дар ҷойи ҳозираи Маркази савдои «Пайванд») таъсис мегардад. Соли 1985 Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии шаҳри Исфара ба мавзеи Қалъаи Ӯрда кӯчонида мешавад ва то ҳол осорхона фаъолият дорад.

Дар суҳбат бо мутахассиси соҳа Раупов Абдураҳмон муайян карда шуд, ки ин марди куҳансол, оқил, донишманд, таҷрибадор ва меҳрубон имрӯз кушишҳои зиёде карда истодааст, ки эътибору шуҳрати Исфараро бо доштани ёдгориҳои фарҳангӣ, табиӣ, таърихӣ ва ҷойҳои муқаддас баланд бардорад. Ба ҳар як ёдгорӣ, ки дар ҳудуди ноҳия ҷой дорад, ҳуҷҷатҳои лозимиро гирдоварӣ намудааст ва мехоҳад баъди таҳлили пурра ва пешниҳод намудан ба раиси МИҲД-и шаҳри Исфара дар ҳамкорӣ бо пажӯҳишгоҳ китобу маҷаллаҳо ба тасвиб расонад.

Масалан, дар шакли зерин ба ҳар як Ҷамоати деҳот, ки дар ҳудуди он ёдгорӣ мавҷуд аст, омӯхта, пешниҳод намудааст:

«Дар доираи иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби пешбурди Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон» №356 аз 31-уми июли соли 2018 ва бо мақсади ворид намудани объектҳои ғайриманқули мероси таърихию фарҳангӣ ба Феҳристи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

  1. Хоҳишмандам, ки маводи пешниҳодшударо мукаммал омӯзед;
  2. Дар ҳолати муайян гардидани ёдгориҳои қайднагардида, ки дар ҷамоат ва ё шаҳраки шумо воқеъ гардидааст, ба пешниҳоди мазкур замима намоед;
  3. Ҳангоми пешниҳод бояд суроғаи аниқ, расмҳо аз мавқеи ҷойгиршавӣ, андозаи утоқҳои мавҷуда, адади сутунҳо дар шакли электронӣ пешниҳод карда шавад;
  4. Дар ҳолати ба объектҳои пешниҳоднамудаатон ягон ҳуҷҷати тасдиқкунанда пайдо шавад, ҳатман бо нусхабардорӣ заммима намоед;
  5. Дар оянда мебояд ба ҳар як мероси мавҷуда овеза-маълумотнома гузошта шавад;
  6. Дар мавриди супоридани маводҳо бояд санаи пешниҳод ва имзои шахси масъул дарҷ карда шавад».

Аз ин бармеояд, ки масъулини осорхона ба пешравӣ ва рушди муассисаҳои фарҳангӣ бетафовут нестанд.

Шамсуддин, АБДУЛЛОЕВ

мудири шуъбаи фарҳанг

ва санъатшиносӣ

Душанбе-Исфара-Душанбе

 

 

 

 

 

 

 

барчасп: