Ҷавонон дар масири истиқлолият

Ҳамасола 9-уми сентябрро ҳамчун рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн мегирем. Зеро, Истиқлолият ин армони ҳазорсолаи миллӣ ва дастоварди бебаҳои таърих аст. Истиқлолият ба мо ҷавонон имкон дод, ки масири сарнавишти худро муайян созем. Маҳз, заҳмату талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мо имрӯз хушбахттарин ворисони замонем.

Истиқлолияти давлатӣ барои тамоми мардум арзиши нодир ва неъмати бебаҳост. Ин арзиши нодир ва неъмати бебаҳо барои ҷавонон аҳаммияти махсус дорад. Аз он зовия, ки Истиқлоли давлатӣ барои ҷавонон тамоми имконро муҳайё кард. Ба мисли, расидан ба орзуву умед нисбат ба ҳаёти осоишта, умед бастан ба фардо, илм омухтан, дониш гирифтан, суботи кишвар, баланд бардоштани ҷаҳонбинӣ ва арзишҳои дигар, ки барои худсозии ҳар як фарди муосир лозим аст. Пас, Истиқлолият барои ҷавонон имкон дод, ки неруи бузурги худро дар роҳи сарфарозӣ ва музаффариятҳо сарф намоянд.

Бояд қайд кард, ки истиқлолият яке аз дастовардҳои бузурги миллати тоҷик дар масири таърих ба ҳисоб меравад. Дар 35-соли соҳибихтиёрӣ Тоҷикистон ҳадафҳои стратегии худро муайян намуда, барои ноил гардидан ба онҳо қадамҳои устувор ниҳода истодааст. Таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷумлаи ҳадафҳои стратегии Давлату Ҳукумати кишвар мебошанд, ки барои бунёди давлати миллӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, хусусан сатҳи зиндагии ҷавонон, мусоидат менамоянд.

Мо насли хушбахти замоне ҳастем, ки таваллудамон дар давраи бедории фикриву истиқлолхоҳии ҷомеа рост омадааст. Бадин тартиб мо дар ҳамин руҳия камол ëфтем. Аз ин лиҳоз, истиқлол барои мо аз неъматҳои бузург ва пурарзиш маҳсуб меëбад. Тавре мушоҳида мешавад ин давра марҳалаи тоза ва муҳими давлатдории мост. Бо касби истиқлол марҳала ба марҳала рушди ҳамаи бахшҳо таъмин гардида, низоми мукаммалу устувори давлатдорӣ ба миëн омад. Кишвари тозаистиқлоли мо дар ин 35 сол аз лиҳози дастоварду пешравӣ роҳеро тай намуд, ки баробар ба 100 сол аст. Аз ин нигоҳ, бояд ҳар шаҳрванди кишвар барои пойдории арзишҳои истиқлол талош намояд ва барои рушду бақои он саҳм гузорад.

Маврид ба таъкид аст, ки баъд аз ҳазор сол тоҷикон аз нав соҳиби давлат шуданд. Охирин маротиба шаҳди давлатдориро дар аҳди Сомониён чашида буданд. Бори дигар соли 1991 имкон фароҳам омад, ки тоҷикон соҳиби давлати миллӣ гарданд. Гарчанде, пас аз ба даст овардани истиқлолият ҷанги таҳмилии шаҳвандӣ сар зада бошад ҳам, дар муддати кутоҳ ба ҳамаи ободӣ ва комёбиҳо расидем. Ба қадри ин ободӣ ва неъмати бебаҳо расидан вазифаи шаҳрвандии ҳар як ҷавон ба шумор меравад.

Тавре дар боло қайд кардем Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои таърихии миллати тоҷик ба шумор меравад. Он оғози марҳилаи нави давлатсозӣ, худшиносии миллӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварро ифода мекунад. Бо ба даст овардани истиқлолият, Тоҷикистон роҳи мустақили рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро интихоб намуд.

Ин раванд дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ сурат гирифта, бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба барқарории сулҳ, суботи сиёсӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ ноил гардид. Сиёсати дурбинонаи Сарвари давлат ба ташаккули ҷомеаи муттаҳид ва пешрафта заминаи устувор гузошт.

Яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар давраи истиқлолият масъалаи ҷавонон мебошад, ки ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа баррасӣ мегардад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҷавонон аз рӯзҳои аввали истиқлолият мавқеи махсусро ишғол намуд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» заминаи ҳуқуқӣ ва конститутсионии рушди ин соҳаи муҳими иҷтимоиро фароҳам овард.

Дар даврони истиқлолият соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг ба таври бесобиқа рушд намуданд. Сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ, афзоиши шумораи донишгоҳҳо ва коллеҷҳо, инчунин, фароҳам овардани имкониятҳои таҳсил дар хориҷи кишвар, сатҳи дониш ва касбияти ҷавононро ба маротиб баланд бардошт.

Имрӯзҳо ҷавонони кишвар дар рушди илм ва таҳқиқот нақши муҳим доранд. Шумораи зиёди олимони ҷавон соҳиби унвонҳои илмӣ гардида, дар пешрафти соҳаҳои гуногун саҳм мегузоранд.

Дар баробари ин, соҳаи фарҳанг ва ҳунар низ бо иштироки фаъоли ҷавонон рушд ёфтааст. Барномаҳои гуногуни фарҳангӣ ва маърифатӣ барои ташаккули ҷаҳонбинии миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандустии ҷавонон нақши муҳим бозиданд.

   Яке аз чунин муассисаҳое, ки дар замони истиқлолият фаъолияти худро оғоз кардааст, Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Тавре аз маълумотҳо бармеояд, олимон ва мутахассисони соҳа дар давоми соли 2026 корҳои зиедеро дар самти таҳкими сулҳу субот ва ташаккули тафаккури миллӣ ва таҳлилии аҳли ҷомеа ба сомон расонидаанд.

Ходимони илмии пажуҳишгоҳ барои дар сатҳи баланди илмию фарҳангӣ, сиёсӣ ва тахассусӣ баргузор намудани ҳамоишҳо бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ, таљлили ҷашнҳо ва баррасии масоили мубраме, ки ҳалли онҳо тақозои замон аст, пайваста кушиш менамоянд.

Ҳамасола дар пажуҳишгоҳ бахшида ба рӯзи истиқлолияти давлатӣ ҳамоишҳои илмӣ дар шакли конференсия, мизҳои мудаввар ва семинарҳо баргузор карда мешаванд, ки ин гуна чорабиниҳо дар ташаккули тафаккури шаҳрвандӣ, ватандустӣ, ватанхоҳӣ, хештаншиносӣ ва масъулиятшиносии ҷавонон мусоидат мекунанд.

Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа дар таҳкими Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши калидӣ доранд. Бо такя ба сиёсати давлатии ҷавонон ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар, насли ҷавон бояд тамоми имкониятҳоро барои рушди шахсӣ ва касбӣ истифода баранд. Танҳо дар ин сурат метавон пояҳои истиқлолиятро мустаҳкам нигоҳ дошта, рушди устувори давлат ва ҷомеаро таъмин намуд.

Саидзода Мафтуна Саид

ходими илмии шуъбаи илмӣ-методии ПИТФИ

 

барчасп: