Китобхона яке аз муҳимтарин муассисаи фарҳангиву маърифатӣ ба шумор меравад. Он на танҳо макони нигоҳдории китоб, балки маркази донишандӯзӣ, худшиносӣ ва тарбияи маънавии ҷомеа мебошад. Дар ноҳияи Лахш китобхонаҳо дар рушди фарҳанги китобхонӣ ва баланд бардоштани маърифати сокинон нақши муҳим доранд. Китобхонаи марказии бахши фарҳанги ноҳияи Лахш ҳамчун яке аз муассисаҳои муҳимми соҳаи фарҳанги ноҳия дар таъмини хонандагон бо адабиёти бадеӣ, илмӣ, таърихӣ ва дигар маводи чопӣ нақши муҳим дошта, ба онҳо хизматрасонии китобдорӣ пешниҳод менамояд.
Айни ҳол дар ноҳияи Лахш 28 китобхонаи оммавӣ фаъолият дорад, ки аз ин шумора 1 китобхонаи марказии шаҳр, 1 китобхонаи бачагона ва 26 китобхона-филиалҳо дар деҳот ҷойгир буда, дар мувозинати бахши фарҳанг мебошанд.
Китобхонаи марказии бахши фарҳанг дар шаҳри Ваҳдати ноҳияи Лахш фаъолият менамояд. Фонди умумии китобҳои китобхонаҳои мутамарказонидашудаи ноҳияи Лахш ба 89 ҳазору 498 нусха адабиёт мерасад. Аз ин шумора 36 ҳазору 690 нусха адабиёт ба забони тоҷикӣ, 38 ҳазору 626 нусха адабиёт ба забони русӣ ва 14 ҳазору 180 нусха адабиёт бо дигар забонҳо мебошанд. Инчунин дар китобхона нашрҳои матбуоти даврии ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ мавҷуд аст.
Шумораи умумии хонандагон дар 6 моҳи соли 2026, 8328 нафарро ташкил намуда нисбат ба давраи соли сипаришуда 61 нафар зиёд буда, аз шумораи умумии хонандагон 5648 нафарашон кӯдакони синни то 15 сола мебошанд. Дар давоми 6 моҳи аввали соли 2026 ба 21,763 нусха адабиёт ба хонандагон дода шудааст, ки нисбат ба соли сипаришуда 549 нусха зиёд шудааст.
Хонандагони Китобхонаи марказии бахши фарҳанги ноҳияи Лахш ба китобхонӣ шавқу рағбати зиёд дошта, аз адабиёти бадеӣ, илмӣ-таърихӣ ва фарҳангӣ истифода мебаранд. Онҳо тавассути мутолиаи китоб донишу ҷаҳонбинии худро васеъ намуда, дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва маҳфилҳои китобхонӣ фаъолона иштирок мекунанд. Ҷиҳати иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.01.2026, АП №951 “Дар бораи баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар соли 2026, 27 феврали соли 2026 дар Китобхонаи марказии бахши фарҳанг бо иштироки 89 нафар довталаб даври аввали озмун ташкил ва баргузор карда шудааст ва аз ҷониби 28 китобхона аз рӯйи номинатсияҳои Низомномаи озмун пешниҳод гардида фаъолона иштирок намудаанд.
Аз ҷониби ҳакамони озмун ба 22 нафар барои иштирок дар даври ноҳиявӣ роҳхат дода шудааст. Санаи 15 майи соли 2026 даври ноҳиявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор карда шудааст, ки аз 22 нафар иштирокчиён 4 нафар ба даври минтақавӣ роҳ дода шудааст. Дар Китобхонаи марказии бахши фарҳанг адабиётҳои бадеӣ ба забони тоҷикӣ, русӣ ва қирғизӣ, адабиётҳои сиёсӣ, пизишкӣ ва техникӣ дар рафҳои китобмонӣ бо тартиби алифбо ҷобаҷогузорӣ карда шудааст. Дар Китобхона қуттии феҳрист ҳаст аммо дар дохили феҳрист барга нест. Аз ин рӯ, хонандагон наметавонанд ба осонӣ маълумот дар бораи китобҳои мавҷуда ва ҷойгиршавии онҳоро пайдо кунанд. Ин ҳолат истифодаи самараноки феҳристи китобхонаро душвор мегардонад. Мудири Китобхонаи марказии бахши фарҳанг адабиётҳоро дар дафтари инвентарӣ ба қайд мегирад. Дафтарчаҳои хонандагӣ бо тартиби алифбо ҷобаҷогузорӣ карда шудааст. Инчунин дар Китобхона намоиши китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил ва баргузор карда шудааст. Дар давраи соҳибистиқлолӣ 15 китобхона бо маблағгузории китобдорон бунёд ёфтааст. Хонандагони Китобхона адабиётҳоро барои мутолиа намудан ба хона дастрас менамоянд. Бештари адабиёти Китобхона мазмунан куҳна буда ба талаботи хонандагон ҷавобгу нест. Агар имкониятҳои молиявии китобхона фароҳам оварда шавад, харидорӣ ва ғанӣ гардонидани фонди он бо адабиёти тозанашр ва китобҳои муосир ба мақсад мувофиқ мебошад. Китобдорони китобхонаҳои ноҳияи Лахш ба бозомузӣ ва такмили донишу малакаҳои касбии худ ниёз доранд. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва такмили донишу малакаҳои китобдорон, зарур аст, ки барои кормандони китобхонаи ноҳияи Лахш курсҳои бозомузӣ ва такмили ихтисос аз ҷониби мутахассисони соҳибтаҷриба ташкил карда шаванд. Бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти китобхонаҳо зарур аст қайд намоем, ки солҳои охир ба рушди соҳаи китобдорӣ дар ноҳия таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардида, барои бунёди китобхонаҳои наву замонавӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд. Аз ҷумла, сохтмони китобхонаи нави замонавӣ дар деҳаи дурдасти назди сарҳадии Тоҷварон, Ҷамоати деҳоти Сайлиобод, бо маблағгузории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида шудааст. Дар назар аст, ки ин китобхона дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад. Ҳамзамон, корҳои сохтмони китобхонаи нави замонавӣ дар маркази ноҳия, ки дар якҷоягӣ бо Қасри фарҳанг ва мактаби мусиқии бачагона бунёд мегардад, бо маром идома доранд.
Китобхонаи бачагонаи ноҳияи Лахш яке аз марказҳои муҳимми маърифативу фарҳангӣ барои кӯдакон ва наврасон ба ҳисоб меравад. Китобхона барои ҷалби насли наврас ба китобхонӣ, баланд бардоштани маърифати онҳо ва рушди ҷаҳонбиниашон мусоидат мекунад. Китобхонаи бачагонаи ноҳия пеш аз ҳама ба хонандагони синну соли гуногун кӯдакону наврасон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ хизмат мерасонад. Дар он хонандагон метавонанд китобҳои бадеӣ, афсонаҳо, ҳикояҳо, осори шоирону нависандагони тоҷик, адабиёти маърифатӣ ва дигар маводи барои рушди фикрӣ, маънавӣ ва ҷаҳонбинии кӯдакон заруриро дастрас ва мутолиа намоянд. Китобхонаи бачагона дар назди Бахши фарҳанги ноҳияи Лахш фаъолият намуда, ҳамчун яке аз марказҳои муҳимми фарҳангӣ ва маърифатӣ барои кӯдакон ва наврасон хизмат менамояд. Ҳадафи асосии китобхона ҷалби хонандагони хурдсол ба китобхонӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифат, васеъ намудани ҷаҳонбинӣ ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи донишомӯзӣ ва фарҳангдӯстӣ мебошад. Хазинаи китобии Китобхонаи бачагона дар умум 5304 нусха адабиётро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 1600 нусха адабиёт ба забони тоҷикӣ, 3164 нусха адабиёт ба забони русӣ ва 540 нусха адабиёт бо дигар забонҳо мебошанд. Мавҷудияти адабиёт бо забонҳои гуногун ба хонандагон имконият медиҳад, ки мувофиқи шавқу завқ ва сатҳи дониши худ китобҳои заруриро интихоб ва мутолиа намоянд. Дар хазинаи китобии китобхона намудҳои гуногуни адабиёти бачагона мавҷуд буда, аз ҷумла 180 нусха адабиёти гуногун, 280 нусха китобҳои афсонавӣ, 191 нусха китобҳои назмӣ ва 4653 нусха китобҳои бадеӣ нигоҳдорӣ карда мешаванд. Китобҳои афсонавӣ барои кӯдакон хеле муҳим буда, шавқи онҳоро ба китобхонӣ зиёд мекунанд ва тасаввуроташонро инкишоф медиҳанд. Китобҳои шеърӣ бошанд, дар кӯдакон муҳаббат ба шеър, адабиёт ва сухани зеборо зиёд мекунанд. Айни замон шумораи хонандагони китобхона 44 нафарро ташкил медиҳад. Хонандагон аз китобҳои мавҷуда истифода бурда, барои баланд бардоштани донишу ҷаҳонбинии худ ба китобхона муроҷиат мекунанд. Дар давраи ҳисоботӣ 65 нусха китоб ба хонандагон дода шудааст, ки ин нишондиҳандаи истифодаи фонди китобхона аз ҷониби хонандагон мебошад. Дар китобхона адабиётҳо бо тартиби алифбо ҷобаҷогузорӣ карда шудааст. Ин тарзи ҷойгиркунии китобҳо барои осон пайдо намудани адабиёти зарурӣ мусоидат менамояд. Бо вуҷуди ин, дар китобхона қуттии феҳрист мавҷуд нест, ки ин норасоӣ метавонад ҷустуҷӯ ва муайян намудани китобҳои заруриро барои хонандагон ва кормандони китобхона душвор намояд. Аз ин рӯ, ташкил намудани феҳристи китобӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Барои хизматрасонӣ ба хонандагон дар китобхона 2 адад курсӣ мавҷуд аст. Аммо барои хонандагони хурдсол мизу ҷойи муносиб барои мутолиа ба қадри кофӣ мавҷуд нест. Бо назардошти он, ки китобхона барои кӯдакон пешбинӣ шудааст, фароҳам овардани шароити мусоид, аз ҷумла таъмин намудани он бо мизу курсӣ, ҷевонҳои китоб, ҷойи хониш ва дигар таҷҳизоти зарурӣ муҳим мебошад. Дар маҷмуъ, Китобхонаи бачагонаи ноҳияи Лахш дорои фонди нисбатан бойи адабиёт буда, дар ҷалби кӯдакону наврасон ба китобхонӣ ва рушди маърифати онҳо нақши муҳим дорад. Бо ғанӣ гардонидани фонди китобӣ, таъсиси феҳристи китобҳо ва беҳтар намудани шароити хизматрасонӣ ба хонандагон фаъолияти китобхона метавонад боз ҳам самараноктар гардад. Таваҷҷуҳ ба китобхонаи бачагона, таваҷҷуҳ ба тарбияи насли донишманд, соҳибмаърифат ва фарҳангдӯст мебошад. Китобхона-филиали №24 дар деҳаи Сафедораки Ҷамоати деҳоти Нурафшон фаъолият намуда, барои аҳолии деҳа ҳамчун яке аз марказҳои муҳимми фарҳангиву маърифатӣ хизмат мерасонад. Китобхона дар бинои шахсӣ ҷойгир буда, барои сокинони маҳал имконият фароҳам меорад, ки аз адабиёти гуногун истифода бурда, донишу ҷаҳонбинии худро васеъ намоянд. Хазинаи китобии китобхона-филиали №24 дар умум 2061 нусха адабиётро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 683 нусха адабиёт ба забони тоҷикӣ, 967 нусха адабиёт ба забони русӣ ва 411 нусха адабиёт бо дигар забонҳо мебошанд.
Фонди китобхона аз китобҳои гуногунзабон иборат буда, метавонад талаботи маърифатӣ ва фарҳангии хонандагони гуногунро қонеъ намояд.
Дар китобхона-филиал адабиётҳо ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, қирғизӣ ва дигар забонҳо мавҷуданд. Мавҷудияти чунин адабиёти гуногунзабон барои сокинони деҳа, бахусус хонандагон ва ҷавонон, имконияти хуб фароҳам меорад, ки мувофиқи шавқу завқ ва эҳтиёҷоти худ китобҳои заруриро интихоб ва мутолиа намоянд. Китобдори китобхона барои нигоҳдорӣ ва ба низом даровардани хазинаи китобӣ корҳои заруриро ба роҳ мондааст. Китобҳо бо тартиби алифбо ҷобаҷогузорӣ карда шудааст, ки ин барои зуд пайдо намудани адабиёти зарурӣ ва осон намудани хизматрасонӣ ба хонандагон аҳамияти калон дорад. Тартиби дурусти ҷойгиркунии адабиётҳо инчунин барои ҳифзи хазинаи китобӣ ва назорати он мусоидат мекунад. Китобхона-филиали №24 ҳамчун як гӯшаи фарҳангӣ дар деҳаи Сафедорак метавонад дар ҷалби аҳолӣ ба китобхонӣ, баланд бардоштани маърифати сокинон ва тарғиби фарҳанги мутолиа саҳми назаррас гузорад. Хусусан, ҷалби ҷавонону наврасон ба китобхона ва ташкил намудани чорабиниҳои китобхонӣ, намоиши китобҳо ва маҳфилҳои адабӣ метавонад шавқу рағбати онҳоро ба мутолиа бештар намояд. Дар умум Китобхона-филиали №24 дорои 2061 нусха адабиёт буда, ба забони тоҷикӣ 683 нусха адабиёт, 967 нусха адабиёт ба забони русӣ ва 411 нусха адабиётҳо бо дигар забонҳо мебошанд. Китобҳои китобхона бо тартиби алифбо ҷобаҷогузорӣ карда ба низом дароварда шудааст. Ин тарзи ҷойгиркунии китобҳо барои нигоҳдории дурусти хазинаи китобӣ ва осон намудани ҷустуҷӯ ва пайдо намудани адабиёти зарурӣ аз ҷониби хонандагон мусоидат менамояд. Ҳамчунин ба тартиби муайян ҷойгир намудани китобҳо ба китобдор имкон медиҳад, ки ҳолати хазинаи китобиро хуб назорат карда, китобҳои лозимиро сари вақт ба хонандагон пешниҳод намояд. Китобдори Китобхона-филиали №24 Искандарова Шарофат бо ташаббус ва масъулияти шахсӣ барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати фаъолияти китобхона саҳми арзанда гузоштааст. Бинои китобхонаро ӯ аз ҳисоби маблағҳои шахсии худ сохта, барои истифодаи хонандагон ва сокинони маҳал муҳайё намудааст. Ин иқдом аз таваҷҷуҳ ва муносибати масъулиятнокии китобдор ба рушди фарҳанг, китобхонӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ дарак медиҳад. Китобхона-филиал ҳамчун маркази фарҳангӣ ва маърифатии маҳал барои сокинони деҳа хизмат намуда, дар ҷалби аҳолӣ ба китобхонӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифатии онҳо саҳми муҳим дорад. Дар китобхона-филиал хонандагон метавонанд аз адабиёти гуногун истифода бурда, дониш ва ҷаҳонбинии худро васеъ намоянд.
Раҷабова Азиза,
Ходими калони илмии шуъбаи фаъолияти китобдорӣ


