Равандҳои навгонӣ дар фаъолияти мактаби санъати бачагонаи №4 шаҳри Хӯҷанд

Мусиқӣ дар тарбияи наврасону ҷавонон дарки зебопарастию ташаккули ҷаҳонбинӣ ва маърифату маънавиёти онон саҳми бузург мебозад. Зимни сафари хидматӣдар шаҳри бостонии Хӯҷанд бо фаъолияти яке аз муассисаҳои таълимию фарҳангӣ мактаби санъати бачагонаи рақами чоруми ба номи Шарофиддин Сайфиддинов, ки муаррифгари мусиқии санъати тоҷик аст шинос гардидем. Муҳим дар он аст, ки сарвари мактаб Иброҳимҷон Шокиров бо заҳмату талошҳои пайваста дар якҷоягӣ бо иштироки 30 нафар омӯзгорони ҷавону болаёқат бо навсозию навоварӣ тавонистанд симои зоҳирии муассисаи мазкурро тағйир диҳанд. Имрӯз дар мактаб ба 385 нафар хонандагон аз рӯйи 14 намуди созҳои мусиқӣ фортепиано, скрипка, флейта, гитара, асбобҳои зарбӣ, созҳои мусиқии мардумии тоҷик дутор, най, қонун, рӯбоб, ғижжак, карнай, дойра, нағора аз ихтисосҳои сарояндагӣ, хареография, рассомӣ, нақшакашӣ таълим дода мешавад. Барои ривоҷу равнак бахшидан дар самти ҳунарҳои мурдумӣ дар мактаб ба 60 нафар духтарон ва ҷавонписарон ҳунарҳои наққошӣ, ҳайкалтарошӣ, мӯҳрабофӣ, кешбофӣ омӯзонида мешавад. Барои дӯстдорони таомҳои анъанавии миллӣ маҳфили таомҳои миллӣ амал намуда, дар он нозукиҳои ҳунари пазандагиро тарбиягирандагони мактаб аз худ менамоянд. Дастпарварони  ин маҳфил дар як қатор фестивалу озмунҳои вилоятӣ “Кадбонуи беҳтарин”, “Дастархонороӣ” ширкат варзида сазовори ҷойҳои намоён гаштаанд. Равандҳои навгонӣ дар фаъолияти мактаб дар он зоҳир мегардад, ки 127 нафар наврасон ва ҷавонон ба созҳои мусиқии мардумӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар тарғибу ташвиқи фарҳанги мусиқии суннатӣ, дар вилояти Суғд саҳми худро мегузоранд.

Қобилияти баланди эҷодӣ, иҷроишӣ, ташкилотчигии сарвари мактаб Иброҳимҷон Шокиров тақозо намуд, ки имрӯз 6 ансамбли касбии доимамалкунанда ҳаёти фарҳангии шаҳри Хуҷандро бою ғанӣ гардонанд. Омӯзгори ҷавони шуъбаи созҳои миллӣ, хатмкунандаи факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хӯҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров Дилшода Саидхуҷаева ансамбли духтарони дуторнавози “Шодиёна”- ро ташкил намудааст. Дилшода дар наминатсияи навозандагӣ, жанри анъанавӣ дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” сазовори ҷойи сеюм гардидааст. Моҳи майи соли 2026 иштирокчии ансамбли дуторнавозон Кумуш Соқиева, соли таваллудаш 2010 дар озмуни байналмилалии “Мутрибони соҳибистеъдод”  дар кишвари Олмон бо асбоби дутор ба тариқи миҷозӣ баромад намуда, ғолиби ин озмуни баландмақом гардид. Ансамбл барномаашро аз оҳангҳои “Ороми ҷон”, “Завқи ҷавонӣ”- и Сироҷиддин Ҷӯраев, “Наврӯз”- и Маҷнун Баротов, “Тановори Хӯҷанд”- и Ғаниҷон Собитов, тарона ва сурудҳои халқӣ тартиб дода, дар гӯшаю канори вилоят хотири садҳо ҳаводорони мусиқӣ ва сурудҳои мардумиро омӯзгорон Сӯҳроб Шокиров ва Фозилҷон Неъматов ансамбли созҳои миллиро ташкил додаанд, ки ҳайати он аз 10 нафар омӯзгорони мактаб иборат аст. Ансамбли дойранавозони мактаб таҳти роҳбарии лауреати озмунҳои байналмиллалӣ дар Амрико ва Шветсария, Ҷумҳуриҳои Узбекистон, Қазоқистон, ва Қирғизистон  Абдувалӣ Икромов устоди касби хеш буда, нозукиҳои сози қадимаи тоҷик дойраро ба даҳ нафар дилбохтагони санъати асил ва панҷ нафар омӯзгорон меомӯзад. Инчунин дар назди мактаб ансамблҳои касбии карнайнавозон, ансамбли рақсии бачагона,  ва ансамбли эстрадӣ фаъолият менамояд.

Дар оянда таъсис додани мактаби махсуси санъат барои хонандагони болаёқат яке аз равандҳои навгонӣ дар фаъолияти мактаби санъати бачагонаи №4 ба ҳисоб меравад.

Фазлиддин Ғуломов.

Ходими калони илмии маркази мероси фарҳангии тоҷикони

Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

барчасп: