Ҳунарҳои суннатӣ як ҷузъи фарҳанги мардуми тоҷик ба шумор рафта, рӯз аз рӯз миёни халқ сайқалу густариш ёфта, ҳамзамон мавқеи хосса пайдо карда истодааст. Дар натиҷаи заҳмату эҷоди ҳунарманд ва интиқоли он ба наслҳои оянда ҳунар рушд карда, навовариҳои зиёде ба бор меорад. Метавон қайд намуд, ки дар рушди мухталифи навъҳои касбу ҳунар ва таҷрибаву малакаҳо нақши ҳунармандон хеле бориз аст. Дар радифи дигар касбу ҳунарҳои анъанавӣ пешаи пӯстиндӯзӣ ҳунари нодире мебошад, ки заҳмати зиёдеро тақозо мекунад.
Пӯстиндӯзӣ яке аз ҳунарҳои қадимаи мардуми тоҷик маҳсуб меёбад, ки имрӯзҳо миёни мардум хеле кам мушоҳида карда мешавад. Пӯстин як навъ либоси болоии зимистона буда, аз пӯсти гӯсфанд, рӯбоҳ, хирс, гург, суғур ва дигар ҳайвоноти пашмдор дӯхта мешавад. Дар гузашта миёни мардумони Осиёи Миёна ба бар кардани ин навъи либоси болоии зимистона, махсусан, тоҷикон хеле маъмулӣ буд.
Зимни экспедитсияи мардумшиносӣ дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд бо сокини ноҳияи мазкур Ғозибеков Файзуллобек (соли тав. 1956) вохӯрдем, ки номбурда бо ҳамсараш Боқиева Роза (соли тав. 1956) ва фарзандонаш Ғозибеков Абдулло (соли тав. 1979), Ғозибекова Моҳира (соли тав. 1980) ба пӯстиндӯзӣ машғул ҳастанд. Бино ба нақли ин ҳунарманди пӯстиндӯз бештар аз пӯсти гусфанд ва суғур камзӯл ва ҷелак омода мекунад, чунин навъи пӯстро пайдо кардан на он қадар мушкил аст.
Барои омода кардани як камзӯл пӯсти 5-6 ҷонварро истифода мебурданд, ки нархи он хеле гарон меафтид. Дар гузашта чунин пӯстинҳоро сарватмандон мепӯшиданд. Имрӯзҳо ин навъи либоси зимистона хеле кам дида мешавад, зеро ба ин монанд пӯстинҳои сунъиро аз кишварҳои ҳамсоя ворид мекунанд, ки нисбат ба пӯстини аслӣ бамаротиб арзонтар мебошанд. Пӯстиндӯзон маҳсулоти хомро бештар аз шикорчиён харидорӣ мекарданд. Имрӯзҳо устоҳои пӯстиндӯз аксаран аз пӯсти ҳайвонҳое, ки дастрас ҳастанд, пӯстин омода мекунанд.
Дар мусоҳиба бо ин Ғозибеков Файзуллобек ба мо маълум гардид, ки онҳо бо роҳи табиӣ пӯстро коркард мекардаанд: пӯстиндӯзон бештар бо усули табиӣ пӯстро коркард мекунанд: пӯсти гӯсфанд ё ягон ҳайвони дигари пашмдорро гирифта, пеш аз ҳама намак мепошанд, ки ҳангоми коркард пашми он нарезад, тақрибан муддати дӯ рӯз пӯст каме хушк шуда, намакро ба худаш кашида мегирад. Сипас дар чалакҳои чӯбини андозааш 200 литра то нисфаш об андохта, ба он орди ҷав ва тақрибан 5-6 кг намак илова намуда, онро бо ҳам кофта монанди атола маҳлул месозанд. Ин маҳлул дар давоми 1 ё 2 рӯз турш мешавад. Дар маҳлули омодашуда, пӯстро гирифта, тарафи пашмдорашро дарун қад карда, дар маҳлули омодашуда меандозанд. Пӯсти дар дохили зарф бударо тавассути чӯби махсус давоми 5-6 рӯз як маротиба мекобанд, ки пӯст ба пуррагӣ бо маҳлул таъмин гардад. Ҳангоме ки ранги пӯст сафед шуд, онро дар об мешӯянд, то ки пашмҳояш аз хамири ҷав пок шавад. Баъди дар об шустан онро дар болои ягон тахта гузошта, дар офтоб мехушконанд. Агар пӯст муддати тӯлонӣ ҳам истад, корношоям намешавад зеро аз рӯи нақли пӯстиндӯз, вай «ош хӯрдагӣ» аст.
Баъди ин пӯстро гирифта, рӯи тахтаи махсусе, ки аз болояш пӯст кашида шудааст (пӯстро ба хотири он мечаспонанд, ки ҳангоми тарошидан пӯстинро даронида сурох накунад) ва шаклан ба моҳ монанд аст, мегузоранд ва бо досте, ки аз ду тарафи он даста дорад, пӯстро оҳиста-оҳиста тарошида, тоза мекунанд, ки ин амалро “чомзанӣ” мегӯянд. Дар натиҷа, ранги пӯст сафед шуда, мулоим мешавад. Вақте ки пӯст омода шуд, онро чоркунҷа бурида, аз рӯи ранги пашм бо ҳам интихоб намуда, паҳлӯи ҳам гузошта медӯзанд. Сипас мувофиқи андозаи фармуда аз болояш абра хобонида бо сӯзани калон медӯзанд.
Пӯстин ду намуд мешавад: абрадор ва беабра. Пӯстинро чунин тарз медӯзанд: пӯсти барраро барои остин, тахтапушт, тирез порча-порча бурида, аз беқасаб ва ё дигар матои зебои боқувват фаровез омода мекунанд. Аввал остин, сари китф, тирез ва пас бари доманро медӯзанд. Бештар аз матоҳои сиёҳ абра тайёр намуда, рӯйкаш мекунанд, фаровезу мағзӣ мечаспонанд, ки навъи инро абрадор мегӯянд. Пӯстини беабра аз порчаҳои калон-калон буридашудаи пӯсти серпашми гӯсфанд ва ё ҳайвони дигар дӯхта мешавад. Чунин пӯстинҳоро бештар дар кӯҳҳо ва минтақаҳои нисбатан мардон ва ҳам занон ба бар мекунанд.
Чи тавре болотар зикр намудем, имрӯзҳо ин навъи либоси зимистона хеле кам дида мешавад, зеро ба ин монанд пӯстинҳои сунъиро аз кишварҳои ҳамсоя ворид мекунанд, ки нисбат ба пӯстини аслӣ бамаротиб арзонтар мебошанд. Яке аз сабабҳои рӯ ба таназзул овардани ин навъи ҳунар дастрас набудани маҳсулоти хом мебошад, яъне камёфт будани пӯсти ҳайвоноте, ки онҳоро тавассути шикор кардан, ба даст меоранд. Аз ин лиҳоз чунин навъи ҳунарҳое, ки дар остонаи хавфи азбайнравӣ қарор доранд, ҳарчи зудтар ин гуна ҳунармандонро дастгирӣ намуда, барои эҳё ва рушди унсурҳои фарҳанги ғайримоддӣ талош кард.
ЗАФАР ҲУСЕЙНЗОДА

