ПЕШАИ ОСИЁББОНӢ ДАР РОҒУН

Пешаи осиёббонӣ яке аз қадимтарин касбҳоест, ки то имрӯз дар рӯзгори мардуми тоҷик мавқеи хосса дорад. Аз қадимулайём талаботи мардуми тоҷик ба маҳсулоти нонӣ, ки ҷавҳари асосии онро орд ташкил мекунад, хеле зиёд аст. Бинобар ин дар ҳама давру замон ин пеша яке аз касабаҳои муқаддас дониста мешуд ва осиёббонҳо дар миёни мардум ҳамчун шахси соҳибмақом ҳамеша шоистаи эҳтиром буданд. Метавон ин касбро меросӣ номид, зеро он ҳамчун пешаи муқаддас ва то як андоза сердаромад дар авлоди осиёббонҳо аз насл ба насл интиқол меёфт. Инчунин аз рӯи иттилои сарчашмаҳои таърихӣ, аксари хонадони осиёббонҳо харҷи рӯзгори худро маҳз аз ҳамин ҳисоб таъмин менамудаанд.

Аз рӯи мушоҳидаҳо ин касб чандон мушкил набошад ҳам, аммо барои пеш бурдани он маҳорат ва таҷрибаи амиқ лозим аст. Мардуми тоҷик осиёбро макони муқаддас шуморида, нисбати он арҷгузорӣ мекунанд. Миёни мардуми тоҷик навъҳои гуногуни дастгоҳҳои гандумордкунӣ мавҷуданд. Чунончи дастос ё осиёби дастӣ, санги булбулок дар Бадахшон, осиёбҳои барқӣ ва осиёби обӣ. Аммо аз ҳама навъи қадима ва мувофиқ осиёби обӣ мебошад. Тарз ва сохтори он дар ҳамаи минтақаҳо як хел аст. Оид ба сохтори осиёб дар китоби «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» чунин маълумот дода шудааст:

«Осиёбҳои обиро бештар дар болои ҷӯйҳо ва наздикии дарёҳо месозанд. Қисми поёнии онро чарххона мегӯянд, ки дар вай чархи чӯбини паррадор насб гардидааст. Чарх аз 32 парра иборат буда, ҳангоми босуръат ба болои он задани об, вай ба ҳаракат даромада, чарх тирро метобонад. Об аз ҷӯйе, ки бо нови баландиаш 5-6 метр аст, бошитоб бо поён об мерезад. Нов ва дигар қисмҳои осиёб аз чӯбҳои чормағз ва бед сохта шудааст. Дар болои тир таҳсангу болосанг насб карда шудааст, ки баробари тоб хӯрдани тир онҳо низ ба чархзанӣ медароянд. Дар болои санги осиёб дӯл ҷойгир шудааст, баландии дӯл аз 90 то 120 см буда, ғунҷоиши 100 – 150 кг гандумро дорад. Гандум аз сӯрохии поёнии дӯл бо такон хӯрдани донкоса ба сурохии байни сангҳо мерезад ва дар натиҷаи чарх задани сангҳо гандум орд мешавад».

Чуноне зикр гардид, усули таҳия ва сохти осиёбҳо дар ҳама минтақаҳо якранг аст. Ва аксари осиёбҳои обӣ дар деҳот ва саргаҳи каналу ҷӯйҳои сероб сохта мешудаанд. Зеро барои ба гардиш даровардани санги азими болоии осиёб фишори об, ки тавассути нова азими чӯбин ба чарха ворид мегарданд, хеле муҳим аст. Осиёбҳо пештар дар тамоми минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд буданд ва метавон гуфт, ки ҳадди ақал дар ду ё се деҳа ҳатман як осиёби обӣ мавҷуд будааст. Масалан, мардумшинос Эшонқулов У. оид ба шакли осиёбҳо дар минтақаи Суғд чунин маълумот додааст: «Осиёб одатан аз ду ошёна иборат аст: ошёнаи поёнӣ – «чарххона», хонаи дарозиаш 4-5 м ва бараш 2-2,5 м. ва баландиаш 1,5м мебошад, ки қисмати поёнии чархи паррадор дар замини он хобонида шудааст. Деворҳои он аз санг ва болорҳояш аз чӯби пурқуввати ба намӣ тобоваранда сохта шудааст. Дар қабати болоӣ сангҳои осиёб ва таҷҳизоти боқимондаи осиёб ҷойгир аст. Қисмати дигари бинои болоӣ барои нигоҳдории асбобу анҷом, орду ғалла ва ғ. истифода мешавад. Ошёнаи болоиро асосан «анборхона» меноманд».

Тибқи иттилои мардум солҳои охир теъдоди осиёбҳои обӣ хеле кам гардидааст ва ҳатто метавон гуфт, ки ин пеша айни замон дар ҳолати ногувор қарор дорад. Зеро мардум аз ордҳои навъи аълои корхонавӣ истифода менамоянд. Қисми дигари ғаллакорони деҳот бошанд бо истифода аз осиёбҳои барқии замонавӣ навъи дилхоҳи ордро омода мекунанд. Яъне имрӯзҳо ҷои осиёби обиро осиёбҳои барқӣ ишғол намудааст. Аммо бо вуҷуди ин дар бархе аз ноҳияиҳои кӯҳӣ то кунун осиёбҳои обӣ мавҷуд буда, барои мардум ба қадри имкон хизмат карда истодаанд.

Зимни сафари хидматие, ки ба шаҳри Роғун доштем, таваҷҷуҳи моро маҳз фаъолияти чунин як осиёби қадимаи обӣ ба худ ҷалб намуд. Ҳангоме ки ба ҷамоати деҳоти Сичароғ барои вохӯрӣ бо ҳунармандони мардумӣ мерафтем, сари роҳ осиёберо дучор омадем, ки чархи он дар гардиш буд. Зарур шуморидем, ки ба он ворид гардида, оид ба вазъи кунунии фаъолияти пешаи осиёббонӣ маълумот бигирем. Осиёббон марди ботаҷриба Солеҳов Шамсиддин (соли тав. 1966) сокини деҳаи Луғури Поёни ҷамоати деҳоти Сичароғ буд.

Осиёби мазкур монанди дигар осиёбҳо анъанавӣ буда, ягон унсур ва ё амали ғайримуқаррарӣ надошт ва аз наздаш ҷӯи калоне убур мекард. Мусаллам аст, ки санги осиёбро низ оби ҳамин ҷӯй тоб медиҳад. Аз рӯи нақли Солеҳов Шамсиддин, бобову бобокалонаш дар ҳамин осиёб осиёббонӣ карда, зиндагии худро таъмин намудаанд. Бояд ёдовар гардид, ки дар ин минтақа (байни шаҳри Роғун ва ноҳияи Нуробод) ягона осиёбе буд, ки ба мардуми Роғун ва Нуробод хидмат мекунад. Ҳунарманд пас аз шиносоӣ ва огаҳӣ пайдо кардан аз мақсади мо хеле хурсанд шуда, дар бораи осиёб ва вазъи имрӯзаи фаъолияташ чунин маълумот дод:

«Мо ин касабаро аз падару бобоҳоямон мерос гирифтаем ва ҳамеша кушиш мекунем то онро хор накунем. Раҳматии падарам мегуфтанд, ки «чархи осиёби осиёббон аз гардиш монад, гӯё ҳаёташ ба охир расидааст». Бинобар ин ман осиёбро ягон вақт бекор намондаам. Ин ба он маъно, ки ҳар сол осиёби ман вобаста ба мавсим кор мекунад ва барои мардум хизмат карда истодаем. Чуноне мебинед, осиёби мо дар сари роҳи калон байни шаҳри Роғун ва ноҳияи Нуробод вуҷуд дорад. Ин ҳамон осиёби қадимаи бобогиямон аст. Шукр, шояд бо сабаби дар сари роҳ буданаш ҳамеша кор мекунад. Аз фасли тирамоҳ то охирҳои баҳор мизоҷон гандумҳояшонро барои ордкунӣ ба осиёби мо меоранд. Баъзан аз ноҳияҳои Рашт ва Файзобод ҳам мардум гандум меоранд. Ҳатто чанд рӯз пештар як сарватманд аз шаҳри Душанбе даҳ линча гандумашро барои орд кардан ба ин ҷо овард. Он кас касали диабети қанд доштаанд ва бо маслиҳати табибон ҳамеша нони орди осёбиро мехӯрдааст.

Воқеан, нони аз орди осиёби обӣ аз ҷиҳати таъм болаззат буда, барои саломатии инсон, хусусан, барои меъда ва рафъи фарбеҳӣ манфиатбахш мебошад. Нони мағозагӣ ва навъи аъло, хусусан дар вақти гармӣ ба саломатии инсон зарар дорад».

Дар шароити имрӯза низ дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ айнан чунин осиёбҳои обӣ фаъолият доранд, ки мавриди баҳрабардории мардуми маҳаллӣ қарор гирифтаанд. Аммо чуноне зикр гардид, феълан теъдоди онҳо хеле кам мебошад. Шакли осиёби мазкур, номи унсуру ашёҳои дохили он айнан чун осиёбҳои анъанавии дигар мебошад, ки дар бораи онҳо борҳо олимон маълумот додаанд. Бино ба гуфтаҳои Солеҳов Шамсиддин, таваҷҷуҳи моро бештар ҷанбаҳои муқаддасӣ ва фарҳангии осиёб ба худ ҷалб намуд.

Ба гуфтаи вай, ки ӯ низ ин гапҳоро аз гузаштагонаш шунида будааст, «пешаи осиёббонӣ бисёр нозук ва муқаддас аст. Инчунин осиёб бо хости Худованд ҷини махсус дорад. Ё инсон бояд ба ин пеша кордор нашавад ва ё агар ин пешаро қабул намуд, ҳамеша ростқавлу росткор ва поку тоза фаъолият намояд. Осиёббон бояд муздро ба розигии соҳиби гандум бигирад, ба мардум дурӯғ нагӯяд ва аз ҳама муҳим дар осиёб бояд ҳамеша бо пои таҳорат бошад. Дар акси ҳол ҷини осиёб ба осиёббон зарарашро мерасонад. Масалан, агар пинҳонӣ аз соҳиби орд музди иловагӣ гирӣ дар оилаат нохушиҳо рӯй медиҳанд. Фарзандони чунин одамон дорои касалии рӯҳӣ мешаванд. Агар дар осиёб бетаҳорат гардӣ баракат аз хонаводаат мепарад ва ба қашшоқӣ мерасӣ».

Чуноне мебинем, новобаста аз он, ки пешаи осиёббонӣ дар ҳолати нимфаъол қарор дорад, дар шароити кунунӣ ҳам вазифаҳои иҷтимоии худро то андозае ҳифз намудааст. Албатта чунин ҷанбаҳои фарҳангӣ ва ҳатто мавҷудияти худи унсур ҳам ба андешаи мо аз ҳунарманд ва шахси пешбарандаи касб вобастагӣ дорад. Зеро таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар шароити имрӯза на дар ҳама ноҳияҳои кишвар вазъи ҳунарҳои анъанавӣ, алалхусус осиёббонӣ фаъол мебошад. Маҳз ҳунармандони асиле чун Солеҳов Ш. метавонанд, пешаҳои аҷдодиашонро бо тамоми муқаддасоташ ҳифз намудаву ба насли оянда интиқол бидиҳанд. Ин ҳунарманд итминон дорад, ки дар оянда фарзандонаш низ ҳатман пешаи осёббониро дар ҳамин шакл албатта идома медиҳанд. Аз рӯи гуфтаи худи вай ду писараш тамоми нозукиҳои осиёбро медонанд ва дар ҳолатҳои даркорӣ ҳатман ба падарашон кӯмак менамоянд.

Аз ин гуфтаҳои ҳунарманд ба хулосае омадан мумкин аст, ки онҳо ба тариқи авлодӣ анъанаи суннатии «устод шогирд»-ро ҳифз намудаву ба хубӣ риоя намуда истодаанд. Умедворем, ки дигар ҳунармандон низ ба монанди Солеҳов Шамсиддин дар касби худ содиқ мемонанд ва тамоми навъи ҳунарҳои анъанавии мо дар оянда рушду густариш менамояд.

 

                             ЗАФАР ҲУСЕЙНЗОДА

барчасп: