Фаъолияти театрҳои халқӣ дар даврони истиқлол

Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати фарҳангии худро ба ҳифз, эҳё ва рушди арзишҳои миллӣ равона намуд. Дар ин замина, театрҳои халқӣ ҳамчун шакли дастраси санъати саҳнавӣ барои омма аҳамияти хос пайдо карданд. Театрҳои халқӣ на танҳо як василаи фароғат, балки унсури муҳими худшиносии миллӣ ва тарбияи маънавии ҷомеа гардиданд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии босуръати ҳаёти иҷтимоӣ, масъалаи ҳифз ва рушди мероси фарҳангиғайримоддӣ аҳамияти махсус пайдо кардааст. Яке аз унсурҳои муҳими ин мерос театрҳои халқӣ ба ҳисоб мераванд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус даврони истиқлол, театрҳои халқӣ ҳамчун падидаи фарҳангӣ мавқеи худро нигоҳ дошта, ба шароити нави иҷтимоӣ мутобиқ гардидаанд. Театрҳои халқӣ дар ҷомеаяк қатор вазифаҳои муҳимро иҷро мекунанд:

  • Ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва миллӣ;
  • Тарбияи маънавии ҷавонон;
  • Рушди эҷодкорӣ ва истеъдодҳои маҳалӣ;
  • Ташаккули муҳити фарҳангии солим дар минтақаҳо.

Олимон, театршиносон дар давраҳои гуногун ба ин навъи санъат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, нақш ва аҳамияти онро аз ҷиҳатҳои гуногун таҳлил намудаанд. Таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки театрҳои халқӣ аз театрҳои касбӣ бо хусусиятҳои зерин фарқ мекунанд.

  • Иштироки васеи омма;
  • Соддагии шакли саҳнавӣ;
  • Наздикӣ ба ҳаёти ҳаррӯзаи мардум;
  • Истифодаи унсурҳои фолклорӣ;

Доктори илмҳои санъатшиносӣНизом Нурҷонов аввалин шуда театри халқии тоҷикро таҳқиқ намудааст. Асари машҳури ӯ “Театри халқии тоҷик” то имрӯз манбаи асосӣ дар омӯзиш ва таҳқиқи театрҳои халқӣ ба шумор меравад. Китобҳои ӯ “Драмаи халқи тоҷик”, “Театри анъанавии тоҷикон” паҳлӯҳои гуногуни санъати театри миллиро таҳқиқ менамояд. Профессор Меҳрубон Назаров дар китобашон “Санъати халқи тоҷик” баён намудаанд, ки Тоҷикон ҳарчанд театрро ба маънои ҳозираи ин калима надоштанд, вале дар гузашта театрҳои халқӣ ва эҷодиёти мардумӣ паҳн гашта буд. Халқи тоҷик театр, мусиқӣ, рақс ва сурудро хеле дӯст медошт. Ҳанӯз аз замонҳои қадим чунин намудҳои театри халқӣ ба монанди “Масхарабозӣ” дар байни халқ шуҳрат пайдо карда буд. Муҳақиқ, театршинос Маҳмадулло Табаровдар робитаи театри халқӣ бо маросимҳо ва анъанаҳои динӣ тадқиқот анҷом дода исбот намуд, ки театри тоҷик аз расму оинҳо сарчашма мегирад. Ин олимон исбот карданд, ки театри халқӣ

  •  аз фарҳанги қадим сарчашма мегирад;
  • Қисми муҳими ҳувияти миллӣ аст;
  • Ва объекти муҳими тадқиқоти илмӣ ба ҳисоб меравад.

Аз таҳлили андешаҳои олимон бармеояд, ки театри халқӣ на танҳо яяк шакли оддии санъат, балки як низоми мураккаби фарҳангӣ ва иҷтимоӣ мебошад.

  •  
  • Зиндагии воқеии мардумро инъикос мекунад;
  • Шуури ҷамъиятиро ташаккул медиҳад;
  • Анъана ва арзишҳои миллиро нигоҳ медорад;
  • Воситаи муҳими тарбия ва маърифат мебошад.

Аз ин рӯ, ҳифз ва рушди театрҳои халқӣ дар шароити муосир аҳамияти хоса дошта, бояд мавриди таваҷҷуҳи ҷиддии ҷомеа ва муассисаҳои фарҳангӣ қарор гирад. Аз нигоҳи илмӣ театрҳои халқӣ дорои як қатор хусусиятҳои муҳими фарқкунанда мебошад. Пеш аз ҳама, онҳо ба анъанаҳои шифоӣ такя мекунанд, яъне матн ва мазмуни намоишҳо аз насл ба насл ба таври даҳонӣ интиқол ёфта дар раванди иҷро тағйир меёбад. Ин хусусият боиси зинда ва тағйирёбанда будани ин навъи театр мегардад. Ҳамзамон, дар аксари ҳолатҳо чунин намоишҳо муаллифи мушаххас надоранд, зеро онҳо натиҷаи эҷодиёти дастаиҷамъии мардум мебошанд.

Хусусияти дигари муҳим импровизасионӣ будани театрҳои халқӣ мебошад. Иҷрокунандагон метавонанд вобаста ба вазъият, муҳит ва вокуниши тамошобинон матн, ҳаракат ва ҳатто мазмуни намоишро тағйир диҳанд. Ин озодии эҷодӣ имконият медиҳад, ки намоишҳо ҳамеша нав ва ҷолиб боқӣ монанд.

Театрҳои халқӣ бо гуногунрангии унсурҳои бадеӣ ва шаклҳои ифодаи худ аз дигар навъҳои санъати саҳнавӣ фарқ мекунанд. Онҳо як навъи мураккаби санъати синтетикӣ буда, дар худ на танҳо драмаро, балки мусиқӣ, рақс, ҳикоягӯӣ, ҳаҷв ва дигар унсурҳои эҷодиро муттаҳид менамояд. Ин омезиши жанрҳо ба намоишҳо ҷолибият ва таъсирнокии хос бахшида, онҳоро барои доираи васеи тамошобинон фаҳмо ва писандида мегардонад. Зимни сафари хизматӣ дар шаҳри бостонии Хӯҷанд моҳи июн яке аз хусусиятҳои муҳими театрҳои халқӣ омезиши жанрҳо дар фаъолияти ансамбли фолклорӣ – этнографии “Бибиҳо”- и раёсати фарҳанги вилояти Суғд дидем. Роҳбари бадеии ин гурӯҳи ҳунарӣ ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Сайрам Исоева дар намоишномаи “Панҷ зани Афандӣ” намоишро аз суруду рақсу тарона, шеърхонӣ, лапару бадеҳаю латифаю зарофатгӯйиҳои мардумӣ, нақлу ривоятҳо, саҳначаҳои ҳаҷвӣ тартиб додааст.

Намоишҳои басаҳна гузоштаи Сайрам Исоеваро на танҳо сокинони вилоят, инчунин ҳаводорони санъату мусиқии тоҷик дар шаҳрҳои Фарғонаю Марғилони Ҷумҳурии Ӯзбекистон тамошо намудаанд. Дар муддати кӯтоҳ намоишномаҳои ин дастаи ҳунариро дар фестивали фолклорӣ – этнографӣ ва театрҳои халқӣ “Баҳори Бойсун” дар шаҳри Фарғона соли 2022 ҳазорҳо тамошобинон тамошо намудаанд. Дар ин фестивали бонуфуз гурӯҳи ҳунарӣ сазовори ҷои якум гардиданд. Раёсати фарҳанги вилояти Суғд барои фаъолияти босамари гурӯҳи ҳунарӣ тамоми шароитҳоро фароҳам овардааст.

Сайрам Исоева ба ғайр аз он, ки ҳунарпешаи хушсалиқа буданашон, ҳунари продюсерӣ, нозукиҳои соҳаи иқтисодӣ муҳосибиро хуб омӯхтааст. Аз сафарҳои ҳунарӣ гурӯҳи ҳунарӣ дорои маблағҳои иловагӣ гашта, 10 нафар ҳунармандон маош гирифта эҳтиёҷоти зиндагиашонро бартараф менамоянд. МуҳаққиқШ.Усмонов дар мақолааш “Театрҳои халқӣ ва клубҳои сайёр” вазъи кунунӣ ва дурнамои рушд баён менамояд, ки дар миқёси мамлакат 22 театрҳои халқӣ бо 95 кормандонаш фаъолият менамояд. Театрҳои халқӣ тибқи низомномаи мушаххас, ки бо қарори маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, фаъолияти худро ба роҳ монданд. Ба театри халқӣ ду воҳиди корӣ, коргарон, роҳбари бадеӣ дода мешавад. Воҳидҳои кории иловагиро театри халқӣ тибқи низомномаи худ метавонанд аз ҳисоби хизматрасониҳои маблағӣ, шартномаи хизматрасониҳои фарҳангӣ , сафарҳои ҳунарӣ, намоиши саҳнаҳои театрӣ ба даст оваранд.

Театрҳои халқии шаҳрҳои Исфар, Истаравшан, Панҷакент дар вилояти Суғд, театрҳои халқии шаҳри Кӯлоб, филармонияи халқии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар вилояти Хатлон, театри халқии ноҳияи Рӯшон филармонияи халқии шаҳри Ҳисор ва шаҳри Ваҳдат театрҳои собиқадору пуртаҷриба б ҳисоб мераванд ва дар фестивал – озмунҳои театрҳои халқӣ то соли 2015 мақоми сазоворро ишғол намуда, дар равнақи санъати театрии ҷумҳурӣ саҳми босазо доранд.

Ҷашнвораи театрҳои халқӣ таҳти унвони “Муҳофизони Ватан” ба ифтихори 70 – солагии ғалаба дар ҷанги Бузурги Ватанӣ аз 4 то 9 уми майи соли 2015 дар толори театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов баргузор гашта буд.

Бо вуҷуди дастовардҳо фаъолияти як зумра театрҳои халқӣ ҷавобгӯи талаботи замон нест. Аз ҷумла:

  • Маҳдуд будани заминаи моддию техникӣ ва таҷҳизоти саҳнавӣ;
  • Камбуди асарҳои нави драмавӣ;
  • Норасоии дастгирии молиявӣ;
  • Камбудии маблағгузорӣ;
  • Сатҳи пасти ҷалби технологияи муосир.

Барои беҳтар намудани вазъи имрӯзаи театрҳои халқӣ зарур аст:

  • Таҳкими сиёсати давлатӣ дар самти дастгирии театрҳои маҳаллӣ;
  • Омода намудани кадрҳои соҳибкасб дар соҳаи театр;
  • Рушди драматургияи миллӣ;
  • Ҷорӣ намудани технологияи муосир дар саҳна;
  • Густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ дар сатҳи миллӣ ва байналмиллалӣ.

Таҳлил нишон медиҳад, ки театрҳои халқӣ дар Тоҷикистон новобаста аз мушкилот, ҳамчун унсури муҳими фарҳанги миллӣ боқӣ мемонанд. Дар шароити муосир рушди минбаъдаи онҳо аз сатҳи дастгирии давлатӣ, омодасозии кадрҳо ва мутобиқшавӣ ба талаботи замон вобастагӣ дорад.

Фазлиддин Ғуломов

Ходими калони илмии маркази

мероси фарҳангии тоҷикони ПИТФИ

барчасп: