Ноҳияи Лахш тахминан сесад километр дуртар аз пойтахти кишварамон ҷойгир аст. Водии Раштро аз ғарб кӯҳҳои Гулузиндону Вахш, аз шимол Ҳисору Зарафшон, аз ҷануб Дарвоз иҳота кардаанд. Маънои Раштро забоншиносон “сурх” шарҳ додаанд, ки ба сурхзамин будани ин маҳал робита дорад. Беҳуда нест, ки шохоби руди Вахшро ҳам Сурхоб мегӯянд. Сурхоб дар осори таърихӣ рӯди Вахш ном дошта, аз кӯҳҳои Олой сарчашма мегирад ва ба он шохобҳои калони Мурғоб, кӯҳҳои Пиётру Хингоб аз Дарвоз ва Оби Кабуду Камаров аз саргаҳи Зарафшон ҳамроҳ мешавад. Рӯди Вахш дар маҳалли Сари Пули ноҳияи Нурободи имрӯза, аз ҷойи ҳамроҳ шудани рӯдҳои Сурхоб ва Хингоб, оғоз мегардад.
Дар сарчашмаҳои қадима ин водӣ камтар ёд шавад ҳам, вале ёдгориҳои бостоншиносӣ хеле зиёданд. Маълум аст, ки қалъаҳо ва ҷойҳои муқаддас, ки дар баъзе аз ноҳияҳои водӣ боқӣ мондаанд, бостоншиносон онҳоро ба пуррагӣ наомухтаанд. Тибқи маълумотҳои ҷойдошта ёдгориҳо дар ин ҳудуд бештар аз санг буданд ва бошандагони маҳаллӣ гаштаву баргашта онҳоро кандаву аз нав сохтаанд.
Бозёфтҳои бостоншиносӣ нишон медиҳанд, ки водии Рашт аз ҷониби гузаштагони тоҷик дар замонҳои хеле қадим аз худ карда шудаанд. Баъзе бозёфтҳо аз ин сарзамин гувоҳӣ медиҳанд, ки 20-30 ҳазор сол пеш водии Рашт аз тарафи одамони қадим азхуд карда шуда буд. Табари биринҷии аз деҳаи Оқсойи Лахши ноҳияи Ҷиргатол (имрӯза Лахш) ёфтшуда ба он далолат мекунад, ки қавмҳои ориёии чорводор дар ҳазораи ёздаҳуми пеш аз милод дар водии Рашт зиндагӣ ба сар мебурданд. Худи калимаи “Ҷиргатол”-ро собиқадори матбуот Маҳмадшо Абдусатторов дар мақолаи худ ҳамчун “Бедзор” номгузорӣ намудааст.
Ноҳияи Лахш дар миқиёси кишвар яке аз мавзеъҳои хеле мувофиқи сайёҳии экологӣ ва кӯҳнавардӣ ба шумор меравад. Ба ин ноҳияи кӯҳистон Ҳукумати кишвар назари некбинона ва диққати махсус дорад. Зеро солҳои зиёдест, ки сайёҳони кишварҳои дуру наздик бевосита аз маконҳои зебои Олтинмазору Партанбек, Алмақараю Масквина, Сууқ‒сой ва махсусан аз Хуҷаитаоф дидан мекунанд.
Ковишҳои бостоншиносӣ дар мавзеи Лахши ноҳияи Ҷиргатол нишон доданд, ки водии Рашт аз қадимулайём ватани тоҷикон буд ва дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии Ориёни Шарқӣ фаъолона ширкат доштааст.
Пажуҳишҳои мо бо мусоидати мудири бахши фарҳанг – Мирзоев Аъзам ҷараён гирифта, натиҷаҳои хуб доданд. Вохӯриҳо ташкил ва маводи фаровони санъатшиносӣ, бахусус маҳорати санъаткории Ансамбли “Садои Лахш” тариқи видеоӣ сабт гардид.
Ансамбли тарона ва рақси “Садои Лахш” дар 2 утоқи корӣ, дар бинои бахши фарҳанг фаъолият мекунанд. Давлатбеков Манучеҳр бо маълумоти олии тахассусӣ (ДДФСТ ихтисоси мусиқӣ-омӯзгорӣ) роҳбарии ансамблро ба душ дорад. Ансамбл аз 11 воҳиди корӣ, ки аз ин 1 нафар-роҳбар, 1 нафар-роҳбари бадеӣ, 1 нафар устоди рақс, 1 нафар хоҷагидор, 3 нафар навозанда, 1 нафар раққоса ва 3 нафар сароянда иборат буданд. Аз шумораи умумӣ 3 нафар маълумоти олӣ, 1 нафар миёнаи махсус, 1 нафар миёна, 7 нафар мард ва 4 нафар зан мебошанд.
Ансамбли тарона ва рақси “Садои Лахш” дар ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ саҳми худро гузоштааст. Масалан, дар якҷоягӣ бо ҳунармандони хонаҳои маданият ва клубҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот Иди Сада, Рӯзи Артиши миллӣ, Иди Наврӯз, Рӯзи гуштини миллӣ, Рӯзи Ғалаба, Рӯзи шашмақом, рӯзи оила, рӯзи ҷавонон, рӯзи Сарҳадбонон, рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Истиқлолият ва монанди ин 21 чорабиниро дар сатҳи баланд иҷро намудааст. Ҳунармандони ансамбл Худойбердиева Айҷарқин ва Давлатбеков Манучеҳр дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – ватани азизи ман” ғолиби даври аввал ва иштирокчии даври минтақавӣ гашта, аз ҷониби МИҲД-и ноҳия мукофотонида шудаанд.
«Садои Лахш» дар давраи сипаригардида, як қатор корҳои назаррасеро роҳандозӣ намудааст. Ҳамарӯза тамрин гузаронида, репертуари худро бо суруду навоҳои нав, аз ҷумла дар васфи Ватан, Ифтихор аз Ватандорӣ, тарона ва рақсҳои замонавии писандида бою ғанӣ мегардонад.
Дар баробари рушд ва пешравиҳо ансамбл аз камбудӣ орӣ нест. Дар Ансамбли тарона ва рақси “Садои Лахш” созҳои халқӣ, най, рубоб, таблак, доира, чанг ва “шақ-шақ” намерасанд. Ҳамзамон нарасидани воситаҳои техникӣ, компютер, принтер, либосҳои саҳнавӣ барои ансамбл, сарпӯшҳои саҳнавӣ барои мардон ва монанди он дар гузаронидани чорабиниҳо монеъ мегардад.
ЧАШМАИ ҶӮШОН
Рӯзи сеюму чаҳорум аз Гармчашмаи Тандиқул – Чашмаи ҷӯшон дидан намудем. Аз бахши фароҳанги ноҳия Муҳаммадшариф то гармчашма моро роҳбаладӣ намуд.
Рӯди Оби Кабуд наздик ба деҳаи Ёрмазор дар се шохоб – дарёҳои Путовкӯл, Тандиқул ва Пиёзӣ ташкил гардида, ҳар кадоми ин дарёҳо аз дараҳои ҳамном, ки дар шафати якдигар ҷойгиранд, ҷорӣ мешаванд. Дараи Тандиқул байни ин ду дараи машҳур арзи ҳастӣ дорад: - “Дурии роҳ аз маркази ноҳия то ба он 27 км аст”, - мегӯяд Муҳаммадшариф.
Оби Гармчашма дар сарчашмааш 98 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Мӯйсафедони деҳаи Тандиқул нақл мекунанд, ки Тандиқул дар қадим Танги Гӯл – Танги Гол ё Данги Гӯл – Данги Гол номида шуда, маънии он ба гуфтаи онҳо – “аз қатра ташкил шудани кул” мебошад. Сокинони он дар қадим тоҷикон буда, баъдтар ба водии Фарғона кӯчида мераванд. Ковишҳои археологӣ нишон додаанд, ки дар қабристонҳои ин макон одамон ба тарзи то исломӣ гуронида шудаанд, ки аз қадимӣ будани ин мавзеъ далолат мекунад.
Дар шаху кӯҳҳои дараи Тандиқул мавҷуд будани расмҳои одамони даврони ибтидоӣ, ҳайвонотҳо ва шикорчиёнро сокинони деҳаи Ёрмазор тасдиқ мекунанд. Тоҷикону қирғизон аҳолии Лахшро ташкил медиҳанд, ки дар ҳавои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ аҳлона зиндагӣ доранд. Гармчашмаро бо забони тоҷикӣ Оби Ҷӯшон ва бо забони қирғизӣ Қайнақ-су ном мебаранд. Соли 1968 то ба мавзеи Гармчашма ва айлоқҷойҳои он роҳи мошингард ва 5 купрӯк сохта шудаанд. Аз ҳамон сол бунёди иморатҳо равуои мардуми ноҳия ва берун аз он барои дарёфти табобат оғоз меёбад ва то имрӯз пойбарҷост.
Мавриди зикр аст, ки роҳу купрӯкҳо барои равуои беморон, истироҳаткунандагон то ба Гармчашма на он қадар хубанд. Имконияти омадани сел, канда шудани купрӯкҳо ва дигар ҳолатҳои фавқулода аз эҳтимол дур нест. Бо вуҷуди ин дар ҳудуди Гармчашма иморатҳои зарурии ёрирасон, ҷойи хоб, дамгирӣ, ошхона, ҳавзҳои оби гарм баҳри табобат гирифтани мизоҷон шароит муҳаё гардидааст.
Таҳлилҳо, омузиш ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки фарҳанги тоҷикони Лахш, (собиқ Ҷиргатол) имрӯз бо фарҳанги қирғиз омехта шудааст. Ба шакле, ки як созтарош ҳам дутори тоҷикӣ месозаду менавозад ва ҳам қомузи қирғизӣ, ё худ мардум таомҳои тоҷикию қирғизӣ мепазанду истеъмол мекунанд. Сокинони ин минтақа ба ҳамдигар духтар ба арӯсӣ додаву келин мекунанд ва хешу табор мешаванд. Қариб ҳама забонҳои якдигарро медонанд. Санъаткорон бо ду забон тарона месароянд. Маводи зиёде гирдоварӣ шуда, варақаҳои инвентаризатсионӣ, бақайдгирии унсурҳо барои навишти китобу мақолаҳо, истифода хоҳанд шуд.
Масъулини соҳаро имрӯз зарур аст, ба Ансамбли тарона ва рақси “Садои Лахш”, ба мактаби мусиқии бачагона созҳои халқӣ, най, рубоб, таблак, доира, чанг ва “шақ-шақ” таъмин намояд. Ҳамзамон ҷиҳати таъмин бо воситаҳои техникӣ, компютер, принтер, либосҳои саҳнавӣ барои ансамбл, сарпӯши саҳнавӣ барои мардон ва ташвиқу тарғиби ёдгориҳои таърихии ноҳияро ба роҳ монанд.
Шамсуддин АБДУЛЛОЕВ,
Мудири шуъбаи фарҳанг
ва санъатшиносӣ
Душанбе – Лахш - Душанбе

