РАҒЗАБОФӢ – ҲУНАРИ ҚАДИМАИ МАРДУМИ ТОҶИК

Дар байни мардуми тоҷик истифодаи касбу ҳунар яке аз омилҳои асосии рӯзгузаронӣ буда, тӯли қарнҳо бо василаҳои мухталиф  аз насл ба насл интиқол меёбанд. Маҳсулоте, ки  ҳунарманд барои истифодаи умум пешкаш мекунад, вобаста ба талабот ва замон дар ҷомеа харидорони худро дошта, ниёзи мардумро дар зиндагӣ бароварда мегардонанд. Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон аз замонҳои қадим заҳматкашу меҳнатдӯст буда, дар косибиву ҳунармандӣ истеъдоди фавқулода доштанд. Зимни экспедитсияи мардумшиносӣ дар шаҳри Панҷакент дар баробари ҳунарҳои дастии дигар ҳунари рағзабофиро вохӯрдем, ки ин навъи ҳунар дар дигар манотиқи кишвар камтар ба назар мерасад. Аз ин сабаб ҳунари рағзабофӣ дар “Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ” ҳамчун ҳунари нимфаъол таҳти рақами Е058 дар бахши касбу ҳунарҳои мардумӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар бораи ҳунари рағзабофӣ дар “Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик”  чунин зикр шудааст: “Рағзабофӣ, тарзи аз пашми гӯсфанд бофтани матои рағза. Санъати рағзабофӣ асосан, дар байни тоҷикони кӯҳистон ва қисман водиҳо, ки ба парвариши гӯсфанд шуғл доштанд, маъмул буд. Рағзабофӣ кори занҳо буда, онҳо маъмулан, дар фасли зимистон тавассути дук ё чиллик (дар баъзе ҷойҳо онро “орчуқ” ё “урчуқ” меномиданд) ришта мересиданд. Риштаҳои омодашударо ба дукони рағзабофӣ васл карда, рағза мебофанд. Дастгоҳи рағзабофӣ ба шифти хона устувор карда мешуд, аз ин сабаб онро “ҳавоякӣ” ё “осмонакӣ” меномиданд.  Қисми асосии дастгоҳ аз чорчӯб  ва шохаҳо иборат буд. Шохаҳо аз чӯбҳои нафиси буттаи ирғай тайёр карда мешуданд, ки миқдори онҳо 75 ададро ташкил мекард. Дарозии шоха тақрибан 40 см, баландияш 26-27 см буд. Ҳалқаҳои риштаҳо ба чила баста мешуд, ки аз байни онҳо “мафтулак”– торҳо мегузаштанд. Пудҳоро ба мокуҳо мепечониданд ва бофанда пудро бо дастонаш оҳиста-оҳиста мекушод. Бари матои дар рағза бофташуда як ваҷабу чор ангушт, яъне 25-30 см ва дарозиаш ҳашт газ буд. Матои бофташударо аз дукон кушода гирифта, дар буғи оби ҷӯшон дам медоданд ва баъдан аз он дар хонаи гарм рӯйи тахтаи ҳамвор мегузоштанд ва бо пой зер мекарданд. Рӯзи дигар матоъро дар болои бом паҳн карда мехушкониданд. Сипас онро кашида, баробар менамуданд ва ба чӯби ғафс мепечониданд.

Ҳангоми пажӯҳишҳои майдонӣ дар деҳаи Панҷрӯди шаҳри Панҷакент як гурӯҳи занонро вохӯрдем, ки ба ҳунари рағзабофӣ машғул буданд. Ёдовар бояд гардид, ки деҳаи Панҷрӯд яке аз деҳаҳои хушобу ҳаво буда, мардумаш бештар ба чорводорӣ, махсусан, ба парвариши гӯсфанд машғуланд. Онҳо аз рағза гилем, хурҷин, ресмон ва дигар ашёи зарурӣ барои рӯзгорро омода мекунанд, ки назар ба дигар гилему хурҷинҳои маъмулӣ  боқувват  ва мустаҳкамтар аст.

 Ҳатто чакмане, ки чӯпонҳо дар кӯҳу пуштаҳо ба бар мекунанд, аз матои рағза таҳия карда мешавад, ки дар ин бора пажӯҳишгар Зафар Холмуродов дар мақолаи хеш ботафсил шарҳ додааст: “Матои чакманро рағза мегӯянд. Рағза монанди матои адрас бофта мешавад, аммо ин ғафсу дурушт мебошад, бараш  30 см буда, дарозиаш вобаста ба андозаи дастгоҳи бофандагӣ мебошад.  Ин амалро бо истилоҳи дигар рағзабофӣ мегӯянд, ки ҳунари аз пашми гӯсфанд омода намудани матои ғафсу дурушт аст. Ҳунари  рағзабофӣ дар миёни мардуми тоҷик дар ҷойҳое, ки ба гӯсфандпарварӣ машғул ҳастанд,  маъмулӣ аст. Ба ин навъи ҳунар бештар занҳо дар фасли зимистон  машғул шуда, пашмҳоро ресида, дар дукон матои рағза мебофтанд. Матои рағза чунон бо ҳам зич бофта мешавад,  обу шамолро намегузаронад. Аз ин навъи матоъ чакман,  шалворҳои ғафси пашмин, линга, пайтоба, чоруқбанд ва арғамчин тайёр мекарданд.  Ногуфта намонад, ки дар баъзе шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон матои рағзаро аз ришта низ мебофанд, ки ин амалро онҳо ҳам «рағзабофӣ» мегӯянд, ки аз вай гилем, хурҷин ва дигар чизҳо тайёр мекунанд”.

Ин навъи ҳунарро дар ҳар як хонадони деҳаи Панҷрӯд вохӯрдан мумкин аст, чунки дар хона будани матои рағзаро онҳо ҳатмӣ мешуморанд ва дар иртибот бо ин навъи ҳунар  баъзе расму ойинҳое миёни сокинонаш мавҷуд аст, ки тавассути матои рағза иҷро карда мешавад.

Ҳунарманди рағзабоф Бекмуродова Шоҳидабону (соли тав. 1957, сокини деҳаи Панҷрӯд) мегӯяд, ки ӯ аз хурдӣ ба ин ҳунар машғул буда, дар як рӯз зиёда аз  1 метр рағза мебофтааст, вале имрӯзҳо бо сабаби ворид гардидани қолинҳои хушбофту замонавӣ аз хориҷи  кишвар фаъолияти ин ҳунар андаке коста гардидааст. Бо вуҷуди ин ҳама мардуми деҳа рағзабофиро ҳунари аҷдодӣ шуморида, нисбати он арҷгузорӣ мекунанд.

Барои нақшу нигорро дар матои рағза тасвир намудан, усули гулабардориро истифода мебаранд. Аз рӯи нақли рағзабоф Бобоҷонова Мусфира (соли тав. 1965) гулабардориро занҳое иҷро менамоянд, ки ҳисоб карданро хуб мефаҳманд ва ин гуна ҳунармандонро “гулабардор” мегӯянд. Гулабардорӣ усулест, ки калобаҳоро дар дукони рағзабофӣ насб намуда, риштаҳои калобаро ҳисобу китоб намуда, дар он нақшпартоӣ мекунанд.

Дар иртибот ба ҳунари рағзабофӣ дар байни  сокинонаш анъанае вуҷуд дорад, ки  ҳангоми ба шавҳар баромадани наварӯсон ба онҳо аз матои рағза гилем тӯҳфа карда мешавад ва онҳо аз ин навъи гилем ба хонаи шавҳари ояндаашон мебаранд, ки аз табақаи нисбатан доро буданашонро ифода мекунад.  

Инчунин, сокинони деҳаи Панҷрӯд ғайр аз маросими сур боз дар маросими азо низ рағзаро истифода  мебаранд. Масалан,  агар яке аз аҳли хонавода вафот кунад, марҳумро дар рағза печонида, барои дафн намудан, ба қабристон мебаранд. Пас аз ба хок супоридани майит  рағзаи истифодашударо ба халта андохта, дар дарё ё оби равон 3 рӯз нигоҳ медоранд. Бино ба ақидаи онҳо оби равон матои  рағзаро, ки гӯё мурда онро нопок кардааст, пок месозад. Баъди аз дарё гирифтан дар офтоб хушк намуда, онро дар тугуне баста дар ҷойи дастнорас то мусибати навбатӣ нигоҳ медоранд. Пас аз он ба хотири вайрон нагардидани матоъ гоҳ-гоҳ дар офтоб паҳн карда, боз дар ҷойи худ мегузоранд.

Рағзае, ки барои шахси фавтида истифода карда мешавад аз рағзаи  наварӯсон фарқ дорад. Гилеми рағзаи арӯсон бо рангҳои ҳархела бофта шуда, дар он нақшу нигорҳои гуногун тасвир ёфтааст, ки ин рамзи рангорангии зиндагиро инъикос мекунад. Рағзае, ки барои шахси фавтида истифода карда мешавад, танҳо бо ранги сафед ва сиёҳ бофта мешавад, ки маънои  ранги сафед-зиндагӣ ва маънои ранги сиёҳ – марг мебошад.

Дар деҳаи Панҷрӯди ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент аксари занону духтарон ба рағзабофӣ машғул мебошанд. Дар раванди бофтани матои рағза, баъзан дар хонаи якеашон ҷамъ омада, ба якдигар кумак мерасонанд. Барои рафъи хастагӣ суруду таронахонӣ ва ҳазлу шӯхиҳо карда, дар якҷоягӣ таом тановул мекунанд, ки фазои фарҳангиеро ба вуҷуд меоранд. Аввалан, ин амал бонувонро бо ҳамдигар мутаҳҳид месозад ва барои омӯзонидани ин ҳунари аҷдодӣ ба насли ҷавон мусоидат мекунад.

Дар маҷмӯъ, метавон қайд намуд, ки бо сабаби пеш рафтани технологияи навин ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум ҳунари рағзабофӣ нисбати солҳои пешин хеле кам гардида истодааст. Омили ҳифз намудани ҳунари рағзабофӣ иҷрои маросиму анъанаҳо тавассути матои рағза миёни мардум мебошад.  Феълан, ба ин навъи ҳунар бештар занони калонсол машғул ҳастанд ва дар ҳолати дастгирӣ гардидан аз ҷониби ниҳодҳои марбута имкон дорад, ҳунари рағзабофӣ рушд кунад.

ЗАФАР ҲУСЕЙНЗОДА

 

 
барчасп: