Табақтарошӣ яке аз ҳунарҳои қадимии тоҷикон мебошад, ки ба сохтани табақу кафлезу қошуқи чӯбӣ алоқаманд аст. Барои тарошидани табақ устоҳо бештар аз чӯби зардолу, чормағз, чанор ва тут истифода мекунанд. Кундаҳои дарахтонро бурида, дар об муддати тӯлонӣ мепартоянд, ки мағз ба мағзи чӯб дар об тар шавад ва дар вақти тарошидан накафад.
Ҳунари табақтарошӣ дар ноҳияи Восеъ аз маъмултарин ҳунарҳои суннатӣ маҳсуб ёфта, талабот ба табақи чӯбин дар ин минтақа бештар ба назар мерасад. Чунки аксари хӯрокҳои анъанавӣ аз қабили қурутоб, шакароб, шӯрбо ва ғайраҳоро дар табақи чӯбӣ истеъмол мекунанд.
«Дар замонҳои пеш устохонаҳои табақтарошӣ дар поёноби дарёчаҳо ё ҷӯйҳои кӯҳӣ сохта мешуданд аз таги устохона ҷӯйи об мегузашт ва дар он ба мисли осиёб чарх гузошта мешуд. Об бо суръати баланд аз новдон омада, чархро гардон мекард ва чарх тири дастгоҳро тоб медод. Тир ба тарзи амудӣ ҷойгир шуда, қисми болои он аз фарши чӯбин гузашта, дар миёнаҷойи дӯкон устувор шуда буд. Дар болои тир се адад мехи рӯболо кӯфта шуда буд, ки усто ба он ҷо чӯби коркарднашударо маҳкам мекард. Бо тоб хӯрдани чарх ва тир кундачӯби нотайёр низ тоб мехӯрд ва усто тавассути олоти корӣ ба табақтарошӣ шурӯъ менамуд».
Замонҳои пеш кори табақтарошон дар баҳор авҷ мегирифт, зеро оби дарёву ҷуйҳо баланд мешуд. Ва чархи дастгоҳро ба хубӣ гардон мекард, барои табақтарошон хеле мувофиқ буд. Ҳоло ҳунармандони табақтарош ин навъи дастгоҳҳои обиро истифода намекунанд, ҳатто надоранд. Ҷои ин дастгоҳҳоро дастгоҳҳои барқӣ ишғол намудааст, ки корашонро хеле осон карда, дар кадом мавсиме, ки хоҳанд кор мекунанд».
Садиров Амиршо (с.тав. 1952) сокини деҳаи Қайнари ноҳияи Восеъ, дар мавриди ҷиҳати фарҳангӣ доштанаш, чунин мегӯяд: «Табақи чӯбин рамзи тоҷикон буда, сарҷамъиро ифода мекунад». Номбурда дар як табақ таом хӯрданро ба ваҳдату ягонагӣ ташбеҳ медиҳад, ки сарҷамъ хӯрок хурдан, ин анъанаи хуби тоҷикон аст.
Тибқи таҷрибаи устои мазкур, дарахтро бурида, кундаи онро дукафон, яъне аз байнаш ду тақсим мекунанд. Одатан, баъди дукафон кардан, кундаи хушкро якчанд муддат ба об мегузоранд, ки тарошиданаш осон шавад. Кундаи ҳаҷмаш 40-50 см-ро бо тешаи чортарош (тешаи калони дастадароз, ки тарошааш калон мебошад ) метарошанд. Ин теша барои шаклан омода намудани табақ истифода карда мешавад. Шакли табақ, ки омода гардид, сипас бо тешаи хурд дохили онро тарошида, ба дастгоҳи харротӣ насб мекунанд. Вазифаи дастгоҳ тоб додани табақи нимтайёр мебошад. Дар аснои давр задан усто бо каҷкорд (дастааш дароз буда, нӯгаш каҷ мебошад) гирди табақро дошта меистад. Агар дар гирди табақ барои зебо шудан, ягон рах мондан хоҳанд аз каҷкорди хурд истифода мекунанд. Бо тарошаи хурдакаке дошта меистанд, ки сиёҳ шуда, рахи онро сӯзонда маълум мекунад. Табақи қисман омодашударо аз дастгоҳ гирифта, бо тешаи хафчин (ду тарафи теша каме қад карда шудааст, ки ҳангоми тарошидан намекафонад) ҷойҳои нотамомашро метарошанд. Дар анҷоми кор ба он равғани яхнии гӯсфанд мемоланд, ки табақро аз кафидан эмин медорад.
Қобили қайд аст, ки ҳамаи устоҳои табақтарош як ҳунари иловагии дигар низ доранд, ки ба ҳамин касб марбут аст. Ин ҳунари бандзанӣ мебошад. Масалан, вақте ки усто табақро тарошида шуд, дар охири кор ягон ҷояш сӯрох ва ё кафид, барои он ки заҳматашон барабас наравад, он ҷоро таъмир мекунанд: ҷои кафидагии табақро ё ҳама гуна ашёи чӯбиро бо миқдори муайяни тунукаи сафеди беранг пӯшонида, бо мехчаҳои майда зич мекӯбанд.
Назар ба қавли ин устои ботаҷриба дар бораи касби табақтарошӣ, гӯё ривояте вуҷуд доштааст, ки ду касб бисёр касби вазнин будааст: осиёббонӣ ва табақтарошӣ, агар хуке аз чанд чақрим роҳ аз оби осиёб гузарад, онро истеъмол кардан мумкин аст, аммо агар домани ҷомаи осиёббон расад, таҳорат кардан макрӯҳ аст. Зеро гирифтани музд ба осиёббон бисёр душворӣ мекардааст, ҳатто чанги ордро ҳам ба инобат мегирифтаанд.
Дувум, агар табақтарош ҳарчанд кӯшиш кунад, табақи фармоиширо хуб ба анҷом расонад, вале шахси маҳсулоти хом оварда норозиёна мегуфтаст, табақи нуқсондору кафидагиро ба ман доду беҳтаринашро ба худаш гузошт. Албатта, ин ривоятҳо эҷоди мардуманд, вале дар ин ҷо ҳикмате ҳаст, ки табақтарошонро ба эҳтиёткорӣ, покӣ ва одилона рафтор кардан далолат мекунад.
Имрӯзҳо чунин ба назар мерасад, ки дар ошхонаву тарабхонаҳо хӯрокҳое ба мисли қурутобу шакароб дар рӯйхати таомҳояшон ҷо дода шудааст. Барои ин хӯрокҳо ҳатман табақи чӯбӣ лозим аст. Ин падида яке аз роҳҳои равнақу ривоҷ додани ин навъи ҳунар миёни мардуми тоҷик мебошад. Инчунин, шаҳрвандоне, ки дар хориҷи кишвар, махсусан, дар Русия, кору фаъолият доранд, аз табақҳои чӯбӣ бо худ мебаранд ва бо истифода аз ин анъанаи хуби ниёгонамонро зинда нигоҳ медоранд.
ЗАФАР ҲУСЕЙНЗОДА

