ГАРМЧАШМАИ ТАНДИҚУЛ ҲАМЧУН ОБЪЕКТИ ТАБИӢ-ТАБОБАТӢ ВА САЙЁҲӢ

Дар шароити муосир омӯзиш ва истифодаи захираҳои табиии шифобахш, аз ҷумла чашмаҳои гарми минералӣ, аҳамияти бузурги илмӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ касб намудааст. Бо рушди босуръати илму техника ва афзоиши таваҷҷуҳи ҷомеа ба саломатӣ, масъалаи истифодаи манобеи табиии табобатӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ табдил ёфтааст. Чашмаҳои гарми минералӣ ҳамчун манбаи нодири табобати табиӣ на танҳо дар тибби халқӣ, балки дар тибби муосир низ мавқеи муҳимро ишғол мекунанд. Онҳо дорои таркиби бойи минералӣ буда, метавонанд дар пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳои зиёд нақши муассир дошта бошанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои шароити гуногуни иқлимӣ ва релефи кӯҳист, аз ҷиҳати захираҳои гидроминералӣ хеле ғанӣ мебошад. Дар қаламрави кишвар даҳҳо чашмаҳои гарми шифобахш мавҷуданд, ки ҳар яке бо хусусиятҳои хоси худ фарқ мекунанд. Зимни сафари хидмати ба ноҳияи Лахш аз мавзеи гармчашмаи Тандиқул дидан намудем, ки ин чашма яке аз чунин мавзеъҳои нодир ва дорои аҳамияти хоса дар ноҳияи Лахш ба ҳисоб меравад. Чашма бо ҳарорати баланд, таркиби минералии ғанӣ ва мавқеи ҷуғрофии худ аз дигар манбаъҳои шабеҳ фарқ намуда, таваҷҷуҳи олимон, табибон ва сайёҳонро ба худ ҷалб кардааст.

Гармчашмаи Тандиқул дар масофаи тақрибан 26 километр дуртар аз маркази ноҳияи Лахш, дар яке аз дараҳои зебову ороми кӯҳистон воқеъ гардидааст. Мавқеи ҷуғрофии он ба таври табиӣ ҷолиб буда, атрофашро кӯҳҳои баланд, сабзазорҳо ва манзараҳои нотакрори табиӣ иҳота кардаанд. Ин минтақа бо ҳавои тозаи кӯҳӣ, муҳити ором ва дур будан аз ғуборҳои шаҳрӣ фарқ мекунад, ки барои истироҳати солим ва барқарорсозии нерӯи ҷисмонӣ шароити бисёр мусоид фароҳам меорад. Илова бар ин, табиати дилфиреби ин мавзеъ барои рушди сайёҳии экологӣ низ аҳамияти калон дорад.

Яке аз хусусиятҳои барҷастаи гармчашма ҳарорати фавқулбаланди оби он мебошад, ки то ба 95°С мерасад. Чунин нишондиҳандаи ҳароратӣ гувоҳи фаъолияти фаъоли равандҳои геотермалӣ дар қаъри замин аст. Оби чашма бо фишори муайян аз зеризамин ба сатҳ баромада, шакли фавворамонандро ба худ мегирад. Ин раванд на танҳо аз нигоҳи илмӣ ҷолиб аст, балки ба зебоии манзара низ ҳусни хос мебахшад.

Ҷолибияти дигар дар он ифода меёбад, ки дар наздикии ҳамин чашма манбаи оби хунук низ ҷорӣ мебошад. Ҳамзамон вуҷуд доштани обҳои ҳарорати гуногун дар як мавзеъ падидаи нодири табиӣ маҳсуб ёфта, аҳамияти хоси илмӣ дорад. Ин ҳолат имкон медиҳад, ки муҳаққиқон равандҳои геологӣ ва гидротермалиро амиқтар омӯзанд. Аз тарафи дигар, чунин хусусият барои ташкили шароити гуногуни табобатӣ низ мусоид буда, таваҷҷуҳи сайёҳон ва истироҳаткунандагонро боз ҳам бештар ҷалб менамояд.

Бо дарназардошти ҳамаи ин омилҳо, чашмаи Тандиқул на танҳо як объекти табиии нодир, балки макони дорои имкониятҳои васеи илмию амалии табобат ва рушди сайёҳӣ ба ҳисоб меравад. Гармчашмаи Тандиқул имконияти васеи ташаккули сайёҳии табобатӣ ва экологиро фароҳам оварда, метавонад ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолии маҳаллӣ мусоидат намояд. Дар баробари ин, манзараҳои зебои табиӣ, ҳавои тоза ва муҳити ороми кӯҳӣ барои рушди истироҳати солим ва ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам месозанд.

Оби ин чашма бо таркиби бойи минералии худ фарқ намуда, дорои хосиятҳои шифобахши табиӣ мебошад. Мавҷудияти унсурҳои гуногуни кимиёвӣ дар таркиби он ба равандҳои физиологии организми инсон таъсири мусбат расонида, барои барқарорсозии саломатӣ мусоидат мекунад. Аз нуқтаи назари илми тиб, чунин обҳо ба гурӯҳи манбаъҳои табобатии балнеологӣ дохил гардида, дар амалияи табобати анъанавӣ ва муосир васеъ истифода мешаванд.

Тибқи таҳқиқот ва мушоҳидаҳои таҷрибавӣ, истифодаи оби ин чашма метавонад дар муолиҷаи як қатор бемориҳо натиҷаи назаррас диҳад. Аз ҷумла, он барои беҳтар намудани ҳолати бемориҳои пӯст, аз қабили илтиҳобҳо ва осебҳои гуногун, таъсири мусоид мерасонад. Ҳамзамон, оби минералӣ ба низоми асаб таъсири оромбахш дошта, дар кам кардани стресс ва бемориҳои асаб кӯмак мекунад. Ғайр аз ин, истифодаи мунтазами чунин об метавонад ба танзими фишори хун барои шахсони гирифтори фишорбаландӣ мусоидат намояд. Зеро таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки он ба беҳтар шудани гардиши хун ва сабук гардидани дард созгор аст. Дар баробари ин, барои табобати бемориҳои узвҳои ҳаракат, аз ҷумла дардҳои буғумҳо ва мушакҳо, оби гармчашма нақши муҳим мебозад. Дар самти саломатии занон низ оби чашмаи Тандиқул мавқеи хос дорад. Он дар баъзе ҳолатҳо барои муолиҷаи бемориҳои занона, аз ҷумла мушкилоти вобаста ба безурётӣ, истифода бурда мешавад. Албатта, чунин табобат бояд таҳти назорати мутахассисони соҳаи тиб амалӣ гардад.

Бо дарназардошти ҳамаи ин хусусиятҳо, метавон гуфт, ки гармчашмаи Тандиқул ба гурӯҳи манбаъҳои муҳими балнеологии табобатӣ мансуб буда, дорои имкониятҳои васеъ барои истифода дар соҳаи тандурустӣ ва ташкили муассисаҳои санаторию истироҳатӣ мебошад. Истифодаи дуруст ва илмӣ асоснокшудаи ин манбаъ метавонад ба беҳтар гардидани сатҳи саломатии аҳолӣ ва рушди инфрасохтори табобатӣ мусоидат кунад.

Мавзеи Тандиқул на танҳо аз ҷиҳати табиӣ ва табобатӣ, балки аз нигоҳи таърихию фарҳангӣ низ арзиши баланд дорад. Дар ҳудуди атрофи ин гармчашма нишонаҳои гуногуни ҳаёти инсони қадим ба мушоҳида мерасанд, ки аз мавҷудияти тамаддуни пешин дарак медиҳанд. Аз ҷумла, дар сангҳои кӯҳӣ нақшу нигор ва расмҳои қадима ҳаккокӣ гардидаанд, ки метавонанд ба давраҳои хеле дур тааллуқ дошта бошанд. Ин гуна ёдгориҳо барои омӯзиши таърихи зиндагӣ, ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги мардумони бостонӣ аҳамияти бузурги илмӣ доранд.

Ҳамзамон, дар ин минтақа осори қабристонҳои қадимӣ низ ёфт шудаанд, ки ба давраҳои тоисломӣ мансуб дониста мешаванд. Тарзи ҷойгиршавӣ ва сохтори қабрҳо барои бостоншиносон манбаи муҳим ба ҳисоб рафта, имконият медиҳанд, ки хусусиятҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии аҳолии он давра омӯхта шаванд.

Мавҷудияти чунин ёдгориҳои таърихӣ нишон медиҳад, ки ин сарзамин аз замонҳои хеле қадим макони зист ва фаъолиятҳои гуногуни инсон будааст. Эҳтимол меравад, ки одамон на танҳо барои зиндагӣ, балки барои истифодаи хусусиятҳои шифобахши чашма низ ба ин мавзеъ таваҷҷуҳ доштаанд. Аз ин рӯ, гармчашмаи Тандиқулро метавон ҳамчун як макони нодире арзёбӣ намуд, ки дар он арзишҳои табиӣ, табобатӣ ва таърихию фарҳангӣ ба ҳам пайвастаанд. Омӯзиш ва ҳифзи чунин мероси беназир барои наслҳои оянда аҳамияти махсус дорад.

Имрӯз чашмаи Тандиқул ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сайёҳии ноҳияи Лахш шинохта мешавад ва сол то сол таваҷҷуҳи меҳмонони дохилию хориҷиро ба худ бештар ҷалб менамояд. Ҳар сол шумораи зиёди сайёҳон барои истифода аз хосиятҳои шифобахшии об ва баҳрабардорӣ аз муҳити орому зебои кӯҳӣ ба ин минтақа сафар мекунанд.

Дар заминаи ин чашма тадриҷан инфрасохтори хизматрасонӣ ташаккул ёфта истодааст. Дар солҳои охир бунёди меҳмонхонаҳои хурд, нуқтаҳои хӯрокхӯрӣ ва дигар марказҳои хизматрасонии зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин, имкониятҳои нав барои ташкили хизматрасониҳои сайёҳӣ, аз қабили роҳбаладӣ ва истироҳати ташкилшуда, пайдо шуда истодаанд.

Бояд қайд кард, ки бо вуҷуди ин пешравиҳо, рушди пурраи инфрасохтори сайёҳӣ ҳанӯз ба сатҳи зарурӣ нарасидааст. Яке аз мушкилоти асосӣ мавсимияти фаъолият ба шумор меравад, зеро бештари сайёҳон дар фасли тобистон ба ин мавзеъ меоянд. Ин ҳолат бо шароити иқлим ва дастрасии маҳдуди роҳҳо дар фаслҳои дигар вобаста мебошад. Илова бар ин, норасоии роҳҳои замонавӣ, хизматрасониҳои баландсифат ва инфрасохтори мукаммал то ҳол ба рушди босуръати ин минтақа монеа эҷод мекунанд.

Ба ҳамин далел, барои истифодаи пурраи имкониятҳои сайёҳии гармчашмаи Тандиқул зарур аст, ки ба беҳтарсозии роҳҳо, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва рушди инфрасохтори муосир диққати ҷиддӣ дода шавад. Танҳо дар ин сурат ин мавзеъ метавонад ба яке аз марказҳои пешсафи сайёҳии табобатӣ дар кишвар табдил ёбад. Бо вуҷуди ин, барои ба таври пурра истифода бурдани имкониятҳо, такмили инфрасохтор ва татбиқи барномаҳои рушди устувор зарур мебошад. Беҳтар намудани роҳҳои дастрасӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар соҳаи сайёҳӣ метавонанд ба рушди минбаъдаи ин мавзеъ такони ҷиддӣ бахшанд. Чунки истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои табиӣ бояд яке аз самтҳои асосии сиёсати рушди минтақа бошад.

Дар сурати татбиқи чунин чораҳо, гармчашмаи Тандиқул метавонад дар оянда на танҳо аҳамияти маҳаллӣ, балки байналмилалӣ пайдо намуда, ба яке аз марказҳои пешрафтаи табобату истироҳат табдил ёбад. Ин, дар навбати худ, ба рушди иқтисоди минтақа ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ низ таъсири мусбат мерасонад.

Насруддинова Файзигул

барчасп: