Дар назари аввал чунин менамояд, ки сирк куҷову сиркбозии духтари тоҷик куҷо?! Дуруст аст, ки мо аз байни занон пизишкони машҳур, омӯзгорони маъруф, олимаҳои номдор ва сарварони кордон дорем, бо ному кори онон ифтихор менамоем. Аммо, дар бораи он ки сиркбоздухтарони машҳур доштем ва дорем, кам шунидаем ва ё умуман нашунидаем. Ин аз он аст, ки бо олами сирк ошно нестем. Роҳу пайроҳаи духтарони сиркбоз ба сирк гуногун аст, ҳар кадомашон як олам саргузашт доранд. Нарзинисо Алиева - зодаи ноҳияи Колхозобод (ҳозира Ҷалолиддини Румӣ) баъд аз хатми мактаб бо нияти хондан ва ҳамшираи тиб шудан ба Душанбе омад. Дар гӯшаи хотираш набуд, ки баъди чанд сол ҳаёташро бо сирк мепайвандад. Дар бораи сирк шунида буд, аммо тасаввури пурра надошт, ҳамин қадар медонист, ки сирк ҷои дорбозон аст. Соли 1968 омӯзишгоҳи тиббиро хатм кард, ӯро бо роҳхат ба сирк фиристоданд. Ҳамааш аз ҳамин сар шуд. Шояд ҷои ӯ каси дигар мешуд аз утоқи корӣ намебаромад, агар зарурат пеш ояд, ёрӣ мерасонад, вагарна ба коре машғул шуда менишаст. Аммо гили Нарзинисоро ин тавр насириштаанд, ӯ ҳар рӯз машқу тамрини сиркбозонро мушоҳида мекард, медид, ки як элементро даҳҳо, ҳатто садҳо бор ба такрор машқ мекунанд. Бо мурури вақт фаҳмид, ки сирк танҳо ҷои дорбозон набудааст, дарозгӯши заҳматкаш, аспу маймуну хирсу саг ҳам “қаҳрамони” сирканд ва нақш меофаранд. Сирк жанрҳо, номераҳо дорад, барои ба саҳна баромадани як номера чандин кас моҳҳо, ҳатто то як сол ва аз он зиёд заҳмат мекашад. Нарзинисо ба ҳам чиз ба ҳавас менигарист, таҳи як гумбад ин қадар ташвиш, ин қадар даводав...
Дар он вақт коргардони сирк Р.Е. Славский буд, ӯ донандаи асрори сирк, марди зираку ҳушёр буд. Завқу ҳаваси Нарзинисо аз назари ӯ пинҳон намонд, пай бурд, ки аз ин духтар сиркбози хубе баромаданаш мумкин аст. Дар як лаҳзаи мувофиқ аз ӯ пурсид, ки мехоҳад ҳунарманди сирк шавад ва барои ҳавасашро барангехтан илова кард, ки ҳунарманди сирк шавӣ, дунёро мебинӣ, ҷаҳонгашта мешавӣ. Дар ҳамон рӯзҳо дар сирк раққоса ва жонглёр намерасид, аз ин рӯ, дарҳол пешниҳод кард, ки барои раққоса ва жонглёр ҷои холӣ дорем. Ин пешниҳод дар дили Нарзинисо оташаке афрӯхт, ваъда кард, ки дар ин бора фикр мекунад.
Ба хулоса омад, ки мехоҳад ҳунарманди сирк шавад, аммо на раққоса ва на жонглёр, дорбозӣ бештар ба ӯ писанд аст. Чаро, сабаб чист? Мушкил буд барояш посух гуфтан, шояд аз он буд, ки дорбозӣ аз қадимулайём миёни халқҳои Осиёи Миёна машҳур аст. Ёд дорад, ки кӯдакони маҳаллаашон дорбоз омад гуфта чӣ гуна хурсандӣ мекарданд. Ба ҳар ҳоле аввал ӯро ҳамчун жонглёр ба кор гирифтанд, бо ҳавасу ҳавсалаи тамом машқ мекард, чун ҷавон буд, хастагиро ҳис намекард. Аммо, дар айни вақт, аз дорбозӣ низ дил наканда, дере нагузашт, ки чунин имконият пайдо шуд ва ӯро ба дастаи дорбозон гузарониданд. Медавид, меҷаҳид, машқҳои гимнастикиро ба такрор иҷро мекард, аввалин нозукиҳои дорбозиро дар болои дори паст омӯхт. Дорбозӣ жанри қадимист, аммо қолабӣ нест, дар тули садсолаҳо такмил ёфта, бо элементҳои нав мураккаб шудааст. Дар дорбозӣ низ шавқу завқ, азму талош, ҷустуҷӯ ва тахайюл даркор аст, то таваҷҷуҳи тамошобинро ҷалб карда тавонӣ ва ӯро ба ҳайрат оварӣ.
Пас аз машқу тамринҳои чандсола ба Нарзинисо Алиева супориш доданд, ки номераи дорбозии хубе таҳия намояд, он бояд “оҳангу усули” худро дошта бошад, аз номераҳои пешина фарқ кунад. Ин соли 1974 буд. Вазифаи аввалин – ёфтани шарикон, ба таъбири сиркбозон партнёрҳо буд. Ба раққосон, ба ҳунармандони балет, ба варзишгарон муроҷиат кард. Ҳавасмандон буданд, кам ҳам набуданд, аммо бисёрашон зуд рафтанд. Бо чанд нафаре, ки азмашон ҷиддӣ буд, номераи “Дӯстон”-ро таҳия намуд, албатта, бо ёрию мадади донандагони нозукиҳои санъати сиркӣ, мисли педагогҳо А. Ярославский, В. Волкова, коргардон Р. Гранидер, балетмейстерҳо оилаи Рибаковаҳо, бастакор Ю. Тер-Осипов.
Нахустнамоиши номераи “Дӯстон” моҳи марти соли 1977 дар Сирки давлатии шаҳри Москва баргузор гардид. Он замон ҳамин тавр расм буд, беҳтарин номераҳо бояд аз назари доварони “Союзгоссирк” мегузашт. Дар баландии 15 метр дорбозӣ кардани зан падидаи наве буд дар сирк, тамошобинони сахтгир номераро хуш пазируфтанд. Барои Нарзинисо ва ёронаш роҳ ба сӯи сиркҳои машҳур ва сафарҳои тулонӣ гушода гардид. Беҳтарин сиркҳои мамлакат аттраксиони дорбозони тоҷикро ба барномаҳои худ ворид намуданд. Шогирдони дирӯз устодони комили сирк шуданд. Солҳои 1977, 1978, дурусттараш то 1 июли соли 1979 барои Нарзинисо ва шариконаш беҳтарин айём буд. Дар урфият мегӯянд, ки бало аз таги по мехезад. Дар ҳамин рӯз ба дастаи Нарзинисо фалокат расид, Ваҳҳоб Рӯзиеви бистучорсола – яке аз дорбозони асосӣ ҳангоми машқ бинобар носозии техника аз баландии ҳафт метр афтиду ҳалок шуд. Ин барои Нарзинисо ва ҳамроҳонаш зарбаи сахт, бениҳоят сахт буд. Чанд нафар аз ёронаш ба ин фишори рӯҳӣ тоб наоварданду аз кор рафтанд.
Нарзинисо роҳи аз ин варта, аз ин ноомади кор раҳо ёфтанро дар ҷустуҷӯ, дар такмили ҳунару маҳорат, дар ворид намудани навгониҳо ба дорбозӣ ва ташкили дастаи нав дид. Худро тасалло медод, ки ҳаёт ҳамин тавр сохта шудааст – хурсандӣ дораду ғам ҳам, барор дораду нобарорӣ ҳам. Дунё ба умед, зиндагӣ давом дорад, талош бояд кард, пеш бояд рафт, то сирк бе дорбоз намонад. Андешаҳои Нарзинисо ҳамин гуна буд дар он рӯзҳо. Бо ҳамин андешаҳо боз даст ба кор зад. Нахустнамоиши дастаи нави дорбозон соли 1981 боз дар шаҳри Москва баргузор гардид. Оҳанги халқии “Дилбари ҷонам” хуш ба гӯш мерасад. Чор нафар духтарони зебои хушқаду қомат бо либосҳои шинами ҳарир ва бо рақси диловез ба саҳна мебароянд. Рақс рамз дорад, рамзи бахту саодати духтари тоҷик. Дорбозписарон аллакай дар саҳна, онҳо дар сар саллаҳои шаҳриёрӣ, дар тан хилъатҳои сабз, дар по мӯзаҳои сурхи сабук. Дар як мижа задан аз ду тараф ба воситаи ресмонзина ба болои дор мебароянд. Трюкҳои мураккаб иҷро мегардад, шир-шири дарёчаи кӯҳӣ, овози най аз куҷое ба гӯш мерасад. Ҳамин тавр, намоиш зери оҳангҳои марғуби тоҷикӣ ва манзараҳои дилфиреби Тоҷикистони офтобӣ идома меёбад. Он рӯз барои аҳли сирки тоҷик рӯзи пурбаракат, рӯзи фаромӯшношуданӣ буд. Боз сафарҳо ба кишварҳои ошнову ноошно, истиқболи гарму самимӣ дар ватан, дидори азизону наздикон.
Нарзинисо ба сирк, ба дорбозӣ дил баст, ба муроди дил расид, бе дил бастан ба қуллаи ҳунар, ба қуллаи шуҳрат расидан амри маҳол аст. Гармии дили ӯ бародаронаш – Шукрулло, Лутфулло ва Раҳматуллоро низ ба сирк овард, сиркбоз шуданд, солҳои зиёд дар сиркҳои гуногуни шуравӣ пурмаҳсул фаъолият намудаанд. Саргузашти онҳо китоби дигар аст.
Дар ин набишта он меҳру муҳаббате, ки Нарзинисо Алиева – Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон ба дорбозӣ дошт, он тавр ки мебоист, акс наёфт, азобу ранҷи ба қуллаи ҳунар расиданро худи ӯ медонаду бас, аммо, дар ҳар ҳол, порае аз зиндагии ӯст. Роҳи паймудаи ин гуна занони ҷасур арзандаи беҳтарин филмномаву китоб аст, то таърихи сирки тоҷик боз беҳтару хубтар пеши назар ҷилвагар шавад.
Ҷурақулов Фармонқул

