Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои мустақилият оид ба рушду такомули сирки тоҷик ду қарор қабул кард. Қарори аввал 7 сентябри соли 2001 таҳти рақами 431 “Дар бораи Сирки давлатии Тоҷикистон” ба тасвиб расид. Қарори дуюм 2 ноябри соли 2012 (№ 606) «Барномаи рушди санъати сиркӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2013-2017»-ро тасдиқ намуд. Қарорҳои мазкур баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ дар эҳёи сирки тоҷик асноди бисёр муҳим буданд, ҳамчун раҳнамою раҳгушо ба кори сирк равнақи тоза бахшиданд, ба таҳаввулу такомули он замина гузоштанд, дар замири ҳунармандон боварӣ ва умедеро бедор карданд, барномаҳои нав таҳия ва ҷавонон ба кор ҷалб гардиданд, ба як сухан, ба шарофати ин қарорҳо сирк дубора эҳё ва дурнамои пешрафти он муайян гардид. Аммо дар ин набишта мақсади мо тавзеҳи ин қарорҳо дар хусуси рушди сирки даврони мустақалият нест, дар ин бора муфассал навишта будем. Таваҷҷуҳи моро як ишорати қарори соли 2012 ба худ ҷалб намуд. Дар муқаддимаи Барнома зикр шудааст: «Коллективи сирки тоҷик дар гузашта дар байни дигар муассисаҳои сирки Иттиҳоди Шуравӣ яке аз беҳтаринҳо ба ҳисоб мерафт. Номераҳои ҳунармандони маъруф П. Юсуфов, А. Турдиев, У. Тӯраева, Н. Алиева бо бародаронаш дар он солҳо аз дастовардҳои беназири сирк ба шумор рафта, чун дурахши сирки тоҷик аз тарафи умум писандида шуд ва мавриди эътироф қарор гирифт». Таваҷҷуҳ шавад, баъди гузашти 21 соли Истиқлолият маҳорату санъати ҳунармандони сирки замони шуравӣ “чун дурахши сирки тоҷик” дар ёдҳо мондааст ва номи чанд нафар варзидатарин ҳунармандони сирк бо эҳтиром зикр гардидааст. Агар мо фаромӯшкорем, таърих фаромӯшкор нест, даврони шуравӣ бо ҳама неку бадаш як пораи таърих, як пораи сарнавишти дирӯзи халқи тоҷик аст. Дар пайванд ба ҳамин ба ёд овардани фарзандони баруманди он замон, ки дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар фидокорӣ намуда буданд, иқдоми неке хоҳад буд, аз ҷумла кору фаъолияти ҳунармандони варзидаи санъату фарҳанг, чунон ки дар қарори Ҳукумат омадааст.
Санъату ҳунари аксари сиркбозони даврони шуравӣ дар саҳифаҳои матбуоти даврони шуравӣ таърифу таҳсину тамҷид шудааст, чунин менамояд, ки яке аз чеҳраҳои тобноки сирки тоҷик дар он солҳо Пирназар Юсуфов будааст. Номи ӯ дар сархати бисёр навиштаҳои рӯзномаву маҷаллаҳои ҳамон айём омадааст. Номераи П. Юсуфов «Корвони Помир» ё «Корвони кӯҳистони Помир», ки ҳосили заҳмату ҷустуҷӯ, фикру андешаи ӯ ва ёрию ёварии ҳампешагонаш буд, дар олами сирки он аҳд як падидаи камназир ба шумор мерафт. Номи номера ва сужети он то андозае аз рӯзгори гузашта баргирифта шуда буд. Вожаи «корвон» дар хаёлу хотир гузаштаҳои дурро бедор мекунад: корвони пурбор аз шебу фарози кӯҳистон, аз саҳроҳои бекарон, аз биёбони регзорон, ки ба ҷуз хори муғелон гиёҳе намерӯяд, убур мекунад; корвон бори ҳаёт, бори зиндагӣ мебарад, кишварҳои дурро ба ҳам мепайвандад, дилҳоро ба ҳам наздик месозад. Ғазали шӯрангези Саъдии хушсухан бо овози нотакрори Зафар Нозим ба ёд мерасад ва «дилро ба туғён ва рӯҳро ба ҳаяҷон» меорад:
Эй сорбон, оҳиста рон, к-ороми ҷонам меравад,
Он дил, ки бо худ доштам, бо дилситонам меравад…
Агарчи корвони Пирназар Юсуфов аз кӯҳу кӯтал, аз биёбону хомаҳои тафсони рег убур намекунад, вале лаҳзаҳое аз он манзараҳоро чун рози нуҳуфта дар ёду хотир бедор мекунад... Прожекторҳо рангоранг нурафшонӣ мекунанд, садои карнаю хурӯши доира то гумбади сирк мерасад, чароғҳо муддате хомӯш мешаванд, баъд оҳиста-оҳиста равшан мешаванд, ин тулуи офтоби Тоҷикистон, сарзамини офтобии Пирназар аст. Корвони шутурҳо, ки зебо оро дода шудаанд, ба навбат ба саҳнаи сирк мебароянд, сорбон дар тан ҷомаи хушдӯхти тоҷикӣ, дар сар саллаи султонӣ пеш-пеши корвон қадам мезанад, дар байни саҳна «дарахти себи пурбор» ба назар мерасад. Дар болои шутури аввал дар тахти равон олиҳае нишастааст зебову раъно. Сорбон кайҳост, ки маҳви ҷамоли ӯст, ба вай дил бастааст, аз шодиву сурур мерақсад, ба ӯ нигоҳи пурмеҳр меафканад, вуҷудаш лабрези ишқ ва меҳру муҳаббат аст. Нигоҳҳои пурмеҳр аз чашмони фаттони зебосанами гуландом пинҳон намемонад, ӯ худро ба рӯи дастони сорбон мепартояд, ҳарду аз шавқи дидор мерақсанд. Сорбони ҷавони сармасти ишқ ба куҳони шутур мепарад ва дар дави он бо созҳои мусиқӣ жонглёрӣ мекунад. Олиҳа ба дарахти себи афсонавӣ ишорат мекунад, “дилаш себ мекашад”. Сорбон шамбарер (қамчини дароз)-ро ба даст мегирад ва аз “дарахти себ” ба маҳбуба себ “меафшонад”, ӯ себҳоро ба сабад мегузорад ва чун арзи сипос бозпас ба ҷавон медиҳад. Ҷавон сабади “себҳо”-ро мегирад ва бо онҳо жонглёрӣ мекунад.
Намоиш понздаҳ дақиқа давом мекунад, аммо ин понздаҳ дақиқае буд, ки дар таърихи сирки тоҷик чун сафҳаи дурахшону фаромӯшнопазир сабт гардид ва Пирназар Юсуфовро миёни тамошобинони бешумор ва сиркбозони иттифоқ шуҳратманд намуд. Пирназар бо “Корвони куҳистони Помир” дар ҳайати номдортарин сиркбозони шуравӣ нисфи ҷаҳонро сайр кард. Сиркбозони Муғулистон аз ҳунару маҳорати П. Юсуфов он қадар ба ваҷд омаданд, ки ҳангоми хайрбод ба ӯ ду шутур инъом доданд. Ин номера на танҳо дар матбуоти тоҷик таҳсину тамҷид шуд, балки дар матбуоти иттифоқ низ чун падидаи нодири сиркӣ эътироф гардид. Дар он айём дар ҳеч сирки ҷаҳон чунин саҳна вуҷуд надошт.
Ин мухтасаре буд аз ҳунари волои Пирназар Юсуфов, вале дар асл, агар дафтари ҳаёти ӯ жарфтар омӯхта шавад, он арзиши як китобро дорад. Сарнавишти ӯ ба маҷоз сарнавишти ҳамон сорбонеро мемонад, ки гармову сармо, барфу борону тунбоду тӯфонро дидааст, аммо бо азму ҷазм раҳ паймудааст, наҳаросидааст ва ба манзили мақсуд бе шикаст ва бардаму солиму сарбаланд расидааст.
Пирназар дар деҳаи дурдасти водии Рашт ба дунё омад, хурд буд, ки аз муҳаббати падару модар бенасиб монд, бори ғами бечорагиву азоби гуруснагиро кашид, ҳаёти пур аз риёзатҳо ва нокомиҳоро тай кард, бо машаққатҳои рӯзгор даст ба мубориза буд. Ҳунари сиркбозони сайёрро дар Душанбе ва Самарқанд диду ба он дил баст. Аммо, дил бастану орзу кардан кам будааст, барои он ки ба саҳнаи сирк роҳ ёбад, бисёр монеаҳо ва душвориҳоро паси сар кард. Боре ба сирке, ки ба Самарқанд ба сафари ҳунарӣ омада буд, ҳамроҳ гашт ва лозим омад, ки чанд сол саис шуда кор кунад. Пас аз чанд соли ранҷҳову азобҳо ба саҳнаи сирк роҳ ёфт ва ба туфайли ғайрату матонат, саъю талош, иродату дилбастагӣ ва эътимоду эътибор ба истеъдоди худ ба қуллаи мурод расид.
Санъату ҳунари ҳунармандони асилро фаромӯш накардан, авроқи бо мурури айём фарсудаю зардгаштаи рӯзгори ононро варақ задан ва ба ёд овардан, аввалан, зикри хайр аст, баъдан он таърихи сирки тоҷик аст, то онон аз ёдҳо нараванд, фаромӯши хотир нашаванд ва мо бо дирӯзи худ пайванде дошта бошем. Сирк ва таърихи он ҳам як пораи таърихи фарҳанги кишвар аст, он дар сафҳаи ин таърих бояд ҷой ва мақоми худро дошта бошад. Дирӯзро бо имрӯз, имрӯзро бо фардо пайвастан, васл намудан аз суннатҳои некуст.
Дар поёни ин гуфтор ҷанги шаҳрвандӣ ба ёд мерасад бо паёмадҳои нангинаш. Бар асари он аҳли дониш, аҳли ҳунари кишвар бечораву пароканда шуданд, рӯ ба кишварҳои бегона оварданд. Он вақт ки ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд, ба гуфти ҳунарманди маъруфи сирк Ҷамолиддин Садриддинзода – аз ҳамкорону ҳамсафони Пирназар Юсуфов, ӯ бо шутурҳояш дар кишвари Полша, дар сафари ҳунарӣ буд. Ӯ натавонист аз он ҷо баргардад ва дар ҳамин кишвари дур аз Тоҷикистон ба раҳмати ҳақ пайваст ва сар ба хоки бегона ниҳод. Боз як тоҷики боҳунар ғарибгӯр шуд, он ҷо ки Худо донад дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ чӣ қадар тоҷик сар ба хок ниҳод ва орзуи дидори ватанро ба гӯр бурд, он сарзамин, ки дар қатори дигарон шоири тавоною тозагуфтори тоҷик Ҳабиб Юсуфӣ ба хоби абад рафтааст...
Саҳнаи сирки тоҷик дар радифи Пирназар Юсуфов даҳҳо ҳунармандони ҷавону боисдеъдодро дар оғӯш парварида, ба камол расонида, ба олами рангину пурасрори сирк раҳнамун кардааст. Ному кору фаъолияти ҳар кадоми онҳо саҳифаи пурифтихори сирки тоҷик аст. Ҳаёту фаъолияти ҳар кадоми онҳоро бояд омӯхт, таҳқиқ кард ва ба рӯи сафҳа овард, он таърихи сирки тоҷик, таърихи фарҳанги тоҷик аст, таърих бошад дирӯзу имрӯзу ояндаи мост ва ба шарофати таърих мо худро беҳтару хубтар мешиносем.
Фармон Ҷӯрақулов,
шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ

