Фарҳанг ва санъат яке аз муҳимтарин рукнҳои ҳаёти маънавии ҷомеа ба шумор рафта, дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва рушди завқи эстетикии насли наврас нақши басо муассир мебозандоранд. Муассисаҳои фарҳангӣ дар ин раванд ҳамчун марказҳои муҳимми эҷодӣ, омузиш ва муаррифии дастовардҳои ҳунарӣ фаъолияти пурсамар ба роҳ мемонанд.
Дар ин замина, омузиши фаъолияти муассисаҳои фарҳангии ноҳияҳои кишвар аҳаммияти хосса дорад. Зеро маҳз дар чунин муассисаҳо анъанаҳои мусиқӣ, суруд, рақс, ҳунарҳои саҳнавӣ ва дигар шаклҳои эҷодиёти мардумӣ нигоҳ дошта шуда, ба насли ҷавон интиқол меёбанд.
Бо мақсади омузиши вазъи фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ ва санъати ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон гурӯҳи кормандони Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот аз 21 то 25 сентябри соли 2026 ба ноҳияи мазкур сафари хидматӣ анҷом доданд. Дар рафти сафар фаъолияти як қатор муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла Ансамбли тарона ва рақси «Ғозималик» ва Муассисаи «Мактаби бачагонаи санъат ва эҷодиёт» мавриди омузиш қарор гирифтанд.
«Ғозималик» - оинаи ҳунари саҳнавии Хуросон
Яке аз муассисаҳои муҳимми фарҳангии ноҳияи Хуросон Ансамбли тарона ва рақси «Ғозималик» мебошад. Таърихи фаъолияти ин ансамбл қариб чаҳор даҳсоларо дар бар мегирад. Тибқи ҳуҷҷатҳои дастрас, ансамбл соли 1987, дар даврае ки сохтори фарҳангии ноҳия бо номи Шуъбаи маданияти ноҳияи Илич фаъолият мекард, таъсис ёфтааст.
Дар тули фаъолияти худ ансамбл роҳи муайяни эҷодиро тай намуда, дар чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ ва маънавӣ саҳми худро гузоштааст. Сафарҳои ҳунарӣ ба Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин баромадҳо дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумлаи саҳифаҳои муҳимми фаъолияти он мебошанд. Чунин сафарҳо на танҳо барои муаррифии ҳунари ансамбл, балки барои муаррифии фарҳанги миллӣ ва густариши робитаҳои фарҳангӣ низ аҳаммияти хосса доштаанд.
Айни замон роҳбарии ансамблро Меҳроҷиддин Муродов ба уҳда дошта, ҳайати кормандони он аз роҳбари мусиқӣ, сароянда, ба саҳнагузорандаи рақсҳо, масъули либос ва ронанда иборат мебошад. Дар маҷмуъ, тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар ҳайати ансамбл тақрибан 45 нафар ҳунармандони доимӣ шомил мебошанд. Ҷавонони касбу кори гуногун дар баробари фаъолияти асосии худ дар ансамбл низ ҳунари хешро сайқал медиҳанд.
Яке аз хусусиятҳои муҳимми фаъолияти Ансамбли тарона ва рақси «Ғозималик» истифодаи созҳои гуногуни миллӣ ва суннатии мусиқӣ мебошад. Тор, рубоб, дуторбас, соз, ғижжак, чанг, уд, най, рубоби афғонӣ, сетор, доира ва таблак аз ҷумлаи созҳое мебошанд, ки дар фаъолияти ансамбл истифода мешаванд. Чунин созҳо дар барномаҳои ҳунарӣ барои нигоҳдории анъанаҳои мусиқии миллӣ ва шинос намудани насли ҷавон бо мероси мусиқии халқӣ аҳаммияти калон дорад.
Ансамбли тарона ва рақси «Ғозималик» дар баргузории чорабиниҳои муҳимми давлатӣ, ҷамъиятӣ ва фарҳангӣ фаъолона иштирок мекунад. Ҷашнҳои Сада, Наврӯз, Рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи Ғалаба, Рӯзи шашмақом, Рӯзи оила, Рӯзи ҷавонон, Рӯзи сарҳадбонон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи чорабиниҳое мебошанд, ки ҳунармандони Ансамбли тарона ва рақси «Ғозималик» дар онҳо бо барномаҳои консертӣ ҳунарнамоӣ мекунанд.
Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки фаъолияти ансамбл танҳо бо пешниҳоди барномаҳои консертӣ маҳдуд намешавад. Он дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа ҳамчун як ниҳоди тарғибкунандаи арзишҳои миллӣ, мусиқӣ ва санъати саҳнавӣ нақш дорад.
Дар баробари пешравиҳо ва рушд дар фаъолияти Ансамбли тарона ва рақси «Ғозималик» баъзе мушкилоти моддию техникӣ ба назар мерасанд. Норасоии таҷҳизоти муосири садодиҳӣ, либосҳои саҳнавӣ, воситаҳои тақвияти овоз ва автомашинаи сайёр барои интиқоли асбобҳои мусиқӣ ва таҷҳизоти консертӣ аз масъалаҳое мебошанд, ки ба фаъолияти муассиса таъсир мерасонанд. Норасоии баъзе таҷҳизоти корӣ, аз ҷумла компютер ва принтер ҳам ҳамчун мушкили мавҷуда зикр гардид.
Аз ин рӯ, рушди минбаъдаи ансамбл на танҳо ба маҳорати эҷодии ҳунармандон, балки ба фароҳам овардани шароити муносиби моддию техникӣ вобастагӣ дорад.
Мактаби санъат – заминаи тарбияи насли эҷодкор
Баробари фаъолияти ансамбли касбӣ, рушди фарҳанг дар ноҳия аз тарбияи истеъдодҳои ҷавон вобастагии зиёд дорад. Дар ин ҷода Муассисаи «Мактаби бачагонаи санъат ва эҷодиёт»-и ноҳияи Хуросон мавқеи муҳимро ишғол мекунад.
Муассисаи мазкур соли 2016 таъсис ёфта, дар маркази ноҳия - шаҳраки Хуррамшаҳр ҷойгир мебошад. Муассиса дорои 12 синфхона ва 2 утоқи корӣ буда, масоҳати он 625 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Муассиса дорои ҳуҷҷатҳои зарурии ҳуқуқӣ ва маъмурӣ буда, фаъолияти худро дар доираи талаботи муқарраргардида ба роҳ мондааст.
Дар мактаб 12 омузгор аз рӯйи ихтисосҳои гуногуни мусиқӣ ба таълим машғуланд. Дар байни фанҳои таълимӣ скрипканавозӣ, ғижжакнавозӣ, найнавозӣ ва дигар навъҳои мусиқӣ ҷой доранд. Айни ҳол дар муассиса 195 нафар хонанда ба таълим фаро гирифта шудаанд. Дар соли таҳсили 2026 ба синфи якум 58 нафар хонанда қабул гардидааст.
Ҷолиби диққат аст, ки фаъолияти мактаб бо маркази ноҳия маҳдуд нашуда, дорои ду филиали ёрирасон ҳам ҳаст. Дар яке аз филиалҳо, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти С. Айнӣ ва дар заминаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №58, омузиши доиранавозӣ ба роҳ монда шудааст. Дар филиали дигар, ки дар МТМУ №20-и Ҷамоати деҳоти Сурхқалъа ҷойгир мебошад, таълими сурудхонӣ ташкил гардидааст.
Ҳамин гуна шакли фаъолияти муассиса барои дастрасии бештари кӯдакону наврасони деҳот ба омузиши санъат замина фароҳам меорад. Зеро рушди истеъдодҳои мусиқӣ танҳо дар марказҳои шаҳрӣ сурат нагирифта, бояд дар деҳот ҳам тавсеа ва густариш ёбад.
Дар ин замина, фаъолияти омузгорон аҳаммияти махсус пайдо мекунад. Омузгори соҳаи санъат на танҳо техникаи иҷрои асари мусиқиро ба хонанда меомузонад, балки завқи эстетикӣ, интизоми эҷодӣ, муносибат ба мероси фарҳангӣ ва эҳсоси зебоипарастиро дар ботини онҳо ташаккул медиҳад.
Мушкилот ва дурнамои рушди муассисаҳои фарҳангӣ
Омузиши фаъолияти муассисаҳои фарҳангии ноҳияи Хуросон нишон медиҳад, ки дар баробари дастовардҳо, масъалаҳои ҳалталаб ҷой доранд. Пеш аз ҳама, ин масъалаҳо ба таъминоти моддию техникӣ, шароити корӣ ва ҳавасмандгардонии кормандони соҳа алоқаманд мебошад.
Ин 2 муассисаи фарҳангӣ, ки дар бораи онҳо гуфта гузаштем, дар шароити муосир ба таҷҳизоти босифати садо ва рӯшноӣ, компютер, принтер, либосҳои саҳнавӣ ва дигар воситаҳои техникии зарурӣ ниёз доранд. Барои ансамбли ҳунарӣ, инчунин доштани нақлиёти сайёр аҳаммияти калон дорад, зеро барномаҳои консертӣ аксаран берун аз маҳалли ҷойгиршавии муассиса баргузор мешаванд.
Масъалаи дигар ба захираи созҳои мусиқии миллӣ дахл дорад. Таъмини муассисаҳо бо най, рубоб, таблак, доира, чанг ва дигар созҳои миллӣ метавонад барои рушди мусиқии анъанавӣ ва ҷалби ҷавонон ба омузиши онҳо мусоидат намояд.
Барои фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ, ки ба меҳнати эҷодӣ вобаста аст, фароҳам овардани шароити муносиб барои кору зиндагӣ, бахусус барои мутахассисони ҷавон, метавонад ба нигоҳ доштани кадрҳои соҳибихтисос дар соҳа кӯмак намояд. Дар ин самт пешниҳодҳои вобаста ба дастгирии иҷтимоии ҷавонон, аз ҷумла фароҳам овардани шароити мусоиди манзил ва дигар шаклҳои ҳавасмандгардонӣ, қобили баррасӣ мебошанд.
Хулоса
Сафари хидматӣ ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон имкон дод, ки фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ ва санъатии ноҳия бевосита омухта шуда, маводи зарурии илмӣ ва санъатшиносӣ гирдоварӣ гардад. Дар рафти таҳқиқот 90 адад акс, сабтҳои овозӣ дар ҳаҷми 64 дақиқаву 45 сония ва 8 адад пурсишномаҳои сотсиологӣ ҷамъоварӣ шуданд. Ин мавод дар таҳияи мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ, таҳқиқоти минбаъда ва омода намудани китобҳои соҳавӣ истифода хоҳанд шуд.
Фаъолияти Ансамбли тарона ва рақси «Ғозималик» нишон медиҳад, ки анъанаҳои ҳунари саҳнавӣ дар ноҳияи Хуросон дорои заминаи таърихӣ ва иҷтимоӣ мебошанд. Дар баробари ин, фаъолияти Мактаби бачагонаи санъат ва эҷодиёт гувоҳи он аст, ки барои тарбияи истеъдодҳои ҷавон заминаи муайян фароҳам оварда шудааст.
Дар маҷмуъ, рушди минбаъдаи фарҳанг ва санъат аз ҳамоҳангии фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ дар ноҳия, дастгирии кадрӣ, навсозии заминаи моддию техникӣ ва таваҷҷуҳ ба тарбияи насли нави ҳунармандон вобаста мебошад. Таъмини муассисаҳо бо таҷҳизоти муосир, созҳои миллӣ, либосҳои саҳнавӣ ва дигар воситаҳои зарурӣ метавонад барои баланд бардоштани сифати фаъолияти эҷодӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло Хуросон бо чунин иқтидори фарҳангӣ метавонад дар нигоҳдорӣ ва рушди анъанаҳои мусиқӣ, суруд ва рақси миллӣ дар миқёси ноҳия саҳми назаррас дошта бошад. Муҳим он аст, ки таҷрибаи ҳунармандони калонсол бо неруи эҷодии ҷавонон пайваст гардида, фарҳанги миллӣ ҳамчун мероси зинда аз як насл ба насли дигар интиқол ёбад.
Шамсуддин, АБДУЛЛОЕВ
мудири шуъбаи фарҳанг
ва санъатшиносӣ
Қадриддин, ИСОЕВ
Котиби илмии ПИТФИ
Душанбе-Хуросон-Душанбе



